Муштзани ояндадор. Чӣ гуна Асрор Воҳидов дар риштаи муштзанӣ қадамҳои устувор мегузорад?
Нашр шуд
Асрор Воҳидов, муштзани шинохтаи тоҷик Қаҳрамонии муштзании ҷаҳонро, ки дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор гардид, бо пирӯзиҳои пайдарпай оғоз кард. Дар даври аввал бо муштзани Куреи Ҷанубӣ Лӣ Ючан зӯрозмоӣ карда, зафар ёфт. Муштзан Руҷоберто Армандоро низ бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб карда, ба даври сеюм роҳ ёфт. Дар даври нимниҳоӣ чӣ боис шуд, ки аз идомаи сабқат маҳрум шуд?
Муаллифи Halva.tj бо Асрор Воҳидов дар мавриди чӣ гуна сипарӣ шудани Қаҳрамонии муштзании ҷаҳон дар Тошканд, қадамҳои нахустин дар ин ришта ва мусобиқаҳои ҳирфае, ки зафар ёфта буд, суҳбат кард.
НОАДОЛАТИИ ДОВАРОН
Асрор Воҳидов муштазани 27-солаи маъруфи тоҷик аст. Номбурда магистранти соли 1-уми донишкадаи иқтисодиёт ва мудирияти намояндагии Донишгоҳи фанноварии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара мебошад. Ӯ аз Қаҳрамонии муштзании ҷаҳон, ки чанде пеш дар шаҳри Тошканди ҳамсоякишвар баргузор гардид, таассуроти мусбату манфие ҳосил кард.
Варзишгар боварманд бар ин аст, ки ҳар тоҷик метавонад дар муқобили ҳар рақиб мубориза барад ва натиҷаи назаррас нишон диҳад. Ӯ дар ин навбат ҳам мехост, ки қаҳрамони ҷаҳон бошад, вале чунин нашуд. Аз ин рӯҳафтода нест ва дар дигар мусобиқаҳои сатҳи баланд мунтазам омодагӣ дида истодааст."Сабқатҳо дар Қаҳрамонии муштзании ҷаҳон хеле ғайриинтизор сурат гирифт. Насибам шуд, ки чанд тан ҳарифи худро мағлуб кунам. Бо рӯҳбаландӣ ният доштам, ки қаҳрамони ҷаҳон шуда, барои ватани маҳбубам нишони тилло меорам. Аммо ин тавр нашуд. Тавре ба аксарият маълум аст, дар сабқати нимниҳоӣ доварон нисбат ба камина ноадолатӣ карданд. Дар ин разм ғолиб шуда будам, вале дастболо ҳарифам дониста шуд", - бо ҳаяҷон гуфт Асрор.
АСРОР ЧӢ ГУНА МУШТЗАН ШУД?
Шояд аксарият надонанд, ки қаҳрамони мо аз хурдӣ мухлиси футбол буд. Дар дил орзу дошт, ки футболбоз мешавад, вале сарнавишт нишон дод, ки роҳи ӯ дигар аст. Бародари калонияш дар риштаи варзиши муштзанӣ (бокс) тамрин мекард. Ҳамин тариқ, дар пайравӣ ба бародар воруди майдони муштзанӣ шуд ва то имрӯз дар ин ҷо заҳмат мекашад.
- Вақте каме худро шинохтам, хеле кӯшидам, то мисли бародарам муштзан шавам ва аз мусобиқаҳо нишону ҷомҳо ба хона орам. Аввалин мусобиқаам дар шаҳраки Шӯроби Исфара сурат гирифта буд. Он вақт дар вазни 23 кг сабқат карда, мақоми аввалро соҳиб шуда будам. Нахустин мусобиқае, ки дар хориҷи кишвар иштирок кардам, дар шаҳри Ӯши Қирғизистон буд. Он ҷо дар вазни 32 кг сабқат карда, мақоми аввалро ба даст овардам. Ҳамон рӯз дар дил орзу кардам, ки довар пас аз ҳар мусобиқа дасти маро боло мебардорад. Шукр мекунам, ки аз ҳамон рӯзҳо то кунун ба варзиши муштзанӣ машғулам. Устоди ман Додобек Фатҳуллоев, Мирҳаким Сабуров ва Владимир Видов мебошанд, - бо ифтихор афзуд Асрор Воҳидов.
АЗ ХУРДСОЛӢ ҚАДАМҲОИ УСТУВОР
Замоне ки Асрор ҳамагӣ 16 сол дошту дар курсии донишомӯзӣ менишаст, ба дастоварди бузурге ноил шуд ва роҳи ояндааш маълум гардид. Ӯ соли 2011 дар мусобиқаи муштзании ҳаваскорӣ байни наврасон, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид, иштирок кард. Дар ин сабқат пирӯз шуда, унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба номаш муҳр зад. Ҳамзамон созмони байналмилалии муштзании ҳаваскорӣ (AIBA) ӯро беҳтарин муштзани ҷавони ҷаҳон дар соли 2011 эълон кард.
- Аз замони донишомӯзӣ ба андозае дониш, нишону ҷомҳо ва дӯстиву рафоқат монду бас. Дигар ҳама гузашт. Дубора боз ба сӯйи дабиристон намеравем. Акнун мо донишомӯз нестем, балки муҳассили донишгоҳи зиндагӣ ва корем. Ман хурсандам, ки вақти гаронро беҳуда сарф накарда, ба варзиши муштзанӣ машғул шудам. Агар дар риштаи муштзанӣ тамрин намекардам, шояд имрӯзи худро надоштам, - бо эҳсос изҳор дошт варзишгар.
“ТАЛОШҲО БОЯД ИДОМА ЁБАД”
Асрор Воҳидов ба олами муҳорибаҳои касбии муштзанӣ соли 2016 ворид шуд. Дар зарфи 6 сол тавонист, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил шавад. Варзишкор дар риштаи муштзании ҳирфаӣ 13 бор зӯрозмоӣ анҷом дод. Ӯ ба ин назар аст, ки одами зинда ҳеч вақт аз дастовардҳои худ набояд розӣ бошад. Ҳаёт идома дорад, пас талошҳо бояд давом ёбад. Замоне ки қаҳрамони мо ба муштзании ҳирфаӣ машғул шуд, имкон пайдо кард, ки аз Иттиҳодияи муштзании ҳирфаии Русия иҷозатномаи фаъолият бигирад. Лекин дар ҳар майдон парчами Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.
- Дар як рӯз ду маротиба машқ мекунам. Тамринҳоро ҳар саҳар ва ҳар бегоҳ бефосила мегузаронам. Аксар вақт тамринҳо дар осоишгоҳи маъруфи “Зумрад” бо устод Фатҳуллоҳи Фатҳуллоҳбек мегузарад. Ҳар боре ки дар Русия мусобиқае дар назар бошад, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия низ машқ мекунам. Дар ин шаҳри бузурги Русия устодони ман Мирҳаким Сабуров ва Владимир Видов ҳузур доранд. Аслан, муштзанӣ ба монанди бозии шоҳмот аст. Ҳар як роҳ метавонад ба пирӯзӣ барад ё ба шикаст. Барои ҳамин мекӯшам, ки мулоҳизакор бошам ва роҳи дурустро интихоб кунам, - нақл кард варзишгар.
ТАҶРИБА АЗ ЯК МУҲОРИБАИ ҶИДДӢ
Асрор Воҳидов пас аз ҳар сабқат бозиро такрор ба такрор тамошо мекунад. Ҳар бори тамошо як камбудиро ошкор мекунад. Пасон саъй менамояд, то дар мусобиқаи оянда хатоҳои ошкоркардаашро такрор накунад. Асрор аз сабқате, ки соли гузашта бо муштзани рус Армен Отаев дошт, ёдовар шуд.
- Ҳар лаҳза дар майдони муштзанӣ нақши бузурге дорад. Агар муштзан лаҳзае беаҳамиятӣ кунад ё таваҷҷуҳаш ба тарафе банд шавад, танбеҳи ҳарифро муфтро мехӯрад. Барои ҳамин то охирин лаҳзаи танаффус чашмро аз рақиб набояд канд. Барои ман 8 давре, ки дар муҳориба давом кард, он қадр душвор набуд. Лекин бояд иқрор шуд, ки рақибам Армен Отаев низ аз ҷиҳати ҷисмонӣ хеле нерӯманд аст. Ба зарбаҳо хуб тоб меорад ва ҷавоб медиҳад. Бароям ғалаба осон набуд. Пеш аз сабқат майдондорӣ ва техникаи ҳарифам Арменро хеле омӯхтам. Чанде аз наворҳои муҳорибаҳояшро тамошо карда, барои худ маълум кардам, ки чӣ хатоҳо дорад. Маҳз дар майдони муштзанӣ фаҳмидам, ки сифати хубу омӯзанда ҳам дорад, яъне Армен бачаи хеле тобовару пурбардор будааст. Ин чизро вақте фаҳмидам, ки баъди якчанд аз по уфтодан (нокдаун) ҳам ба по хест ва муштзаниро давом доданӣ мешуд. Агар рафиқе дигаре мебуд, шояд бозӣ баъди “нокдаун” ба охир мерасид. Барои мусобиқаи хуб ба Армен ва гурӯҳаш сипос мегӯям, - изҳор медорад муштзани тоҷик.
Мирҳаким Сабуров, мураббии қаҳрамони мо дар Русия аст. Вай дар бораи муҳорибаи муштзани тоҷик бо Армен Отаев гуфт, ки дар он шогирдаш натиҷаи хуб нишон дод. Онҳо барои ин сабқат расо 1 моҳу 10 рӯз омодагии ҷиддӣ дида буданд.
- Асрор Воҳидов ҷавони хушодоб аст. Ҳангоми тамрин кардан байни ӯ ва дигарон ягон камбудӣ ва нофаҳмӣ рух намедиҳад. Вай чӣ мехоҳад, медонад, яъне ҳадафҳои устувор дорад. Дар хусуси сабқате, ки 11 декабри соли 2022 доштем, гуфтанӣ ҳастам, ки ҳарифи шогирдам низ хеле варзишкори ҳирфаӣ буд. Баъди адои муваффақонаи он ба Асрор имкон даст дод, ки дар радабандии ҷаҳонӣ мақомашро 10 зина боло бардорад. Феълан ӯ дар ҷаҳон зинаи 141-умро касб кардааст, - бовармандона гуфт мураббӣ Мирҳаким Сабуров.
Асрор Воҳидов ба ин назар аст, ки агар муштзан тамрини бонизом ва шароити мусоид барои онро надошта бошад, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба натиҷаҳои хуб даст намеёбад. Ӯ аз он хушнуд аст, ки дар шароити мусоид имкони тамрини бонизом карданро дорост. Варзишкор ба мураббияш Мирҳаким Сабуров ва ба сарпарастонаш бошгоҳи варзишии “Ҳоҷӣ Шариф” ва сарвари осоишгоҳи “Зумрад” Абдулмуъмин Ҳалимов барои ёрмандиву пушбинонии холисона сипос мегӯяд. Яке аз ҳадафҳои бузурги ӯ амалӣ кардани орзуи кӯдакияш аст, яъне дар риштаи муштзании ҳирфаӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сазовор шудан мебошад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед