Ишқи тоҷикписар русдухтари шаҳриро рустонишин кард: Чӣ гуна холаи Раиса устоди ҳунари тоҷикӣ шуд?
Нашр шуд
Дар авввал хонаводаи ҳарду ҷониб зидди оиладории тоҷикписари деҳотӣ ва русдухтари шаҳрӣ буданд. Аммо ишқи пок боис шуд, ки ҳама пастию баландиҳо паси сар шаванд, хулоса кард холаи Раиса саргузашти нимасраашро дар Қубодиён.
Раиса Соловёва 47 сол қабл, дақиқан дар синни 19-солагӣ аз Қазоқистон, ба Тоҷикистон омадааст. Ҳунари қуроқдӯзӣ ва гулдӯзиро ӯ аз хушдоман омӯхта, бо мурури вақт соҳибҳунар гашта, дигаронро таълим медиҳад.
“Барои ман, ҳамчун духтари рустабор, бехабар аз ҳама урфу одатҳои тоҷикона, дар аввал хело душвор буд, ба зиндагии деҳот ва мардуми тоҷик унс гирифтан”,-ёд меорад Раиса Соловёва.– Зеро, замоне ки ба ҷануби Тоҷикистон, ноҳияи Қубодиён омадам, шароити деҳа чандон хуб набуд. Аз сӯйи дигар, кори деҳқонию чорводорӣ, шуғли асосии хонаводаи шавҳарам ба ҳисоб мерафт. Ман, ки духтари шаҳр будам, ба ин ҳама тағйирот одат карданам осон набуд. Хушбахтона, муҳаббати самимию беҳаду канори ҳамсар, маро водор намуд то тамоми пастию баландии зиндагиро пушти сар кунам. Аз говдӯшӣ сар карда, то рӯбучини хонаю пухтупази таомҳои миллии тоҷикӣ ва қуроқдӯзиро аз худ намудам.
Дар нигоҳи аввал кас фарқ гузошта наметавонад, ки ин бонуи ҳунарманд, рустабор асту қуроқ ва гулдӯзиро аз аждодони худ не, балки хушдоман ба мерос гирифтааст. Ӯ ҳоло пурра ба тоҷикӣ суҳбат мекунаду дар баробари ҳунармандӣ, тамоми урфу одати тоҷиконро аз худ кардааст.
Зани рус - тарғибгари фарҳанги тоҷикӣ
– Инҷо ман хотироти зиёд дорам. Беҳтарин рӯзҳои ман маҳз ҳаминҷо сипарӣ гаштааст. Фарзандони мо, дар ин диёр чашм ба олами ҳастӣ кушоданд. Оиладору фарзанддор шуданд. Урфу одати тоҷикӣ бошад, фарҳанги ман ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ман талош мекунам, тамоми ҳунари омӯхтаи худро ба ҷавонон омӯзонаму ин ҳунари қадимаро барои наслҳои минбаъда ба мерос гузорам.“Тоҷикистони зебоманзар ҳамакнун дигар барои ман бегона нест, инҷо Ватани ман ба ҳисоб меравад”,- зикр мекунад холаи Раиса.
Ин бонуи ҳунарманд имрӯз Тоҷикистонро ватани худ интихоб кардаю ҳунари миллати тоҷикро рушду равнақ мебахшад. Бо соҳибҳунар гардонидани фарзандон, ҳамакнун шогирд гирифтаю занҳои деҳа ва гулдухтаронро ба омӯхтани ҳунари қуроқдӯзӣ ҷалб месозад.
Аслан холаи Раиса, ҳунари қуроқдӯзиро солҳои 2018 шуғли асосии худ интихоб кард. Чун дар аввал, кору бори рӯзгор, тарбияи фарзандон, кори саҳро даст намедод бештар ба ин кор машғул гардад. Вақте, ки соҳиби келин гашт, фурсати бештар барои рушди ин ҳунар пайдо кард. Аз ин рӯ, ҳоло бештари вақти худро маҳз ба духтани қуроқ ва гулдӯзӣ сарф мекунад.
– Хоҳарону хешу ақрабонам дар ҳайрат монданд вақте, ки маро бо мошинаи дарздӯзӣ банди дӯхтани матоъпораҳо ё худ қуроқ диданд, мегӯяд Раиса Соловёва.
– Зеро замоне ман дар Қазоқистон барои аз худ кардани ҳунари қолинбофӣ талош варзида будам, аммо талошам бенатиҷа монду бофтани қолинро аз худ накардам. Чун ба шавҳар баромадаю ба Тоҷикистон омадам, шавқам нисбати ин ҳунар зиёд гашту бо кумаки модари шавҳарам тамоми урфу одати тоҷиконро аз худ кардам.
– Борҳо ман аз тарафи мақомоти маҳал ба Диплом ва Сипоснома қадрдонӣ гаштаю дар чорабиниҳои сатҳи калон ширкат варзидаам, қайд мекунад ӯ.
– Ҳатто бо Ҷаноби олӣ аз пушти ин ҳунарам рӯ ба рӯ суҳбат кардам. Барои рушду равнақ бахшидани фаъолияти ҳунармандии худ ва омӯзонидани насли наврас, соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон гаштам.
Меваи сабр ширин аст
Падар ва модари Раиса Соловёва аслан зодагони шаҳри Свердлови Русия буда, соли 1951 ба Қазоқистон омадаанд. Чун падари ӯ, мутахассиси соҳаи сохтмон буд, Раиса ҳам бо бузург шудан, ба кори сохтмонӣ пардохт.
“Мо бо шавҳарам, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар Қазоқистон бинокорӣ мекард, шинос шуда, ошиқи ҳам шудем”,-нақл мекунад ин зани ҳунарманд.
– Волидони ман барои якҷо шудани мо зид буданд, аммо чун мо бидуни ҳам зиндагии якдигарро тасаввур намекардем, ба зид баромадани онҳо нигоҳ накарда, соли 1977 ба Тоҷикистон омадем.
Дунёи ҷавонии мо пур аз муҳаббату хати тақдир ва қисмат талху сахт будааст, ки дар Тоҷикистон ҳам, аз якҷо будани мо на ҳама хуб истиқбол карданд. Волидони шавҳарам низ зид буданд то мо бо ҳам бошем. Аз гапу гуфтораҳои ҳамсоягон ҳарос доштанду аз зани рус овардани писари худ шарм медоштанд. Аммо чунон, ки тоҷикон мегӯянд, “меваи сабр ширин аст”. Мо таҳамулу сабрро пеша карда, оқибат хушбахт шудем.
Ба идаои ин зани ҳунарманд, имрӯз ӯ дар баробари дӯхтани кӯрпачаву болиштҳои қарама, куртаҳои чакан, чодарӣ, кашидадӯзиву гулдӯзӣ, ҳамчунин дар танӯр нон, дар дег таомҳои миллии тоҷикӣ, оши буридаву мастоба ва қурутобу шакаробро ҳам пухта метавонад.
Вақтҳои охир, талош намуда истодааст то тарҳ ё дизайни тоҷикиро бо қазоқӣ якҷо дар руйи як матоъ офарад. Ин ҳам талабгорони худро пайдо кардаасту маҳсули дасташ зуд ба фурӯш меравад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед