Ru  | Tj
“Ҳақиқат ҳамеша пирӯз аст”: Ҷавони муваффақе аз бағали кӯҳҳои баланд
“Ҳақиқат ҳамеша пирӯз аст”: Ҷавони муваффақе аз бағали кӯҳҳои баланд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

“Ҳақиқат ҳамеша пирӯз аст”: Ҷавони муваффақе аз бағали кӯҳҳои баланд

Нашр шуд

Аз хурдӣ орзу дошт, ки журналист шавад ва пайваста дар нашрияи маҳаллиашон шеъру ҳикояҳо менавишт. Ба забону адабиёти тоҷик шавқи беандоза дошт ва аз ин ҷост, ки соли 2009 дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ байни мактаббачагон сазовори медали тилло гашт. Вале тақдир ӯро ба дигар самт бурд, зиндагиаш аз маҷрои дигаре шурӯъ шуд. Сарнавишт ӯро аз дурдасттарин деҳаи Вахони Бадахшон ба яке за бузургтарин шаҳрҳои дунё – шаҳри Москва бурд. Ӯ ин ҷо соҳибилм, соҳибном ва соҳибэҳтиром гардид.

Шарҳе аз ҳол


Баҳрӣ Баҳриев зодаи деҳаи Лангари (Кихн) ноҳияи Ишкошими ВМКБ буда, маълумоти миёнаро дар ҳамин ҷо мегирад. Мактабро бо баҳои “аъло” хатм карда, тариқи квотаи Ҳукумати Русия ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО), ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ дохил мешавад. Замони мактабхонӣ дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявии иншонависон байни мактаббачагон ширкат варзида, пайваста сазовори ҷойҳои намоён мегашт. Ба варзиш низ рағбат дошт, сарвари баскетболбозони мактаб буду дастаашон дар якчанд мусобиқаҳо ғолиб меомад...

Орзуҳо амалишавандаанд

«Бобоям Бодурбек ҳамеша мегуфт, ки “дипломат шав набераам, самти муносибатҳои байналмилалиро интихоб намо”, аммо ман дар ин бора ҷиддӣ фикр намекардам. То лаҳзае, ки аз квотаи Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Масква огоҳ шудам».


Замони анҷоми дарсҳои мактабӣ буд, ки барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Русия квотаҳо омаданд ва Баҳрӣ тасмим гирифт, ки дониши худро санҷаду донишҷӯи ин даргоҳ шавад. Мусобиқаи бонуфуз, рақобати шадиду рақибони қавӣ гоҳе ӯро аз ба даст овардани квота ва ғолиб омадан, ноумед мекарданд. Вале чун ба худ ва донишу маҳорати худ боварӣ дошт, қаҳрамони мо бо дилпуриву матонат ғолибиятро ба даст овард. Ба як ҷавони кӯҳистонӣ шарафёб шудан ба квотаи яке аз донишгоҳҳои бонуфузтарини Аврупо шарафу ифтихор аст ва на ҳама дар чунин озмун қобилияту тавон ва ҷуръати иштироку бурдро дорад.

Тариқи квота ба донишкадаи мазкур дохил мешавад. Баъди хатми зинаи бакалавриат таҳсилро дар ҳамин самт давом медиҳад. Магистратураро низ бомуваффақият хатм мекунад. Баҳрӣ мегӯяд: - “Оид ба карераи илмӣ фикр накарда будам ва идомаи кор дар ин самт ҳам дар зеҳнам набуд. Вале замоне, ки болои рисолаи магистрии худ таҳти роҳбарии устодону мутахассисони варзидаи кафедраи равандҳои сиёсии ҷаҳонии МГИМО кор кардам, ба хулосае омадам, ки ман бояд тадқиқотамро дар ин самт идома диҳам. Ба назарам чунин менамуд, ки бисёр тамоюлҳо, равандҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба қадри кофӣ омӯхта нашудаанд. Барои ҳамин, таҳсилро дар донишгоҳ давом додам.

Дар роҳи илм


Баъди хатми магистратура озмуни миёни донишҷӯёни хориҷи кишвар барои таҳсили рӯзона дар аспирантура ба Баҳрӣ Баҳриев имкони дубораи таҳсилро фароҳам овард. Соли 2018 аспирантураро бо ихтисоси масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, рушди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ хатм намуд. Моҳи июни соли 2019 дар Шӯрои диссертатсионии МГИМО рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Нақши механизмҳои дипломатияи ҷамъиятӣ дар рушди ҳамкории байналмилалии давлатҳои Осиёи Марказӣ” бомуваффақият ҳимоя карда, сазовори унвони номзади илмҳои сиёсӣ гардид. Дар давоми таҳсили баъдидипломӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул гардида, ба бакалаврҳо ва магистрантҳои факултаи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсатшиносии МГИМО дарс додааст. Аз охири соли 2019 то имрӯз ӯ ба ҳайси корманди илмӣ ва устод дар кафедраи равандҳои сиёсии ҷаҳонии МГИМО фаъолият мекунад. То имрӯз чандин мақолаву гузоришҳои илмиаш дар Русияву Тоҷикистон ба нашр расидаанд. Пажӯҳишоти илмии Баҳрӣ асосан ба таҳлили падидаи “нерӯи нарм”, дипломатияи ҷамъиятиву фарҳангӣ, сиёсати симоофарии кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд.

Ба суоли он ки чаро дар Ватан фаъолият намекунед, қаҳрамони мо чунин ҷавоб дод:

- Воқеан, баъди ҳимояи рисолаи илмӣ нияти ба Тоҷикистон баргаштанро доштам, вале аз МГИМО пешниҳоди кор гирифтам. Банда инро як имконияти хеле хуб барои мустаҳкам кардани донишу таҷриба ва боло бурдани сатҳи дастовардҳои илмиву таҳлилии худ қабул кардам. Дар кафедрае, ки кор мекунам, фазои илмии хеле гарму дӯстона, вале дар айни ҳол пуррақобату корӣ дорад. Албатта ин як муҳаррики хубе барои инкишофи кордонӣ дониста мешавад.

Албатта, замоне ба Тоҷикистон бармегардам, вале то он замон ҳар дастоварде, ки хоҳам дошт, бо ишорае ба номи ватану миллатам ёд хоҳад шуд...

Аз дафтари хотирот

“Аввалин хотироте, ки аз замони мактабхонӣ дар хотирам нақш бастааст, ин рӯзи “Иди алифбо” буд. Аз ғояти ҳаяҷон дар ҳузури хешовандону наздикон шеъри азхудкардаамро фаромӯш кардам. Дар ҳоле, ки дар қатори бачаҳои донову зирак қарор доштам ва зиёд таърифам мекарданд. Ростӣ, он ҳангом хеле хиҷолат кашида будам. Аз он рӯз ба баъд ҳамеша ба ҳамаи ҷузъиёти кӯчактарин диққат медиҳам. Бо гузашти беш аз ду даҳсола имрӯзҳо ҳам дар вақти ширкату суханронӣ дар конфронсҳои илмӣ бо ҳиссиёти аҷибу гарм он рӯзро ёд мекунам.


Бузургтарин хотирае, ки асло фаромӯш нахоҳам кард, ин иштирокам дар олимпиадаи ҷумҳуриявист, ки соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд. Ба ман гуфта буданд, ки ин ҷо сазовори ҷойи аввал гаштан, қариб номумкин аст ва як ҷавони кӯҳистонӣ ҳеҷ имконияти ғолиб омаданро надорад. Бо вуҷуди оне ки падару модарам ба қувваю донишам боварӣ доштанд, вале ин овозаҳо ба ман беътасир намонд, каме руҳафтода шудам. Имтиҳон шаффоф гузашт ва аз байни хонандагон ману мактаббачае аз шаҳри Кӯлоб холи баланду баробарро соҳиб шудем. Ёд дорам, ки барои муайян кардани довталаби ҷойи аввал маротибаи дуюм аз мо имтиҳон гирифтанд ва ин дафъа дар озмун ғолибиятро ман ба даст овардам. Вале лаҳзаи аз ҳама ҷолибу хотирмони ин воқеа дар он аст, ки вақте дар толори калон ҳама мунтазири шунидани номи худу интизори медалу мукофот ва дар ҳаяҷон буданд, номи рақибам чун ғолибу сазовори медали тилло эълон шуд. Ҳамаи наздиконам ва бештар аз ҳама худам низ аз шунидани ин эълон сахт ҳайратзада шудем. Муаллимаи азизам - Мақбулшоев Булбул (равони покашон шод бод) аз дастам гирифтанду ҳардуямон тарафи минбар давидем ва дунафара бо овози баланд дод зада, изҳори норозигӣ кардем. Вазири маорифи онвақта ҷаноби Абдуҷаббор Раҳмонов аз минбар сӯи мо нигариста, чӣ ҳодиса рух доданро пурсид. Баъди чанде маълум гашт, ки дар рӯйихати хонандаҳо ба хато роҳ додаанд. Иштибоҳро ислоҳ карданд ва дар ҳузури ҳамагон маро бо медали тилло мукофотониданд. Ин ҳодиса баъдан дар забони мардуми Ишкошиму Вахон гӯё ба афсона табдил гашт: дар мактабу роҳравҳо дар нӯги забонҳо нақли ин воқеа давр мезад, ки чӣ тавр ман-мактабхоне аз деҳоти дурдаст ҷуръат карда, бо муроҷиат ба Вазири маориф аз ғолибияти худ дифоъ намуд.

Аз ин воқеа ба ду хулоса расидам: якум, агар дигарон кореро номумкин шуморанд, он на ҳатман ба шумо дахл дорад, шояд барои шумо калимаи “номумкин” вуҷуд надошта бошад. Дуюм, чизе ки моли шумост ва ҳаққи ҳалолатон аст, барои ба даст оварданаш кӯшиш кунед ва то охирин имконият барои ҳаққатон мубориза баред, ҳатман муваффақ мешавед, зеро ҳақиқат ҳамеша пирӯз аст.

Солҳои аввали донишҷӯӣ ба хотирам омад. Аз сабаби мушкилоти забонӣ ва зиндагӣ дар муҳити нави фарҳангӣ ману дигар ҳамкурсони тоҷикистониам зиёд зери тамасхури ҳамкурсони ғайритоҷик қарор мегирифтем. Ҳарчанд онҳо шӯхӣ мекарданд, вале мо озурда мешудем. Дониши мактабиамон дар қиёс бо донишҷӯёни москвагӣ ва хориҷиёни дигар хеле заиф менамуд. Барои ҳамин, барои омӯхтани забони русӣ аҳамияти зиёд додем. Дар курсҳои сеюм ва чорум вазъият билкул дигар шуд. Бархе ҳамсабақон аллакай ба муваффақияту баҳоҳои баланди мо ҳасудӣ мекарданд. Вақте дар байни ин қадар донишҷӯ аз давлатҳои мухталиф номҳои моро дар қатори беҳтаринҳо мехонданду аз куҷо буданамонро таъкид мекарданд, хушҳол шуда ва аз ҳаяҷон меболидем.

Дар чунин маврид ҳисси ифтихору сарбаландӣ на танҳо барои худат, балки барои миллату ватанат туро фаро мегирад. Одам дар чунин маврид дарк мекунад, ки симо ва обрӯи давлату миллат аз ҳар як шаҳрванди он дар алоҳидагӣ вобаста аст. Махсусан, дар Русия, ки дар он нисбат ба шаҳрвандони кишвари мо назарҳои манфӣ зиёдтар ба чашм мерасад. Бинобар ин, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар як навъ захираи “нерӯи нарм”- и кишварамон маҳсуб меёбад. Ҳар як тоҷики берун аз ватан масъулияти бузурги муаррифигарии миллаташро ба дӯш дорад" – мегӯяд Баҳрӣ Баҳриев.

Мо – аҳли эҷоди сомонаи Halva.tj ба Баҳрӣ Баҳриев комёбӣ ва дастовардҳои нав таманно дорем.




"Мутахассиси IT бо ракетка": Рухшона Нарзуллоева дар бораи бадминтони бузург

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед