Ru  | Tj
Рекорди варзишӣ баъд аз 62-солагӣ. Варзишгари солманд ҳар рӯз 1000 бор болофишорӣ мекунад
Рекорди варзишӣ баъд аз 62-солагӣ. Варзишгари солманд ҳар рӯз 1000 бор болофишорӣ мекунад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Рекорди варзишӣ баъд аз 62-солагӣ. Варзишгари солманд ҳар рӯз 1000 бор болофишорӣ мекунад

Нашр шуд

Сарашо Қувватови 64-сола ҳар рӯз 1000 маротиба бо пой болофишорӣ (нижний пресс) иҷро мекунад. Ӯ як тан аз  варзишгарони собиқадори тоҷик буда, дар синни 62-солагӣ дар 1 соату 40 дақиқа 2100 бор болофишорӣ бо пой иҷро карда, рекорди нав гузошт. Паҳлавони тоҷик натиҷаи назарраси варизиширо дар бошгоҳи байнулмилалии рекордгузориҳои ҷаҳонии “Интерстронг”-и Русия нишон дода, бо диплом қадрдонӣ шуд. Боварнакарданист, ки варзишгари солманд баъди зарбхӯрии сутунмуҳра ва аз роҳгардӣ мондан руҳафтода нашуда, солҳои дароз ба варзиш рӯ оварда, ба чунин дастоварди бесобиқа дастёб шуд. Дар соли сипарӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши вобастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба рӯйхати 5 варзишгари беҳтарин миёни собиқадорон ворид кард.

Муаллифи Halva.tj бо Сарашо Қувватов ҳамсуҳбат шуда, дар хусуси таърихчаи соҳиб шудан ба нишондоди бесобиқа, аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ барои беҳбеди саломатӣ ва роҳҳои халосӣ аз дарди мушакҳои миён пурсон шуд.  

КАМВАЗНӢ ВА КӮШИШИ БА САФИ АРТИШ ПАЙВАСТАН

Сарашо Қувватов зодаи деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ мебошад. Ӯ яке аз камвазнтарину чолоктарин куштигирони наврас дар деҳа буд. Орзу  мекард, ки варзишгари номдор шавад. Дар синфи 10-ум таҳсил мекарду ҳамагӣ 38 кг вазн дошт. Сарфи назар аз ин дар тӯйу маъракаҳо бо бачаҳои аз худаш калону вазнин натарсида куштӣ мегирифт. Аксари вақтҳо дастболо мешуд ва аз чолокии Сарашои наврас ҳамагон дар ҳайрат мемонданд. Баъди хатми мактаб вақти ба сарбозӣ рафтанаш фаро мерасад, аммо аз лиҳози камии вазн мушкиле пеш меояд. 

“Дар солҳои Шуравӣ ба вазни даъватшавандагон таваҷҷуҳи хоса медоданд. Вазни ман аз рӯйи меъёр 6 кг камӣ мекард. Комиссариат қабулам накард, руҳафтода нашуда, бештар ба варзиш рӯ овардам. Дар даъвати дигар исрор кардам, ки вазнамро изофатар нависанд, то ба сафи артиши шуравӣ дохил шавам. Ҳамин тавр, ба сарбозӣ қабул шуда, дар шаҳри Волгогради Русия ба хидмати ҳарбӣ пардохтам. Дар хидмат бо мураббии варзиш, ки як марди осетин буд, шинос шудам. Аз ӯ чанд маротиба хоҳиш кардам, ки маро ба шогирдӣ қабул кунад, аммо вай рад мекард”, - нақл кард қаҳрамони мо.
ЧӢ ГУНА САРБОЗИ ХУРДҶУССА ПАҲЛАВОН ШУД?

Он мард ба Сарашо мегуфт, “аз ту барин одами хурдҷусса варзишгар намебарояд”. Ба ин ҳукм нигоҳ накарда, сарбози тоҷик бисёр мехост, ки бо ин варзишгари тануманд машқ кунад. Мураббӣ аз ҳавсалаи беохир ва руҳи бешикаст доштани Сарашо ба ваҷд омада, саранҷом ӯро ба шогирдӣ гирифт. Давоми ду соли хидмат ҳар пагоҳӣ якҷо 12 км давиданд. Дар милсутун (турник) овезон шуда, дар миллаҳои мувозӣ (бруся) баданро обутоб доданд. Барои баланд шудани қад машқҳои махсусро иҷро карданд. Дере нагузашта, қади Сарашо аз  ҳамсафон, ки аз 11 кас иборат буд, баландтар шуд. Яъне қаду қомати сарбози навҷавон маҳз дар хидмат афзоиш меёфт. Дар рӯзҳои охири хидмат вазнаш ба 80 кг расида, аз ҳисоби машқу тамрин қавитан шуда буд.

- Вақте ба зодгоҳ баргаштам, вазни холиси варзишиам 80 кг буд. Маро ҳангоми расидан ба Ванҷ домод (язна) ҳамроҳӣ кард. Ӯ худрави геологӣ дошт, ки дар чаҳорчӯби сафари илмии олимони рус ба Бадахшон кор мекард. Вай ба додаронам маро нишон дода, гуфт, ки ин ҷавони паҳлавон осетин ва устои кӯҳкан аст. Додаронам, ки дар синфи 6-7 таҳсил мекарданд, гирдам гашта шуда, бо забони тоҷикӣ мегуфтанд, ки андоми базебу варзишӣ доштааст. Онҳо маро нашинохтанд. Ягона шахсе, ки маро шинохт, модари азизам буд. Ӯ маро дидан замон гуфт: “Дар симои паҳлавони кӯҳкан чеҳраи гарми писарамро мебинам. Калаву кандаи бачаи ман. Лекин садқаи бачаам шавам, ки чени як дасти ин паҳлавон намебаромад. Бачаам дар аратиш асту хеле майда”. Ман тоқат накарда, “оча”-гӯён овоз баровардам. Модарам аз ҳаяҷону хурсандӣ беҳуш шуд. Ба рухсароҳояш об пошидем, - қисса кард ин варзишгари тоҷик.

ОҶИЗИИ ҶАРОҲАТ ВА МАТОНАТИ ИНСОН

Сарашо Қувватов пас аз адои хидмати ҳарбӣ барои дарёфти имконияти бештар ба шаҳри Душанбе меояд. Дар омӯзишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ бидуни супоридани имтиҳонот дохил шуд. Бо чанд сабаб натавонист, ки таҳсилро давом диҳад. Лекин аз варзиш дур нашуд. Куштигирӣ як ҷузъи муҳими ҳаёташ буд. Дар мактаби устодони варзиши ҷумҳурӣ Давлатшо Охиров, Шариф Сулаймонов ва Мурувватшо Бачабеков машқу тамрин мекард. Дар маъракаҳои куштигирӣ ва мусобиқаҳои расмӣ ширкат варзида, бо паҳлавонони маъруфи кишвар ба майдон баромада, қувва меозмуд. Баҳори соли 1997 дар мусобиқаи калоне, ки дар шаҳри Хоруғ барпо шуда буд, ширкат варзида, сутунмуҳрааш зарбаи ҷиддӣ мехӯрад. Аз ин рӯ барои муолиҷа ба шаҳри Маскав меравад.

“Вақте Маскав рафтам, роҳ гашта наметавонистам. Додаронам дар шаҳри Маскав буданд ва маро ба Маркази пизишкиву барқарорсозии Дикул бурданд. Ин яке аз марказҳои машҳури табобатии осебҳои сутунмуҳра, чурра (грыжа)-и муҳраҳо ва дигар бемориҳост, ки онро Валентин Дикул таъсис додааст. Дар рӯзҳои аввали табобат худи Дикул ба ман суханони оташину руҳангез мегуфт: “Агар ҷуръату хоҳиш надошта бошӣ, то хири умр дар бистар мехобӣ!” Қарор додам, ки машқҳои заруриро иҷро кунам, сарфи назар он ки чӣ қадр мушкилу сангин бошад ҳам. Дар пой оҳан гузошта, болову поён мебурдам. Машқҳои нишондодаи Дикулро бонизом иҷро карда, оҳиста-оҳиста ба по хестам. Аз ҳисоби тамрини зиёд мушакҳои шикаму миён бақувват шуд. Баъд аз машқҳои зиёд бе ягон мушкил хаму рост шуда метавонистам”, - илова кард Сарашо Қувватов.
НАТИҶАИ БЕНАЗИР БАЪД АЗ ЗАРБХӮРИИ СУТУНМУҲРА

Қаҳрамони мо рӯзе ба Дикул занг зада, пешниҳод кард, ки дар назди  сардори бошгоҳи байнулмилалии рекордгузорон “Интерстронг” В. Шанкин рекорди нав мегузорад. Сарфи назар аз он ки аз ҷароҳоти сутунмуҳрааш, ки беш аз 20 сол сипарӣ шудааст, ҳоло ҳам осори он эҳсос мешавад. Ин далел садди роҳи варзишгар нашуд. Хост, то исбот кунад, ки шахси соҳибирода ба ҳар мақсад ноил мешавад. Рӯзи гузоштани рекорд фаро расид. Сарашо Қувватов дар миёни доварони сатҳи ҷаҳонӣ дар тӯли 1 соату 40 дақиқа дар курсии варзишӣ нишаста, пойҳояшро 2100 маротиба ба шикам расонда, рекорди навро ба номаш сабт кард. Гуфта мешавад, ки нишондоди мазкур дар ин синну сол ғайримумкин аст.


- Дар 1 соату 40 дақиқае, ки 2100 маротиба бо пой болофишорӣ кардам, ҳама ҳайратзада шуданд. Дикул низ ҳайрон монда гуфт, барои ин корро иҷро кардан одам бояд ду дил дошта бошад, дар ин амал кори як муҳаррик тобовар нест. Бале, барои иҷрои ин қадр болофишорӣ ҷигару гурдаи солиму қавӣ бояд дошта бошӣ. Фишори хунат низ дар меъёр бояд бошад. Агар дил, ҷигар ва гурдаам беқувват мебуд,  200-300 бор ҳам поямро боло бурда наметавонистам, - шарҳ дод варзишгари собиқадор.

БА ҒАЙР АЗ ҶАРРОҲӢ БОЗ ЧӢ РОҲИ ХАЛОСӢ АЗ ДАРД  ҲАСТ?

Сарашо Қувватов, ки чанде пеш ба 64-солагӣ расид, ин рӯзҳо низ дар толори варзишии “Ганҷина”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба тамрини бадан машғул аст. Ҷавонони толор ба қобилияти варзишии қаҳрамони мо боҳавас дида медӯзанд. Вай ба ҷавононе, ки аз дарди чурраи сутунмуҳра азоб мекашанд, маслиҳат медиҳад, ки роҳи халосӣ аз ин дардро дар ҷарроҳӣ кардан набинанд.

- Агар шахс машқу тамрин накунад, бавижа бо пой болофишорӣ накунад, мушакҳои миёнаш беқувват мешавад. Пасон дарди чурра (грыжа) ба асаб таъсир мерасонаду дарди ҷонкоҳе пайдо мешавад. Дар ин сурат ҷарроҳӣ шонси охирони наҷот нест. Вақте мушакҳои миёнро бо тамрин қавӣ мекунем, дар сутунмуҳра ягон дард пайдо намешавад. Ҳар рӯз аз соатҳи 9 – 11 дар толор бо машқҳои хампазирӣ (растяжка) машғул мешавам. Оҳан бардошта, мушакҳои дасту гарданро обутоб намедиҳам. Бештар барои машқи мушакҳои шикаму миён мутаваҷҷеҳ шуда, бо сутунмуҳра кор мекунам.


ДАРДҲО ПИРУ ҶАВОНРО ҶУДО НАМЕКУНАД

Сарашо Қувватов аз солҳои нимаи асри гузашта ёдоварӣ карда, мегӯяд, ки мӯйсафедон ба дарди сутунмуҳра гирифтор шуда, қоматашонро каме хам карда мегаштанд. Яъне ба табобат ё машғулияти ҷисмонӣ машғул нашуда, каме хам шуда мегаштанд, то дарди сутунмуҳраро эҳсос накунанд. Аз ин рӯ барои ба дарди миён мубтало нашудан иҷрои машқҳои доимии хампазирӣ роҳи беҳтарини раҳоӣ аз дардҳои сутунмуҳра аст. Мавсуф ба ин назар аст, ки дардҳо пиру ҷавонро ҷудо намекунад, ба вуҷуди ашхосе, ки тарзи ҳаёти камфаъол дорад, бештару зудтар пайдо мешавад.

- Чанде пеш як ҷавон ба ман муроҷиат карда, гуфт, ки 1 сол боз бо мушкил аз ҷойи нишаст рост мешавад. Аксари вақтҳо бо кумаки дасти оилааш мехезад. Бо харҷи чанд ҳазор сомонӣ доруву дармон гирифт, аммо аз дарди миён пурра халос нашуд. Ҷарроҳӣ карданӣ шуд. Хайрият, бо ман пеш аз ҷарроҳӣ кардан дидор кард. Ҳамроҳ як ҳафта машқ кардем, нишон додам, ки мушакҳои миёну шикамро чӣ гуна бояд қавӣ кард. Пас аз як моҳи ба таври доимӣ машқ кардан вазъи саломатии ҷавон беҳтар шуд. Ба ӯ фаҳмонидам, ки агар танро мудом машқ надиҳӣ, пурра сиҳат намешавӣ, - афзуд кард Сарашо Қувватов.

Писари қаҳрамони мо – Орзуҷон низ варзишгар буда, дар риштаи самбо машқ мекунад. Ӯ боре хост, ки мисли падараш бо пой болофишорӣ кунад. Тақрибан пас 100 маротиба такрор кардани ин амал хеле хаста шуд. Баъдан ба қиблагоҳӣ гуфт: "Падарҷон, аҳсану офаринатон! Чӣ гуна шумо ҳар рӯз ҳазор "пресси по" мезанед. Ман натавонистам".


НИЯТИ СОҲИБ ШУДАН БА НИШОНДОДИ НАВИ БЕСОБИҚА

Қаҳрамони мо мегӯяд, сабақҳои ҳаёт нишон дод, ки ҷароҳатҳои вазнинро низ метавон бо машқу тамрин пушти сар кард. Баъд аз ҷароҳат бардоштан аз ҳаёт дилмонда нашуда, мубориза бурдам. Худам худамро ба по хезонидам.

Агар касе хоҳад, ки тарзи дуруст машқу тамрин додани мушакҳои миёну шикамро омӯзад, Сарашо Қувватов омода аст, ки ройгон барои хоҳишмандон донишу таҷрибаашро ҳисса кунад. Вай ин рӯзҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва гоҳе Маскав зиндагӣ мекунад. Ният дорад, ки агар саломатияш бардавом бошад, 10 ҳазор бор бо пой болофишорӣ иҷро карда, натиҷаи нави бесобиқаро ба номи худ муҳр занад. Ҳамзамон машқу тамринро идома дода, дар Ҷоми ҷаҳонии ҷудо миёни собиқадорон дар вазни 81 кг ширкат варзида, парчами Ватанро барафрохтанист. Ӯ ин амалро ба хотири боз ҳам дар арсаҳои баланд муаррифӣ кардани Тоҷикистон иҷро карданист.


 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед