Ru  | Tj
Орзуҳои бародарони қаҳрамон ва мардонагии Абӯбакр
Орзуҳои бародарони қаҳрамон ва мардонагии Абӯбакр
Аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Орзуҳои бародарони қаҳрамон ва мардонагии Абӯбакр

Нашр шуд

Бародарон Мунис ва Абӯбакр Давлатовҳо, ки яке нӯҳ ва дигаре ҳашт сол дорад, бо истеъдоди фавқулодаи худ аз рӯи варзиши ҷиу – ҷитсуи бразилиягӣ ҷаҳонро тасхир карданд.

Варзишгарони наврас бо иштирок дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар маҷмӯъ 95 нишони тилло ва 20 камарбанди қаҳрамонӣ ба даст овардаанд. Бародари калонӣ Муниси нӯҳсола дар синну сол ва вазни худ ҳамчун шоҳи варзиши ҷиу – читсу шинохта шудааст. Ӯ ҳамагӣ 59 нишони тилло дорад ва додараш Абӯбакр низ аз ӯ кам нест.


Бо вуҷуди он ки ин ду қаҳрамони хурдсол дар Федератсияи Русия зиндагӣ ва машқу тамрин мекунанд, дар ҳама мусобиқаҳо аз номи Тоҷикистон баромад карда, ҳамеша парчами Ватанро боло мебардоранд. Чанд рӯзе қабл бо падарашон Авазхӯҷа Каримов бародарон ба Тоҷикистон омаданд. Бо истифода аз фурсат мо бо падари ин ду қаҳрамон ва худи онҳо суҳбате оростем, ки аз таърихи муваффақиятҳои парчамбардорон қисса мекунад.

Аз орзу то амал. Чӣ тавр падар фарзандонро ба варзиш раҳнамоӣ кард

Авазхӯҷа Каримов, ҷавони шефтаи варзиш аз хурдӣ орзуи футболбоз шуданро доштааст ва барои амалӣ кардани ҳадафҳои худ ҳафт сол тамрин кардааст. Вале ба назари Авазхӯҷа барои муаррифии кишвар ҳамчун футболбоз вақти зиёд ва тамринҳои пайдарпай лозиманд. Бо вуҷуди ин ӯ фарзандони худро ҳам дар майдони футбол дидан мехостааст. Вале баъдтар ба сараш фикри дигаре меояд.


“Ман ба худ андеша кардам, ки барои бо футбол номи Тоҷикистонро баланд бардоштан вақти зиёд лозим. Аз ҳамин сабаб, барои фарзандонам варзишеро интихоб кардам, ки дар Ватан бо он кам машғул мешаванд ва ниёз ба муаррифӣ дорад. Дар ин роҳ тамоми молу мулкамро фурӯхта, бо аҳли оила ба Русия кӯч бастам”.

Авазхӯҷа якчанд моҳ Муниси панҷсола ва Абӯбакри чорсоларо мустақилона машқ ёд медиҳад ва баъдан ба толори варзиш мебарад. Бародарон аввал усулҳои дзюдоро омӯхта, баъдан таҳти роҳбарии мураббӣ Артём Сергеевич аз рӯи ҷиу – ҷитсу машқ мекунанд. 

Авазхӯҷа аз ғалабаҳои нахустини Мунису Абубакр ёдовар шуда, гуфт “Вақте бори аввал ба мусобиқаи байналмиллалии шаҳри Абу – Даби рафтем, аксарият бо чашми ҳайрат ва ҳатто назарногирона менигаристанд. Чун ин навъи варзиш ҳанӯз маъмулӣ набуд, шояд ҳайрон мешуданд, ки дар Тоҷикистон чӣ хел рушд кардааст. Хушбахтона, мо нишони тиллоии мусобиқаро соҳиб шудем”.


Ғалабаҳои бемислу монанд ва парчами Тоҷикистон дар камарбанди ҷиу – ҷитсу

Ҳоло Мунис варзишгари бразилиягиро, ки пештар ҳаждаҳ мусобиқаи бебохт дошт ва дар ҷаҳон беҳтарин буд, гузаштааст. Ӯ панҷоҳ мусобиқаи бебохт дорад. Бародараш Абубакр бошад, чилу се мусобиқаро бебохт анҷом додааст. Ин натиҷаҳо Тоҷикистонро дар рейтинги ҷаҳонии ҷиу – ҷитсу ба мақоми аввал баровардаанд. Ҳатто дар камарбанди қаҳрамонӣ парчами Тоҷикистонро ҷой додаанд. Авазхӯҷа таърихи ворид кардани парчами кишварро ҳамчун давлати пешсаф дар ин намуди варзиш бо табассум ёд овард.


“Вақте ғалабаҳои Мунис ба сию панҷ расид мо ба Федератсияи байналмиллалии ҷиу - ҷитсу шарт гузоштем, ки парчами Тоҷикистонро низ ба камарбанд ҷой диҳанд, вагарна аз ишитироки минбаъда дар мусобиқаҳо даст мекашем. Ин арзи моро пазируфтанд ва ҳоло дар камарбандҳои ғолибон парчами мо низ ҷой дорад”.

Мунису Абубакр дигар дар ин вазн ба майдон набароянд

Мунису Абубакр дар сабқатҳои шаҳриву вилоятӣ ва федератсиявии Русия низ пайваста ширкат меварзидаанд ва ҳамеша ғолиби мутлақ дар вазни худ мешудаанд. Падар аз ин пешравиҳои фарзандон бо ифтихор ҳарф мезад ва як ҳолати дигарро нақл кард, ки “Вақте Мунису Абубакр дар тамоми Русия ҳамеша ғалаба мекарданд, волидони кӯдакони дигар шикоят кардаанд, ки бародарон дигар дар ин вазн иштирок накунанд. Онҳо далел овардаанд, ки чанд соли охир фарзандонашон наметавонанд нишони тиллоӣ ба даст оранд ва аз варзиш даст кашида истодаанд”.


Орзуи бародарон ва мардонагии Абӯбакр

Бародарон дар мусобиқаҳо дар вазни аз 24 то 27 кг баромад мекунанд. Онҳо мунтазам дар тамринҳо иштирок намуда, дар пеши худ ҳадафҳои мушаххас доранд.

“Мақсади асосии мо, ҳамеша бар ҳарифон ғолиб омадан ва парчами кишвари азизамон Тоҷикистонро дар камарбанди қаҳрамонии UFC ҷой додан аст. Мо ҳар рӯз бо ҳамин мақсаду маром тамрин мекунем, то ба орзуҳоямон ҷомаи амал пӯшонем”, – гуфт Мунис дар суҳбат.


Абӯбакр бошад, дар баробари дастовардҳои бародараш ҳамеша кӯшиш мекунад, ки пешсаф бошад. Вале чанд ҳафта пеш дар охирин сабқатҳо дар АМА вақте ӯро бо Мунис ба майдон медароранд, ӯ ба акааш худро мағлуб мекунад ва дасти ӯро боло мебардорад.

“Ман нахостам, ки ғалабаҳои акаам кам шаванд. Ба хотири эҳтиром дасти ӯро боло бардоштам”, – гуфтааст Абӯбакр ба падараш баъди мусобиқа.

Тамрин бо ҷаҳонпаҳлавон ва нақшаҳои ояндаи қаҳрамонон

Мунису Абӯбакр ҳар рӯз дар толори варзишӣ 3 соат тамрин мекунанд. Падар чун ҳамеша дар паҳлӯи онҳост ва барои пешрафташон кӯмак мекунад.


“Онҳо ҳар рӯз то 3 соат дар толор машқ мекунанд. Баъзе маврид ман аз хастагӣ ё серкорӣ онҳоро ба толор набарам, мегӯянд, ки агар мо имрӯз тамрин накунем, пас чӣ гуна парчами Тоҷикистонро дар камарбанди қаҳрамонии UFC ҷой медиҳем”, – нақл мекунад Авазхӯҷа.

Авазхӯҷа фарзандонашро ба ҳама мусобиқаҳо аз ҳисоби худаш сафарбар мекунад. Имрӯз мусобиқае нест, ки бидуни Мунису Абӯбакр гузарад. Дар назар аст, ки ҷиу – ҷитсу ба намудҳои варзиши олимпӣ дохил карда мешавад ва ин барои ғалабҳои нав ба нави қаҳрамонони хурдсоли мо имкониятҳои васеъро фароҳам меорад.


Ҳоло Мунис ва Абӯбакр дар Федератсия Русия таҳсили илм ва машқварзӣ мекунанд. Зиёда аз як сол мешавад, ки онҳоро падар ба толори варзишии дорандаи нишонҳои биринҷии бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев овардааст, то минбаъд зери роҳбарии ӯ тамрин кунанд.

Сафари онҳо ба Тоҷикистон ҳамагӣ як моҳ давом мекунад. Мунису Абӯбакр пас аз ин сафар дубора ба Федератсияи Русия бармегарданд, то аз пайи омодагиҳо ба мусобиқаҳои Аврупоӣ ва Осиёии баҳори соли 2022 бошанд.

Ҳусейн Мадудов: “Дар як муддати кӯтоҳ то андозае ба мақсадҳоям расидам”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед