Ru  | Tj
Духтури тоҷик. Чӣ гуна Абдувалӣ Раҳимов дар Русия мавқеъ ёфт?
Духтури тоҷик. Чӣ гуна Абдувалӣ Раҳимов дар Русия мавқеъ ёфт?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Духтури тоҷик. Чӣ гуна Абдувалӣ Раҳимов дар Русия мавқеъ ёфт?

Нашр шуд

Абдувалӣ Раҳимов зиёда аз 25 сол аст, ки дар соҳаи тиб фаъолият мекунад. Ӯ корро аз зинаи поёнӣ ҳамчун бародари шафқат сар карда, то ба гирифтани унвони доктори илмҳои тиб мушарраф шудааст. Духтури мадҳушкун ва эҳёгари тоҷикро барои меҳнати софдилона ва касбияти баландаш ба рӯйхати “300 тоҷики маъруфи Русия” шомил кардаанд. Мавсуф ба мо перомуни кӯдакию ҷавонӣ, таҳсилоти тиббӣ ва фаъолияти пурсамари шифобахшиаш нақл кард.

Ёде аз овони зебои кӯдакӣ

Қаҳрамони мо зодаи шаҳри Хуҷанд аст. Хонаи онҳо дар наздикии бозори машҳури “Панҷшанбе” воқеъ буд.

“Қариб ҳар рӯз ба мағозаи моҳифурӯшӣ, ки аз обанбори Қайроққум бо мошин моҳӣ меоварданд, мерафтем. Роҳи мошинро ҳар рӯз интизор мешудем, то ки моҳиҳои калон-калонро ламс кунем ва барои ҷобаҷо кардан ба фурӯшандаҳо ёрӣ диҳем. Ё дили кӯдаконаи мо мехост, ки моҳие аз мошин афтад, то давида онро гирем. Рӯзҳое низ мешуд, ки аз ҳама рустӣ ба моҳидорӣ аз пул гузашта назди соҳили Сирдарё мерафтем”, - бо завқ ба ёд меорад Абдувалӣ Раҳимов.


- Дар таътилҳои тобистона ба бобоям, ки ҳангоми қайди ҳаёт буданашон замбӯрпарвари номии Хуҷандшаҳр буданд, ёрӣ медодем. Ҳамроҳи он кас ба дашту кӯҳистон, заминҳои пахта мерафтем. Бобою падарам ба мо нозукиҳои кори замбӯрпарвиро ёд медоданд. Падарам ба мо гӯшрас мекарданд, ки дигар касбро ҳам интихоб кунед, лекин машғулият бошад. Ҳамин тавр, дар обу ҳавои шаҳру деҳот калон мешудем, ба ёд меоварад қаҳрамони мо.

Тасодуфан интихоб кардани касб

Абдувалӣ Раҳимов соли 1992 мактаби №23 – и шаҳри Хуҷандро хатм мекунад. Ӯ то хатми мактаб орзуи ҳуқуқшинос шудан дошт. Солҳои 1990 – 1992 қаҳрамони мо баъди дарсҳои мактаб ба Академияи хурди илмҳо мерафт. Дар он ҷо, фанҳои математика ва химияро чуқуртар меомӯхт. Он ҷо устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ӯро бо адибиёти илмӣ шинос мекарданд. Дар навиштани кори илмӣ ва гузарондани таҷрибаҳо роҳбарӣ мекарданд. Абдувалӣ соли 1992 дар даври ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо аз фанни химия ғолиб дониста мешавад. Пасон, моҳи апрел ба ӯ аз Вазорати маориф пешниҳод мешавад, ки дар Донишкадаи нефту гази ба номи академик И. Губкини шаҳри Маскавро таҳсил кунад.


“Он солҳо модарам нахостанд, ки аз Тоҷикистон равам. Баъди рад кардани рухсат аз Душанбе баёноте омад, ки тибқи он ман дар ҳар кадом факултете, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ихтисоси химия дошт, таҳсил карда метавонам. Хоҳари калониам дар факултети тиббии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров мехонданд. Ман ҳам дар ин даргоҳ хондан хостам. Аз ин рӯ, бе имтиҳон ба шуъбаи муолиҷавии ДДХ дохил шудам”, - мегӯяд Абдувалӣ Раҳимов.


Оғози табибӣ

Абдувалӣ иқрор мешавад, ки айёми донишҷӯӣ ҷавони хеле шӯхтабиат будааст. Дар гурӯҳи онҳо 7 духтар ва 4 писар мехондаанд. Рӯзе ӯ дар синфхонаи гурӯҳ, ки болои утоқи декан буд, шӯхие мекард ва нохост декан ғавғои ӯро шунида, ӯро аз дарс пеш мекунад.

“Баъди ҳамон рӯз як ҳафта декани факулта маро ба дарс даромадан намонданд. Бо роҳбари курс назди декан рафтем. Он кас маро бисёр ҷанг карданд. Ниҳоят аз ман кадом соҳа интихоб карданамро пурсиданд. Дар ҷавоб “уролог мешавам”- гуфтам. “Не, анестезиолог-реаниматолог мешавӣ ва ҳар бори навбатдориам омада, бароям ёвар мешавӣ! Фаҳмо? Ҷазои ту ҳамин!”, - бо ҷиддият баён намуданд. Бо чунин шарт ба дарсҳо боз роҳ ёфтам. Ман ба таваллудхонаи вилоятӣ, ки декан он ҷо навбатдорӣ мекарданд, мерафтагӣ шудам. Он ҷо ҳамчун ёвари табиб ба беморон дору мегузарондам, моеъ ва маҳлул гузоштанро меомӯхтам, барои ташхиси лабораторӣ хун мегирифтам. Устодам Аҳмад Аминов, номзади илми тиб ҳар бор мегуфтанд, ки эҳё ва мадҳушкунӣ соҳаи хеле муҳимми тиб аст. Мадади доимии олими номии тиб – Аҳмад Абдуқаҳҳорович Аминов маро ба ин соҳа завқманд мекард”, - қисса кард Абдувалӣ.

Ба қавли қаҳрамони мо, дар вақти донишҷӯӣ кор кардан аз чанд ҷиҳат фоидаовар буд, аз ҷумла, аз ҷиҳати иқтисодӣ, ҳар рӯз аз навбатдорӣ терминҳои нави соҳаро ёд гирифтан, бо одамони зинда кор карданро омӯхтан ва ғайра хеле муҳим буд.

Рисолати муқаддаси духтур

Қаҳрамони мо чунин меандешад, вақте як зина боло меравед, ҷавобгарӣ зиёд мешавад. Агар духтур шудед, бар дӯши Шумо ҳаёти бемор бор аст. Мегӯянд, ки таърихи беморро барои бемор не, барои прокурор менависанд. Духтур бояд дар як дам дар якчанд “майдон” нерӯи ақлониву ҷисмонӣ равон карда, кор кунад. Аз ҷумла, мадҳушкуниро дуруст гузарондан, пас аз ҷарроҳию бедардкунӣ солим баровардани бемор, назорати кори ҳамшираҳои шафқат, ҳуҷҷатгузорӣ, саломатии худро низ ҳифз кардани духтур ва натиҷаи корро нишон додан ҷавобгарии ҳаматрафа талаб мекунад.

Як лаҳзаи корӣ, ки айёми дар беморхонаи шаҳрии №1 ба номи С.У. Урунов, шӯъбаи эҳё ва мадҳушкунӣ кор кардан, рух дода буд, аз лавҳи хотири Абдувалӣ Раҳимов ҳеҷ гоҳ зудуда намешавад.


“Он солҳо духтури ҷавон будам. Вақти навбатдорӣ бемори 93- сола – бобои нӯроние бо хунравии дарунӣ бистарӣ шуданд. То саҳар ҳолаташонро мӯътадил карда, ба гардише, ки мудири шӯъба дар кати бемор мегузаронанд, тайёр кардем. Он кас аз мудири шӯъба хоҳиш карданд: “Писарам – духтур, набераи ман дар хизмати ҳарбӣ аст. Ба наздикӣ меояд. Санаи тӯйи хонадоршавии ӯ маълум. Ман тӯйяшро дидан мехоҳам. Дуруст, аввал аз Худо, баъд аз Шумост. Мехоҳам, ки умри маро дарозтар кунед. То хурсандии фарзандону набераҳоямро бинам”.

Қаҳрамони мо он рӯз дарк кардааст, ки рисолати асосии духтур ин ба муроди дил расонидани бемор аст. Хафа кардан, ё ноумед кардани бемор ин хоси пешаи духтур набудааст. На фақат доруворӣ, балки муомилаи нек ҳам табобат будааст.


Таҳсилу кор дар Маскав

Ба Абдувалӣ Раҳимов устодони соҳа, аз ҷумла, устоди ҷарроҳи кӯдакони Хуҷандшаҳр – Ином Деҳқонов тавсия медиҳанд, ки таҳсилро дар донишгоҳи Русия мукаммал гардонад. Бо дастгирии падараш ӯ соли 2003 аз рӯйи ихтисоси эҳё ва мадҳушкунӣ дар пойгоҳи илмии

Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи академик А. Н. Бакулеваи шаҳри Маскав (РАМН) ба зинаи аспирантӣ дохил мешавад.

“Мавзӯи “Нутритивиная поддержка при комплексной интенсивной терапии у больныхпосле операции на сердце и сосудах” – ро гирифтам. Барои ҷамъ кардани мавод бо бемор кор мекардем. Баъди кор дар китобхона нишаста, бо адабиёти зарурии соҳа шинос мешудем.

Олимони тиб дар китобхона нишаста, рисола навишта наметавонанд. Онҳо аввал ҳар таҷрибаро дар кати бемор гузаронида месанҷанд. Аслан, дар навиштани рисола ба қавли як мақоли мардумӣ “ба умеди оши ҳамсоя турб тарошидан лозим нест”, - мегӯяд Абдувалӣ Раҳимов.


Аз соли 2005 қаҳрамони мо дар Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи академик А. Н. Бакулеваи шаҳри Маскав (РАМН) корро ба сифати духтури эҳё ва мадҳушгар давом медиҳад. Ӯ ногузир медонад, ки вақте дар шӯъбаи эҳё кор мекунед, бояд кори гурӯҳиро ёд гиред. Дар ҷарроҳии фаврӣ “кори ман шуд” - гуфта як ҷо намеистед. Муштарак бо ҷарроҳон ва дигар мутахассисон онҳо рафти ҷарроҳиро назорат мекунед. Масалан, гурӯҳи хуни беморро маълум карда, хун тайёр кардан, фишори хунро назорат бурдан, низоми таппиши дил ва нафаскаширо санҷида истодан, нағз ҳис кардани вайроншавии ҳолат, мушоҳидаи ҷиддии бемор баъди ҷарроҳӣ вазифаи ҷонии духтури эҳёгар ва мадҳушгар аст.

“Он чизҳое, ки дар беморхонаи Хуҷанд ёд гирифта будам, дар вақти кор дар беморхонаҳои Маскав ҳам ба кор омад. Беморро берун аз нақша фаврӣ қабул кардан, айни зарурат ба сӯрохии бинӣ найчаи барои хӯрокдиҳӣ гузоштан барои ҳамкасбони ҳамсолам хеле аҷоиб менамуд. Ин корҳоро замоне аз худ карда будам, ки бародари шафқат будам”, - иқрор шуд Абдувалӣ Раҳимов.

Ҳамкорӣ дар роҳи табобат

Айни хурӯҷи КОВИД-19 дар Тоҷикистон, ки ба охирҳои моҳҳои апрел – июли 2020 рост омада буд, Абдувалӣ Раҳимов низ дар қатори дигар ҳампешагони рус бо табибони Тоҷикистон дар тамос шуда, табдили таҷриба мекарданд. Тавассути барномаҳо маҷлисҳои онлайнӣ доир карда, аз малакаҳои наве, ки бар зидди КОВИД-19 манфиатовар буд, муҳокима мекарданд. То ҳол бо ҳамкасбон чунин шеваи муомиларо давом медиҳад.


“Мо риштаи робита бо беморон ва дигар мутахассиони тибро низ дорем. Вақте тоҷикони муқими Русия бо масъалаҳои вобаста ба саломатӣ пеши мо меоянд, онҳоро ноумед намекунем. Аз дигар ҳамкасбон хоҳиш мекунем, ки ёрӣ диҳанд. Бо табибони номдор аз Институти саратоншиносии ба номи академик Н. Н. Блахина, Баҳромҷон Ахмедов, аз Институти ҷарроҳии асаб ба номи Н. Н. Бурденко, Сунаттулло Чобулов, профессор Бобоев Бобоҷон, духтури эҳё ва мадҳушгари навзодон ва кӯдакон робитаи зич дорем. Ба ҳамаи беморон, хусусан, аз Тоҷикистон ҳастанд, хизмати холисона мекунем. Ба табибони ҷавони тоҷик, ки ба Русия барои таҳсилу кор меоянду дар навоҳии дурдаст ҷо мешаванд, ҳаматарафа дастгирӣ карда, маслиҳатҳо медиҳем”, - мегӯяд Абдувалӣ Раҳимов.

Фарзандони роҳи падар

Қаҳрамони мо соли соли 1997 оиладор шуда, соҳиби 3 фарзанд шудааст. Писари калонии ӯ, ки Сино ном дорад, аллакай дар беморхонаи Боткинаи шаҳри Маскав ризокор (волонтёр) шуда кор мекунад. Ӯ курси чор буда, орзу дорад дар оянда духтури гӯшу гулӯю бинӣ (ЛОР) шавад. Писари хурдии вай низ духтури дандон шудан мехоҳад. Духтараш мисли ҳамсараш ҳуқушинос аст.


“Хурсандам, ки писаронам соҳаи маро давом доданиянд. Ман ба онҳо доим аз анъанаҳои неки гузаштагони худ ёдовар мешавам. Намехоҳам, ки аз тинати онҳо ҳуввияти миллӣ гум шавад”, - мегӯяд Абдувалӣ Раҳимов.



«Ҷулетта»-и тоҷик. Маълумоти аҷиб аз ҳаёти ҳунарманди шинохта -Хайрӣ Назарова


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед