Ru  | Tj
Пайраҳаи муваффақият. Мубориз Усмонов чӣ гуна дар се соҳа шӯҳрат пайдо кард?
Пайраҳаи муваффақият. Мубориз Усмонов чӣ гуна дар се соҳа шӯҳрат пайдо кард?
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Пайраҳаи муваффақият. Мубориз Усмонов чӣ гуна дар се соҳа шӯҳрат пайдо кард?

Нашр шуд

Соли равон шоумен, продюсер, актёр ва ровии шинохтаи тоҷик Мубориз Усмонов худро аз паҳлӯи дигар нишон дод. Ӯ ба таври ғайримаъмулӣ ба овозхонӣ оғоз кард ва дар як муддати кӯтоҳ муаррифӣ шуд. 

Мо бо Мубориз Усмонов дар барои ҳаёти пасипардагӣ, комёбӣ дар овозхонӣ, ровигӣ ва актёрӣ, тарафҳои мусбат ва манфии ошкорбаёнӣ ва формулаҳои комёбиву хушбахтӣ суҳбат намудем. 

Аз калимаи нав дар рӯзгор то дӯстдории волидон

- Шумо дар ду соли охир бисёр овозадор шудед. Лутфан, бигӯед, ки ду сол пеш худатонро чӣ гуна муаррифӣ мекардед ва ҳоло чӣ гуна муаррифӣ мекунед?

- Ташаккур. Ду сол пеш худро  ровӣ, соҳибкор ва рӯзноманигор муаррифӣ мекардам. Айни замон бошад дар вақти муаррифӣ калимаи “сароянда”-ро ҳам илова мекунам. 

- Як рӯзи Шумо ҳоло чӣ гуна мегузарад?

- Ростӣ, рӯзҳои ман якранг ва пешгӯишаванда нестанд, балки вобаста ба он корҳое, ки бояд анҷом диҳам ҳамарӯза амал мекунам. Хӯрок мехӯрам, ба варзиш машғул мешавам, ба ягон чорабинӣ ё маърака  меравам, бо дӯстон вохӯрӣ мекунам ва дар умум рӯзи ман мисли одамони дигар муқаррарӣ мегузарад. 

- Ҳоло душвор аст Мубориз Усмонов будан?

- Не, ман душвориро эҳсос намекунам. Балки баръакс рӯз то рӯз масъулияти зиёдро ба худ қабул карда, кӯшиш мекунам, ки сазовори ин ному насаб бошам. 

- Шумо аз ҷумлаи шахсони маъруфу шинохтаи мо ҳастед, ки дар мусоҳибаҳоятон ошкоро аз гузаштаатон ёд мекунед ва аз шароити бади  донишҷӯиятон мегӯед.  Ин ошкорбаёнӣ ба Шумо кадом тарафҳои мусбат ва манфиро нишон додааст?

- Ман аз ҷумлаи нафароне ҳастам, ки ҳеҷ гоҳ аз гузаштаам шарм намедорам, зеро ҳар коре, ки кардаам бо роҳи ҳалол барои пешбурди зиндагиям заҳмат кашидам. Дар бобати ин гуна ошкорбаёниҳо гуфтаниям, ки ягон тарафи манфияшро надидам ва ҷиҳати мусбати масъала бошад хеле зиёд аст. Масалан, ман сабақи зиёд гирифтаам, ба дигарон ибрат шуда метавонад, ба мардуми мо ошкорбаёнӣ писанд аст ва ғайраҳо. 

- Дар бораи оила ва падару модаратон бисёр кам мегӯед, лутфан бигӯед, ки дар муваффақ шудани Шумо нақши волидон ва умуман аҳли оила то кадом андоза назаррас аст?

- Ман ҳама муваффақиятҳоямро аз меҳру муҳаббат, дастгирӣ, дилбардорӣ ва боварии волидонам медонам. То ба ин ҷо расиданам волидонам на танҳо нақш доранд, балки тамоми зиндагиям ҳастанд. Ростӣ, ифтихор дорам, ки чунин волидон дорам ва онҳоро бисёр дӯст медорам. 

Аз боварӣ надоштан то муваффақ шудан дар овозхонӣ

- Чӣ гуна ва барои чӣ Шумо овозхон шудед?

- Аслан, ман аз хурдӣ ҳавас доштам, ки ба овозхонӣ машғул шавам. Бо гузашти солҳо ин шавқ зиёдтар шуд ва барои овозхон шудан дер боз мақсад доштам, вале имкониятҳо васеъ набуданд. Кор то ҷое расид, ки тақрибан якуним сол пеш ба худ ваъда додам, ки овозхониро ба таври ҳирфаӣ оғоз мекунам ва оғоз кардам. Дар ин муддат тавонистам, ки як албоми сурудҳоямро таҳия кунам, ки иборат аз 21 суруд ва 15 намоҳанг аст ва дар дохилу хориҷи кишвар консерти яккаи худро баргузор кардам. 

- Дар овозхонӣ то андозае муваффақ шудед, ба фикри худатон чаро то ин андоза зуд мардум Шуморо қабул кард?

- Бояд ёдовар шавам, ки дар кори овозхониям ман бо нафарони касбӣ ҳамкорӣ кардам ва маҳсули заҳмати эшон дар муваффақияту пазируфта шуданам бисёр калон аст. То ин дам ман бо танзимгари мусиқии беҳтарини Ӯзбекистон  Ҷасур Бадалбаев, оҳангсози шинохта Шаҳбоз Насирҷанов, шоири хубамон Орзу Исоев, оҳангсози бисёр ҳам хубу беҳтарин Даврони Раҳматзод, клипмейкери арзанда Азим Ҳикматуллоев ва ҳатто бо клипмекерони Ӯзбукистон ҳам кор кардаам. Мо бо гурӯҳи қавӣ бисёр заҳмат кашидем ва шукр ба ин рӯз расидем. 

- Дар албоми “Сипос”-атон чӣ қадар маблағ сарф кардед ва оё бо рафтан ба тӯю консертҳо сарфу харҷатонро баровардед? 

- Барои албоми “Сипос” маблағи зиёд сарф шудааст ва гуфта метавонам, ки бо тӯй рафтану даҳҳо консерт барпо кардан, то ҳол сарфу харҷи кардаамро напӯшонидаам. Вале бояд бигӯям, ки  ман ба ин соҳа аз таҳти дил ворид шудам ва мақсади ягонаам пайдо кардани шунаванда ва бинандаам буд, ки шукр ба ин муваффақият даст ёфтам. Таъриф нашавад, вале дар ин муддати кӯтоҳ аллакай сурудҳоям дар фазои маҷозӣ миллионҳо тамошобин пайдо кард, ки ин ба ман ҳам илҳом медиҳад ва ҳам масъулиятамро зиёд мекунад. 

- Шумо дар як мусоҳибаатон соли 2020 гуфтед, ки овозхонӣ мекунам, вале тӯйгардӣ не. Ҳоло Шумо аз ҷумлаи он нафароне ҳастед, ки бисёр тӯй меравед ва фармоишҳои зиёд мегиред. Пас бигӯед, чӣ шуд, ки рӯ ба чунин кор овардед?

- Ду сабаб дорад. Якум, ҳар як мухлис мехоҳад дар тӯйяш ё дар тӯйи нафари наздикаш санъаткори дӯстдоштааш хизмат кунад ва ман фикр кардам, рад кардани ин хоҳишоти нафароне, ки моро бевосита гӯш мекунанд, кори хуб нест. Дуюм, албатта, масъалаи моддӣ аст. Яъне рафтани тӯй барои мо имкон медиҳад, ки зиндагиро хубтар пеш барем ва барои сурудҳо ва намоҳангҳои хуб таҳия кардан, шароит пайдо кунем. 

- Шумо дар кишварамон чандин консерт ва ҳатто ба наздикӣ дар Русия ҳам барномаи консертии худро барпо намудед ва толорҳо пур буданд, бигӯед, ки ба ин ҳама маҳбубиятро ба даст овардан боварӣ доштед?

-  Гуфта метавонам, ки дар ин муддати кӯтоҳ дар Душанбе, Хуҷанд ва дигар манотиқи кишвар  зиёда аз 10 консерт барпо намудам ва хушбахтона дар ҳамаи консертҳо толорҳо пур аз тамошобин буданд. Ҳатто бояд бигӯям, ки дар баъзе ҷойҳо ду-се сеанс корсерт додам. Ба наздикӣ дар шаҳри Маскав ҳам консерт доштам ва бисёр хуб гузашт. Дар мавриди боварӣ бошад, гуфтаниям, ки то ин андоза боварӣ надоштам. Аммо хушбахтона ҳамааш аз оне ки интизор будам, беҳтар гузашт. 

Аз ровигӣ то актёрӣ

- Шумо ровиед, қиссаи ровӣ шуданатонро метавонед бигӯед?

-  Ман дар аввал умуман ровӣ шуданӣ набудам ва вақти дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил карданам таътил шуду ба хона рафтам. Ҳамон замон дӯсти ман Наврӯз Сиддиқов радиои “Диёр”-ро фаъол карда буданд ва ба ман пешниҳод карданд, ки дар ин соҳа як маротиба худро санҷам. Ман чанде ба ин кор машғул шудам ва дар як муддати муайян ба кори асосиям табдил ёфт. Ҳоло бошад ба Наврӯз Сиддиқов ташаккур мегӯям, ки ба ин кор маро водор карданд. 

- Пасон чӣ кор кардед? 

- Ҳамин тавр, ба ровигӣ шавқ пайдо кардам ва бисёр хоҳиши маъруфу машҳур шудан доштам. Бо ин фикру ният ба радиои “Азия Плюс” рафтам. Дар кори радио ба ман Парвона Аҳрорӣ, Беҳрӯз Насриддинова ва Кирил Камбаров бисёр кӯмак карданд. Пас аз се соли фаъолият дар радиои мазкур маро ба ҳайси директори кул ба “Лаф радио” даъват карданд ва дар он ҷо зиёда аз дуюним сол фаъолият кардам. Пасон, дар “Радиои нав” директор шудам ва ҳоло тақрибан шаш моҳ мешавад, ки фаъолиятамро қатъ кардам. 

- Сабаби қатъ кардан дар чист?

- Корҳоям ниҳоят зиёданд, сафарҳои ҳунарӣ, барномаҳои консертӣ, таҳияи сурудҳои нав ва бисёр корҳои дигар сабаб шуданд, ки муддате аз кор дар радио канор равам.

- Шумо замоне дар Телевизиони Тоҷикистон фаъолият мекардед ва барномаи “Имшаб”-атон бисёр муваффақ ҳам шуда буд, бигӯед, ки чаро “Имшаб”-и телевизион ба “Имшаб”-и интернет табдил ёфт?

-  Аввалан, бояд бигӯям, ки “Имшаб” дар фаъолияти эҷодиву ҳунарии ман яке аз омилҳои тақдирсоз аст. Маҳз ин лоиҳа маро муаррифӣ кард ва аз ин фурсат истифода бурда, миннатдории худро ба ҳамаи нафароне, ки дар телевизион маро дастгирӣ карданд, мерасонам. “Имшаб” як муддати муайян дар телевизион пахш шуд ва дидем, ки дар интернет ҳам тамошобинони зиёд дорад. Тавре медонед, дар Ютуб ҳам хеле муваффақ шуд ва ҳамсуҳбатони мо аз тамоми соҳаҳои ҷомеа ҳастанд. Ва боз ба ҳаводорони ин барнома гуфтанӣ ҳастам, ки рӯзҳои наздик нашрҳои нави “Имшаб” нашр хоҳанд шуд. 

- Ҳамчунин, барномаи “Боиштиҳо”-ятон дар телевизиони “Душанбе” ҳаводорони зиёдро соҳиб гашта буд, чаро яку якбора ба ҷойи Шумо ровии дигар онро пеш бурд?

- Муаллифи барномаи “Боиштиҳо ”ман ҳастам ва пас аз чанде ки таҳия мекардам, бо хоҳиши худ ба ровии дигар супоридам. Зеро ман нафаре ҳастам, ки доимо мехоҳам навгонӣ кунам, намехоҳам дар як ҷо истам ва як корро солҳои дароз такрор кунам. Насиб дар оянда чандин лоиҳаҳои хуб ҳастанд, ки ҳамчун ровӣ таҳия мекунам ва Шумо ҳам бохабар мешавед. 

- Ҳоло ният надоред, ки дар яке аз телевизионамон кор кунед?

- Агар пешниҳоди хуб шавад, шояд ягон лоиҳаи хубу хотирмон ва ҷадиде дар телевизион таҳия кунам. 

- Ҳоло дар ду силсилафилм:  “Маска” ва “Ишқ, пул, Душанбе” нақш офарида истодаед. Мақсади Шумо аз ин нақшофариҳо чист: шӯҳрати зиёдтар ба даст овардан, пул ба даст овардан, худро дар синамо санҷидан ё сухани дӯстонро рад накардан?

- Ду сабаб аст. Якум, созандагони силсилафилмҳои мазкур дӯстони ман ҳастанд ва дуюм ман дар синамо ҳамчун актёр худро санҷидан мехоҳам. Аз ҷониби дигар, бояд қабул кунем, ин ду филм идеяҳои ҷолибанд ва ҳаводорони зиёд доранд. 

- Шумо худатон филм гирифтан намехоҳед?

- Бисёр мехоҳам ва ҳатто ҳоло мо сенарияро пурра омода кардаему ният дорем ё баҳор ё тобистон интишор кунем. 

Аз формулаи муваффақият то формулаи хушбахтӣ

- Ҳамроҳи Шумо одамони зиёд акс мегиранд, Шумо бевақт хона меравед, оилаатон чӣ гуна ин ҳамаро қабул мекунанд?

-  Мо ҳамдигарфаҳм ҳастем ва шукр, ки чунин ҳамсар дорам. Ӯ медонад, ки ман санъаткорам ва ба ҷуз оне ки марди хонаам, боз дар хизмати мардум ҳастам. 

- Ба фарзандонатон чӣ монданиед ва умуман як нафари идеалӣ бояд ба насли ояндааш чӣ монад?

- Тарбияи хуб, ба роҳи дуруст ҳидоят кардан, маслиҳат додан, дар интихоби оянда озод мондан ва то қадри имкон кӯмаки моддиву маънавӣ расонидан.

- Формулаи муваффақияти Шумо чист?

- Ман ягон формулаи муваффақият надорам, балки кори дӯстдоштаамро мекунам, то қадри тавоноиям кӯшишу заҳмат мекашам ва ба сӯйи ҳадафҳои мондаам қадам мезанам. 

- Формулаи хушбахтӣ вуҷуд дорад? 

- Фикр мекунам барои ҳар нафар дар намудҳои гуногун зоҳир меёбад. Масалан, барои ман хушбахтӣ ин кори дӯстдоштаамро анҷом додан, дӯстони нав пайдо кардан ва барои пайвандону наздикон вақт ҷудо кардан аст. 

- Шумо ҳоло бисёр фаъолед: дар филмҳо нақш меофаред, суруд мехонед, консерт барпо мекунед ва боз падар ҳастед. Чӣ тавр як нафар ба ин ҳама метавонад бирасад?

- Ин ягон кори ғайриодӣ нест, вале мебояд вақтро ба ин ҳама тақсим кард. Ман фикр мекунам, ки агар дилхоҳ нафар чӣ хостанашро бидонад, вақташро дуруст тақсим кунад ва кӯшишу меҳнат кунад ба ҳама зинаҳои мехостааш мерасад. Муҳим дӯст доштан, бовар кардан ва кӯшиш намудан аст.

- Ба ҷавонон чӣ тавсияҳо медиҳед?

-  Тавре дар боло гуфтам муҳим дӯст доштан, бовар кардан ва кӯшиш намудан аст. Ба ҳамин маъно ба ҷавонон гуфтаниям, ки кори мехостаашонро анҷом диҳанд, сидқан меҳнат кунанд ва ба худ бисёр бовар дошта бошанд. 

- Раҳмат барои сӯҳбат.

- Саломат бошед.


Журналистшавандае, ки камонвар шуд. Зебинисо Рустамова доир ба камонварӣ




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(144) "“Илҳом нақши калидӣ дорад”. Табибшавандае, ки ба таври ғайриоддӣ расм мекашад"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20191"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "14082"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(98) "/tj/articles/our_people/il_om_na_shi_kalid_dorad_tabibshavandae_ki_ba_tavri_ayriodd_rasm_mekashad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6496"
  ["CODE"]=>
  string(73) "il_om_na_shi_kalid_dorad_tabibshavandae_ki_ba_tavri_ayriodd_rasm_mekashad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6496"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

“Илҳом нақши калидӣ дорад”. Табибшавандае, ки ба таври ғайриоддӣ расм мекашад

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(152) "“Шеъри ман дарди ман аст”. Мирзоҳусайн Бадалипур дар бораи модар, шеър ва муаллимӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "18892"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(102) "/tj/articles/our_people/sheri_man_dardi_man_ast_mirzo_usayn_badalipur_dar_borai_modar_sher_va_muallim/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6083"
  ["CODE"]=>
  string(77) "sheri_man_dardi_man_ast_mirzo_usayn_badalipur_dar_borai_modar_sher_va_muallim"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6083"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

“Шеъри ман дарди ман аст”. Мирзоҳусайн Бадалипур дар бораи модар, шеър ва муаллимӣ

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(103) "Рӯзи Президент. 10 лаҳзаи ҷолиб аз рӯзгори Эмомалӣ Раҳмон"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14365"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "9902"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(78) "/tj/articles/education/r_zi_prezident_10_la_zai_olib_az_r_zgori_emomal_ra_mon/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4634"
  ["CODE"]=>
  string(54) "r_zi_prezident_10_la_zai_olib_az_r_zgori_emomal_ra_mon"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4634"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Рӯзи Президент. 10 лаҳзаи ҷолиб аз рӯзгори Эмомалӣ Раҳмон

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(76) "10 тавсия барои осон кардани ҳаёти мактабӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "13970"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(66) "/tj/articles/education/10_tavsiya_baroi_oson_kardani_ayeti_maktab/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4507"
  ["CODE"]=>
  string(42) "10_tavsiya_baroi_oson_kardani_ayeti_maktab"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4507"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

10 тавсия барои осон кардани ҳаёти мактабӣ

Другие новости