Ru  | Tj
“Шеъри ман дарди ман аст”. Мирзоҳусайн Бадалипур дар бораи модар, шеър ва муаллимӣ
“Шеъри ман дарди ман аст”. Мирзоҳусайн Бадалипур дар бораи модар, шеър ва муаллимӣ
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

“Шеъри ман дарди ман аст”. Мирзоҳусайн Бадалипур дар бораи модар, шеър ва муаллимӣ

Нашр шуд

Ҳар тоҷикистонӣ ҳадди ақал як маротиба суруди машҳури “Дар оғуши ту мемирам”-и Нигина Амонқуловаро гӯш кардааст. Вале на ҳама медонанд, ки матни ин таронаи маъруфро як устоди фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷиикстон бо номи Мирзоҳусайн Бадалипур, эҷод кардааст.

Чун дар арафаи Иди модар қарор дорем бо устод Мирзоҳусайн Бадалипур, ки яке аз вассофони модар ҳастанд, доир ба бузургиву матонати фариштаи заминӣ, шеъру шоирӣ, муаллимӣ ва фалсафаи ҳаёту мамот суҳбат намудем.

Аз шири сафед то аллаи хотирмони модар

- Устод, ман чанд рӯз пеш китоби “Модарамро ёд кардам”-ро мутолиа кардам, ки бисёр бо дард навиштаед. Чун мо дар аввали баҳор ва Иди модар қарор дорем, беҳтар мешавад суҳбатамонро аз бахшандаи баҳори инсон – модар оғоз кунем.

- Ба чашм.

– Шумо дар як суҳбат гуфтед, ки душвортарин мавзӯъ бароятон суҳбат кардан дар мавзӯи модар мебошад, чаро чунин аст? 

- Дар ҳақиқат душвортарин мавзӯъ барои ман дар бораи модар суҳбат кардану ӯро ба ёд овардан аст. Ин ба хотире нест, ки ман дар бораи бузургии модар чизе гуфта натавонам, балки аз даст додани модар бароям бисёр дардовар буд ва аз ҷониби дигар, ҳар сухане бигӯям фикр мекунам ба бузургиву азамати модар баробар шуда наметавонад.

– Чун Шумо дар бораи модар эссеи фалсафӣ навиштаед, бигӯед, ки ҳамин сафедии шири модар барои Шумо чӣ маъно дорад?

– Ҳама сафедиҳои рӯзгори ман аз шири сафеди модарам сарчашма гирифтаанд. Шири сафеди модар нишонаи бахти сафед ва роҳи сафед хостанаш барои фарзанд аст. Қудрат, таъсир ва нерӯи шири модарам буд, ки сиёҳиҳои рӯзгор дар чашмонам нанамуданд ва ҳамеша фикру зикри сафед маро ҳамроҳ аст.

– Аллаи модар чӣ? 

– Ҳама тору пуди зиндагиам фидои суруди аллаи модарам бод! Фикр мекунам, аз дигар бародаронам дида, модарам дар сари гаҳвораи ман зиёд алла гуфтаанд. Аллаи модарам суруди зиндагӣ, суруди дӯстдорӣ, суруди ватандорӣ ва суруди вафодорию ҳушёрӣ буд. 

– Модаратон чӣ касбу коре доштанд? 

– Модарам дасти шифобахше доштанд, ки садҳо мардуми дардманду маризро даво мебахшид, яъне табиби халқӣ буданд. Аз ҳама бештар бо ҳунари доғсӯзӣ, ки маҳорату назокати хоси пизишкиро талаб менамояд, дар байни мардуми диёрамон шӯҳрат пайдо карда буданд. Бо ин амал ашхоси зиёдеро давову дармон бахшиданд, вале баъди маргашон доғе дар дили ман монд, ки то қиёмат сӯзон аст…

Модари азизамро хеле барвақт аз даст додам. Марг ӯро дар ҳоле аз ман рабуд, ки донишҷӯи курси дуюм будам. Дунёи равшан ба назарам торик гашт. Ҳавову ҳавасам мурд, зиндагӣ бароям якранг шуд. Дигар ҳар бор, ки рӯзҳои шанбе ба хона мерафтам, модари чашминтизорам дами дар набуд.

- Оё боз дар бораи модар китобе иншо кардед? 

- Не, дигар натавонистам чизе нависам.

- Набудани модар чӣ гуна аст?

- Ба гуфти шоир ва файласуфи шинохтаи англис Колриҷ: “Модар, ҳатто пас аз марг боз ҳам модар ва муқаддастарин мавҷуди зиндаи ҷаҳон аст”.

Даъвои шоирӣ надорам

- Шумо шеър ҳам менависед, бигӯед, ки ин шеърнависӣ барои чист: дарди дил, ба даст овардани қути лоямут, ёфтани шуҳрат ё чизи дигар?

- Ҳеҷ вақт шеърро барои шуҳрат, пул, ном ё чизи дигар нанавиштам. Балки шеъри ман дарди дили ман аст. Бисёр хушҳол мешавам, ки касе аз шеърам воқеияти зиндагиву ишқро дарк кунад.

- Дар шоирӣ тахаллуси Шумо «Меҳрварз» аст, чаро махсус ин тахаллусро интихоб кардед?

- Хислати модарзодии ман меҳрварзист ва ин меҳру муҳаббати ман дар шеърҳоям ҳам ҷой доранд. 

- Шеърҳои Шуморо сарояндагони мо оҳанг баставу месароянд, ин ҳамкориҳо чӣ гуна сурат мегиранд? 

- Ба ҳисоби худам зиёда аз 30 шеърамро овозхонҳо оҳанг баставу сароидаанд, вале ман дар ин масъала ба ҷуз Тобиш Ҳилоливу Нигина Амонқулова бо касе ҳамкорӣ надорам ва ҳар сарояндае, ки шеърҳои маро мехонад, худаш интихоб кардаву истифода мекунад. Нигина Амонқулова, ки шеърҳои “Дар оғӯши ту мемирам”, “Диламро хун намудӣ” ва “Навиштам достони ту»-ро бо оҳангҳои Тобиш Ҳилолӣ сароидааст, барои интихоби шеъру ҳамкорӣ чанд маротиба ба наздам омадаанд.

- Ашъори кадом шоиронро пайваста мехонед?

- Ман ҳамеша тамоми ашъори классикамонро мехонам. Бахусус, Саъдӣ Шерозӣ, Ҳофиз Шерозӣ ва Мавлоноро. Мавлоно барои ман пири маънавист, ки баҳри беканори маъниро мемонад.

- Баъзе шоирон ашъори худро азёд намедонанд, Шумо чӣ гунаед?

- Ман ҳамаи шеърҳоямро азёд медонам. Вале ҳеҷ вақт даъвои шоирӣ надорам.

Муаллимӣ, таҳқиқ ва рисолати зистан

- Шумо дар фаъолияти омӯзгории худ ба сифати омӯзгори таъриху ҷомеашиносӣ ва таълими ҳарбию алифбои ниёгон кор кардаед, як нафар чӣ тавр аз ин фанҳо дарс дода метавонад?

- Ман дар донишгоҳ пурра бо баҳои “5” мехондам, вале бо сабаби аз имтиҳони фанни таърих баҳои “4” гирифтан маро дар донишгоҳ ҳамчун муаллим нагирифтанд ва ба мактаби миёна рафтам. Дар мактаб, ки шароити дарсгузариву норасоии муаллимон дида мешуд, аз ман дар аввал хоҳиш карданд, ки омӯзгори таъриху ҷомеашиносӣ ва таълими ҳарбию алифбои ниёгон бошам. Ҳамин тавр, дар муддати чор сол ба ман категорияи олӣ доданд ва фаъолияти бисёр хуб доштам. 

- Устод, Шумо ҳам дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳам дар Шуъбаи таърих ва фалсафаи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳо таҳсил кардаед, метавонед аз он солҳо ба мо бигӯед?

- Пас аз он ки дар мактаби миёна фаъолият кардам, соли 1993 ба зинаи аспирантураи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳо дохил шудам. Ман ифтихор мекунам, ки дар он замон аз устодоне чун Мӯсо Диноршоев, Кароматулло Олимов, Муҳаммадалӣ Музаффаров, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, Шерзод Абдулло ва дигар олимони машҳур дониш омӯхтаам. Бояд қайд кунам, ки таҳкурсии ҳама донишҳои фалсафиамаз он даргоҳ аст.

- Шумо дар баробари устоди донишгоҳ будан, ҳамзамон дар ҷодаи илм ба қуръонпажӯҳишӣ, таҳқиқу баррасии афкору осори фалсафӣ, тасаввуфӣ, ахлоқӣ ва фарҳангию динии мутафаккирони Шарқ машғул ҳастед. Метавонед дар бораи таҳқиқу корҳои анҷомдодаатон ба мо кӯтоҳ бигӯед?

- Шукр, ки дар баробари устодӣ боз ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул ҳастам, ки то ба имрӯз 6 китоби илмиро ба нашр расонидаам. Зиёда аз 150 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр кардаам. Ҳамзамон, дар ҳаммуаллифӣ бо пажӯҳишгарону олимон чандин китобҳои илмиву медодӣ аз чоп баровардаам. Масъалаи қуръоншиносиро бошад, вақти таҳсил дар зинаи аспирантура бо роҳнамоии устодон Мӯсо Диноршоев ва Шерзод Абдулло оғоз кардам ва хушбахтона пас аз 10 соли таҳқиқу ҷустуҷӯҳо китоби “Муқаддимаи қуръоншиносӣ”-ро таълиф намудам. 

- Устоди донишгоҳ ва ҳамзамон шахси эҷодӣ будан кадом тарафҳои манфию мусбат дорад?

- Устоди донишгоҳ будан ин худ маънои эҷодкор буданро дорад. Яъне соҳибмаърифатӣ, эҷодкорӣ дар соҳаи таълиму тарбия нисбат ба шогирдон ва ҳамзамон таҳқиқу баррасии масъалаҳои илмӣ худ як эҷодкорӣ ва навоварии кору фаъолияти устоди донишгоҳ бояд бошад. 

- Дар ин замоне ки ҳамагӣ ба касбҳои нав рӯ оварда истодаанд, оё донишҷӯён ба фанни фарҳангшиносӣ таваҷҷуҳ мекунанд?

- Шукр, ки имрӯз бо вуҷуди машҳур шудани касбу пешаҳои зиёд, бачаҳо нисбат ба фанни фарҳангшиносӣ аҳаммият медиҳанд ва хуб мехонанд.

- Ягон маротиба фикр кардаед, ки чаро мо ба дунё омадаем?

- Бале, бисёр андеша кардаам. Ҳадафи офариниши инсон ҳикмати хос дорад. Ҳар яки моро Офаридгор халқ кард, то ки корҳоеро анҷом бидиҳем. Яъне нафаре муаллим бошад, дигаре муҳандис, саввумӣ табибу чаҳорумӣ усто. Ва бар души ҳар яки мо вазифаву рисолатеро вогузор кард, ки барои беҳбудии зиндагии худу ҷомеа иҷро кунем. 

- Дар ин дунё зиндагӣ кардан мушкил аст?

- Бале, мушкил аст. Вале инсон набояд ба мушкилиҳо таслим шавад, балки бо ҳама ноҷуриҳои зиндагӣ мубориза барад. Аз ҷониби дигар, мушкилот зиндагии моро ранги дигар мебахшанд, моро пурқувват мекунанд ва ангеза медиҳанд.

- Раҳмат барои суҳбат.

- Ба Шумо ҳам ташаккур.


“Дил барои Ватан гум мезанад”. Дилором аз тарки омӯзгорӣ ва зиндагӣ дар кишвари бегона гуфт




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(144) "“Илҳом нақши калидӣ дорад”. Табибшавандае, ки ба таври ғайриоддӣ расм мекашад"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20191"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "14082"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(98) "/tj/articles/our_people/il_om_na_shi_kalid_dorad_tabibshavandae_ki_ba_tavri_ayriodd_rasm_mekashad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6496"
  ["CODE"]=>
  string(73) "il_om_na_shi_kalid_dorad_tabibshavandae_ki_ba_tavri_ayriodd_rasm_mekashad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6496"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

“Илҳом нақши калидӣ дорад”. Табибшавандае, ки ба таври ғайриоддӣ расм мекашад

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(139) "Пайраҳаи муваффақият. Мубориз Усмонов чӣ гуна дар се соҳа шӯҳрат пайдо кард?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "15918"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(94) "/tj/articles/talk/payra_ai_muvaffa_iyat_muboriz_usmonov_ch_guna_dar_se_so_a_sh_rat_paydo_kard/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5114"
  ["CODE"]=>
  string(75) "payra_ai_muvaffa_iyat_muboriz_usmonov_ch_guna_dar_se_so_a_sh_rat_paydo_kard"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5114"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Пайраҳаи муваффақият. Мубориз Усмонов чӣ гуна дар се соҳа шӯҳрат пайдо кард?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(103) "Рӯзи Президент. 10 лаҳзаи ҷолиб аз рӯзгори Эмомалӣ Раҳмон"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14365"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "9902"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(78) "/tj/articles/education/r_zi_prezident_10_la_zai_olib_az_r_zgori_emomal_ra_mon/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4634"
  ["CODE"]=>
  string(54) "r_zi_prezident_10_la_zai_olib_az_r_zgori_emomal_ra_mon"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4634"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Рӯзи Президент. 10 лаҳзаи ҷолиб аз рӯзгори Эмомалӣ Раҳмон

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(76) "10 тавсия барои осон кардани ҳаёти мактабӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "13970"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(66) "/tj/articles/education/10_tavsiya_baroi_oson_kardani_ayeti_maktab/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4507"
  ["CODE"]=>
  string(42) "10_tavsiya_baroi_oson_kardani_ayeti_maktab"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4507"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

10 тавсия барои осон кардани ҳаёти мактабӣ

Другие новости