Нигина Мамадҷонова: “Ватандӯстӣ дар кӯшиши беҳтар кардани он аст, на дар рӯйпӯш кардани мушкилоти мавҷуда”
Нашр шуд
Чанде пеш китоби “Нидо” – бо эҳтимоми худи муаллиф, нависанда Нигина Мамадҷонова ба Тоҷикистон расид. Ин бонуи тоҷик феълан дар Амрико зиндагӣ дорад. Нигина Мамадҷонова ба ҷуз аз фаъолияти нависандагӣ дар соҳаҳои равоншиносӣ, омӯзгорӣ ва менеҷмент низ нерӯву малака сарф мекунад.
Нигина Мамадҷонова дар суҳбат бо Halva.tj перомуни наврасӣ, фаъолияти эҷодӣ, равоншиносӣ ва муҳоҷират гуфт.
- Нахуст каме дар бораи кӯдакиатон мегуфтед, ки он чӣ гуна гузашт ва он замон орзуи кӣ шудан доштед?
- Кӯдакии ман? Ҷавоб ба ин суол хеле кӯтоҳ аст. Агар хамин хел мешуду ман он Нигинаи хурдакакро боз медидам, гарм ба оғӯш мегирифтаму мегуфтам: “Аз ҳеч чиз матарс, ҳамааш хуб мешавад!” Дар бобати интихоби касб бошад, аниқ дар ёд надорам. Ба ман гӯш кардани қиссаҳои ҷолиб хеле писанд буд. Забони арабиро низ хеле дӯст медоштам. Дар хурдӣ намозхонии бобоямро нишаста ором гӯш мекардам ва пас аз адои намоз ҷойнамозро меғундоштаму фикр мекардам, кори муҳимме карда истодаам. Аз бобоям пинҳонӣ китоби Қуръонро варақ мезадам. Ҳарфҳои арабӣ ба назарам хеле зебо ва муъҷизанок менамуданд. Маълум мешавад, ки ин ҳама беасос ба назарам аҷиб наменамудаанд. Забономӯзиро ҳанӯз ҳам дӯст медорам. Нависандагӣ бошад яке аз шуғлҳои дӯстдоштаам аст.
- Аз замони мактабӣ чӣ хотираҳо дар ёд доред? Аслан, худсозӣ ва худинкишофдиҳии Шумо аз кай ва чӣ гуна сар шуд?
- Синфҳои ибтидоиро дар шаҳри Исфара хондаам. Муаллимон он замон хеле босавод ва сахтгир буданд. Лекин, баъзан муаллимон талабаҳои сустхонро хезонда, дар назди ҳама таҳқир мекарданд. Ин ба ман бад менамуд ва пеши назарам замони таҳсили устод Садриддин Айнӣ меомад. Ба фикрам, дашном ва забони тез аз ҳамон калтаке, ки ба дастони толибилмон мезаданд, беҳтар нест. Кӣ медонад, мумкин ҳамон вақт дар ботини мо ҳиси бадбинӣ ба таҳсил пайдо шуда бошад. Шумо пай бурдед, ки агар хонанда муаллимро дӯст дорад, ҳурмат кунад, фанни ӯро ҳам дӯст медорад.
Дар 12-солагӣ таҳсилро дар Душанбе идома додам. Мактаби пойтахт бароям писанд омад, чун шароити хуб дошт. Маҳз аз ин ҷо худинкишофдиҳӣ сар шуд. Ба талаботи пойтахт бояд ҷавобгӯ мешудам. Китоб мехондам, мушоҳида мекардам, тарзи рафтору гуфторамро дигар менамудам. Ҳамчунин, модарам барои беҳтар ёд гирифтани забони русӣ ба ман кӯмак мекарданд. Баъди хатми мактаб ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, онҷоро бо дипломи аъло хатм кардам. Афсӯс, ки нақшаҳои маро ҷанги шаҳрвандӣ аз байн бурд. Ҳайфо, ки ҳайф!
- Шумо аслан аз кай ба навиштан сар кардед ва аввалин навиштаҳоятон ба кадом мавзӯҳо буд?
- Агар касе сӣ сол пеш мегуфт, ки нависанда мешавӣ, механдидам ва асло бовар намекардам. Дар ҳаёти худ пастиву баландӣ ва талхиву ширинии бисёреро дидам. Боре гуфтам: “Оё ҳамаи ин барои як одам бисёр нест!?” Духтарам дар ҷавоб гуфт: “Мумкин ба он хотир, ки нависанда шаведу аз саргузашти худ ба дигарон нақл кунед ва ба дигарон роҳи халосӣ нишон диҳед!” Истеъдоди ғайринтизории нависандагӣ дар давраи буҳрони синнусолӣ пайдо шуд. Яъне замоне, ки фарзандон ба воя расида, ҳар тараф пароканда шуданд. Он вақт 49 сол доштам. Китоби аввалин дар роҳи эҷод раҳнамоям шуд. Қарор додам, ки перомуни ҳаёти занҳое, ки ба хушунати хонаводагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, бештар нависам.
- Ҳадаф аз навиштан дар чӣ буд ва мухотабони Шумо киҳо буданд?
- Хонандаи аввалини ман истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, корбарони Фейсбук буданд. Ман аз роҳбарони гурӯҳҳои фейсбукии “Таджик мама” ва “Жен.совет” барои иҷозаи нашри ҳикояҳоям хеле сипосмандам. Бо дастгирии онҳо аудиторияе, ки ҳанӯз дӯст медорам ва қадр мекунам, пайдо карда тавонистам. Маҳз хонандаҳо маро ангеза доданд, то ба мавзӯҳое, ки дар ҷомеаи мо гӯё мавзӯи “табу” аст, бинависам. Дар аввал аксарият навиштаҳои маро танқид мекарданд ва мегуфтанд, ки ман обрӯи миллатро бо матраҳ кардани масъалаҳои дардноке, ки дар ҷомеаи мо гуфтани он айб аст, паст мезанам. Лекин моҳияти ватандӯстӣ дар кӯшиши беҳтар кардани Ватан аст, на дар рӯйпӯш кардани мушкилоти мавҷуда.
- Повести тарҷумаҳолии "Нидо" ба эҳсосу равони хонандаҳо, яъне зану мардҳои гуногунсоли имрӯз чӣ таъсирҳо гузошта метавонад?
- Достони «Нидо»- ро дар 21-22 рӯз навиштам. Боре чунин паёме расид: «Нигина, ман бемории саратон дорам. Ҳозир дар марҳилаи чоруми беморӣ қарор дошта, ба наздикӣ мемирам. Илтимос, тезтар нависед! Ман мехоҳам донам, ки ҳикоя чӣ гуна ба охир мерасад. Сипос, барои “Нидо”. Вақте онро мехонам, дардамро фаромӯш мекунам”. Касоне, ки “Нидо” – ро хондаанд, мумкин пай бурданд, ки ҷамъбасти асар хеле тез сурат мегирад.
Сабабаш ҳамон мактуби болоӣ аст. Пасон, паёмҳои гуногуне аз хонанда расид, ки достон ба онҳо кӯмак кардааст, то ба ҳаёти худ аз дигар зовия нигоҳ кунанд. Ман бо ин розиям, чун дар китоб муҳокима, таҳлили равонӣ ва ҳатто луқмаҳои зиёде аст. Аксари ҷабрдидаҳои хушунати хонаводагӣ бо он гумон, ки ҷои рафтан надоранд ва касе онҳоро ҳимоя намекунад, ҳамаи дарду азобро тоқат мекунанд. Ман мегӯям, ки ба ғайр аз марг аз ҳама вазъият роҳи халосӣ вуҷуд дорад. Асос ин ки наҳаросанд ва ба он чизе, ки сабр кардан нашояд, сабр накунанд. Мардҳо низ пас аз хондани китоб ба ман навиштанд. Ин барои ман хеле муҳим буд. Онҳо навиштанд, ки китоб барои беҳтар фаҳмидани вазъияти зане, ки зери хушунат қарор дорад, кӯмак кардааст. Хушунати хонаводагӣ – ҷиноят аст ва ҳар ҷинояткор бояд мувофиқи кораш ҷазо бигирад.
БАРНОМАИ "САДОИ НИДО"
- Қиссаи эҷоди барномаро Шумо дар дигар суҳбатҳоятон низ гуфтаед, ба фикри Шумо, ин барнома то куҷо дар ҳаёти ҳамзамонони мо дигаргунӣ ворид кард?
- Барномаи “Садои Нидо” фарзанди ман аст, ки солҳо онро парвариш кардаам. Шумораи нафароне, ки муҳтоҷи ёрии равонӣ ҳастанд, ниҳоят зиёд мебошанд. Лекин аксарият ин имкониятро надоранд. Чӣ қадаре, ки вазъи молии одамон душвор бошад, ҳамон андоза вазъияти равониашон низ вазнинтар мешавад. Радио бошад ба ҳама дастрас ва ройгон аст. Бештари одамон мушкилиҳои яксон доранд ва бисёриҳо ба воситаи барнома ба саволҳои лозимии худ посух гирифта метавонанд.
- Лутфан, оид ба ягон қаҳрамоне, ки саргузашти талхашро тариқи барнома бо дигарон ҳисса карда буд ва имрӯз формулаи хушбахтиашро ёфтааст, нақл мекардед!
- Барномаи “Садои Нидо” барои хуб шудани ҳамдигарфаҳмӣ байни марду зан ба бисёриҳо кӯмак кардааст. Ҷуфтҳое, ки солҳои сол бо ҳам мезистанду бо кадом сабабҳое аз ҳам дилхунук шуда будаанд, тавонистаанд тавассути барнома боз ҳамзистии худро давом диҳанд. Фаҳмидаанд, ки дилхоҳ мушкилиро бо роҳи гуфтугӯ ва оромона баррасӣ кардан имкон дорад. Бархе аз модарон фаҳмидаанд, ки ба ҳаёти фарзандони миёнсолашон дахолат кардан нишонаи меҳрубониву дӯстдорӣ нест. Занҳои калонсол боз фаҳмидаанд, ки дар ҳаёт ба ҷуз фарзандон боз дигар омилҳои хушбахтӣ низ вуҷуд дорад. Аз ҳама ёдмонтар он аст, ки марде ба ман чунин навишта буд: “Тасмим гирифтам, ки аз болои худ кор кунам, то оиларо нигаҳбон шаваму аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дорам”.
- Дар таҳияи барнома кадом мушкилиҳо ба чашм мерасид?
- Маҷбур шудем, ки барномаро дигар таҳия накунем. Чун сарпарасте ёфта натонистем. Лекин ҳоло қарор кардем, ки дар ояндаи наздик боз ҳам эҳё карда шавад.
ДАР БОБИ РАВОНШИНОСӢ
- Ба фикри Шумо, равоншинос кист ва рисолати ӯ дар чист?
- Равоншинос мутахассисест, ки бо одамони рӯҳан солим кор мекунад ва ба онҳо дар бартараф кардани ҳолатҳои баамаломада ёрӣ мерасонад. Дар ин кор хеле муҳим аст, ки инсон хоҳиши бо худ кор кардан дошта бошад. Ҳолатҳое ҳам мешавад, ки инсон фақат бо мақсади шунавандаи хуб ёфтан назди равоншинос меояд. Ман ҳамчун равоншинос боварӣ дорам, ки ҳар инсон нерӯе дорад, ки имрӯзу дирӯз ӯро зинда нигоҳ медорад. Ман бошам барои ҷустуҷӯ ва дарёфти чунин нерӯ дар вуҷуди дигарон кор мекунам.
- Вақте Шумо ҳамчун равоншинос касеро аз ғаму ғусса ва афсурдагиву изтироб раҳоӣ медиҳед, худро чӣ хел ҳис мекунед?
- Боре ҳамроҳи фарзандам дар як қаҳвахонаи Амрико, ки ошпазонаш дар фазои кушод кор мекунанд, менишастем. Ман кори заҳматталаби ошпазонро дида, ғайриихтиёр гуфтам: “Худоё, онҳо ин қадар кори вазнинро чӣ хел тоқат мекунанд?» Духтарам ба ин гап чунин ҷавоб дод: “Чунонки шумо тоқат мекунед, ин кори онҳо аст!” Ӯ комилан рост мегӯяд. Ин кори ман - кори дӯстдоштаи ман аст. Пас аз ҳар қабули мизоҷ дарро кушода, ба даҳлез мебароям ва аз ҳавои тоза нафас мекашам.
- Чӣ гунае, ки медонем Шумо дар соҳаи муҳоҷират низ солҳо кор кардаед ва аз ин рӯ, ҳамчун мутахассиси соҳа ба муҳоҷирони тоҷик чӣ тавсияҳо медиҳед?
- Муҳоҷират барои инсон ҳамавақт изтироб аст. Чун қабул ва омӯхтани маданият, расму одат, забони халқу миллати дигар осон нест. Мутахассиони соҳаи муҳоҷират доимо маслиҳат медиҳанд, ки забон ва қонунҳои кишварҳои мерафтаашонро хуб аз худ кунанд. Пеш аз рафтан аз худ кардани малакаҳои касбие лозим меояд, то тезтар ҷои кор ёбанд. Бисёр кишварҳое ҳаст, ки ба табибон, муаллимон ва муҳандисону ғайра талабот доранд. Аз ин рӯ, мо бояд дар Ватан таҳсилоти лозимиро бигирем. Ҳозир аз сабаби он, ки вазъият дар ҷаҳон он қадар хуб нест, боз як изтироби калоне ба муҳоҷирон аст, ки шояд бе кор монанд. Ё дар ҳар сурат розӣ мешаванд, ки бо музди кам кор кунанд ё муваққатан ба Ватан, ки ҷойи корӣ кам аст, баргарданд. Умед дорам, ки ин мушкилиҳо муваққатӣ бошанд.
- Ҳоло дар Амрико бо чӣ фаъолият банд ҳастед?
- Вақте дар Амрико ҳуқуқи кор пайдо кардам, дар як мактаби хусусӣ муаллим шудам. Пӯшида нест, ки дипломҳои Тоҷикистон дар ин ҷо он қадар қурб надоранд. Маҷбур мешавед, ки бо чизи доштаатон қанот кунед ва боз барои соҳиб шудан ба чизҳои дигар боз талош намоед. Имкони кор хеле зиёд аст, албатта, агар аз кор ҳазар накунед. Доимо дар омӯзиш буда ва ихтисоси худро такмил медиҳам. Тариқи онлайн танҳо ба русзабонҳо машваратҳои равонӣ медиҳам, ки аз ин низ ба андозае музд мегирам. Барои дар Амрико хамчун равоншинос кор кардан иҷозатномаи махсусе лозим аст. Барои гирифтани он на маблағ дораму на вақт ва рости гап, хоҳиш ҳам надорам.
- Дар Амрико чӣ чизҳо боиси ташвиш ва нигаронии Шумо - нависандаи муосири тоҷик шуда метавонад?
- Ҳамаи он раванду падидаҳое, ки дар хориҷа аст, дер ё зуд дар мо низ зуҳур мекунад. Дар Амрико ҳаёт дигаргуна аст. Дар ин ҷо ҳама кор бо қарз имконпазир аст. Агар инсон кор надошта бошад, дар кӯча мемонад. Тарси бекору бехона мондан дар ҳар инсон вуҷуд дорад. Нобоварӣ аз фардо бонги хатари ҳаррӯза аст. Аз ваҳму изтироб ҳар кас ҳаёти инфиродии худро сохтааст ва аз ҳаёти воқеӣ пинҳон шуда рӯз мегузаронад. Гӯё бо чунин омилҳо як навъи “аутизм” – и сунъие дар ҳаёти худ месозанд. Волидон бо изтироб зиндагӣ мекунанд, бачаҳо дар олами маҷозӣ ҳастанд. Метарсам, ки инсоният худро ба баҳри равандҳои бебозгаште меафканад.
- Вақте ҳар боре ба Тоҷикистон меоед чӣ эҳсос Шуморо фаро мегирад?
- Ҳар вақте ба Тоҷикистон меоям ҳам хурсанд ва ҳам каме ғамгин мешавам. Хурсандӣ ба он хотир, ки Тоҷикистон рушд карда истодааст ва дар пойтахт маконҳои тафреҳии зиёде сохта шудааст. Аммо боиси ғамгинӣ он аст, ки вақте дар чашмони ҳамватанон ғаму ғусса ва холигиву бепарвоиро мебинед.
- Чӣ нақша ва ниятҳои амалинашуда доред?
- Идеяҳои бисёре дорам, ки сари онҳо андеша дорам ва умед мекунам, ки ба онҳо дастёб мегардам. Ҳамаи ниятҳо барои кӯмак расондан ба ҷавононе, ки хоҳиши сохтани оилаи солим доранд, бастагӣ дорад. Чашмдорам, ки барномаи радиоии “Садои Нидо” боз барқарор мешавад. Инчунин, чанд қайдҳои хоме дорам, ки аз онҳо то охири сол достону романҳои хубе навиштаниям. Умед мебандам, ки Худованд ва коиноту замин ба ман дар амалӣ шудани нақшаҳоям кӯмак мерасонанд. Дар охир мегӯям, ки ман худро бе Ватан тасаввур карда наметавонам. Тавре мегӯянд, дар меҳмонӣ хуб, аммо дар хона беҳтар.
– Орзу мекунем, ки ба орзуятон бирасед!
– Саломат бошед, дӯсти ҷавонам, Шумо ҳам комраво бошед!
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед