Ru  | Tj
KitobGir: ҷавононро китобхон мекунем, китобҳоро ба иҷора дода ва аз ҷевонҳо мебарорам
KitobGir: ҷавононро китобхон мекунем, китобҳоро ба иҷора дода ва аз ҷевонҳо мебарорам
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

KitobGir: ҷавононро китобхон мекунем, китобҳоро ба иҷора дода ва аз ҷевонҳо мебарорам

Нашр шуд

Саҳифаи аввал

Даҳ сабабе, ки мо китоб намехонем

“Мо кам китоб мехонем”. “Чаро фолонӣ китоб намехонад?” “Ин китобро нахонед ҳам, бихаред”. “Ман ин китобро барои дӯстон чоп кардам...”

Ин ҷумлаҳоро аксаран ба забон меоранд, ҳатто ҳамонҳое, ки худашон кам мехонанд, китоб намехаранд, китобфурӯшанд, барои дӯстонашон китоб чоп мекунанд.

Ва ин ҳамаро мо дар чанд сабаб медонем:

Якум, аз кӯдакӣ дар назди мо китоб намехонанд ва ба китобхонӣ талқин намекунанд.

Дуюм, ба мо касе намефаҳмонад, ки китобхонӣ чӣ гуна фоидаҳо дорад ва умуман барои чӣ бояд китоб хонем.

Сеюм, фикр дорем, ки бояд дар вақти холигӣ китоб хонем, на ин ки барои китобхонӣ вақт ҷудо кунем.

Чорум, фикр дорем, ки китоберо хондан баробари ба кӯҳе баромадан аст.

Панҷум, мо аксар вақт китобро барои вазифаеро супоридан мехонем, на ин ки барои чизеро гирифтан.

Шашум, дар китобхонӣ мо роҳнамое надорем, ки рӯйхати беҳтарин китобҳоро пешниҳод кунад.

Ҳафтум, китоб қиммат аст, ниҳоят қимат.

Ҳаштум, ҳар нафаре, ки пул дорад қудрати тамоми хабару гузоришҳои замони шӯравӣ навиштаашро ҳам ҳамчун китоб чоп кардан дорад.

Нуҳум, дар мо бисёр кам мешавад ҳолате, ки барои китобхониямон мукофот ё сухани хӯше гӯянд.

Даҳум, хоҳиши китобхониямон кам аст.


Саҳифаи дуюм

Як роҳи осону сода

Чун мардуми мо аз гаронии нархи китоб ва кам будани нуқтаҳои китобфурӯшӣ бисёр мегӯянд, дар зеҳнҳо ба иҷора гирифтани китоби лозима ё аз китобҳои дар хона дошта пул кор кардан афсона менамояд. Мо нафареро пайдо кардем, ки лоиҳаи KitobGir ташкил кардаву пеш мебарад. Қаҳрамони имрӯзаи мо Саодат Усмонова буда, дар ҷумҳурӣ кӯшиш карда истодааст, ки сафи китобхонҳо зиёд шаваду дар ҷевонҳо чангу хок болои китобҳоро пахш накунад. Ин нафар айни ҳол 22 сол дошта, магистранти курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносии ДСРТ аст.

Саодат мегяӯд, ки KitobGir-ро бо гурӯҳи бачаҳои фаъол, аз ҷумла, Сабрина, Умед, Шоҳсанам аз “Бизнес Конструктор” дар чаҳорчӯбаи омӯзиши лоиҳаҳои нав 20 апрели соли 2020 ташкил кардем. Вале ҳозир бошад, дар KitobGir фақат худам мондаам, зеро вақти дигарон ба ин намерасад. Дар умум агар бо як ҷумла гӯем, KitobGir лоиҳа наве мебошад, ки вазифаи асосии он ба кироя додани китобҳо мебошад.

Дар ин сӯҳбат мо бо Саодат Усмонова бобати пайдоиш, хизматрасониҳо, аудитория ва дигар хусусиятҳои KitobGir, ҳамчунин доир ба китобу китобхонӣ, омилҳои зиёд хондани китоб ва роҳҳои китоб гирифтану аз китобҳои куҳна истифода бурдан сӯҳбат кардем.

Мо бешак гуфта метавонем, ки барои китобхон шудани ҳар яки мо ҳамеша роҳе ҳаст ва он роҳро бисёр осону сода метавон ёфт.


Саҳифаи сеюм

Аз “А” то “Я”-и KitobGir

- Идеяи таъсиси KitobGir чӣ гуна пайдо шуд?

- Иштирок дар “Бизнес Конструктор” дар вақти пандемия рост омада буд. Вале дар баробари ин мо мехостем, ки дар охири ин проект нақшаи бизнеси нави тайёрро нишон диҳем. Барои ин мо идея дар бораи он проектҳое мекофтем, ки онро тез ва бе маблағи калон кушоем. Пештар ман таҷрибаи китобҳоро ба иҷора додан дошта будам ва ҳамин тавр, идея ва ташкили KitobGir ба миён омад.

- Шумо дар куҷо кор мекунед ё умуман офис доред?

- Мо китобхонаи хонагӣ доштем, ки мардумон метавонистанд ба онҷо омада, китоб гиранд. Вале ҳоло аз сабабе, ки китобҳо дар дасти одамони гуногун ҳаст, мо корро тариқи “онлайн” анҷом медиҳем.

- Лутфан, хизматрасониҳои KitobGir-ро бигӯед ва имкон дошта бошед ҳар кадоми онҳоро шарҳ диҳед.

- Асосан хизматрасонии мо ба иҷора додани китобҳо мебошад. Инчунин, имконияти дигаре ворид намудам, ки хонандаҳо худашон метавонанд, китобҳояшонро мубодила карда, онро кироя диҳанд. Ба ҳамин минвол хонандагони мо низ аз кироя додани китобҳояшон ба KitobGir метавонанд, пул кор кунанд. Аз сабабе, ки китобҳо қимат ҳастанд, инчунин имконияти хариду фурӯш вуҷуд дорад, ки китобҳо бояд дар ҳолати хуб қарор дошта бошанд.

- Аудиторияи KitobGir асосан кадом гурӯҳи одамон ҳастанд ва шумораашон чанд нафар аст?

- Хонандагони мо асосан ҷавонон ҳастанд. Айни ҳол дар умум мо дар саҳифаҳои Facebook ва Instagram-и KitobGir 3 ҳазор обуначӣ дорем.

- Хонандагони шумо бештар кадом китобҳоро дархост мекунанд ва онҳо дар кадом жанрҳо ҳастанд?

- Бештар китоби “Виноваты звёзды” –ро дархост мекунанд. Ва агар гап сари жанр бошад, бешак метавон гуфт, ки дар миёни аудиторияи мо роман серхонандатарин жанр маҳсуб меёбад. Чизи дигарро ҳам бояд бигӯем, ки бачаҳо ба китобҳои худинкишофдиҳӣ ва психологӣ таваҷҷӯҳ доранд.

- Ба иҷора гирифтани китоб аз рӯи кадом меъёр сурат мегирад: чанд фоизи пули китоб, ба кадом мӯҳлат ва оё иҷорагиранда чизеро гарав мемонад?

- Барои он, ки китобро ба иҷора гирифт, кофӣ аст, дар саҳифаи KitobGir навишт ва инчунин замону макони вохӯриро муайян кард. Маблағи иҷораи китоб аз арзиши китоб вобаста аст. Бештар китобҳо бо мӯҳлати 7-10 рӯз аз 10 то 20 сомонӣ арзиш доранд. Дар кори мо ҳолати истисноӣ ҳам ҳаст, ки агар хонанда дар мӯҳлати мувофиқшуда китобро тамом накард, метавонад мӯҳлатро дароз кунад ва ҳар рӯзи иловагӣ 2 сомонӣ аст.

Дар баъзе мавридҳо барои гирифтани китоб хонанда бояд китоби ба он баробарарзишро ба гарав монад.


- Ҳоло дар KitobGir тақрибан чанд китоб аст?

- Шумораи китобҳо ҳамеша тағйир меёбад, баъзеҳо китобҳои бисёр пешниҳод мекунанд, дигаре ба пешниҳоди бисёр вақт намеёбад. Тақрибан 200 китоб вуҷуд дорад, вале барои нашру рекламаи ҳамаи онҳо вақтам намерасад.

- Мо медонем, ки яке аз хизматрасониҳои KitobGir ин аз мардум китоб харидан аст, ҳамин китобхарии KitobGir аз рӯи кадом тартиб амалӣ мегардад?

- Ман китобро дар саҳифаи KitobGir нашр мекунам ва вақте ки харидор пайдо мешавад, ӯ китобро аз соҳибаш мегирад. Бо ҳамин минвол ман ҳам даромади на он қадар калонро мегирам.

- Яке аз хизматрасониҳои дигари KitobGir ин доштани клуби китобхонҳо аст. Чӣ гуна метавон аъзои он шуд, ҳоло чанд нафар аъзо дорад ва он ҷо бештар кадом китобҳо муҳокима мешаванд?

- Ҳамроҳи “Пешрафт” клуби китобхонҳои KitobGir-ро кушодем. Тақрибан 200 иштирокчии фаъол дошт ва бештарашон тариқи “онлайн” ишитрок мекарданд ва онҳое, ки вақт меёфтанд тариқи “офлайн”. Хонандаҳо жанрҳои гуногунро мутолиа карда, баъзеҳо китобҳои аудиоӣ ҳам мешуниданд. Дар як ҳафта як бор мулоқот намуда, дар он оид ба китоби хондаамон баҳс мекардем.

Ногуфта намонад, мо рӯзи 14-уми феврал, ки ҳадяи китоб аст бо ёрдами “Пешрафт” чорабинии калонро дар осорхонаи Зиёдулло Шаҳидӣ бо иштироки зиёда аз 50 нафар дӯстдорони китоб гузаронидем. Дар чорабинӣ меҳмонон, аз ҷумла, равоншинос-нависанда Наргис Мамадҷонова, шоира-нависанда Латофат Кенҷаева даъват шуда буданд. Меҳмонон дар бораи таҷрибаи хеш сухан карда, ба шунавандагон машварат додаанд ва ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб гардониданд.

Дар ҳоли ҳозир вақти ман камтар аст, мо клуби хонандаҳои KitobGir-ро мувақаттан қатъ кардем. Вале, ин муваққатан аст ва ният дорем, ки бо нависандагон ва шахсони муваффақ мулоқот кунем.


- Ман саҳифаи KitobGir-ро дар Facebook дидам, пурра китобҳо бо забони русӣ ҳастанд, оё китобҳо бо забони тоҷикӣ ҳастанду ман надидам ё аслан KitobGir танҳо китобҳои русӣ дорад ва барои чӣ?

- Китобҳо бештар бо забони русӣ ва англисӣ ҳастанд, бо забони тоҷикӣ бошад камтар. Аслан, талабгорони китобҳои тоҷикӣ кам ҳастан, зеро китобҳои машҳур ба забони модариамон тарҷумашударо ёфтан ниҳоят душвор аст. Ва ин яке аз тарафҳои манфии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Дар оянда мехоҳам, ки маданияти хониши китобро бо забони тоҷикӣ ҷорӣ намоям.

- Баҳои шумо ба тоҷикистониён дар бобати интихоби китоб, китобхонӣ ва нафъ гирифтан аз китоб чанд аст?

- Аз даҳ хол, панҷ хол медиҳам. Сабаб: бо забони модариамон кам мехонем, дар умум китоб кам мехонанд, инчунин, волидайне, ки кӯдаконро аз овони хурдӣ таълим медиҳанд, то ба китобхонӣ меҳр банданд, хеле кам ҳастанд. Ва сабаби асосии камхондани мо ин аз кӯдакӣ талқини китобхонӣ накардани мо ҳаст.

- Панҷ китобе, ки аз ҳама зиёд мехонанд кадомҳоянд?

- Хонандагони KitobGir бештар китобҳои “Виноваты Звёзды”, “Бегущий за ветром”, “Тысяча сияющих солнц”, “12 принципов достижения максимум”, “7 принципов достижения высокоэффективных людей” дастрас карда, мехонанд.

- Барои сӯҳбат раҳмат

- Саломат бошед!



Усто–Абдуқаҳҳори қолинбоф: “Бе ғайрат, тоқат ва хоҳиш ҳунар аз байн меравад!

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед