Ru  | Tj
Сурайёи саҳна. Роҳи комёб шудани як ҳунарпеша
Сурайёи саҳна. Роҳи комёб шудани як ҳунарпеша
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Сурайёи саҳна. Роҳи комёб шудани як ҳунарпеша

Нашр шуд

Сурайё Хоҷазода шурӯъ аз синни хурди мактабӣ дар саҳнаи театр нақшофарӣ мекард. Духтарак ба воситаи бобои ҳунармандаш Рустам Эркабоев, саркоргардони вақти Театри мазҳакаи мусиқӣ ба номи Александр Сергеевич Пушкини шаҳри Ленинобод (Хуҷанди ҳозира) ба дунёи театр роҳ ёфта буд. Бори нахуст соли 1985 дар намоишномаи «Арӯси шаҳрӣ» нақши хоҳараки қаҳрамони асосиро иҷро карда буд. Он Сурайёи кӯчак бо гузашти беш аз 30 сол рӯйи саҳнаи театру синамо бузург шуд. Вай чанде пеш дар Ҷашнвораи 8-уми байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона дар нақши дуюм»-ро соҳиб шуд.

Муаллифи Halva.tj бо Сурайё Хоҷазода перомуни ҳаёт, ҳунар ва театру синамои муосир суҳбат орост.

 

МУҲАББАТ БА ТЕАТР

Сурайё Хоҷазода дар таърихи 22-юми майи соли 1975 дар оилаи серфарзанд ба дунё омад. Вай аз ҳама хурдӣ буд. Нозпарварди хонавода пас хатми муваффақонаи мактаби миёна дар риштаи ҳунарпешагӣ таҳсил кард. Шурӯъ аз соли 1997 ҳамчун ҳунарманди ҳирфаӣ рӯи саҳна нақш меофарад.

- Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ қариб ҳар рӯз ба театр мерафтам. Бобоям Рустам Эркабоев, коргардони театри мазҳака-мусиқӣ ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод буданд. Он кас номи падари азизамро Санъат гузоштаанд. Воқеан, хушбахт будам, чун дар оилае ба дунё омадам, ки аз аҳли ҳунару илм буданд ва қадри онро медонистанд. Мутаассифона, имрӯз дар асре, ки мо зиндагӣ мекунем, то ҳол нисбат ба ҳунару ҳунарманд нигоҳи манфӣ ҷо дорад, ки боиси нигаронист.


 

ҲУНАРНАМОӢ ДАР НАМОИШНОМАИ «ТАБИБИ ПАРРОН»

Яке аз намоишномаҳои театрӣ, ки Сурайё Хоҷазода дар он нақши марказӣ офарид, «Табиби паррон» мебошад. Ин намоишнома аз рӯи пиесаи мазҳаканависи фаронсавӣ Жан-Батист Молер ва тарҷумаи Эгамназар Соҳибназар, Сайидамин Ҷило ба саҳна гузошта шудааст. Cоли равон дар Ҷашнвораи 8-уми байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона дар нақши дуюм»-ро соҳиб шуд, ки барои Сурайё Хоҷазода ғайриинтизор буд.

- Қаҳрамони ман дили пок дорад. Пайваста талош меварзад, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи аҳли хонавода муҳаббат ҳукмрон бошад. Ӯ кӯшиш мекунад, ки тағояш духтарашро ба як марди пир надиҳад. Ҳама чораҳоро меандешад, то духтари тағояш бо ҷавони дӯстдоштааш хушбахт бошанд. Муҳим будани ҳамдигарфаҳмӣ, дӯст доштан ва бовар ба худ аз ҷумлаи чизҳоест, ки ба ҳаёти хушбахтона замина мегузорад, - меафзояд ҳунарпеша.

 

НАҚШ ДАР НАМОИШНОМАИ «КЕЛИНИ ҶОЙДОРӢ»

«Ҳар нақше, ки меофарам, барои ман наздик аст. Баъзан вақт матну амалу ҳаракатҳоро фаромӯш мекунам. Аммо исбот шудааст, ки то ҷое фаромӯшавии матн ба ҳамкор низ вобастагӣ дорад», - ба ин бовар аст ҳамсуҳбати мо. - «Табииист, ки одами зинда баъзан беихтиёр хомӯш мешавад ва ё даступо мехӯрад. Дар ин ҳолат зарур аст, ки мазмуни муколамаи саҳнавиро ба хотир оварда, эҷодкорона ҳарф зад».

Мавзӯи намоишномаи «Келини ҷойдорӣ»-и Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакаи Камоли Хуҷандӣ мубрам буда, дар он масъалаҳои оиладорӣ, иззату эҳтироми ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ба таври мазҳакавӣ ҷо дода шудааст. Сурайё Хоҷазода дар нақши арӯси деҳотӣ кӯшидааст, ки ҳамаи сифатҳои зани тоҷикро инъикос намояд.


- Намоишномаи «Келини ҷойдорӣ» дар бораи духтараки деҳотие мебошад, ки бо амри сарнавишт ба шаҳр келин шуда меояд. Шавҳараш шахси дорои маълумоти олӣ аст. Табиист, ки дар оилаи ҷавон нофаҳмиҳои зиёд рух медиҳад. Барои барҳам нахӯрдани оила хушдомани хонадон нақши муҳим мебозад. Маҳз бо таълиму тарбияи хушдоман келини деҳотӣ ба муҳити хона омӯхта мешавад. Ахиран, писар ба зани худ ошиқ мешавад. Арӯси деҳотӣ барои беҳбудии вазъи оилавӣ аз таҳти дил меҳнат мекунад, бар замми ин меҳрубонӣ ва роҳнамоии хушдоман сабаб мешавад, ки оилаи ҷавон мустаҳкам гардад, - шарҳ медиҳад Сурайё Хоҷазода.

Суҳроб Шехов – саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакаи Камоли Хуҷандӣ буда, бо Сурайё Хоҷазода шиносоии хуб дорад. Мавсуф ҳамкорашро чунин васф кард:

- Сурайё ҳунарпешаи ниҳоят бомаҳорат аст. Ман нақшҳои характернокро дилпурона ба вай месупорам. Ӯ ба ҳар нақш ҷиддӣ муносибат мекунад. Аз соли 2013-ум як лаҳзаеро дар ёд дорам, ки ҳеч фаромӯш намешавад. Мо дар як намошнома якҷоя нақш меофаридем. Чанд вақт пеш аз оғози намоиш Сурайё ҷароҳат бардошта буд. Ӯ нахост, ки намоиш лағв шавад. Бо як азоб дар саҳна ба по истод, нақшашро офарид. Пас аз пӯшида шудани пардаи саҳна аз по афтид. Аслан, ин афтидан заъф ва ё ҷароҳатманд будани вайро нишон надод. Баръакс исбот шуд, ки ӯ ба саҳна ва театр эҳтирому муҳаббат дорад. Бале, вай бештар меҷӯяд, асло аз кораш қонеъ нест, хеле дилтанг аст. Барои иҷрои самимии нақш тамоми қувваву маҳораташро харҷ мекунад. Дар маҷмӯъ, будани чунин ҳунарманд дар театр як бурди ҳар коргардон аст.

 

«ОЛАМИ СИНАМО ДИГАР АСТ»


Соли 1998 филми ҳунарии «Падари маҳтобӣ»-и коргардони номӣ Бахтиёр Худойназаров офарида мешавад. Сурайё мушарраф мегардад, ки дар ин филм ҳамчун дублёри яке аз қаҳрамонҳои асосӣ – Мамлакат, ки онро Чулпан Ҳаматова мебозид, заҳмат кашад. Боиси ифтихори ӯ буд, ки дар як майдони корӣ бо Бахтиёр Худойназаров, Ато Муҳаммадҷонов, Шералӣ Абдулқайсов ва дигар ҳунармандони ҳирфаӣ ҳамкорӣ кунад.

- Олами синамо дигар аст. Ман аввалин бор майдони сабти синаморо айни банаворгирии филми «Падари маҳтобӣ»-и Бахтиёр Худойназаров дида будам. Мутаассифона, шонси дигари ҳамкорию омӯзиш бо Бахтиёр Худойназаров ва Ато Муҳаммадҷонов барин шахсиятҳо иттифоқ наафтод. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз филми «Автобус»-и коргардон Абдулҳай Зокиров метавон ном гирам, ки дар он нақши зани ҳомиларо бозидам. Ба шарофати филми мазкур бо ҳунармандони муваффақ, аз ҷумла Нисо Муҳаммадҷонова, Абдулмуъмин Шарифӣ, Насриддин Нуриддинов, Зарина Хушвақт, Мавлона Наҷмуддинова ва дигар ҷавонон таҷриба омӯхтам. Муҳтавои филм хеле ҷолиб буда, якчанд камбудии зиндагии инсони муосирро бозтоб додааст, - мегӯяд ҳунарпеша.

Коргардони касбӣ Абдулҳай Зокиров низ аз рӯзҳои сабти филми «Автобус» ва ҳамкорӣ бо Сурайё Хоҷазода ёдовар шуд:

- Сурайё ҳунарпешаи хушсалиқа аст. Ман ӯро дар яке аз нақшҳои аввали филми «Автобус» интихоб кардам. Нақши зани ҳомиларо чунон зебову табиӣ офарид, ки ҳар тамошобин бовар мекунад, ки дарвоқеъ ҳомила аст ва дар дохили автобус таваллуд мекунад. Бисёр мехоҳам, ки барояш як филмномае нависам ва ӯ нақши асосиро иҷро бикунад. Ҳунари ба худ зебанда дорад ва ба касе тақлид намекунад.

 

СУРАЙЁИ САҲНА


Орифаниссо Ғафурова, ҳунарпешаи номии театру синамо бо қаҳрамони мо собиқаи беш аз 30-солаи дӯстию ҳамкорӣ дорад. Ӯ дар симои Сурайё дӯст, хоҳар ва ҳамкасби беҳтаринро пайдо кардааст:

- Сурайё инсони ҳақиқӣ аст, ӯ сурайёи саҳна аст. Аз солҳои аввали фаъолият дар театр хотираҳое зиёд дорам. Замоне буд, ки шабро дар театр рӯз мекардем. Ба ҳам рози дил мегуфтем. Вай одами худхоҳ нест, хеле дасткушод аст, аз тақсим кардан наметарсад. Боре ба яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд сафари ҳунарӣ доштем. Намоишномаи “Келини ҷойдорӣ”-ро нишон медодем. Ман нақши модарро мебозидам. Сурайё нақши келинро иҷро мекард. Кадом як имову ишора ё сухани саҳнавӣ сабаб шуд, ки ҳарду аз таҳти дил хандидем. Хумори ханда ба зудӣ гум нашуд, бо як азоб аз ханда худро нигоҳ доштему саҳнаро ба итмом расонида будем. Аслан, ханда дар сенария набуд. Дар таҷрибаи корӣ чунин лаҳзаҳо хеле зиёд аст, ки бо душворӣ аз хандидан худдорӣ карда бошем.

Сурайё Хоҷазода дар камолоти ҳунарӣ қарор дорад. Орзу мекунад, ки мактаби ҳунарии устодонаш Сайрам Исоева, Ислом Саломов ва Саодат Саломоваро давом диҳаду қуллаҳои нави санъатро фатҳ намояд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед