Ru  | Tj
Китобхон ва забондон. Шаҳло чӣ гуна тавонист барандаи шоҳҷоизаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» гардад
Китобхон ва забондон. Шаҳло чӣ гуна тавонист барандаи шоҳҷоизаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» гардад
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардид

Китобхон ва забондон. Шаҳло чӣ гуна тавонист барандаи шоҳҷоизаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» гардад

Нашр шуд

Шаҳло Саидалиева зодаи деҳаи зебоманзари Хуррамзамини ноҳияи Данғара мебошад. Ӯ хонандаи синфи 10-уми мактаби № 8-и ин деҳа аст. Духтарак аз хурдӣ хондани ҳикоя, қисса ва романҳоро шурӯъ кардааст. Шумораи китобҳои хондааш аз 200 адад зиёд аст. Романи дӯстдоштаи Шаҳло «Занони сабзбаҳор»-и устод Гулрухсор мебошад. Соли сеюм аст, ки хонандаи китобдӯст дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат меварзад. Маҳз соли 2022 барояш муяссар шуд, ки баранди шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардад.

Муаллифи Halva.tj бо Шаҳло Саидалиева перомуни тайёрӣ ба озмун, ҳаёти мактабхонӣ ва нақшаҳои бузург суҳбат кард.

 

ШАҲЛО БО ЧӢ ҲАДАФ КИТОБ МЕХОНАД?

   

Шаҳло Саидалиева ҳар рӯз қариб 5 соат машғули мутолиаи осори бадеӣ мешавад. Шуғли дигари дӯстдоштаи духтарак пухтупази хӯроку хӯришҳои гуногун, дӯхтани либосҳои миллӣ мебошад. Вай китобдӯст шудани худро ба роҳнамоии падару модари меҳрубонаш – Абдуқодир Саидалиев ва Парвина Бароталиева рабт медиҳад. Зеро онҳо ҳамаи шароитро фароҳам овардаанд, то ҷигарбандашон ба ҳар гуна китоб дастрасӣ дошта бошанд. Волидонаш корманди соҳаи тиб мебошанд. Онҳо аз он сарфарозанд, ки Шаҳло, ягона писарашон ва ду духтари дигарашонро дар рӯҳияи китобдӯстию маърифатпарварӣ тарбият карданд. Ҳамзамон қаҳрамони мо аз муаллимони меҳрубону сахтгираш Дилшод Шарипов ва Мунаввара Убайдулоева ном бурда, изҳори хушнудӣ кард, ки ба шогирдашон роҳи дуруст нишон доданд.

- Ман 3 сол боз иштирокдори озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошам. Чун ман хондани қиссаву романҳои адибони муосирро дӯст медорам, ҳар бор дар бахши адабиёти муосир иштирок мекунам. Ёд дорам, ки соли аввал то даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтам, аммо ба даври ҷумҳурияӣ роҳ ёфта натавонистам. Чун аз ман дида иштирокдорони беҳтару пурмутолиа зиёд буданд. Ба даври асосӣ роҳ наёфтан боиси рӯҳафтода шуданам нагардид. Баръакс, бисёртар мутолиа кардам. Соли дуюм низ бо рӯҳияи баланд ширкат варзидам. Ҳатто ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтам. Лекин дар даври асосӣ натиҷаи хуб нишон надодам. Боз ҳам дарк кардам, ки кам мутолиа кардаам. Тасмим гирифтам, ки аз ин пас ҳар рӯз ақаллан то 5 соат мутолиа мекунам, То соли оянда ҷиддан ба мутолиа машғул шудам, - нақл мекунад Шаҳло.

Шаҳло бо чӣ ҳадаф мутолиа кардани худро медонад. Ӯ ба ин назар аст, ки агар, ҳақиқатан, бихонад ва андеша карданро биомӯзад, инсони рӯҳану маънан қавию сарватманд мешавад. Чун бисёр роман мехонад, ҳар бор сари рафтору кирдори қаҳрамонони асар андеша меронад ва барои худ муайян мекунад, ки кадоме дар роҳи рост асту дигаре гумроҳ шудаву дар кӯчаи сарбаста қарор дорад.

 

КИТОБХОНАИ ШАХСИИ ДУХТАРАК


Дар китобхонаи мактабе, ки Шаҳло Саидалиева таҳсил мекунад, дигар китобе аз адибони муосири тоҷик намондааст, ки мутолиа накарда бошад. Духтарак акнун ба ганҷинаи китобхонаи ноҳияи Данғара рӯ оварда истодааст. Ҳар асаре, ки хондан мехоҳад, аз ин ҷо дастрас мекунад. Барояш беҳтарин туҳфа китоб аст, чун ҳоло дар тараддуди таъсиси китобхонаи шахсӣ аст.

- Мехоҳам, ки дар хона китобхонаи шахсӣ бошад. Айни ҳол дар хонаамон беш аз 100 китоб мавҷуд аст. Ман ҳамаи онҳоро мутолиа кардаам. Мехоҳам, ки хазинаи китобхонаи шахсиям бисёр шавад. Он асарҳое, ки надорам ва дар китобхонаҳои ноҳияву вилоят низ пайдо карда натавонистам, мехоҳам чунин китобҳоро дастрас кунам, - меафзояд хонандаи китобдӯст.

 

ЛАҲЗАИ ҲАЯҶОНБАХШ


Тавре огоҳӣ дорем, барандаи шоҳҷоизаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо баргузории озмуни алоҳида дар байни ғолибони ҳамаи бахши интихоб мешавад. Номи пирӯз зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон эълон мегардад. Вақте дар эълом доштани барандаи шоҳҷоиза номи Шаҳло Саидалиеваро ба забон оварданд, ӯ ҳаяҷонӣ шуд.

- Бароям ғайринтизор буд. Ҳатто бовар надоштам, ки дар бахши адабиёти муосир дар даври ҷумҳуриявӣ мақоми аввал  насибам мешавад. Барои дарёфти «Шоҳҷоиза»-и озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» боз 11 нафар ғолиби ҷойи якум  иштирок кард. Ҳакамон донишу ҷаҳонибинии мо, довталабонро, дар бахшҳои озмун санҷиданд. Ниҳоят эълон гардид, ки Шаҳло Сайдалиева барандаи «Шоҳҷоиза» шуд. Дар ин вақт хеле хурсанд шудаму дар дил ҳисси ифтихор  на аз  худ, балки аз волидону муаллимон дар ҷӯш шуд. Ҳакамон дар озмуни шоҳҷоиза саволҳое доданд, ки дар доираи асарҳои мутолиакардаам буд. Яке аз саволҳо аз бахши адабиёти классик буд. Аз ман асарҳои машҳури Носири Хусравро пурсиданд. Савол  аз бахши дигар буд. Ман дарҳол аз «Сафарнома»-и Носири Хусрав бо  чанде аз мисолҳо нуктаҳои муҳимро нақл карда, хулосаи аз мутолиаи асар ҳосилкардаамро гуфтам. Воқеан, ҷавоби дуруст додан ба саволҳое, ки аз бахши дигар  буд, мушкил набуд, - мегӯяд Шаҳло.  

 

ҲАДАФҲОИ БУЗУРГИ ШАҲЛО


Шаҳло сабаби дар озмун муваффақ шуданашро дар он медонад, ки осорҳои насриро боддиқат ва то охир хонда, хулосабардорӣ кардааст. Ӯ хушнуд аст, ки моҳе қабл узви Китобхонаи миллӣ низ шуд. Яъне, бо ин роҳ доираи интихобаш васеъ шуд. Шаҳло орзу дорад, ки мисли волидонаш соҳаи тибро интихоб кунад.

- Ман духтури воқеӣ шуданиям. Падару модарам солҳо ба унвони ёвари табиб фаъолият доштанд. Мушоҳида кардаам, ки ҳар рӯз ба чандин нафар ёриашон мерасад. Мехоҳам, ки мисли онҳо кумакрасони дигарон шуда, барои солимии миллатам ҳисса гузорам. Дар ин замина фанҳои дақиқро низ хеле дӯст медорам. Соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии фаннӣ иштирок карда, аз фанни забони англисӣ ҷойи сеюмро ишғол карда будам. Яъне, бо забони англисӣ озод суҳбат карда метавонам. Мекӯшам, ки забондониям боз хубтар шавад. Барои ба орзуҳои бузург расидан ба худ ва ҳамсолонам барору комёбӣ мехоҳам, - таманно мекунад Шаҳло.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳло Саидалиева пас аз Бунёд Раҳнамо ва Раъно Насриддинова – барандагони Шоҳҷоизаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар солҳои 2019, 2021 сеюмин барандаи шоҳҷоизаи озмуни пурнуфузи кишвар гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед