Ru  | Tj
Аниса: "Ман барои ишқ аз модар ба дунё омадам..."
Аниса: "Ман барои ишқ аз модар ба дунё омадам..."
Аксҳо: Аз Интернет

Аниса: "Ман барои ишқ аз модар ба дунё омадам..."

Нашр шуд

Ҳавопаймои фурсат меравад аз шаҳри армонҳо,

Ба пои умри норозии худ мо хаста мегардем.

Анисаро хонанда ва мухлисони каломаш, ҳамчун шоири ҷавони огоҳ, тозакор, дардошно, боистеъдод, ки бо сеҳри қаламаш дар дили пиру ҷавон маъво гирифтааст, мешиносанд. Ӯ зодаи шаҳри Душанбе аст. Аз хурдӣ дар дил шавқи гуфтани шеър дошт ва пинҳон аз ҳама қаламу қоғаз гирифта, таронаҳои кӯдаконаро дар васфи модар, мактаб ва ватан иншо менамуд. Рафта - рафта ин одат ба ишқ ва дилбастагӣ ба шеър табдил ёфт. Аниса, аллакай, он замон дар олами шеъру тарона, ки аз қалби пур аз ишқу дарду ранҷаш фаввора мезад, парфишонӣ мекард. Аз даст додани волидон сахттарин зарбае буд, ки зиндагӣ ба ӯ зад, вале Худованд маҳкамтарин қалб ва зеботарин истеъдодро низ бар ӯ ҳадя карда, ки ҳама қалбрезаҳо ва дилтангиҳояшро метавонад моҳирона рӯи авроқи сафед резад. Бо хоҳишу ихлоси ҳаводорони шеъри Аниса ва дӯстдорони сухану таронаҳояш тасмим гирифтем, ки як сӯҳбати озоде оид ба фаъолияти эҷодӣ, таронахониву шеъргӯӣ ва дигар паҳлӯҳои қобили зикри ҳаёташ, ки барои хонандагон ҷолиб аст, дошта бошем.  

“Нақши ҳунарпешаи қурбониям...”

- Анисабону мухлисони шеърҳоят бисёр донистан мехоҳанд, ки пушти ин ҳама истеъдоди бузург, истеъдоде, ки кироӣ нест, истеъдоде, ки ба таҳи таҳи дилҳо роҳ ёфтааст, кӣ меистад? Аз нигоҳи худи Аниса ӯ кист ва чӣ гуна худро муаррифӣ мекарда бошад?

– Саломи гарму самимии худро ба Шумо ва хонандагонатон мерасонам.

Аниса касест, ки дар айни ҷӯшу хурӯши унфувони наврасӣ ва ҷавонӣ кулбори ғаму дард рӯйи шонаҳояш нишаст ва пас аз он зиндагияш бо ғаму ғусса тавъам шуд... Аз замони кӯдакӣ то овони наврасӣ хушбахт будам, хеле хушбахт! Аз ҳузури меҳрбори падар касби ишқ менамудам ва дар домони бонаҷобати модар бо ҳазорон нозу неъмат ба воя мерасидам. Дар яке аз рӯзҳои сарду тор, маҷрои зиндагиям тағйир кард ва ягона сутуни хонадон, қиблагоҳу такягоҳи бовиқорам – падари босалобату бошаҳоматамро аз даст додам. Ҷароҳатҳои ин ғусса тоза мудово мешуд, ки дубора тӯфони қотеи марг вазид ва сарпаноҳи амни зиндагиям, оромишу осоиши дилам – модари моҳтаринамро аз ман рабуд. Ман мондаму кӯлаборе аз дарду ранҷҳои фаровон ва дар шоҳроҳи зиндагӣ роҳсипор гардидам... Худро кучактарин роҳрави роҳи паҳновари саодат медонам, ки Худованд бо мушкилтарин ғуссаҳо имтиҳонам кард, то ба дараҷоти шоистае мушарраф гардонад. Биноан, инҷониб дар оғози роҳам ва ба зиндагӣ ва ҷаҳони ҳастӣ бо ҳама дарду ранҷҳояш, шодиву нишоташ дуруд мефиристам ва ба дунболи дарёфти хеш устуворона қадам мениҳам, зеро Парвардигори меҳрубонам дар каломи дилнавозу руҳфизои худ фармуд “Худро дарёбед”. Аз ин хотир, Аниса мисли дигар фарзандони одам орзуву рӯёҳоеро дар сар мепарварад, ҳадафҳои худро дорад ва дар олами афкори хеш дунёи афсонавии худро дорад, ки бо иродаи мустаҳкам ва изни Худо як-як ба ҳамаашон ноил мешавад.

- Дар ин синни ҷавонӣ, аллакай бо шеърҳоятон, ки пур аз ишқу муҳаббат, дарду ранҷ, алам, номеҳрубонӣ, танҳоӣ, ҷафои ёранд, дар дилу дидаи даҳҳо ва садҳо нафар ҷо гирифтаед. Оё аз муваффақияти худ розиед?

– Лутфи шумо афзун аст. Аз фазлу бузургии Худост, ки ҳамдиёрону ҳамзабонони нуқтасанҷу донишёрамон шеъргунаҳои маро, ки орӣ аз ишколоти вазниву маъноӣ нестанд, хуш пазируфтаву мавриди таваҷҷуҳи хеш қарор медиҳанд. Кош тавоноии онро медоштам, ки аз арш то фарш зери қудумашонро гулборон намоям, то ба ин васила тавонам шукри он ҳама лутфу меҳрубониҳояшонро ҷуброн кунам.

Ин пурсиши шумо ба ёдам рубоии Хайёми бузургворро овард, ки мефармояд: 

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,

Кам монд зи асрор, ки маълум нашуд.

Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз,

Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.

Умари Хайём, ки орифе фарзона, файласуфе саромади рӯзгор, риёзидоне вораста, мунаҷҷиме чира ва шоире шефта буд, пас аз 72 - соли пажӯҳиш, таҳлил, таҳқиқ ва таҳсил бо фурӯтание зебо эътироф мекунад, ки чизе наомӯхтаву ба ҷойе нарасидааст. Ҳол, ки арсаи улум ба маротиб вусъат ёфтаву ҳар амале ба илме мубаддал гашта ва дар қолаби кутуби мухталиф ҷой гирифта, омӯзиш диққату саъйи бештар аз пешро тақозо мекунад. Шоири имрӯзӣ дар баробари омӯхтани нозукиҳои илми арӯз ва балоғату фасоҳати калом, бояд аз ин фароянди паҳновар бархурдор бошад, аз осори классикону имрӯзиён мутолиаи зиёде дошта бошад, навгӯву навҷӯ бошад ва каломаш бо ибороте малеҳ ва калимоте фасеҳ ороставу пироста бошад, ки кӯлбори ин хокӣ аз ин ҳама тиҳист ва табиист, ки ҳақ надорам худро шоир унвон кунам, чӣ расад ба ин ки худро шоири муваффақ донам. Бояд ҷидду ҷаҳд намоям ва мизони арӯз, қавофиву радиф ва меъёрҳои шеърро биомӯзам. Толибилме ҳастам дар талаб ва роҳраве ҳастам, ки то расидан ба қуллаи мақсуд роҳи тӯлониеро тай бояд намоям. 

“Ман ғуссасарои базми ишқам...”

-  Хонандагон дар аксари шеърҳоятон дарди дили худро меҷӯянду меёбанд. Аксаран шеърҳоятон аз нигоҳи банда хусусияти пессимистӣ доранд, ки бемуболиға касро то гиристан мерасонанд. Ҳар нафаре, ки ғам ё дард дорад, хешро дар онҳо пайдо мекунад. Ба ин тарзи шеъргӯӣ, ки Шумо дар он аллакай роҳе сохтаед, шеър гуфтан мушкил нест ва зимнан, чаро мавзӯи марказии шеърҳоятон бештар «ғам» аст?

– Шеър аз нигоҳи ман фарёди бесадоест, ки аз умқи қалби ранҷур маншаъ мегирад ва бо таровишҳои хуни дил рӯйи авроқ кошта мешавад. Шоире мефармояд: “Нест чун дарде ба дил, фарёд кардан мушкил аст.” Шеъргунаҳои банда ҳам ҳосили ғуссаҳои умумибашарианд, ки на ҳамааш моли худаманд. Баъзан хабареро мехонам, ҳодисаеро мушоҳида мекунам, касе дарди дил мекунад ва ман низ беихтиёр онҳоро дар қолабҳои назмгуна паиҳам меорам. Дар навиштан худро маҷбур карда наметавонам ва куллан вобастаи илҳомам. Дар мавриди ҳузнангез будани нигоштаҳоям дуруст қайд кардед, инро тасдиқ мекунам, боре чунин эътироф карда будам:

Ман ғуссасарои базми ишқам,
Оҳанги дилам зи тори ҳиҷрон.
Як кушташаҳиди разми ишқам,
Дар ҷанги вафову дарди виҷдон.

То омаданам ба кӯчаи ишқ,
Як шаҳри ғам интизори ман буд.
Дар роҳи нишеби қисмати бад, 
Тасвири замона кори ман буд.

Дар торнамо саҳифаи дард, 
Ҳар рӯз хабаррасони ман шуд.
Ҳар лаҳза паёмак аз ҷудоӣ,
Тири аҷале ба ҷони ман шуд.

Бозори муҳаббат омадам ман,
Ҳар гӯша пур аз матои нафрат.
Савдои дурӯғу адлу инсоф,
Пур гашта даруни дину давлат.

Дар баробари ин дар байни навиштаҳоям ашъори шоду рӯҳбахшро ҳам дучор омада метавонед. Масалан:

Гулдухтари гулдӯзаму рӯймолчаканам ман, 

Тоҷикаму мухлисаи “ҳуб-ул-ватанам” ман. 

Агар мурури кӯтоҳе ба адабиёти классикӣ ва муосир намоем, ки дар миёни нигоштаҳои аксари адибони некном тасвири ҳодисоти замон, шодиву нишот, ғаму ғусса тавъаманд. Рӯзгор ҳамеша ба як минвол намечархад. Рӯзе ғамгинӣ, рӯзе шод ва шеър ҳам дар фавворае аз ҳолоти рӯҳиву равонии шахс аст. Аз тарафи дигар муҳаққиқон ба ин назаранд, ки шеъре мондагору пойдор аст, ки тасвире аз рӯзгори замони муаллифашро дар худ таҷассум намояд.

- Оне, ки тавониста бо буду набудаш илҳомбахш ва"манбаъ"- и чандин шеъру таронаҳоятон шавад, кист ва куҷост? 

– Дар синфи 7-ум мехондам, ки пинҳон аз ҳама машқи шеър мекардам. Он навиштаҷот, ки ҳатто шеър ҳам намешавад гуфт, бештар ба модару мактаб бахшида мешуданд. Дафтарамро ҳамеша пинҳон мекардам, вале рӯзе ба дасти раҳматии модарам афтод ва он кас навиштаҳоямро хонда табассум карданд. Шеъргунаҳои имрӯзиям аксаран қаҳрамони воқеӣ надоранд ва бофтаи хаёл ҳастанд. Саъй намудам нигоштаҳоям хусусияти иҷтимоӣ дошта бошанд ва қаҳрамони он ҳама нигоштаҳо афроди ҷомеаст, ки дар канори онҳо умр ба сар мебарам. Ба он мухотаби хосе, ки дар назар доред як ду дилнавиштае тақдим намудаам. Воқеан, ҳузури сабзу мунаввари ӯст, ки таваллуде дубора ва орзуҳое рангин бахшидааст ва ӯ садрнишини қалб асту дар умқи ҷон маскан дорад. 

- Шеър аз нигоҳи сабзи Анисабону...

- Шеър таровишҳои маъноиест, ки аз умқи дил фаввора мезанад. Шеър гуфтан ибрози ҳисси шодиву ғами дили худу ҳазорон нафари дигар. Шеър фарёди бесадо, тасвири сӯзу гудоз, ки баъзан тасаллову дилдоридиҳандаи шахс мешавад.

“Имтиҳони зиндагӣ осон набуд...”

- Маъзурам доред, аслан ҷуръат надорам, ки зиндагии шахсии шуморо расонаӣ кунам, аммо хонандагон аз ҳаёти шумо бештар донистан мехоҳанд. Чӣ хуб мешуд, агар дар мавриди волидонатон ҳарф мезадед... бо хоҳиши зиёд! Таҳаммули дарди аз даст додани наздиктарин нафарони зиндагӣ падару модари азизатон чӣ гуна буд? Ин имтиҳони зиндагиро аз ҷониби Худованд чӣ гуна қабул намуда, пушти сар кардед?

– Дар байни муносибатҳои отифӣ волидайн аз ҷойгоҳи вижае бархурдор ҳастанд, ки ҳузурашон ба қалб суруру ба чашм нур мебахшад. Вақте дар хона волидайнро дорӣ, қалбан шоду оромӣ. Қадри ин ду неъмати бузургро баъди аз даст доданашон бештар дарк мекунем. Падар муттакоест чун кӯҳ, ки роҳат саратро рӯи шонаҳояш мегузорӣ ва ором мегирӣ. Дар оғӯши модар одамӣ ба итминону оромиш мерасад. Оғӯши модар амнтарин ҷойест, ки ба он паноҳ мебарем. Модару падар хуршеди сафои хона ва сабзтарин таронаанд. Бо гум кардани ин ду гавҳари гаронбаҳо одамӣ худашро гум мекунад, гардиши моҳу солро намефаҳмад ва лаҳзаҳоро аз ёд мебарад, дар кӯчаҳои зиндагӣ роҳгум мезанад.

Вақте хурдсолтар будем, падарам бидуни ҳеҷ беморӣ даргузаштанд ва мо мисли гунҷишки паршикаста шудем, аммо оғӯши амну шонаҳои болои модар буданд, ки худро ба он ҳавола мекардем ва сарамонро беминнат мегузоштему ором-ором ашк мерехтем. Панҷ сол пеш модарам низ аз асари беморӣ ба нидои Парвардигори хеш лаббайк гуфта, бо мо видоъ гуфтанд. Он рӯзҳо ҳеҷ бовар надоштам, ки зинда мемонаму боз зиндагӣ мекунам. Ин дард бароям хеле гарон афтод. Зиндагиям беранг ва рӯёҳоям думбурида шуда буданд. Дар ин айёми сахту сангин нидои руҳнавози каломи раббонӣ буд, ки таскинам мебахшид. Аз ин каломи зебо дарёфтам, ки волидайнам аз арсаи ин курраи хокӣ ба сарои боқӣ сафар кардаанд. Дарди надоштанашон бо тамоми ҳастиям унс гирифт ва ман оҳиста-оҳиста дар ҷодаҳои зиндагӣ қадам мегузорам ва зиндагӣ ҳам бо ҳама шебу фарозҳояш идома дорад. Ба қисмате, ки Офаридгор бароям пешбинӣ намудааст розиям ва итминон дорам, аҷру подошаш азим аст. Фақат як таманно дар умқи дил ҷовидонист ва фикр мекунам, шахсе, ки волидайни худро гум кардааст, тамоми умр онҳоро меҷӯяд.

Ин хона мазор аст, агар оча набошад, 

Гул шохаи хор аст, агар оча набошад...

- Анисабону дар сафҳаи ёдҳо аз даврони тифлӣ ва мактабхонӣ чӣ хотироте боқӣ мондааст?

– Овони тифлӣ ва кӯдакиямро дар зодгоҳам шаҳри Душане дар канори хонавода сипарӣ намудам. Духтараке орому узлатнишин будам, то маҷбурам намекарданд бо ҳамсолон бозӣ намекардам. Дар мактаб низ чунин будам. Мудом дар гӯшае менишастам ва ба китобхонӣ машғул мешудам.

- Чуноне, ки медонем соли 2020-ум китоби шеъри шумо бо номи “Аниси дилҳо” ба нашр расид. Пешниҳод аз ҷониби кӣ буд, дар омода ва чопи китоб кӣ ба шумо кӯмак намуд?

– Пас аз ин ки устодон, дӯстон ва хонандагони ниҳоят меҳрубон шеъргунаҳои маро дар саҳифаи фейсбук писандиданду бузургворӣ намуда баҳои хуб доданд, дар дилам умеди нашри нигоштаҳоям пайдо шуд ва орзу кардам, ки маҷмӯаи хомафарсоиҳоям рӯи чоп оянду дар шакли китоб дароянд. Хушбахтона, аз баракати ҳузури дӯстони меҳрубон ба ин орзуи хеш, ки расидан ба он дар чашмам дури дур менамуд, муяссар гардид. Дар ҷамъоварӣ ва нашри нигоштаҳоям хидмати апаи донишёру донишвар, ҳамсадову ҳамнавоям, фариштаи заминӣ Фарзона Саидумронзода ва дӯсти қарину ҳамрозам Санҷар Абӯнасрпур хеле бузург аст, зеро дар тадвин, таҳия ва нашри китоби мазкур саҳми шоёни зикр гузоштанд ва танҳову танҳо азму иродаи онҳо буд, ки маҷмӯаи хаёлпардозиву қаламкашиҳоям зери унвони “Аниси дилҳо” нашр гардид.

Бо пешниҳоди апаи Фарзона шеъргунаҳоямро ба устоди азизу гиромӣ, Шоири халқии Тоҷикистон бонуи саршор аз ишқу меҳру садоқат Фарзонаи Хуҷандӣ фиристодем. Устод кӯчакнавозӣ карда, вақти гаронбаҳои хешро сарфи таҳрири қаламкашиҳоям намуданд ва ба он сарсухани басо зебову дилнишин, хонданиву судутанӣ иншо карданд. Китоб бо дастгирии молиявии сиёсатмадори шинохта, бонуи адабдӯсту адабпарвар Матлубахон Сатториён муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он замон дар симмати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ифои вазифа мекарданд, нашр шуд. Инҷониб аз меҳрубонӣ ва ҳусни илтифоташон сарфарозам. Инчунин, хидматҳои устод Саидумрон Саидзода дар ин замина хеле бузург аст ва намедонам бо кадомин забон ба онҳо изҳори сипосу шукргузорӣ намоям.

Дигар дуое ҳам намонд андар ибодатхонаҳо,

Ҳарфи вафоро хат заданд аз сужаи афсонаҳо.

Гаҳ хеш душман мешавад, захми дилу тан мешавад,

Ҳайрон мемонӣ гаҳе аз ҳиммати бегонаҳо...

- Руҳияи шеърҳоятон ифодагари онанд, ки аз одамон ва зиндагӣ дилшикастаед, ҳозир ҳастед барои мустақил шудани фикру руҳияатон тағйиротро пазиред?

– Читавре ки қаблан ҳам гуфтам навиштаҳоям танҳо маҳсули дунёи ботинӣ ва ё зиндагии шахсиям нестанд, балки фавворае аз мушоҳидаҳо, дидаҳову шунидаҳо ва ногуфтаҳои дили садҳо дили ранҷуру руҳи хастаанд, ки рӯйи коғаз дарҷ мешаванд. Ман аз одамон дилхур нестам, балки бадбини хислатҳои нописандидаву хулқу атвори номақбулашон ҳастам ва то қаламам чизе менависад, бадиро накӯҳиш мекунам ва аз хубиҳову накуиҳо ситоиш. Боварҳои ман устуворанд ва дар асоси меъёрҳои писандидаи ахлоқӣ шакл гирифтаанд. Яъсу ноумедӣ дар зиндагии ман ҷой надорад ва дари диламро ба рӯйи зиндагии шоиста боз намудаам. 

- Чӣ навиди тозае ба мухлисони шеъру таронаҳоятон расондан мехоҳед?

– Замоне ки сулолаи Аббосиён ҳокимияти Умавиёнро сарнагун месозанд ва тамоми афроди хонаводаи умавиро ба ҳалокат мерасонанд, як нафар аз ин хонадон, ки Абдураҳмон ном дошт ҳамроҳ бо ходимаш фирор мекунад ва худро ба Андалус (Испанияи имрӯзӣ) мерасонад ва дар он ҷо давлати мустақили худро таъсис медиҳад. Ривоят мекунанд, ки ӯ аз санъати қофиябофӣ бархӯрдор буд ва шеър иншо мекард. Ӯ роҳ ба роҳ шеъреро моломол аз умеду рӯёҳои ширин иншо мекунад, ки матлаъи он бо “Роҳе ба роҳе мебарад ва пушти масофаҳо иду навид аст” оғоз мешавад.

Ман ҳам роҳрави шоҳроҳи қисматам, ки роҳҳояш бо вуҷуди печидагиҳо ба ҳам пайванданд ва иншоаллоҳ пушти масофаҳои тӯлонии ғаму ранҷҳо иду навид аст, зеро охири шаб ибтидои субҳи содиқ аст. 

- Ба ҷуз гуфтани шеър қаҳрамони мо боз ба кадом корҳо машғул аст, ки мо намедонем?

– Кори хосе намекунам, хонашинам ва дар вақтҳои бекорӣ ва дур аз гирудорҳои рӯзгор ба шеър рӯй меорам ва гуфтаниҳоямро дар қолабҳои гуногуни назм тақдими дӯстон месозам.

- Арзишҳои муҳимми ҳаёт аз нигоҳи Аниса?

– Арзиши муҳимтарини ҳаёт инсон будан ва инсон мондан аст. Инсоният мафҳуми амиқест, ки онро дар китобҳои тарбиявию ахлоқӣ муфассал шарҳу баён кардаанд. Дар ғаму шодии халқ саҳим будан, меъёрҳои ахлоқиро риоя намудан, эҳтироми калонсол, шафқат ба хурдсол, хушбаёнӣ, хайрхоҳи одамон будан, озор нарасонидан ва дур кардани чизҳои озордиҳанда аз сари роҳи мардум аз ҷумлаи нишонаҳои инсониятанд.

“Аз ишқи хатодор нависам, нанависам,

Аз ғуссаи бисёр нависам, нанависам?

Афсонаҳақиқат, ки навиштам, нанавиштӣ,

Як олами асрор нависам, нанависам?”

- Мавзӯи марказии бештари шеърҳоятон ишқ аст. Пас ишқ аз нигоҳи як бонуи соҳибдил чист ва оё ба мавҷудияти он бовар доред?

– Ишқ ин ҳисси дилбастагии аз ҳад зиёд нисбат ба чизе ё касест, ки қалбро бо муҳаббате бекарона ва холисона лабрез месозад. Ишқ покиву наҷобат аст, ки пайванде фаротар аз оламу одам дорад ва то ба малакути аъло ва боргоҳи Кибриё мерасад. Ба қавли аллома Иқбол “ишқ аз ин гунбади сарбаста бурун тохтан аст...”. Орифону ошиқони ростин ишқро ба маҷозиву ҳақиқӣ ҷудо кардаанд ва ишқи маҷозиро таҳкурсии ишқи ҳақиқӣ унвон кардаанд. Бубинед, дар замонҳои қадим барои ин ки шамшерзанӣ омӯзанд, ибтидо бо чӯбдастҳое тамрин мекарданд, то омодаи ба даст гирифтани шамшери пӯлодӣ шаванд, зеро як навомӯз агар бо шамшери воқеӣ тамринро оғоз кунад, зуд худро дар хатар ниҳад ва ба ҳалокат расад. Ишқ ҳам ба фикрам чунин аст. Ишқҳои поку беолоиш, ин заминаи расидан ба маъшуқи ҳақиқист. Гавҳари ишқ покӣ асту аслаш наҷобат ва бешак “Ошиқӣ поктарин оин аст”. 

Мепурсед, ки “оё эҳсос миранда аст? Оре, эҳсос аз бетаваҷҷуҳӣ мемирад, аммо вақте эҳсоси поке дар як робитаи пок байни маъбуду маъшуқи воқеист, ҳаргиз намемирад, балки бо ҳар розу ниёз торҳои ин алоқа бештар аз пештар мустаҳкам мешавад ва одамизод ба мақоми волое даст меёбад. Дар водии ишқ, ки аз ҳафт шаҳр иборат аст, Мавлонои бузург идао намуд, ки мо дар хамаи як кӯчаем, шояд мо ҳанӯз дар пайраҳае қарор дорем, ки расидан ба мақсуд тӯшае бештару беҳтар мехоҳад.

- Орзуе, ки амалӣ шуд ва орзуе, ки ноамалишуда боқӣ монд?

– Муҳимтарин орзуе, ки расидан ба он амри муҳол шуд, шифои модар буд. Пас аз ин воқеа гӯё орзуҳо мурданд, рӯёҳо барбод рафтанд ва барои муддате руҳан аз ҳама чиз холӣ шуда будам. Вале сиришти одамиро Худованд тарзе бино ниҳода, ки бо ҳама чиз унс мегирад, одат мекунад, фаромӯш месозад ва зиндагӣ идома меёбад. Пас аз ду соли берангӣ дубора рангҳои зиндагиям баргаштанд ва дар дилам шарораҳои умеду бовар аз нав тавлид шуданд. Гӯё таваллуде дубора ёфтам ва ба субҳи фардоҳои босаодати зиндагӣ умед бастам. Бо ҳам ба истиқболи фардоҳои дурахшон меравем ва мебинем, ки дасти қисмат чи иду навидҳоеро бароямон муҳайё кардааст. 

- Ният надоред, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ" дар номинаи назм иштирок кунед, чун ба пирӯзиатон бовар дорем?

- Саломат бошед, аз ҳусни эътимоду бовариятон мамнунам. Ширкат дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ орзуи ҳар шахси ҷӯёву пӯёст, вале ман то ҳол худро он гуна, ки шоиста аст, мусаллаҳ насохтаам ва феълан нияти ширкат дар ин корзорро надорам. 

- Аниси дилҳо* гурӯҳи фейсбукӣ, ки 18561 нафар аъзо дорад, Шумо маъмурӣ онед, номаш баргирифта аз китобатон аст ва ё баръакс? Дар мавриди таъсису фаъолияти гурӯҳ ба мо қисса мекардед!

– Гурӯҳи фейсбукии “Аниси дилҳо” - ро 17-уми марти соли 2017 бо мақсади эҷоди фазои адабӣ дар сигменти фейсбуки тоҷикӣ сохта будам, то дӯстон шеърҳову навиштаҳояшонро гузоранду аниси дилҳои мо гарданд. Номи китоб ҳам баргирифта аз ҳамин ангеза аст, то анису ҳамдами дили дӯстдорони адаб бошад. Дар ибтидо фаъолияти гурӯҳ пурзӯр буд ва нигоштаҳои адабиро зиёд мегузоштем. Дӯстон низ матолиби ҷолибе нашр мекарданд. Вақтҳои охир ба хотири он ки аз фазои маҷозӣ фосила гирифтам ва дар вақтҳои муайяне вориди он мешавам фаъолиятамон коҳиш ёфт, вале ангезаву мароми гурӯҳ боқист ва идома хоҳад дошт.

- Пешравиҳо дар фаъолияти эҷодиатон чӣ гуна аст, барои оянда чӣ нақшаҳо доред?

– Ҳамин ки дар фазои амну осоишта нафас мегирем ва зиндагии орому осуда дорем, пешравиест камназир. Ҳадафу ормонҳо зиёданд. Нақша дорем, дар давоми соли ҷорӣ маҷмӯаи навбатиро ба нашр расонем. Таваккаламон бар Худост ва бо маромҳои қалбии хеш зиндаем. 

- Аниса боре андешаи бо тахаллус дар шеър зуҳур намуданро кардаед? 

– Ростӣ, ҳеҷ гоҳ барои худ тахаллусе интихоб накардаам. Дар хомафарсоиҳоям низ номамро хеле кам ёд кардаам. Дар оянда низ шояд тахаллусе барнамегузинам.

- Шуғли дӯстдоштаатон кадом аст?

– Ҳама шуғли шарофатмандонае, ки муносиби як духтар аст меписандам. Дар вақтҳои фароғат китоб мутолиа мекунам ва ба навиштан алоқаи зиёд дорам. Табиист, ки дар ин миён пухту пазро низ меписандам ва саъй мекунам тайёр намудани хӯроку хуришҳои гуногунеро ёд гирам.

- Ҷавонони замони худро чӣ гуна баҳо медиҳед?

– Шоире мефармояд:

На гул бе хор мерӯяд дар ин боғ,

Малоли булбулон аз дақдақи зоғ.

Дар замони мо ҳам мисли ҳамаи давру замонҳо қувваи некиву бадӣ вуҷуд дорад ва асри мо аз ҷавонони фарзонаву фарҳехта холӣ нест. Имрӯз ҷавонон дар арсаҳои мухталифи илмиву фановарӣ ибтикороту дастовардҳои назаррасе доранд ва иддае воқеан марданд, мард ба тамоми маъно! Аммо, мутаассифона, гул бехор ва боғ бе зоғ намешавад. Ҷавонони гумроҳу ҷоҳил ва бебандубор ҳам мутаассифона кам нестанд, ки умеде ба ислоҳи аксарияташон вуҷуд дорад. Таманно мекунам тавфиқу ҳидоят рафиқи роҳашон бошад. 

Дар охир ҷо дорад аз шумо бобати сӯҳбати самимӣ изҳори ташаккур намоям. Сарбаланду муваффақ ва шодмону комрон бошед! Фарорасии баҳори сабзфом ба Шумо ва тамоми хонандагони сомонаатон мубораку хуҷаста бод! Сабз андар сабз бошед!

- Ҷаҳони сипос!

 (Қаҳрамони матлаби мо ба нашри аксҳояшон иҷозат надоданд).


“Шеъри ман дарди ман аст”. Мирзоҳусайн Бадалипур дар бораи модар, шеър ва муаллимӣ



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед