Ru  | Tj
Сегонаи русӣ дар дастаи "Хуҷанд": Таассуроти легионерон аз Тоҷикистон ва футболи тоҷик
Сегонаи русӣ дар дастаи "Хуҷанд": Таассуроти легионерон аз Тоҷикистон ва футболи тоҷик

Сегонаи русӣ дар дастаи "Хуҷанд": Таассуроти легионерон аз Тоҷикистон ва футболи тоҷик

Нашр шуд

Дар мавсими Ҷоми Тоҷикистон-2024 се футболбози русиягӣ ба дастаи “Хуҷанд”, ки яке аз тимҳои пешсафи Лигаи олии ҷумҳурӣ мебошад, пайвастанд. 

Муаллифи Halva.tj бо Сергей Тсканян, Артём Сердюк ва Дени Далиев, легионерҳои нави дастаи "Хуҷанд", ки дастпарвари клубҳои футболи Русия мебошанд, ҳамсуҳбат шуду таассуроташоро аз вазъи футболи тоҷик ва махсусияти мардуми Тоҷикистон пурсид.

“Гумон доштам Тоҷикистон ақибмонда аст, аммо воқеият дигар”

Сергей Тсканян дар шаҳри Горячий Ключи минтақаи Краснодар таваллуд шуда, дар дастаи «Кубани» футболи касбиро омӯхтааст. Чанд сол дар бозиҳои Ҷоми Краснодар маҳорати футболбозиро такмил додааст. Бобо, амак ва бародари ӯ низ футболбоз ва мураббии ҳирфаӣ  будаанд. Ба Сергей низ маҳз футбол шавқангез буд.  Пас аз дастаи "Кубани" дар ҳайати дастаҳои "ГНС-Спартак”, “Туапсе” ва “Динамо” (Ставропол) ҳунарнамоӣ кардааст.


Моҳи марти соли 2022 бо клуби футболи “Хуҷанд” шартномаи ҳамкорӣ баст. Дар он мавсим бозии хубе нишон дод. Баъдан дар дастаи “Абдыш-Ата” (Қирғизистон) ва аз 1-уми сентябри соли 2023  дар клуби  футболи “Кубан Холдинг” (ноҳияи Павловский)  бозӣ кардааст. Зимистони соли 2024 дуюмбора ба «Хуҷанд» пайваст, ки муҳлати шартномааш то охири мавсими 2024 мебошад.

Бояд гуфт, ки Сергей Тсканян дар ҳайати дастаи футболи “Хуҷанд” соли 2022 барандаи нишони биринҷии Лигаи олӣ гардида буд. Нимҳимоятгари рус дар мавсими Ҷоми Тоҷикистон – 2024  боз ба дастаи футболи “Хуҷанд” пайваст. Вай дар мавсими 2022 26 бозӣ гузаронида, 4 голро ба самар расонида буд.  Ҳамзамон, дар Ҷоми КФО 2022 бозии хуб нишон дода, дар Чемпионати Тоҷикистон ба нишони биринҷӣ ноил шуда буд.

- Интихоби хато накардам, ки ба «Хуҷанд» пайваста будам. Ҳамон вақт тасмимамро сармураббии “Динамо”, Валерий Чичикоевич хуш қабул карда буд, ки барояш сипос мегӯям. «Хуҷанд» клубест, ки доимо ҷоизадори Ҷоми Тоҷикистон мешавад ва дар Ҷоми КФО низ бозӣ мекунад. Ин вижагӣ имкон медиҳад, ки даста аз лиҳози молӣ кумак ёбад.
Ӯ  дар оғози соли равон низ бо директори клуби футболи “Хуҷанд”, Фаррух Марофиев ҳамсуҳбат шуда, розӣ шуд, ки бори дуюм ба ин даста ҳамроҳ шавад ва ба Тоҷикистон ояд. Ӯ алакай дар миёни футболбозони тоҷик ва сокинони шаҳр дӯстони зиёде ёфтааст. Дар ҳамкасбони тоҷикаш ҳисси меҳнатдӯстиро бештар мебинад.  Меҳмондӯстӣ ва инсондӯстии мардуми тоҷик дигар барояш ошност. 


- Ба пешрафти футболи тоҷик назари мусбат дорам. Дар қиёс ба соли 2022 дар футболи тоҷик системаи VAR  (ëвари довар дар футбол тариқи навор) пайдо шуд, ки хуб аст. Ҳамзамон, майдонҳои бозӣ беҳтару хубтар шуданд. Муквофиқи талаботи футболи муосир дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” таҷҳизоти нурафкан (прожектор) насб карда истодаанд. Ин навгонӣ имкон медиҳад, то бозиро дар рӯзҳои гарми тобистон шабонгоҳ гузаронанд ва ҳамзамон бозии бароҳати футболбозонро таъмин намоянд. Чунин меҳисобам, ки дар Тоҷикистон футбол  рушд дорад.

Аслан, Сергей то замоне, ки ба Тоҷикистон омад, дар бораи ин кишвар тасаввуроти дурусте надошт. Гумон мекард, ки ба яке аз мамлакатҳои ақибмонда равон аст. 

“Вақте аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе берун шудам, дар тааҷҷуб мондам. Худро дар оғӯши шаҳри зебо, гулпӯш ва хушманзарае дарёфтам. Фикрам дар бораи Тоҷикистон дигар шуд. Хуҷанд низ хеле шаҳри зебост ва  маконҳоии тамошобоб ва дӯстдоштании зиёде дорад.  Имрӯзҳо даври ¼ ниҳоии бозиҳои  Ҷоми Тоҷикистон - 2024 дар минтақаҳои гуногуни кишвари офтобӣ ҷараён дорад. Аз ин лиҳоз, ба минтақаҳои гуногуни он сафарҳо доштему дорем. Бароям кӯҳҳои сарбаланд ва одамони некхоҳу меҳмондӯсти Тоҷикистон ҷолиб аст.    Маҳз ин ҷо дидам, ки чӣ гуна дар қалби баландкӯҳҳо нақбҳои дарозро кандаанд. Аз хӯрокҳои миллии тоҷикӣ оши палавро хеле дӯст доштам. Ростӣ, на дар ҳар манотиқи Русия чунин роҳу манзараҳои ҳайратангезро дидан ва хӯрокҳои лазизро чашидан мумкин аст”, - афзуд футболбоз.
Қаҳрамони мо ният дорад, ки мавсимро бо барор ба охир расонад. Ҳамчунин, бар ин бовар аст, ки минбаъд низ муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия  беҳтару бештар мешавад.

Артём Сердюк: “Агар сифати майдонҳои бозӣ боз ҳам беҳтар шавад...”

Артём Сердюк ҳамагӣ 9 сол дошт, ки риштаи футболро ба таври қатъӣ интихоб карда буд. Дастпарвари дастаи СДЮШОР-и шаҳри Салски вилояти Ростов мебошад.

“Дар риштаҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла, дар соҳаҳои кӯштии ҷудо ва каратэ  тавоноии худро санҷида будам. Дарк кардам, ки ин намудҳои варзиш барои ман нест. Бобоям роҳнамоӣ кард, ки дар футбол худро санҷам. Ҳамин тариқ, риштаи футболро ҷиддан интихоб карда, ба он чун пешаи асосӣ муносибат кардам”, - ба ёд меорад футболбоз.

Дар солҳои аввали корномаи футболбозиаш дар ҳайати дастаҳои  “Ростов”, “Таганрог”, “Торпедо” Армавир, “Балтика” (Калининград), “Факел” (Воронеж), “Волга” (Уляновск), “Слутск” (Беллорусия) ҳунарнамоӣ кардааст. 

Артём Сердюк соли 2021 дар ҳайати клуби футболи “Хуҷанд” ҳунарнамоӣ мекард. Ӯ дар он мавсим ҷоизадори Ҷоми Тоҷикистон ва соҳиби нишони нуқра гардида буд. Ҳамчунин, аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти мавсим  соҳиби ҷоизаи Беҳтарин легионери лигаи олӣ шуда буд. Дуруст аст, агар гӯем, ки дар ҳайати ин бошгоҳ ба натиҷаи назаррас ноил шуда буд. Мисол, таърихи 9-уми декабри соли 2021 дар бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Хуҷанд” 0:2 дар дақиқаи 117-уми вақти изофӣ  муаллифи гол шуда буд.


Баъдан боз гузариш карда, дар охири моҳи декабри соли 2021 то нимсолаи аввали соли 2023 ҳамчун аввалин футболбози рус дар Ҷоми Баҳрайн дар ҳайати дастаҳои «Ал-Аҳлӣ» ва “Ал - Риффа” бозӣ кард. Аз моҳи июли 2023 то охири сол бо дастаи “Мурас Юнайтед” (шаҳри Ҷалолобод, Қирғизистон) шартномаи ҳамкорӣ баст. Ӯ дар аввали соли равон аз ҳайати дастаи қирғизистонӣ ба дастаи "Хуҷанд" гузариш кард ва ба муҳлати 1 сол шартнома ба имзо расонид. Ҳамлагари рус дар мавсими Ҷоми Тоҷикистон-2024 аз бозингарони калидии ин бошгоҳ дониста мешавад.

- Бо шарофати омӯзиши фанни ҷуғрофиё дар бораи Тоҷикистон камубеш маълумот доштам. Аммо аз фарҳанг, урфу одати мардуми тоҷик огоҳ набудам. Бори нахуст агенти соҳаи футбол Владимир Осипов сабаб шуд, то ба клуби “Хуҷанд” гузариш кунам. Бо он далел, ки даста дар Ҷоми КФО ширкат меварзад,  қарори гузариш қатъӣ шуд. Бо футболбози рус - Макс Грек, ки он сол дар даста бозӣ мекард, тамос гирифтам. Ӯ гуфта буд, ки биё таърихсозӣ хоҳем кард. Ба Хуҷанд омадам, аз меҳмондӯстии тоҷикон ва нарху навои маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳайрат афтода будам. Зеро арзиши хӯрокҳо, маҳсулоти хӯрокворӣ, меваҷоту сабзавот нисбат ба Русия тафовут  дошт ва дорад, -  аз гузариши нахустинаш ба “Хуҷанд” ёдоварӣ кард Артём. 

Футболбоз бар ин назар аст, агар вазъи имрӯзи футболро дар Тоҷикистон бо соли 2021 қиёс кунем, он беш аз пеш рӯ ба рушд дорад. Ҳоло шумораи дастаҳое, ки барои гирифтани ҷоиза рақобат мекунанд, афзудааст. Аз нигоҳи вай, дар сурате, ки  сифати майдонҳои бозӣ боз ҳам беҳтар мешавад, соҳа дучанд рушд мекунад. 

“Қариб ду сол мешавад, ки дар Тоҷкистон корномаи варзишиамро пеш мебарам. Дар ин вақт лаҳзаҳои ҷолибу хотирмонеро паси сар кардам. Дар хориҷа ҳам вақте легионер ба бошгоҳе меравад, ба вай суханҳои кӯчагӣ ва ба ҳадде қабеҳро ёд доданӣ мешаванд. Ҳоло  бароям каме душвор аст, ки бо сокинони шаҳри Хуҷанд бо забони тоҷикӣ озод гуфтугӯ кунам, аммо гӯиши онҳоро андак-андак мефаҳмам. Ҳамдастаҳоям бачаҳои хубанд, фазои дӯстонае дорем.  Нақшаи ягона дар риштаи футбол он аст, ки дар соли минбаъда ба Ҷоми КФО роҳ ёбем ва бо задани голҳо табъи мухлисонро шод созем” – гуфт Артём Сердюк.

Дени Далиев: “Ҳатто дастае камқуввае метавонад, ки ҳарифро хаставу мағлуб созад”

Дени Далиев дастпарвари мактаби футболи шаҳри Грознийи Русия мебошад.  Ӯ 23-юми марти соли ҷорӣ ба ҳайати клуби футболи "Хуҷанд" шомил шуд. Футболбоз қаблан дар дастаҳои "Торпедо" "Динамо”, "Черкесск",  "Ангушт", "Легион", "Терек-2 Грозний" ва "Ростов II" ҳунарнамоӣ кардааст. Дар шартномааш зикр шуда буд, ки   то охири 1-ум даври Ҷоми Тоҷикистон-2024 дар ҳайати дастаи “Хуҷанд” бозӣ мекунад.  


- Бале, то 3-юми июли соли равон дар ҳайати дастаи "Хуҷанд" бозӣ кардам. Баъдан бо сабабҳои оилавӣ ба Ватан баргаштам. Дар ҳайати  “Хуҷанд” 11 бозӣ гузаронида, 1 гол задам. Дар ин вақти начандон зиёд фазои клуб ва муҳити шаҳри Хуҷанд бароям маъқул шуд.  Роҳбарияти клуб барои саҳми кӯчакам изҳори сипос карда, дар идома барои пеш бурдани корномаи варзишиам комёбӣ хост, - иброз дошт Дени.  

   

Ба ин футболбози рус низ меҳмоннавоз ва некхоҳ будани халқи тоҷик писанд омадааст.  Ӯ дар баробари ба Тоҷикистон омадан дарк кард, ки бархе ҳамватанонаш нисбат ба Тоҷикистон фикрҳои шахшуда доштаанд.  

“Аксарият дар Русия гумони нодуруст дар сар доранд, гӯё  Тоҷикистон кишварест, ки ҳеҷ дороӣ надорад. Мардумаш дар биёбон фақирона умр ба сар мебарад. Вақте ба ин кишвар омадам, пай бурдам, ки чунин фикри хомро онҳое дар тасаввур доранд, ки боре ҳам  ба мамлакати офтобии Тоҷикистон наомадаанд. Дар асл, мардум зиндагии осоиштае дорад. Ба ман хӯрокҳои миллии тоҷикӣ маъқул шуд, зеро онҳо ба хӯрокҳи миллии қафқозӣ монандӣ доранд. Дар робита ба футбол гуфтаниям, ки Тоҷикистон футболбозони хеле хуб дорад ва дастаи камқуввае низ метавонад, ки дар рафти бозӣ ба зидди ҳариф истодогарӣ карда, онро хаставу мағлуб созад”, - изҳор дошт Дени Далиев.      

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед