Ru  | Tj
“Илҳом нақши калидӣ дорад”. Табибшавандае, ки ба таври ғайриоддӣ расм мекашад
“Илҳом нақши калидӣ дорад”. Табибшавандае, ки ба таври ғайриоддӣ расм мекашад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

“Илҳом нақши калидӣ дорад”. Табибшавандае, ки ба таври ғайриоддӣ расм мекашад

Нашр шуд

Шарифҷон Ҷумаев донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Вале ҳоло рассом буда ва бо тарзҳои гуногун, аз ҷумла бо корд, оби лимон, тухм, “скоч” ва ғайраҳо расмҳоро ба тасвир мекашад.


Мо бо Шарифҷон бобати таҳсил дар риштаи тиб, рассомӣ ва нақшаҳои ояндааш ҳамсуҳбат шудем.


- Тавре медонем Шумо донишҷӯи Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ҳастед, чӣ тавр рӯ ба рассомӣ овардед?

- Ман рассомиро аз падарам омӯхтам. Вақте хурд будам, падарам акси қаҳрамонҳои филмҳои тасвириро мекашид ва меҳри рассомӣ аз он ҷо ба қалби ман ҷой гирифт. Сабаби ба рассомӣ рӯ оварданам, ин ёфтани даромад барои пешбурди зиндагист.

- Рассомӣ ба дарсҳои донишгоҳатон халал намерасонад?

- Фикр мекунам, ҳар нафаре, ки вақташро хуб тақсим менамояд ва аз рӯи реҷаи муайян кор мекунад, кори зиёдро анҷом медиҳад ва иловатан аз норасоии вақт шикоят намекунад. Ман то нисфирӯзӣ дар дарс ҳастам ва баъдан барои рассомиям вақти муайян ҷудо карда, кор мекунам.


- Дар риштаи тиббӣ ихтисосатон чист ва то кадом андоза онро аз худ кардаед?

- Ихтисосам асабшинос мебошад ва барои беҳтару хубтар омӯхтани ин самт бисёр кӯшиш мекунам. Ҳоло бо боварӣ гуфта метавонам, ки аз рӯи ихтисосам кор карда метавонам. Насиб, мерасад рӯзе, ки чунин мешавад.

Ҳамчунин, ногуфта намонад, ки барои омӯхтани нозукиҳои касбам саҳми устодонам бениҳоят зиёданд, чун ба мо содаву фаҳмо ин соҳаро меомӯзонанд.


- Аҳли оилаатон ба рассомии Шумо чӣ назар доранд?

- Хушбахтона, волидонам маро хуб мефаҳманд ва садди роҳам намешаванд. Дар баробари ин, бисёр таъкид мекунанд, ки аз дарсҳои донишгоҳ қафо намонаму дар оянда аз рӯи ихтисос кор кунам.


- То ҷое медонем, Шумо расмҳои чеҳраҳои шинохтаро дар YouTube ва Instagram ройгон тасвир мекунед, бигӯед, ки чаро ин корро анҷом медиҳед?

- Ба он хотир чеҳраҳои машҳурро тасвир мекунам, ки мардум аз ҳунарам зуд бохабар шаванд. Яъне тасвири чеҳраҳои шинохта маро зудтар миёни мардум мешиносонад ва аз ҳунарам дарак медиҳад, зеро дар назди дилхоҳ акси одами машҳур метавон тасвири маро гузошт ва фарқияти суратро аз расм фарқ кард.


- Шумо кадом намуди расмҳоро тасвир карда метавонед?

- Аз расмҳои оддӣ сар карда то намудҳои зиёд. Барои мисол, бо қалами оддӣ, бо қалами ранга, бо корд, бо коғазпораҳои майда бе истифода аз қалам, бо оби лимон, бо тухм, бо “скоч” ва ғайраҳо метавонам тасвир кунам.


- Ҳоло дар YouTube ва Instagram бисёранд нафароне, ки чеҳраҳои шинохтаро тасвир мекунанд, бигӯед, ки Шумо аз онҳо ё онҳо аз Шумо ин самтҳо пеша кардаанд?

- Дар ин бора чизе гуфта наметавонам, зеро дар асл ман то синфи 10-ум расм мекашидам. Пасон давраи омодагӣ ба донишгоҳ ва таҳсил дар мактаби олӣ фаро расид, ки се соли расо танаффус доштам ва боз зиёда аз ду сол мешавад, ки ин корро анҷом медиҳам.


- Тарафҳои хубӣ ва бадии рассомӣ барои Шумо кадомҳоянд?

- Паҳлӯҳои мусбат: фоидаи моддӣ, хотираи визуалӣ, оромии асаб ва сарфаи вақт дар пешаи даркорӣ.

Паҳлӯҳои манфӣ: гуноҳ, хирашавии чашм, қомати хамзада ва баъзан вақти зиёдро гирифтан.


- Шумо суратҳои чеҳраҳои маъруфро тасвир мекунед, оё онҳо худашон хоҳиш мекунанд ё бо иҷозат тасвир мекунед?

- Ман аз баъзеи онҳо иҷозат мегирам ва бархеи дигар худ хоҳиш мекунанд, ки расмашонро тасвир кунам.


- Дар як шабонарӯз чанд соат вақтатонро ба рассомӣ ва чанд соат вақтатонро ба табибӣ мебахшед?

- Ҳамеша аввал дар мадди назарам дарсҳоям ҳастанд ва барои ин пеш аз ҳама вазифаҳои донишгоҳиро иҷро мекунам. Чун ҳоло дарсҳоямон такрори мавзӯъҳои гузашта ҳастанд, тақрибан 2-3 соатамро сарф мекунам ва пасон аз пушти рассомӣ мешавам. Дар тасвири расм тақрибан аз 3 то 6 соат вақтамро сарф мекунам.

- Барои рассом илҳом лозим аст ё не?

- Бале, дар рассомӣ илҳом нақши калидӣ дорад.


- Бештар кай тасвир мекунед: рӯз ё шаб?

- Аксар ҳолат шаб тасвир мекунам. Зеро шаб ором аст ва одатан илҳоми ман шаб меояд.

- Дар болои як мусаввир чанд вақт кор мекунед?

- Вақте ки андозаи расм хурд асту дар он як нафар тасвир меёбад, то 3 соат вақт мегирад, вале вақте ки андозааш калону якчанд нафарро тасвир кардан лозим бошад, то 6 соат сарф мекунам.


- Дар оянда дар кадом соҳа фаъолият карданӣ ҳастед: тиб ё рассомӣ?

- Албатта, дар соҳаи тиб фаъолият мекунам. Рассомӣ бароям кори муваққатист, ки даромад ёфта истодаам.



Муҳиддини Музаффар: “Мехоҳам, ки қисми зиёди умрам дар майдони навор гузарад.”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед