Ru  | Tj
Маҳтоби соҳибистеъдоду зебо. «Шоҳбонуи Иттиҳоди муҳоҷирони Русия – 2022» кист?
Маҳтоби соҳибистеъдоду зебо. «Шоҳбонуи Иттиҳоди муҳоҷирони Русия – 2022» кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Маҳтоби соҳибистеъдоду зебо. «Шоҳбонуи Иттиҳоди муҳоҷирони Русия – 2022» кист?

Нашр шуд

Маҳтоб Мазорова 19 сол дорад ва чанде қабл дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав ғолиби озмуни зебоӣ ва истеъдод - «Шоҳбонуи Иттиҳоди муҳоҷирони Русия – 2022» гардид. Озмун миëни ҳафт довталаб аз кишварҳои гуногуни узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чун Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гашт. Маҳтоб баъди ғолибият дар озмун имкони таҳсили ройгон дар Донишгоҳи нави Русияро (РОСНОУ) ба даст овард.

Маҳтоб бо волидонаш дар Русия зиндагӣ мекунанд. Онҳо аҳли кӯҳистони Бадахшонанд ва солиёни зиёд тарки диёр намуда, дар муҳоҷиратанд. Маҳтоб дар Маскав ба дунë омада ва маълумоти ибтидоиро низ ҳаминҷо касб намудааст. Баъди хатми синфи даҳум бо вуҷуди он ки мехост рӯзноманигор шавад, ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи технологии Маскав месупорад. Ҳоло бошад донишҷӯи соли сеюми ин илмгоҳ мебошад.

Маҳтоб аз вуҷуд доштани чунин як озмун миёни муҳоҷирон огоҳ буд, вале орзуи иштирок намуданро дар сар намепарварид.

- Ба озмун бе тайëрии пешакӣ ҳозир шудам, ҳатто нияти иштирок ҳам надоштам. Азбаски яке аз довталабони озмун дӯсти ман буд ва чанд рӯз қабл аз баргузории озмун аз иштирок даст кашид, аз ман хостанд, ки маҳоратамро санҷам. Зеро ин саҳнаи ҳунар имкони хуби муаррифии истеъдодҳост. Хушбахтона, бароям имкон даст дод, то истеъдоди худро дар он нишон диҳам, - мегӯяд Маҳтоб.


Қаҳрамони мо дар озмун суруди Риҳанна (Rihanna) «Dimonds», яъне «Алмос»-ро месарояд. Порае аз матни суруд ин гуна аст:

Shine bright like a diamond!
Shine bright like a diamond!

Find light in the beautiful sea, I choose to be happy.
You and I, you and I, we're like diamonds in the sky.
You're a shooting star I see, a vision of ecstasy.
When you hold me, I'm alive, we're like diamonds in the sky.

Яъне: Мисли алмос бидурахш...

Дар баҳри зебо нур пайдо намо, ман хушбахтиро интихоб мекунам,

Ману ту, манут ту мисли алмосе дар осмонем...

- Рӯйи саҳна ҳаяҷон вуҷудамро камубеш фаро гирифт, зеро бори нахуст буд, ки дар чунин як озмуни бонуфуз ширкат меварзидам, - зикр мекунад ӯ.

Маҳтоб мегӯяд, суруду мусиқиро аз хурдӣ дӯст медорад ва як бахши машғулияту дулхушиаш сурудхонист. Шарти озмун ин буд, ки интирокдорон ҳар истеъдоду қобилияте, ки доранд, бояд нишон диҳанд. Маҳтоб тасмим мегирад, ки дар озмун суруд хонад, зеро аз хурдӣ сурудхониро меписандид.

Азбаски модари Маҳтоб якахон (солист)-и ансамбли дар замони шӯравӣ маъруфи «Зебо» буд, меҳри мусиқӣ ва рақс дар дили ин тоҷикдухтар маъво гирифт. Маҳтоб пайваста сурудҳои Муборакшоҳ ва Далер Назаровро гӯш мекунаду мухлиси оҳангу таронаҳои эшон аст. Аз сарояндагони Ғарб Siа, Rihanna ва Billie Eilish-ро меписандаду мафтуни истеъдоди онҳост.


- Ман бо нияти пирӯз гаштан дар озмун ворид нагаштам, танҳо мехостам таҷриба гираму аз вуҷуди хеш он чизеро, ки дар он нуҳуфта аст, берун кашам, зеро муҳаббати сурудхонӣ дер боз вуҷудамро фаро гирифтааст. Ҳатто интизор надоштам, ки аз ҷониби ҳакамон ҳунарам баҳои баланд мегираду маро сазовори унвони «Шоҳбонуи Иттиҳоди муҳоҷирони Русия – 2022» медонанд. Ин бароям ғайричашмдошт буд, - нақл мекунад Маҳтоб.

Ғолиби озмуни мазкур имкон дорад, ки дар Донишгоҳи нави Русия (РОСНОУ) маълумоти олӣ гирад ва хушбахтона Маҳтоб имкон пайдо кард, ки баъди хатми коллеҷ ройгон таҳсилро дар ихтисоси писандидааш идома диҳад. Ӯ рӯзноманигор шудан мехоҳад, зеро ин орзуи деринааш аст.

- Вақтҳои охир дар интихоби касб душворӣ мекашидам ва намедонистам, ки махсус барои кадом кор офарида шудаам. Аммо вақте дарк кардам, ки дар дунёе, ки зиндагӣ мекунам, ба адолат ниëзи бештар ҳаст, ин ихтисосро интихоб кардам. Вале дар умум ҳаёти ман аз лаҳзаи таваллуд то имрӯз комилан бо мусиқӣ алоқаманд аст. Мехоҳам худро дар ҳамин ҷодаи ҳунар сайқал диҳам, зеро мусиқӣ на танҳо «як» қисми ҳаёти ман, балки «кулли» ҳаёти ман аст, - мегӯяд Маҳтоб.

Қаҳрамони мо мехоҳад ҳарчи бештар донишҳои муосирро азхуд намояд. Ӯ дар баробари донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба омӯзиши пурраи забони инглисӣ машғул аст ва бовар дорад, ки ба зудӣ бо ин забон метавонад озодона суҳбат кунад.


Маҳтоб дар назди худ нақша гузоштааст, ки бояд олами ботинӣ ва ҷаҳонбинии хешро фарох гардонда, инчунин сатҳи забондонияшро такмил диҳад.

Зиндагӣ худ мубориза аст. Маҳтоб бар он назар аст, ки маҷрои зиндагӣ печида буда, аз мушкилоти зиёд иборат аст ва ин душвориҳо ҳамарӯза дар ҳаёти рӯзмарраамон ба миён меоянд. Вазифаи мо ин аст, ки ин мушкилиҳоро ба осонӣ бипазирем, аммо бояд бидонем, ки ҳама чиз: аз гули навруста то ғуруби офтоби дурахшон, ҳама аз ишқ ибтидо ва нерӯ мегирад. Зебоии зиндагӣ маҳз дар ҳамин аст. Аммо бояд дарк кард, ки дунёи идеалӣ ва зиндагии идеалӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки бештар ба олами ботини худ назар андозем, зеро муносибати мо ба зиндагӣ ба ҷаҳони ботинамон бастагӣ дорад. Агар сирати мо зебо бошад, пас сурати мо ҳам зебо мешавад. Ва агар ҳама чиз дар ботин камранг бошад, пас олами беруна низ беранг хоҳад шуд... Пас бояд зебо зиндагӣ кард.

Ба Маҳтоб дар ҷодаҳои рангини зиндагӣ дурахшу рангорангӣ таманно мекунем.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед