Ru  | Tj
Ширинипаз Дилшода Шодиева - дар мавриди ифтитоҳи коргоҳи худ -«ДИДИДО», издивоҷ, устураҳои истеҳсоли кулчақанд ва қаннодӣ
Ширинипаз Дилшода Шодиева - дар мавриди ифтитоҳи коргоҳи худ -«ДИДИДО», издивоҷ, устураҳои истеҳсоли кулчақанд ва қаннодӣ
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Ширинипаз Дилшода Шодиева - дар мавриди ифтитоҳи коргоҳи худ -«ДИДИДО», издивоҷ, устураҳои истеҳсоли кулчақанд ва қаннодӣ

Нашр шуд

Дилшода Шодиева – фановари истеҳсоли маводи ғизоӣ ва соҳиби коргоҳи ширинии «DIDIDO» мебошад. Дар муддати 13 сол  Дилшода ба пухтани кулчақанд, маҳсулоти қаннодй ва дигар шириниҳо машғул аст. Шираворҳои  ӯ дар саросари Тоҷикистон шинохташуда ва маҳбубанд.

«Ман  бо маҳсулоти дастие, ки ҳар рӯз аз тарафи тими худамон омода мешавад, бениҳоят  ифтихор мекунам. Ҳар ширинӣ, ҳар таъм таърихи худро дорад. Ман бениҳоят дӯст медорам, ки  ба хотироти даврони кӯдакӣ  баргардам, то аз  таркибу  таъми шириниҳо бори дигар бархӯрдор шавам. Ин воқеан, ба ман кӯмак мекунад ва илҳом мебахшад”, - нақл кард Дилшода.


Дар мавриди он, ки “Оё қабати тунуки сафед дар рӯйи шоколад зарарнок аст?  Чаро ширинкунандаҳо хатарнок ҳастанд ва чӣ гуна аз истеъмоли шириниҳо даст кашем? “ метавонед дар матлаби мо бихонед.  

Дар мавриди коргоҳ, издивоҷ ва нақшаҳо


-Дилшода, бигӯед, дар се сол зиндагиатон чӣ гуна тағйир ёфт?  Дақиқтараш пас аз охирин  мусоҳибаи мо?

— Дар муддати ин се сол , воқеан, рӯйдодҳои зиёде дар зиндагии ман рух додааст. Ман ҳатто намедонам, аз куҷо шуруъ кунам. Албатта, ман дербоз дар орзуи ифтитоҳи коргоҳам будам. Дар ибтидо ман мехостам коргоҳи худро дошта бошам, аммо баъд ин майл аз байн рафт. Орзуи ман  тағйир ёфт! Ман тасмим гирифтам, ки коргоҳи қаннодии худро ифтитоҳ кунам. Ва акнун беш аз якуним сол аст, ки он дар ҳоли кор ва рушд аст. Дар ин муддат тағйирот дар ҳаёти шахсиям низ ба вуқуъ омад, яъне ман издивоҷ кардам (табассум мекунад). Ин бахши муҳимме аз зиндагиам аст, зеро бо омадани як фарди ҷадид, хеле чизҳо тағйир ёфтанд. Шавҳари ман одами  эҷодкор аст ва барои ҳамаи чиз дидгоҳи худашро дорад. Ӯ билохира дар фаъолиятам  як  навгониро, ки чаҳор сол боз ваъда дода буд, ворид намуд. Ман онро ба зудӣ роҳандозӣ хоҳам кард.


Аз назари рӯҳӣ низ рушд кардам. Ва дарвоқеъ ҳамаи ин ба лутфи шуғл аст. Дар ибтидо, барои муддати тӯлонӣ ё дар хона кор мекардам,  ё барои кор манзилеро иҷора мегирифтам. Ва бо интиқол ба коргоҳ, зиндагии ман тағйир кард. Вақте ки корманд доред, вақте ба онҳо маош медиҳед, вақте масъулият вуҷуд дорад, ҳамаи ин ба шумо таъсироте мегузорад. Ин як сатҳи комилан фарқкунанда аст, ки ман тӯли чанд сол ба он расидаам.

Шояд қаблан ин корро анҷом медодам, аммо ҳамеша ба худам шак доштам.  Дар охир  боварӣ ба худам зиёд гашт, зеро фаҳмидам, ки чӣ қадар идеяҳоеро дорам, ки метавонам  ба мардум пешкаш кунам.

-Дар бораи нақшаҳои ояндаи худ бигӯед

— Нақшаҳо зиёданд, вале онҳо чандон бузургу муҳташам нестанд. Медонед, онҳо хурд, вале пухтаанд.  Ман намехоҳам чизи зиёдеро пешниҳод кунам. Эҳтимол нахуст  кореро анҷом  хоҳам дод ва сипас, дар мавриди он, ки орзу доштам, суҳбат мекунам (табассум мекунад). Аммо ман идеяҳои зиёде дорам. Баъзан ҳатто аз он, ки вақти кофӣ барои иҷрои якбораи онҳоро надорам,  ноумед мешавам. Аммо ҳама чиз зина ба зина анҷом дода мешавад.


Устура  ва шириниҳо

— Хуб, акнун мегузарем ба масъалаҳои касбӣ. Дилшода ҳамчун коршиноси истеҳсоли маводи ғизоӣ метавонед бигӯед, ки қабати тунуки сафед дар рӯйи шоколад чист? Оё ин дуруст аст, ки  истифодаи он барои саломатӣ зарарнок аст?

- Қабати тунуки сафед дар рӯйи шоколад ба маънои хароб шудани маҳсулот нест ва набояд масраф  шавад. Ин қабат дар рӯйи шоколад ба далели тағйироти андозаи гармӣ  ё  сардӣ  ногаҳонӣ зоҳир мешавад. Ба ин тартиб, равғани какао дар рӯйи шоколад ҳаракат мекунад. Ва ин комилан безарар аст, зеро равғани какао ба таркиб дохил карда шудааст ва асоси он мебошад. Ва вақте мегӯем, шоколад  бӯйи шоколад медиҳад, он воқеан бӯйи равғани какао аст. Мо дар кори касбиямон  "қабати сафед" -ро "хокистарии шоколад" меномем. Ин комилан безарар аст.


- Ба назари шумо, ширинӣ метавонад солим бошад?

- Фикр намекунам, ки шириниҳо зарарнок бошанд, балки метавонанд муфид бошанд. Қоидае вуҷуд дорад, ки шахс метавонад аз соати 6 то 11 ҳама чизро бихӯрад, зеро дар ин лаҳза мубодилаи моддаҳо хеле хуб кор мекунад, бадан то ба охир бедор мешавад ва афзоиши зиёди қувва ба амал меояд, ки барои ҳазм кардани ҳама гуна ғизо кӯмак мекунад. Умуман, тавсия дода мешавад, ки рӯзро бо як намуди глюкоза оғоз кунед.

Инҳо метавонанд меваҳои дорои миқдори зиёди қанд, баъзе намуди равғанҳо дар чормағз, мавиз ва бисёре аз маводи ғизоии дигар бошанд. Инчунин шириниҳои ба истилоҳ ба қаннодӣ ҳаммонанд мавҷуданд, ки комилан безарар мебошанд. Ман фикр мекунам, ки ҳама чиз имконпазир аст, аммо дар ҳадди эътидол.

- Оё дуруст аст, ки  ҳама ширинипазҳо муштоқи ширинианд?

— Ман метавонам ба ин суол посухи ҳам “бале” ва ҳам “на”  бигӯям, зеро худ низ дӯстдори шириниам ва онро ҳамарӯза истеъмол мекунам. Шояд дар як ҳафта панҷ рӯз истеъмол кунам. Фикр мекунам, ки одамони мисли маро метавон ширинихӯр номид (табассум мекунад). Агар онро дар ҳисоби дарсад шумуред, пас тақрибан 80% ширинипазҳо ширинихӯранд, зеро ин навъи маҳсулотро дӯст надоштан ва напухтан ғайриимкон аст.


- Як тасвире вуҷуд дорад, ки маҳз мардон ба унвони ширинихӯр шинохта шудаанд, на занон. Дилшода дар ин бора, чӣ фикр доред?

- Бо қазоват бар асоси омор ва кори ман, баръакс аст. Мо теъдоди  зиёди муштарии зан дорем, аммо аслан шавҳарони онҳо ҳастанд, ки барои  шириниҳо меоянд. Аз рӯйи таҷрибаи ман,  нисбат ба мардон занон эҳтимол бештар шириниҳоро дӯст медоранд .

Ақидае вуҷуд дорад, ки касби шумо аз назари ҷисмонӣ кори осон аст. Оё чунин аст?

- Наметавонам бигӯям, ки ин тавр аст. Аз субҳ то шом  рӯйи пои худ  ҳастем. Пухтан, тоза кардан ва корҳои дигар . Бале, мизи корӣ дорем, аммо дар ошхона  ҳам ҳаракат мекунем. Намедонам, рӯзона дар коргоҳ чӣ қадар роҳ мегардам,  аниқ бештар аз ҳадди маъмул.

- Ба фикри шумо, ширинкунандаҳо ҷойгузини   шакар шуда метавонанд?

- Биёед ба асли воқеият бипардозем,  ки ширинкунандаҳои муфид  ва зарарнок вуҷуд доранд. Дар маҷмуъ, дар ҳолати доштани ягон беморӣ ширинкунандаҳо ҷойгузини хубе мебошанд. На ҳама вақт одамон метавонанд аз ширинӣ даст кашанд. Дар ин масъала, ҳамеша бо мутахассис ва духтуре, ки ташхиси хоса мегузаронад, машварат бояд кард. Фарде, ки бо далеле аз шириниҳо парҳез мекунад, ё танҳо тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад, наметавонад ногаҳон аз шириниҳо даст кашад. Ҳама гуна ғизо, аз ҷумла шакар, як навъ маводи мухаддир аст. Якбора аз истеъмоли он даст кашидан ғайриимкон аст.

Барои ин кор бояд дубора таваллуд  шавед ва аз  ибтидо шакар истифода накунед. Бояд ботадриҷ аз он даст кашед. Мисли оне, ки агар ҳангоми истеъмоли дору, мо аз он якбора даст кашем,  дар ин маврид дар бадани мо аломатҳои хуруҷ пайдо мешаванд. Ин ба худи шахс таъсири бад мерасонад, хастагӣ, асабоният, изтироб ва бехобӣ пайдо мешавад.


- Пас роҳи дурусти даст кашидан аз шакар чист?

- Ҳамон тавре, ки қаблан гуфтам, беҳтар аст шириниҳоро дар нимаи аввали рӯз истифода кунед ва сипас метавонед онро кам истеъмол кунед: чойро бе шакар бинӯшед, шакарро ба миқдори кам истеъмол кунед, меваҳоро ҷойгузини он кунед, аммо беҳтар аст онҳоро дар субҳ истеъмол кунед.

Ба ёд дорам, ки чӣ гуна дар кӯдакӣ модаркалонам мавиз ва чормағзҳои гуногунро  тариқи  гӯштқиммакунак мегузаронд; он замон ҳама ин блендерҳо вуҷуд  надоштанд. Сипас ба он асал илова мекарду ҳар субҳ ба мо як қошуқ медод ва мегуфт, ки ба бедор шудани мағзи сар кӯмак мекунад. Ин дуруст аст, зеро равған ва сафедаҳои солим дар чормағзу глюкоза дар мавиз мавҷуд аст.

-Ба назари шумо, кулчақанде, ки дар истеҳсолот пухта мешавад, метавонад монанди хонагӣ хуштамъ бошад?

— Бале, дар сурати истифода аз маҳсулоти табиӣ, бе равғани омехтаи наботот ва ҳайвонот, бе ғализкунандаи маснуӣ, бе эмулгатор, бе ванилини маснуӣ ва ғайра. Дар ин маврид кулчақанд на танҳо болаззат, балки муфид низ хоҳад буд. Дар коргоҳи мо маҳсулоти равғани набототу ҳайвонот, шири хушк,  маснуоте, ки дар таркибаш  трансравған, равғанҳои нахл, қаннодй ва эмулгаторҳо доранд,  истифода намешаванд. Ман таркиби ҳар як маҳсулотро хондам ва мутаваҷҷеҳ шудам, ки чӣ қадар барои инсон зараровар  аст. Ин мисли як бомбаи соатӣ аст, яъне ҳар чӣ бештар аз ин ҳама истифода кунед, дар пирӣ заиф мешавед . Ман боварӣ дорам, ки ҳар кулчақанду  ширинӣ бо далели табиӣ будани маҳсулот бояд ҳадди ақал  бартарият   дошта бошад.


- Ширинии дӯстдоштаи шумо кадом аст?

- Ман аслан, шоколади талху  карамел, макарун, кулчақанд, тарлет, эклер ва умуман ҳама намуди  шириниро дӯст медорам. Ҳатто номи гурбаи ман  Эклер аст. Ман наметавонам  ҳеҷ  ширинии  хосеро мушаххас кунам, аммо ҳамеша аз ҳар маҳсуле, ки дигарон омода кардаанд, лаззат мебарам. Вақте барои худатон шириниеро омода мекунед,  қаблан сер мешавед, зеро пайваста маззаи онро мечашед. Маҳсули дастамро хеле кам мехӯрам, аммо дар ҳақиқат корамро дӯст медорам.


- Саволи охирин, оё шумо одати баде доред?

— Бале, ман як нуқтаи заиф дорам. Ман ҳатман шоколад мехарам ва зуд аз он истифода мекунам, ҳатто бе он, ки субҳона бихӯрам. Ман махсусан субҳ шоколади болаззатро бо норгил дӯст медорам.

Дилшода дар поёни суҳбатамон ба тамоми ширинипазҳо тавсия дод, ки аз ҳеҷ чиз наҳаросанд ва дар рӯйи мушкилот таслим нашаванд.

"Бояд талош кард ва наҳаросид! Таҷриба кунед, ҳатто агар он ба кор наояд. - гуфт ширинипаз.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед