Ru  | Tj
Чӣ гуна манзили марди дӯзанда дар Хатлон осорхона шуду соҳибхона – машҳур?
Чӣ гуна манзили марди дӯзанда дар  Хатлон осорхона шуду соҳибхона – машҳур?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Чӣ гуна манзили марди дӯзанда дар Хатлон осорхона шуду соҳибхона – машҳур?

Нашр шуд

Марде дар ҷануби Тоҷикистон манзили истиқоматии худро ба Осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ табдил дода, сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб кардаст.  Кист ӯ ва чӣ шуғл дорад? Чаро Осорхонаи ҳунарҳои мардумиро ташкил намудааст, дар матлаби навбатии мо метавонед мутолиа намоед.

Худойназар Ҷабборов, сокини  ҷамоати  “Эшмурод Ниёзов”-и ноҳияи Қубодиён буда, 54 сол дорад. Аз нисф зиёди умри худро ба ҳунари қуроқдӯзӣ бахшидааст.


Дақиқан, шуғли асосии ӯ, қуроқдӯзӣ ё худ тарроҳист. Маҳз ҳамин меҳри зиёд нисбати пешаи дӯзандагию тарроҳӣ буд, ки ӯ дар гӯшае аз манзили истиқоматии хеш Осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил намуд.

“Аз хурдӣ ба гулдӯзию бофандагӣ ё умуман ҳунарҳои мардумӣ шавқу рағбат доштам, ҳамин чиз сабаб шуд, то ду ҳуҷраи хонаи худро ба Осорхона табдил диҳам”, - ёд меорад қаҳрамони матлаб.

– Ҳар сол дар пешорӯи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, дар манзили истиқоматии мо  тибқи урфу одатҳои қадима, ин иди ниёкон ҷашн гирифта мешуд. Саргардонии мо барои ҷамъу гир кардани даврию чаканӣ, кӯзаю дигар маҳсули дасти ҳунармандон зиёд буд. Ҳаминҷо идеяи ташкили Осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ ба сарам омаду ҳар куҷое, ки маҳсули дасти ҳунармандони қадимаро дидам, харидорӣ карда, ба хона овардаму дар ҳуҷрае гузоштам, дар натиҷа шуд, Осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ!   

Ба гуфтаи Ҷабборов, ташкили Осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ, натанҳо ба ӯ хуш омад, балки кори ноҳиядоронро низ осон кард. Зеро ҳоло ҳар ҷашну идҳое, ки шавад, бе ташвиши зиёдатӣ, аз матоъю даврӣ ва ҳар чизи дигари осорхонаи ӯ, масъулин фаровон истифода мебаранд.

“Меҳмонҳои зиёд, махсусан сайёҳони хориҷӣ, ба хонаи мо ташриф меоранд. Барои онҳо ҷолиб аст, дидани Осорхона дар шароити хонаю матоъю давриҳои қадима, махсусан тарҳу дизайнери дӯхти ҳунармандони гузаштаи мо”, - афзуд ӯ.

Марде, ки қуроқдӯзиро шуғли худ интихоб кард

Ҳарчанд қуроқдӯзӣ ё ҳар ҳунари дигаре, ки ба дӯхтани матоъ рабт мегирад, дар ҷомеаи суннатии мо, хоси занон медонанд, аммо қаҳрамони матлаби мо, мардест, ки 31 сол инҷониб аз ҳисоби қуроқдӯзӣ рӯз мегузаронад.

“Аслан дар мо, ин қабил ҳунарҳо бештар ба бонувон омӯзонида мешавад, аз ин рӯ сафи занҳои ҳунарманд сол то сол зиёд мегардад”, –  мегӯяд Худойназар Ҷабборови қуроқдӯз.
 – Ман низ қуроқдӯзӣ ё умуман дӯхтани либос, кӯртаҳои занона ва ҷелаку ҷомаро, ҳанӯз дар наврасӣ аз зани бародарам омӯхтам. Гузашти вақт, таҷрибаи манро бештар,  ҳунарамро рушду равнақ бахшид.   

Ин марди соҳибҳунар, ҳамсари хона, келину фарзандонро ҳам, қуроқ ва  кӯртадӯзиро омӯзонидааст. Ҳамин аст, ки дар оилаи онҳо, ҳама ҳунарманд ба ҳисоб мераванд. Сарҷамъона, аз матоъпораҳо кӯрпаю болишт дӯхта, бо ин васила рӯзгори худро беҳ ва ҳоҷоти мизоҷонро бароварда месозанд.


–  Субҳи худро бо  анҷом додани фармоишҳои аз мизоҷон гирифтаам бегоҳ мекунам, – мегӯяд, Худойназар.

– Ба ҷузъ дӯхтани либосу қуроқ ва кор бо мошинаи дарздӯзӣ, дар хона ман вазифаи дигаре надорам. Бо диду нигоҳи ба худ хос ва идеяҳои ҷолиб, дар рӯйи матоъ, матоъпораҳои дигарро дӯхтаю, болишту кӯрпаҳои зебо омода месозам. 

Худойназар Ҷабборов, аз зумраи мардонест, ки бо ҳунари волои тароҳию қуроқдӯзии хеш, нишон дод, ки мардон ҳам метавонанд, кӯртаю либосҳои гуногунро  аз занҳо дида кам надӯзанд. Дақиқан, бо интихоб кардани ин шуғл натанҳо рӯз гузаронанд, балки соҳибном гарданд.

Ҳунармандони асил ба гунаи акои Худойназар, бо заҳмати шабонарӯзӣ, на танҳо дунёи хешро рангин месозанд, балки ҳунари қадимаи аҷдодиро зинда нигоҳ доштаю дар ороиш ёфтани хонаҳои сокинони зиёд, махсусан навхонадорон саҳм мегузоранд. Аз ин ҷост, ки хонаи ин марди қуроқдӯз, пурра бо матоъҳои дӯхтаи худ, ороиш ёфтаю зебо гардидааст.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед