Ru  | Tj
Иштирокдорони ҶБВ аз Суғд. Қиссаи 3 тан диловаре, ки аз ду ҷанг саломат баргаштанд
Иштирокдорони ҶБВ аз Суғд. Қиссаи 3 тан диловаре, ки аз ду ҷанг саломат баргаштанд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Иштирокдорони ҶБВ аз Суғд. Қиссаи 3 тан диловаре, ки аз ду ҷанг саломат баргаштанд

Нашр шуд

Онҳо нуронӣ, рӯзгордида, барозанда ва гули сари сабади на фақат хонавода, балки аҳли диёранд. Агар ин сифатҳоро ба ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки имрӯз давлати пирӣ меронанд, нисбат диҳем, дуруст хоҳад буд. Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ ҳоло 37 тан размовари Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаётанд, ки ҳамроҳи насли дирӯзу имрӯз аз 78-умин солгарди рӯзи Ғалаба истиқбол мегиранд.

Муаллифи Halva.tj бо се тан ҷанговари Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки имрӯз дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар иҳотаи фарзандону наберагон хушҳолона умр ба сар мебаранд, ҳамсуҳбат шуд. Дар ин вилоят ҳамагӣ 11 қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ барҳаёт буда, шоҳиди зиндаи солҳои вазнини ҷанг мебошанд.

ЭШБОЙ УМУРЗОҚОВ, ҚАҲРАМОН АЗ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ  

Эшбой Умурзоқов иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Ӯ зодаи Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Мардуми деҳаи Дашти калон ин хонаводаро «оилаи дарозумрҳо» ном додаанд. Дарвоқеъ, Эшбой-бобои нуронӣ 18-уми майи соли равон ба синни 98 медарояд. Ҳамсари меҳрубонаш – Хадича-бибӣ низ ба синни 90 расидааст. Гуфта мешавад, ки дар ҳудуди ноҳия ё ҳатто вилоят ҷуфте нест, ки беш аз 70 сол зиндагии ҳамроҳ дошта бошанд. Аз ин рӯ, дар ин маҳал ин хонаводаро «оилаи тиллоӣ» ном мебаранд.

«Ҳаёт бе кампирам маъние надорад. Мо аз аввал ва то ҳол ба якдигар содиқу вафодор ва такягоҳем. Ман соли 1943, ки ҳамагӣ 18 сол доштам, ба майдони ҷанг рафтам. Баъди ду сол ҷанги хонумонсӯз тамом шуд. Мо сарбозони ҷавон хидмати ҳарбиро идома додем. Дар бартараф кардани оқибатҳои ҷанг саҳм гузоштем. Сипас соли 1950, яъне дар муддати қариб 7 сол хидмати ҳарбиро адо карда, ба Ватан баргаштам. Худи ҳамон сол бо Хадича, ки он вақт духтараки хеле ҷавон буд, издивоҷ кардам. Дар як мижа задан аз барпо кардани оилаамон 73 сол гузашт. Шукрона мекунам, ки соҳиби 6 фарзанд, 42 набера ва 56 абера гардидем. Бобоёну бибиёни мо дар дуояшон мегуфтанд: «Қӯша пир шав!». Фикр мекунам, ки дуои онҳо мустаҷоб шуд»,- бо ҳаяҷон гуфт қаҳрамонбобо.

Тавре мушоҳида кардем, хотираи бобо то ҳол қавӣ аст ва дар ҳар фурсати муносиб аз рӯзҳои вазнини ҷанг ёд карда, нақлҳои ибратомӯзе мекунад. Зимни суҳбат ба мо низ аз майдони ҷанг ёдоварӣ кард.

- Шабҳои зиёдеро дар хандақҳо рӯз кардаем. Умед надоштем, ки то чашми рӯз кафидан аз ин хандақи хунук зинда берун мебароем. Дар шабонгоҳ тирборонҳое мешуд. Хаёл мекардем, ки борони оташ мерезад. Бисёре аз рафиқонро аз даст медодем. Муборизаи шабонарӯзӣ доштем. Намегуфтем, ки обу оташ, барфу борон, ботлоқ ва ё дигар азоб садди роҳ аст. Бояд ба ҳама азоб тоб меовардем, то Ватанро озод кунем. Ҳамин тариқ, барои аз душман озод намудани шаҳрҳои гуногуни кишварҳои Латвия, Литва ва Беларус ҷангидем. Дар ҷанги Шӯравӣ бар зидди Ҷопон низ иштирок кардаам, - бо чанд исти оҳдоре илова кард бобо.

Эшбой Умурзоқов ба Ватан тандуруст баргашта, дар солҳои 1951-1954 бори заҳмати омӯзгориро низ кашидааст. Он солҳо дар деҳа норасоии муаллим масъалаи хеле калон буд. Сарфи назар аз он ки то синфи 7-ум таҳсил кардаасту халос, ҳамчун муаллим фаъолият кардааст. Пасон солҳои 1954-1970 дар колхози Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ба ҳайси хазинадор (кассир), табелнавис ва мудири анбор фаъолият намудааст. Баъдан то ба синни нафақа расидан (соли 1986) дар совхози чорводорӣ чун хазинадор ва муҳосиб кор кардааст. Ӯ пас аз нафақа низ бекор нанишаста, дар давоми солҳои соли 1986-1991 чун мудири анбори ширкати кишоварзӣ фаъолиятро идома додааст.

ҲОТАМ ШОКИРОВ, ҶАНГОВАР АЗ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Ҳотам Шокирови 97-сола як тан аз қаҳрамонҳои дигарест, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун сарбози ҷонфидо мубориза бурдааст. Ӯ 22 июли соли 1926 дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Масчо таваллуд шудааст. Феълан бобо бо аҳли оилааш дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Масчо зиндагӣ дорад. Хонавода аз қудуми мо шод шуда, хони хоксоронае оростанд. Ҳотам-бобо дар он гули сари сабад буд. Дар сари хон бо завқ хотираҳоро варақ зад. Ӯ суратеро аз даруни албоми оилавӣ гирифта, таърихчаи онро ба аберагон ва мо шарҳ дод. Бобои ҷанговар дар ин акс бо либоси дарози ҳарбӣ аст ва дар даст шамшер дорад. Аберагон аз бобои калонсол пурсиданд, ки чаро дар даст «корди калон» дорад ва бо он чӣ кор карда буд. Дар посух бобокалон бо лабханде гуфт:

«Ин корди калон нест, ширинакони ман, он шамшер аст. Пештар онро нафароне мебардоштанд, ки Ватани худро ҳимоя мекунанд. Акнун дар замони Шумо шарт нест, ки барои ҳимояи Ватан мисли мо шамшер бо даст бардоред. Ба ҷойи ин метавонед, ки хуб хонед ва кордони соҳае шуда, барои ободонии Ватан ҳисса гузоред».

Тавре Ҳотам-бобо нақл кард, дар айни навҷавонӣ хеле хурдҷусса буд, вазн ба қад муносиб набуд. Сарфи назар аз ин ӯ дар қатори дигар ҷавонон ба ҳифзи Ватан-модар меравад. Он вақт ҳамагӣ 17 сол дошт. Қаҳрамон-бобо аз эҳсосе, ки дар рӯзҳои ба аскарӣ рафтан дошт, ба хотир овард.

«Ман парвардаи замини сахти кӯҳистонам. Кӯҳ маро обутоб додааст. Дар он овони навҷавонӣ аз ҳеч коре ҳарос надоштам. Аммо вақте фурсати ба майдони ҷабҳа (фронт) рафтан фаро расид, як кам ба ҳарос омадам. Чун намедонистам, ки чӣ хел бо душман ҷанг мекунам. Саволҳои зиёде дар хусуси ҷанг ва тарзу усули ҷангидан дар зеҳн доштам. Аз касе ба онҳо ҷавоб пурсида наметавонистам. Ҳамин тариқ, ваҳму ҳарос аз ман дур шуд, вақте омӯзиши курси махсуси ҳарбиро дар шаҳри Ростови Федератсияи Русия оғоз кардем. Дар ёд дорам, моҳи ноябри соли 1943 ба фронт даъват шуда будем. Дар озод кардани Укроин, Молдова, Руминия ва Карнат ҳисса гузоштем. Баъдан дар сарҳади Австрия ва Гермон ҳамчун тактирандоз (снайперист)-и вашт (рота) таҳти роҳбарии сарвашт Калесинков дар фронти 3-юми Укроин, ки ба он артишсолор Толбухин роҳбарӣ мекард, адои хидмат кардам. Сарвашт (капитан) Калесинков мани хурдҷусса ва хеле чобукро дӯст медошт. Ҳар боре агар силоҳи қариб ҳамвазни худро бардорам, ӯ бозавқ мегуфт: “Давай, Адамчик!». Аз ӯ ёд гирифта, дигарон ҳам маро Ҳотам неву «Адамчик»-гӯён фарёд мекарданд», - бо лабханд нақл кард бобои ҷанговар.

Ҳотам-бобо тактиракандози хеле моҳир буд. Мавсуф бо ордени «Ғалаба», медалҳои «Барои озодиҳои Чехословакия, Укроин, Молдова, Руминия, Ҷопон», инчунин бо ифтихорномаҳои соҳавӣ ва медалҳои «Барои заҳмати шуҷоатнок» ва «Ветерани меҳнат» сарфароз гардонида шудааст.

- Гоҳо дар хандақҳо бо душман тан ба тан меҷангидем. Борҳо захмдор шудам. Давоми чанд рӯз гурусна мемондем. Тоқат кардем. Насиб, будааст, ки рӯйи фарзандону набераҳоро бинем. Шукрона, ки имрӯз дар симои абераҳо кӯдакию наврасии худро мебинам. Онҳо хеле хушбахтанд. Ба қадраш бояд бирасанд. Он рӯзҳое, ки мо дидем, дигар ҳеч гоҳ ба сари фарзанди инсон наояд. Дуо мекунам, ки ҳаёти онҳо пур аз рӯзҳои орому осуда бошаду сериву фаровонӣ доимӣ гардад, - орзу дорад бобо.

Ҳотам-бобо баъд аз ғалаба кардан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ боз дар ҷанг бар муқобили шоҳаншоҳии Ҷопон ширкат варзидааст. Ӯ аз ин ҷанг хотираи зиёде надорад. Мегӯяд, ки бар асари солмандӣ хеле фаромӯшхотир шудааст. Барояш муяссар мешавад, ки мисли дигар сарбозоне, ки соли 1943 ба майдони ҷабҳа рафта буданд, соли 1950 ба Ватан баргардад. Ӯ то соли 1953 дар бахши махфии амният кор мекунад. Соли 1956 муҳоҷирати мардуми Кӯҳистони Масчо ба дашти Дилварзин оғоз меёбад. Ҷанговар Ҳотам Шокиров низ аз деҳаи Роғи Кӯҳистони Масчо кӯчида, ба Масчои нав меояд. Дар ободонии дашти ташналаб ҳисса мегузорад. То соли 1972 дар бахши корҳои дохилии ноҳияи Масчо ба ҳайси милиса фаъолият мекунад. Ӯ соҳиби чор фарзанд буда, даҳҳо карат бобою бобокалон шудааст.

АБДУВАҲҲОБ МАХКАМОВ, ДИЛОВАРЕ АЗ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Абдуваҳҳоб Махкамов ҷанговари 97-сола аст. Ӯ сокини Ҷамоати деҳоти Кӯҳандиёри шаҳри Конибодом мебошад. Мо боборо дар рӯйи ҳавлӣ бо рӯҳияи идона дарёфтем. Писари хурдии бобо – Бахтиёр гуфт, ки падари ҷанговараш ҳар сол рӯзи Ғалабаро интизор мешавад. Дар ин рӯз вай аз арӯси хонадон - Мастурабону хоҳиш мекунад, то корҷома (костюм)-и навро, ки ҳамаи ордену медалҳо дар он ҳамоиланд, биорад. Ӯ аз он ифтихор доштааст, ки замоне ҷони худро дареғ надониста, барои ҳимояи Ватан ба майдони ҷанг рафтааст.

«Вақте хабари расман ба даст овардани ғалабаро шунидем, дар шаҳри Ордаи Гермон будем. Бо ҳамразмон хурсанд шуда, ашки шодӣ рехтем. Пеш аз ҳама барои он хурсанд будем, ки ҷанг тамом мешавад ва мо боз ба назди оилаи худ меравем. Ҳеч гоҳ бояд фаромӯш накунем, ки ҳар ҷанг пайомади бад дорад. Бигзор, дигар чунин ҷангҳо дар рӯйи Замин набошад. Ҳаргиз фаромӯш намекунам, барои аз гуруснагӣ намурдан чизе ёбем, мехӯрдем. Чандин рӯзе буд, ки ҳеч чиз барои хӯрдан надоштем. Маҷбур мешудем, ки аз замин барфи поктарро гирифта, ба даҳон андозем. Бо ин роҳ шикамро гӯё фиреб медодем. Дар пеши чашм медидам, ки чӣ хел одамон аз гуруснагӣ мефавтиданд. Хайр, ин рӯзҳоеро, ки ман дидам, дигар касе набинад», - бо ҳаяҷон илова кард Абдуваҳҳоб-бобо.

Бобои ҷанговар соҳиби 2 писару 10 набераву 23 абера мебошад. Бонуяш 10 сол пеш дар синни 87-солагӣ ин дунёро тарк кард. Мастура – арӯсе, ки хусури ҷанговарашро нигоҳубин мекунад, афзуд, ки бобо то 80-солагӣ кам-кам дар саҳро ва майдони наздиҳавлигӣ дастабакор буд. Вақте ба корҳои каландзанӣ ва алафдаравӣ даст назанед, мегуфтанд, зиқ мешуд. Корҳоро пинҳонӣ анҷом медод. Дар хона бекор нишаста наметавонист, дар ҳар мавсим кӯшиш мекард, то фарзандону наберагон аз помидору бодиринги парваридааш истифода кунанд.

«Насиҳати доимии ман ба наберагону аберагон ин аст, ки шахси донишманд шаванд. Барои дигарон не, барои худ бихонанд. Яъне, ба ном донишҷӯ набошанд, воқеан дар пайи хонишу омӯзиш бошанд», - таъкид дошт бобо.

Дар хотимаи мулоқот ҳар се ҷанговар даст ба дуо бардошта, талаби онро карданд, ки дар Тоҷикистон ва ҷаҳон сулҳу ваҳдат побарҷо бошад ва фарзанди инсон танҳо бо анҷом додани корҳои неку созанда хаста шавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед