Ru  | Tj
Таҳсил, кор ва муваффақият. Гуланор Атобек дар бораи аудит ва “Алиф Бонк”
Таҳсил, кор ва муваффақият. Гуланор Атобек дар бораи аудит ва “Алиф Бонк”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Таҳсил, кор ва муваффақият. Гуланор Атобек дар бораи аудит ва “Алиф Бонк”

Нашр шуд

Таъсири фазову муҳит, мактаб, донишгоҳ, устодон ва волидону атрофиён барои соҳибмаълумоту коргар шудан то кадом андоза назаррас аст?

Таъсири ҷойи кор, ҳамкорон ва хатоҳои корӣ барои соҳибтаҷриба шудан то кадом андоза назаррас аст?

Мо бо Гуланор Атобек - иҷрокунандаи вазифаи Муовини якуми раиси “Алиф Бонк” доир ба ин таъсирҳо суҳбат намудем.

Оғози як рӯз ва умед ба фардо

- Ҳоло мо дар Боғи кӯдакон қарор дорем. Ба фикри Шумо чаро дар фасли дай мо дар ин замону макон вохӯриро таъин карда, суҳбат мекунем?

- Фикр мекунам бо ду сабаб. Якум, ман баъзе мусоҳибаҳои Шуморо хондаам ва дар онҳо қариб таваҷҷуҳи ҳамаи ҳамсуҳбатонатонро доир ба насли нав ҷалб мекунед, шояд аз ман ҳам дар ин мавзӯъ чизе пурсед. Дуюм, мо, ки дар корхонаҳои худ расман фаъолият мекунем, дар ин вақт ҳам аз кор озодем ва ҳам ҳавои тоза мегирем.

- Рӯзи Шумо аз соати чанд оғоз мешавад?

- Одатан сари ман дар шаб хуб кор мекунад ва бисёртар шабҳо кор мекунам. Масалан, то соати 2-3-и шаб кор карда, то соати 8-и субҳ хоб меравам. Вале якчанд моҳи охир бо сабабҳои айниву зеҳнӣ барвақтар мехобаму мехезам. Ҳоло бошад, реҷаам тағйир ёфтааст ва соати 6-и субҳ рӯзам оғоз мешавад.

- Шумо дар кадом оила таваллуд шудаед?

- Ман дар оилаи омӯзгор таваллуд шудаам. Падарам дар донишгоҳ дарс мегуфтанду модарам дар мактаби миёна.

- Дар чӣ гуна мактаб таҳсил кардаед?

- Нахуст таҳсилро дар Душанбе оғоз кардам, пасон нооромиҳо сар шуданду ба Хоруғ кӯчидем ва он ҷо хатм кардам. Ман мактабро бо аттестати сурх хатм намудаам, вале барои бо баҳои аъло тамом кардан, ҳеҷ вақт фикр накардаам. Ман қабул карда будам, ки хондан як амали маъмулист ва бояд хонда соҳибмаълумот шавам. Аз ҷониби дигар, бояд бигӯям, ки дар оилаи мо хондан ё маълумот гирифтан ба як қолаби нонавишта табдил ёфта буд ва касе моро намегуфт, ки бояд бихонем.

- Мактаб ба Шумо чӣ дод?

- Як-як гуфта наметавонам, вале дақиқ метавонам бигӯям, ки дар мактаб муомилаву муошират бо одамонро омӯхтам ва он ҳама маълумоте, ки муаллимон дар дарсҳо ба ман доданд, барои интихоби роҳи ояндаам бисёр кӯмак намуданд.


- Вақтҳои охир як сурат бо навиштаҷоти “Модоме ки як муаллим наметавонад ҳама фанҳои мактабиро дарс диҳад, пас чӣ тавр як толибилм дар ҳама фанҳо фаъол буда метавонад?” дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад ва барои бархеҳо баҳонаи тайёр аст, ки аз хондан дур бошанд. Чун ин ҷо аз мактубу таҳсил сухан рафт, мехостам фикри Шуморо фаҳмида бошам.

- Ба фикре ҳастам, ки бояд бачаҳо дар мактаб ҳама фанҳоро омӯзанд, на танҳо омӯзанд, балки ба мантиқи ҳар як фан сарфаҳм раванд. Вақте ки мантиқ ва ҳадафи ҳар фанро толибилм меомӯзад, барои ӯ интихоб кардани роҳи ояндааш осон мешавад. Бисёриҳо мегӯянд, хонандагон дар фалон фан фаъоланду дар фалонаш не, вале агар диққат диҳем бачаҳо дар ҳамон фанҳое фаъол нестанду онро хуб намехонанд, ки мақсади фанро намедонанд ё устод ба онҳо фаннашро хуб нафаҳмонидааст. Агар муаллим муқаддимаи фаннашро содаву возеҳ фаҳмонида тавонад ва бачаҳо хуб диққат диҳанд, пас дар оянда хатоҳо кам хоҳанд шуд. Аз ҷониби дигар, ҳеҷ кас аз бачаҳо талаб намекунад, ки ҳама фанҳои мактабиро пурра то дараҷаи муаллимӣ аз бар намоянд, балки бояд шинос шаванд ва муҳимтар аз ҳама ҳадафи фанро омӯхта, бифаҳманд, ки дар зиндагӣ донистани он фан дар кадом ҳолатҳо лозим хоҳад шуд.

- Мо дар мактабҳо хонандагони зиёд дорем, ки фанҳоро дуруст сарфаҳм намераванд ва ҳар вазифаи муаллимонро қориазёд карда, дарсро барои баҳояшон паст нашудан ҷавоб медиҳанд...

- Мақсадатонро фаҳмидам. Ростӣ, ман дар донишгоҳ баъзе фанҳо, аз қабили баҳисобгирии муҳосибиро чунин мекардам, зеро он вақт мантиқи фанро намефаҳмидам. (То замоне ки вақт пайдо кардам ва аз китобҳои дигар ҳадафу мантиқи фанро омӯхтам). Вақте ки чизҳои муҳимро дар бораи фан аз бар намудам, дигар ба ман қориазёд кардан лозим набуд, зеро ҳар ҷумлае, ки мехондам, мефаҳмидам. Аз ин рӯ, бояд мактаббачагон ҳам чунин кунанд, агар аз китобҳои дарсӣ мантиқи фанро фаҳмида натавонанд, пас ба китобхона рафта, доир ба фанҳои нофаҳмояшон китобҳои алоҳидаро мутолиа кунанд.

- Хонанда агар дар мактаби миёна фаъол набошад, метавонад дар донишгоҳ донишҷӯи фаъол шавад?

- Бале, фаъол будан ё шудан аз ҳар нафар вобаста аст. Танбалтарин хонандаи мактаб ҳам фанни дӯстдошта ё фанне, ки ӯ беҳтар мефаҳмад дорад ва агар дар интихоби ихтисос хато накунад ва ҳамон фан ё самт ба роҳи ояндааш мувофиқ бошад, албатта, метавонад аз ҷумлаи фаъолҳо гардад.

- Хоҳу нохоҳ дар рушди шахсии ҳар кас нафароне ҳастанд, ки нақш доранд, Шумо дар пуштатон киҳоро мебинед?

- Хушбахт аз он ҳастам, ки аз ҳамаи он нафарон ва умуман муҳите, ки маро иҳота карда буданд, нафъе бардоштаам. Албатта, пеш аз ҳама аз волидон, баъдан аз муаллимони мактабу донишгоҳ, аз ҳамкорон ва умуман ҳамаи он нафароне, ки тақдир бо сабабҳои зиёд онҳоро бо ман рӯ ба рӯ кард.

- Шумо забонҳои русӣ ва англисиро медонед, донистани забонҳои хориҷӣ маҳсули хизматҳои устодони мактабу донишгоҳ аст ё дарсҳои иловагӣ?

- Тавре дар боло қайд кардам, дар мактаб хуб таҳсил мекардам ва ҳамчунин аз нозукиҳои забони англисӣ бохабар будам, вале то андозаи олӣ намедонистам. Баъдан як сол дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ хонда ба Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ воқеъ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дохил шудам. Донишҳоямро оиди забони англисӣ дар давоми хонишам дар ин донишгоҳҳо пурратар кардам.

- Мо баъзан шикоят мекунем, ки дар 9 сол бачаҳо наметавонанд дар макотиби миёна забони англисиро омӯзанд, вале марказҳои забономӯзӣ ин корро бисёр зуд амалӣ менамоянд. Ба фикри Шумо чаро чунин аст?

- Фикр мекунам, агар аз як ҷониб муаллимон тарзи дурусти пешниҳоди дарсҳоро хуб ба роҳ намонанд, пас аз ҷониби дигар қисме аз бачаҳо низ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи кам зоҳир менамоянд. Фикри он ки чаро толибилмон дар марказҳои забономӯзӣ забон меомӯзанд аз он аст, онҳо замоне муҳим будани забони хориҷиро дарк мекунанд, ки дигар дар мактаби миёна ҳеҷ кас ба онҳо забони англисиро аз алифбо сар карда дарс намегузарад ва ягона роҳи омӯхтани забони хориҷиро дар чунин марказҳо мебинанд. Лекин бояд ин корро бар нафъи ҷомеа ҳисобид, зеро ба ҳар навъе, ки бошад бачаҳо забондон мегарданд.

18 сол бо рақамҳо

- Шумо 18 сол дар соҳаи аудит дар Тоҷикистону Қазоқистону Қирғизистон кор кардаед. Метавонед аз оғози фаъолиятатон бигӯед?

- Дар донишгоҳ фанни аудитро мо метавонистем ҳамчун фанни иловагӣ интихоб намоем. Ман бошад фикр мекардам, ки ин фан бароям мушкил аст ва онро интихоб накардам. Замоне ки дар зинаи магистратура таҳсил мекардам, вақти холигии зиёд доштам ва он замон аз китобҳои иловагӣ мутолиа карданро шурӯъ кардам. Оҳиста-оҳиста дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ маълумоти заруриро пайдо карда ва ҳатто ба ин соҳа меҳри зиёд бастам. Пасон, яке аз омӯзгорони донишгоҳ шавқи маро дида, пешниҳод карданд, ки аз номам ба ширкате дархости корӣ равон мекунанд. Агар қабул карданд хуб, накарданд ҳеҷ гап не. Ман розӣ шудам, зеро он вақт бисёр кор мекофтам. Баъдан маро аз корхонае, ки бо яке аз ширкатҳои аудиторие, ки ба Чоргонаи калон дохил мешавад, занг заданд ва гуфтанд, ки ба сӯҳбат оям. Хуллас, дар ин ширкат, ки дар шаҳри Бишкек қарор дошт, аз хурдтарин вазифа – вазифаи коромӯз фаъолиятамро оғоз кардам. Ҳамин тавр, дар вазифаҳои гуногун кор кардам. Пас аз қариб чор сол маро ба офиси ин ширкат дар Тоҷикистон гузаронданд ва пас аз ним сол директори ин ширкат дар Тоҷикистон шудам. 18 сол дар аудит будам ва дар ин миён 13 сол роҳбарии ширкатро дар Тоҷикистонро бар зимма доштам.

- Шумо гуфтед, дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардед, лутфан бигӯед, ки аз ҳама вазифаи наздик бароятон кадом буд?

- Ман ягон вақт фикри вазифаву мавқеъро накардам ва вазифаи дӯстдошта ҳам надоштам, зеро фаъолиятам аз вазифаам вобастагӣ надошт. Ман дар кадом вазифа ё мавқее, ки будам, кори дӯстдошта ва мехостаамро анҷом медодам.

- Чӣ гуна аз аудит рафтед?

- Рафта-рафта аудит бароям ҷолибияташро гум кард. Вақте ки кор барои инсон лаззат набахшад, пас онро хуб иҷро намекунад ва фикр мекунам ҳар касе, ки корашро хуб иҷро намекунаду аз он лаззат набарад, бояд онро тарк кунад. Ман ҳанӯз соли 2020, ки бемории коронавирус ҳаёти моро дигар кард, хоҳиши рафтан аз аудитро доштам, вале наметавонистам, зеро одаме надоштам, ки дар мавқеи ман корро пеш барад. Чанд нафареро, ки омада кардам ба дигар корҳо гузаштанд ва аз ҷониби дигар қувват надоштам, ки ягон каси навро тайёр кунам. Ҳамин тавр, каме баъдтар, вақте ки барои баромаданам фурсат пайдо шуд ва аз кор рафтам.

- Шумо дар баробари аз китобҳо рақамҳоро дидану хондану ба хотир гирифтан, китобҳое буданд, ки аз онҳо шеъру афсонаву ҳикоя мутолиа кунед?

- Бисёр кам, танҳо пас аз рафтан аз аудит чунин фурсатро пайдо кардам.

Гуланор кай аз “Алиф Бонк” меравад?

- Шумо ҳоло дар “Алиф Бонк” фаъолият мекунед, бигӯед, ки чӣ гуна ба кор омадед?

- Баъд аз чанде, пас аз рафтан аз аудит роҳбарияти бонк барои ҳамкорӣ даъват карданд. Ба суҳбат омадам ва аз ман пурсиданд, ки ба чӣ кор машғул шудан мехоҳам. Кадом корро бо шавқ анҷом доданамро гуфтам ва корро оғоз кардам. Ҳоло бошад, иҷрокунандаи вазифаи муовини якуми раиси “Алиф Бонк” ҳастам.

- Чаро махсус ба Алиф омадед?

- Ман он муҳитеро, ки мехостам дар Алиф пайдо кардам.


- Чӣ гуна муҳит?

- Алиф фарҳанг ва аризишҳои худро дорад. Ҳамкорон ба ҳамдигар кӯмак мекунанд, аз рӯи инсоф кор мекунанд, дар баробари кор боз аз ҳамдигар меомӯзанд, кӯшиш мекунанд, ки ҳаррӯз қадаме ба пеш гузоранд ва чизи наверо омӯзанд. Умуман арзишҳои асосии Алиф бароям бисёр наздиканд ва ман дар Алиф бо ҳузуру ҳаловат кор мекунам.

- Дар кадом ҳолат корро дар “Алиф Бонк” бас мекунед?

- Дар ҳолате, ки агар аризишҳои кории Алиф танҳо болои коғаз монанд ё аз кор карданам дар Алиф дигар ҳаловат набарам.

Формулаи ҷавони муваффақ

- Аз ҳама кори муҳимме, ки дар зиндагӣ кардан мехоҳед чист?

- Мо барои ояндагон зиндагӣ мекунем ва то қадри имкон кӯшиш мекунам, ки аз худ нишони хуб монам.

- Зиндагӣ кардан кай барои инсон душвор мешавад?

- Ҳамон вақте ки дар баробари ҳаракат кардани замона одам дар ҷояш меистад, кӯшиш намекунад, ҳадафи муайян надорад, худро инкишоф намедиҳад ва ғайраҳо.

- Шумо шуғле доред, ки дар вақти фориғ аз кор ба он машғул шавед?

- Шуғлам дӯзандагӣ аст ва ҳар вақте ки истироҳат кардан хоҳам, ягон чиз медӯзам.

- Киро метавон ҷавони муваффақ гуфт?

- Ҷавоне, ки кори хубу дӯстдоштаашро анҷом медиҳад, ба оила ва наздиконаш вақт ҷудо мекунад ва ҳаррӯз барои худинкишофдиҳияш коре мекунад.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед.



“Брюс Ли”-и афғон ба коргардонҳои тоҷик “лаббайк” мегӯяд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед