Ru  | Tj
"Мутахассиси IT бо ракетка": Рухшона Нарзуллоева дар бораи бадминтони бузург
"Мутахассиси IT бо ракетка": Рухшона Нарзуллоева дар бораи бадминтони бузург
Аксҳо: Анна Мирзоева

"Мутахассиси IT бо ракетка": Рухшона Нарзуллоева дар бораи бадминтони бузург

Нашр шуд

Рухшона Нарзуллоева - Қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, аввалин нафаре аз Осиёи Марказӣ ва ИДМ мебошад, ки узви Шӯрои Федератсияи байналмилалии бадминтон (BWF) гардид. Мо аз Рухноша чӣ гуна ба ин намуди варзиш алоқа пайдо карданашро пурсон шудем. Ӯ ҳамчунин дар бораи табдили варзиш ба як шавқи дӯстдошта ва ҳалли масъалаҳои гендерӣ бо ёрии банминтон гуфт.

Рухшона хатмкардаи факултаи технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ мебошад. Вай дар баробари таҳсил, дар лоиҳаи IT ба ҳайси ассистент фаъолият мекард. Дар замони донишҷӯйӣ ӯ ба барномаи Мубодилаи духтарони пешсаф дар ИМА шомил шуд. Ҳамин тавр, фаъолияти ҷамъиятии ӯ чунин оғоз ёфт: «Пас аз як қатор вохӯриҳо бо занони муваффақ, аз онҳо илҳом гирифта, лоиҳаеро бо номи “Yes, We Can!” (“Бале, мо метавонем!”) барои дастгирии духтарони осебпазир ташкил намудам. Дар хотир бештар аз ҳама, чашмони дурахшони онҳо, ки майлу хоҳиши беҳ намудани ҳаёти худро доштанд, нақш баст». Ин таҷриба ба ӯ имкон дод, то нақшаҳои азимтари дигарро дар ин роҳ амалӣ гардонад.

На танҳо дар таҳсил аълохон...

Рухшона аз овони кӯдакӣ бозии бадминтони «кӯчагӣ» -ро дӯст медошт: «Дар хотир дорам, чӣ гуна бобои марҳумам маро ба хониши аъло ҳавасманд карда, ваъда дода буданд, ки то охири сол бароям ракетка ва валан мехаранд. Хеле кӯшиш карда ва тобистон тӯҳфаи деринтизорамро аз бобоям гирифтам. Он гаҳ ҳатто гумон ҳам надоштам, ки дар бадминтони касбӣ чунин зарбаҳои шадид вуҷуд дошта метавонад ва ҳадафи асосии бозӣ низ – ин кӯшиши ба рақиб ҳарчӣ бештар гол задан аст».

Дар давраи донишҷӯӣ низ Рухшона бозӣ карданро идома дод: «Дар донишгоҳи мо клуби бадминтон кушода шуд. Дар мусобиқаҳои донишгоҳӣ иштирок намуда, ҷойи 3-юмро гирифтам. Аз ин натиҷа хеле нороҳат шудам. Баъдан дар ман ҷидду ҷаҳди варзишӣ бедор шуд. Соли 2011 унвони аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба бадминтонро дар гурӯҳи занон ба даст овардам. Ин унвонро соли 2012 низ такроран сазовор гардидам».

Федератсияи ҷавон

Дар соли 2012-ум дар Тоҷикистон Федератсияи миллии бадминтони Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. «Он вақт ба ин намуди варзиш дар сатҳи нимкасбӣ машғул будам. Имрӯз бошад роҳбарии онро ба ӯҳда дошта, ба рушд ва оммавигардонии ин намуди варзиш дар кишвар машғулам», - мегӯяд Рухшона.

Таҳти роҳбарии Президенти Федератсияи миллии бадминтони Тоҷикистон - Кабирҷон Ҷӯразода ин намуди варзиш босуръат оммавӣ мегардад. Ҳанӯз дар соли аввали таъсисёбӣ, якумин Чемпионати ҷумҳуриявии бадминтон баргузор гардид. Ҷӯразода ба ёд меорад: «Он вақт, дар муассисаҳои гуногуни таълимию варзишӣ бадминтонро муаррифӣ мекардем ва дар яке аз чунин мулоқотҳо Рухшонаро вохӯрдем, ки алоқамандиаш ба ин варзиш эҳсос мешуд. Вай ҳанӯз аз рӯзҳои аввал бо мо буд».

Пас аз 11 соли баргузории мусобиқаҳои мунтазами ҷумҳуриявӣ, имрӯзҳо ба кишвар зуд-зуд мушовирони ботаҷриба ва тренерони варзида меоянд.

Зиёдтар аз як шуғли дӯстдошта

«Дар аввал бадминтон барои ман танҳо як шуғли дӯстдошта буд, аммо ҳоло ин кори тамоми умри ман аст. Баъзан барои нигоҳ доштани андом ва ё дилхӯшӣ бозӣ мекунам. Вақте дарк кардам, ки ба воситаи варзиш метавон мушкилоти дигари иҷтимоиро низ ҳал кард, тасмими қатъӣ гирифтам, ки дар ин самт бояд комилан рушд кунам. То ба ҳол дар тренингҳо барои такмили ихтисоси худ ҳамчун менеҷери варзиш, мутахассиси гендерӣ ва ҳамоҳангсози лоиҳавӣ иштирок мекунам.

Бо раҳнамоии Президенти Федератсияи бадминтон ва ноиб-президент - Наргис Набиева, ки маро ба лоиҳаҳои гуногун ҷалб намуданд, идеяи бо ҳам пайванд додани варзиш ва кӯмак ба занон ба вуҷуд омад. Дар доираи якчанд лоиҳаҳо мушкилоти гуногуни иҷтимоиро ҳал кардем, ки ин хеле натиҷаҳои хуб дод: аз соли 2010 то имрӯз алоқаи духтарон ба варзиши бадминтони миллӣ аз 7% то 43% афзуд. Ман инро дастоварди бузург медонам».

Тоҷикдухтар дар Шӯрои Федератсияи байналмилалии бадминтон

«Ба ҳайати ҳакамон 311 вакил аз 158 кишвар шомил мебошанд. Тибқи дастур, ҳар як вакил бояд "20 нафари беҳтарин" - ро интихоб кунад. 20 нафар аъзои Шӯрои байналмилалӣ ба мӯҳлати 4 сол барои муайян кардани вектори рушди бадминтони ҷаҳонӣ интихоб мешаванд. Албатта, нахустин намоянда аз Осиёи Марказӣ ва ИДМ (ҳамроҳ бо намояндаи кишвари Русия) дар рӯйхати номзадҳо ба чунин мақоми бонуфуз шомил шудан ин як шараф ва имтиёзи бузург аст. Инак, дар рӯихат 20 номзад пайдо мешавад, ки дар он номи ман ҳам буд. Дар аввал бовар накардам, чашмонамро пӯшида ва баъд кушода, кӯшиш кардам ҳолати карахтиро аз худ дур кунам. Наход! Ман бо 172 хол дар қатори аъзоёни интихобшудаи Шӯро будам!»

Федератсияи байналмилалии бадминтон, ки соли 1934 таъсис ёфта буд, ниҳоди асосии назораткунандаи бадминтон ҳамчун як намуди варзиш дар саросари ҷаҳон мебошад. BWF аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ расман шинохта шудааст ва худи ин намуди варзиш ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дохил карда шудааст. Ин созмонро нахуст Президент,

баъд Ноиби президент ва Дабири кулл ва сипас Шӯрои байналмилалии BWF роҳбарӣ мекунанд. Дар интихоботи охирин ба шӯро номзадии худро соҳибкорони бузург, ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, бадминтонбозони машҳур, аз ҷумла дорандагони медалҳои олимпӣ пешбарӣ шуданд.

"FREE vision "

Дар маъракаи пешазинтихоботӣ Рухшона фаъолона ба ҷонибдории истифодаи бадминтон ҳамчун усули ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ баромад кард. Ба гуфтаи вай, Федератсияи Тоҷикистон аллакай дар ҳалли ин масъалаҳо тавассути ҷалби занон ба варзиш таҷрибаи ғанӣ дорад. Рухшона модели худро дар сатҳи ҷаҳонӣ санҷидан мехоҳад.

Истилоҳи FREE (РОЙГОН) ихтисораи чаҳор ҷанбаи асосии фаъолияти ӯ ба ҳайси аъзои Шӯрои байналмилалии BWF мебошад:

F - Фокус: тамаркуз ба арзишҳои аслии BWF;

R - Ислоҳот: ислоҳот барои тақвият додани бадминтон дар саросари ҷаҳон;

E - Баробарӣ: пешбурди сиёсати таҳаммулнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти табъизи ҷинсӣ, нажодӣ, миллӣ ва динӣ дар бадминтони ҷаҳонӣ;

E - Тарбияи оммаи васеъ бораи баланд бардоштани аҳамияти варзиш ва иҷтимоӣ гардонидани он;

«Ман ба мӯҳлати 4 сол интихоб шудам. Нақша дорам, ки бадминтонро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ рушд диҳем, то ин намуди варзиш на танҳо дар мамлакати мо, балки дар кишварҳои дигар низ тараққӣ кунад. Боиси хушнудист, ки дар ҷумҳурии мо занони муваффақ ва қавиирода зиёданд. Онҳо ҳамеша барои онҳое, ки дар зиндагӣ умедашонро гум кардаанд ё наметавонанд зиндагии худро тағйир диҳанд, намунаи ибрат шуда метавонанд. Ман ба шумо маслиҳат медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ таслим нашавед. Мақсад гузоред ва новобаста аз монеаҳо ба сӯи он устуворона ҳаракат кунед. Ҳеҷ кас намегӯяд, ки ин осон хоҳад буд, аммо ҳадафи амалигардида бидуни монеаҳо арзише надорад».

Ҳабиба Даминзода – зане, ки амалисозии лоиҳаҳои бузургро касб пеша кардааст


halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(120) "Тағоймурод Розиқов: Агар Ленин намебуд, мо имрӯз миллат намешудем"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10532"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(83) "/tj/articles/talk/ta_oymurod_rozi_ov_agar_lenin_namebud_mo_imr_z_millat_nameshudem/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3384"
  ["CODE"]=>
  string(64) "ta_oymurod_rozi_ov_agar_lenin_namebud_mo_imr_z_millat_nameshudem"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3384"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Тағоймурод Розиқов: Агар Ленин намебуд, мо имрӯз миллат намешудем

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(122) "Сӯҳбат дар атрофи китоби “Худоё, худро бишносам”-и Расул Ҳодизода"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10054"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "6681"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(83) "/tj/articles/talk/s_bat_dar_atrofi_kitobi_khudoye_khudro_bishnosam_i_rasul_odizoda/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3225"
  ["CODE"]=>
  string(64) "s_bat_dar_atrofi_kitobi_khudoye_khudro_bishnosam_i_rasul_odizoda"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3225"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Сӯҳбат дар атрофи китоби “Худоё, худро бишносам”-и Расул Ҳодизода

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(175) "“Гардиши девбод”: Сӯҳбати профессор Иброҳим Усмонов бо нависандаи шинохта Абдулҳамид Самадов"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "9735"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(12) "Таҳлил"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "6451"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(115) "/tj/articles/analytics/gardishi_devbod_s_bati_professor_ibro_im_usmonov_bo_navisandai_shinokhta_abdul_amid_samadov/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3120"
  ["CODE"]=>
  string(91) "gardishi_devbod_s_bati_professor_ibro_im_usmonov_bo_navisandai_shinokhta_abdul_amid_samadov"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3120"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

“Гардиши девбод”: Сӯҳбати профессор Иброҳим Усмонов бо нависандаи шинохта Абдулҳамид Самадов

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(98) "Рафоат Абдусаломова: “Наттоқ бояд сермутолиа бошад”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "9465"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(68) "/tj/articles/talk/rafoat_abdusalomova_natto_boyad_sermutolia_boshad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3029"
  ["CODE"]=>
  string(49) "rafoat_abdusalomova_natto_boyad_sermutolia_boshad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3029"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Рафоат Абдусаломова: “Наттоқ бояд сермутолиа бошад”

Другие новости