Аз ишқ гуфту масхарааш карданд, аммо наранҷид: Чӣ гуна байте дар як шаб Зубайдуллоро ситораи интернет кард?
Нашр шуд
Зубайдулло Самадзода, ҷавоне аз деҳоти дурдасти Рашт, ки замоне дар мактаб фаррошӣ мекард, бо қироати дубайтие дар васфи ишқ дар як шаб ба ситораи Инстаграм табдил ёфт. Нахуст мавриди хандахариши бисёриҳо қарор гирифт, аммо баъди шинохти бештар бо самимияташ акнун мухлисони зиёдеро тасхир намуд.
Роҳи Самадзода ба сӯи шуҳрат танҳо дар назари аввал кӯтоҳу осон менамояд, аммо дар амал ӯ танҳо барои ворид шудан ба интернет то 40 км-ро аз деҳаш то маркази ноҳия тай мекунад. Байтҳое, ки Самадзодаро шуҳратёр карданд, чунинанд:
Зи ман ранҷидаӣ, сайёди ҳуши ман кӣ хоҳад шуд?
Калиди қуфли лабҳои хамӯши ман кӣ хоҳад шуд?
Лаби лаъли худ аз пурсидани аҳволи ман бастӣ,
Ҳарифи сурмаи овози гӯши ман кӣ хоҳад шуд?
Ин шеър имрӯз дар аксари шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад ва қироаткунандааш Зубайдулло Самадзода низ дар аввал ба масхара кашида шуд, аммо акнун ба қавле сайёди ҳуши садҳо ҳазор дар Инстаграм шудаст. Муаллифи қисми аввали шеър Сайидои Насафӣ буда, қисми дуюми шеърро худи Зубайдулло навиштааст. Муаллифи Halva.tj дар бораи шахсият ва рӯзгори ин ҷавони навошно, вале шинохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлаб таҳия кард.
Қисми дуюми шеъри “Зи ман ранҷидаӣ” дар пайи дархосту хоҳиши зиёди корбарони интернет навишта шуд. Онро худи Зубайдулло навишт. Шеър агарчи мазмуни сабуктар дорад, вале касбӣ буда, аллакай ҳамчун тарона аз ҷониби чанд сароянда бо оҳанг суруда шуд. Қироати он аз ҷониби муаллифаш дар миёни 8 соат таваҷҷуҳи бештар аз 1 миллион нафарро ба худ ҷалб кард.
“Ман шом наворро дар саҳифаам дар Инстаграм гузоштам ва саҳар вақте ки аз хоб хестаму ба саҳифа ворид шудам, дидам, ки он навор беш аз 1 миллион бор тамошо шудааст, худам дар ҳайрат афтодам”, - мегӯяд ӯ бо ифтихор.Аз рӯи маълумоти бадастовардаи мо ва суҳбат бо чанд нафаре, ки ин нафарро мешиносанд, Зубайдулло Самадзода соли 2002 дар деҳаи Куҳдоман (собиқ Каврак)-и ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба дунё омадаву зиндагӣ мекунад.
Онҳо дар оила 4 фарзанданд ва Зубайдулло писари калонии хонадон аст. Соли 2018 баъди хатми мактаби миёнаи деҳа ба Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дохил шуд, вале аз сабаби набудани маблағ таҳсилро ба поён нарасонда, ба Маскав ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт, вале бо сабаби гарон будани нархи патент боз ба ватан баргашт.
Ӯ соли 2021 ба бахши ғоибонаи факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар минтақаи Рашт дохил шуд ва ҳоло дар соли сеюм таҳсил мекунад. Дар баробари таҳсил, муаллими фанни таърих ва ҳуқуқ дар мактаби деҳаашон асту вақтҳои холӣ мисли дигар деҳотиён чорво мечаронаду алаф медаравад. Аз ҳисоби омӯзгорӣ 1300 сомонӣ маош мегирад ва бо он рӯзгорашонро бо азоб мечархонад.
Аз рӯйи нақли худаш, модари ӯ хонашин аст. Ҳини мактабхонии писараш вақте ки мехост дар мактаби деҳа чун фаррош ба кор дарояд, Зубайдулло намегузошт, ки модараш бо фаррошӣ машғул шавад, худаш баъди дарс пинҳонӣ аз ҳама фарши синфхонаҳоро мешуст. Падараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст ва дастмуздаш барои хӯроку либоси онҳо мерасаду халос.
“Ман баъди дарс то рафтани дигарон дар паси мактаб пинҳон мешудам. Вақте ки ҳама мерафтанд, ба мактаб даромада, то бегоҳ тамоми синфхонаҳоро мешустам. Он рӯзҳо аз ҳамсинфонам шарм мекардам ва худам ба ҷойи модарам кор мекардам”, - бо эҳсосот нақл кард ӯ.Ӯ мегӯяд, ки аз сабаби дурии бештари падар бо модараш бештар бузург шудааст, аз ин сабаб ба ӯ зиёдтар меҳр дорад, вале падарашро сахт пазмон шудааст. Ҳангоми кӯдакӣ чун медид, ки модараш барои нигоҳубини чорво мерафт, ё даравидни алаф ҳатман ҳамроҳиаш мекард ва ҳатто боре ҳангоми алафдаравӣ дасташро буриду аз ҳуш рафт, ки боиси ашкрезии модар ва ғамгинии ӯ шуд.
Зубайдулло нав ба интернет пайваст ва ҳамагӣ як шеъраш боис шуд, то ӯ самти корашро тамоман дигаргун карда, аз як нафари одӣ ба чеҳраи шинохта табдил ёбад. Ба нақли ӯ, аъзои хонаводааш муқобили ин самти фаъолияти ӯ мебошанду таъкид мекунанд, ки дигар ба ин кораш машғул нашавад, балки бештар кори деҳаро кунад. Ба таъкиди хонаводааш, ин кор зеби хонаводаи онҳо нест ва Зубайдуллоро мебояд, ки тарки ин самт кунаду бештар пайи дигар корҳо гардад. Вале, ба иқрори худаш, ба ин самт завқ дорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ тарки ин пеша карданист, балки мехоҳад, пурра ба шоу-бизнес рӯй оварад.
Ба қавли яке аз наздиконаш, Зубайдулло моҳе қабл оиладор шуд. Ӯ аз соли 2018 дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ровӣ аст ва ҳоло дар хурсандиҳои мардум ҳам ширкат мекунад, ки боиси дастмузди иловагиаш мегардад. Ӯ аз дастмуздаш андаке пасандоз дошт ва боз бибии модариашу дигар хешовандонаш кумак карданд, то ӯ тавонад оиладор шавад. Баъди тӯй аз язнааш (шавҳари холааш) қарздор ҳам шуд, вале ҳоло талош дорад, то аз ҳисоби маошу дигар дарёфтҳои иловагиаш маблағи ӯро пардохт кунад.
Зубайдулло мегӯяд, вақте ба мактаб ҳамчун омӯзгор ба кор даромад, ҳамсараш дар синфи 10 мехонд ва баъди хатми мактаби миёна ба хостгории духтар рафтанду санаи 9 июни имсол тӯй карданд ва ҳоло беш аз 1 моҳ аст, ки оиладор аст. Занаш ӯро дарк мекунад ва дар ин самти нави кораш дастгирӣ менамояд.
Бино ба нақли худаш, ӯ аз хурдӣ орзу дошт, ки ровии телевизион бошад ва мардум ӯро дар кӯчаҳо шиносанд. Чунин фурсат як бор барояш даст дод, вале аз пайи он нарафт. Ӯ соле қабл аз телевизиони Тоҷикистон пешниҳоди кор гирифт. Самандар Искандарзода, раҳбари ин шабакаи аввали кишвар, ӯро барои кор ба Душанбе даъват карда, гуфтааст, ки суханрониашро дар як барномаи наврӯзии шабака тамошо карда, мехоҳад ӯро ба кор гирад, вале барояш таъкид кардааст, ки телевизион ба ӯ ном дода метавонад, вале нон на. Баъди ин, қаҳрамони мо аз кор дар ин муассиса даст кашид.
Зубайдулло ҳоло дар интернет камтар фаъол аст ва тасмим дорад, ки ба истиснои Инстаграмм ба дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам рӯй орад. Ӯ мегӯяд, азбаски дар ноҳия аст, чунин имкон надорад, зеро дар деҳа мавҷ суст асту интернеташ дуруст кор намекунад. Бар замми ин, корҳои зиёди саҳрову хона бар дӯши ӯ гузошта шудааст, ки барои эҷоди ашъор ӯ фурсат намеёбад. Барои фаъол шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро зарур аст, ки ба маркази ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм, ки 40 км дуртар аз деҳаи онҳост, биёяд. Барои ин, ӯ бояд худрави ягонаи ҷамъиятии деҳаро, ки ҳафтае 1 маротиба – рӯзи душанбе ба маркази ноҳия меояд, мунтазир бимонад.
Ҳоло Зубайдулло нақша дорад, ки бо унвони “Зи ман ранҷидаӣ” силсилаи шеърҳоро пешниҳоди аудитория кунад ва гуфт, шумораи ашъорро бо ин унвон ба 10 расонданӣ аст. Ӯ дар ин роҳ аз ҳаҷвнигор ва блогери шинохта Ғолиб Мӯсоев миннатдор аст, ки барои чеҳраи шинохта шудану маъруф гаштанаш дар интернет саҳмгузор буд.
Ба қавли қаҳрмони мо, зиндагиашон беҳад душвор аст ва ин мушкилиҳои рӯзгор то ҳанӯз идома доранд. Ҳарчанд пас аз машҳур шудани Зубайдулло дар зиндагӣ дигаргуниҳое дида мешаванд, аз ҷумла акнун ӯро барои нақш бозидан дар клип-таронаҳо ва ё чун ровӣ пеш бурдани маҳфиҳои бахт даъват мекунанд. Вай нақша дорад, ки дар оянда зиндагиашонро аз ҳисоби блогерӣ беҳтар кунад ва барои истиқоматӣ доимӣ ба Душанбе кӯч бандад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед