Ru  | Tj
“Вазифаи ҷониям буд”. Фаррух Авезов дар ҳавопаймо ҷони мусофирро чӣ гуна наҷот дод
“Вазифаи ҷониям буд”. Фаррух Авезов дар ҳавопаймо ҷони мусофирро чӣ гуна наҷот дод
Аксҳо: аз қаҳрамони мақола дастрас шудааст

“Вазифаи ҷониям буд”. Фаррух Авезов дар ҳавопаймо ҷони мусофирро чӣ гуна наҷот дод

Нашр шуд

Фаррух Авезов пизишки бошгоҳи “Истиқлол” ва дастаи миллии Тоҷикистон буда, 30 сол боз ба унвони пизишки соҳаи футбол кор мекунад. Ӯ аз ҷумлаи аввалин табибонест, ки дар тими миллии футболи Тоҷикистон заҳмат кашида, корномаи ибратбахше дорад. Аз ҷумла дирӯз дар ҳавопаймо ҷони мусофиреро наҷот дод. Дар робита ба ин муаллифи Halva.tj бо Фаррух Авезов ҳамсуҳбат шуда, торихчаи духтури соҳаи футбол шудан ва чӣ гуна наҷот додани бемор дар ҳавопайморо нақл кард.

“ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶА БА ҲАМА КУМАК РАСОНИДАН АСТ”

Чанде пеш Фаррух Авезов бо ҳамроҳии футболбозони тоҷик аз шаҳри Истанбули Туркия ба Сингапур парвоз мекард, зеро дар он ҷо бозии дӯстона барпо мешавад. Хати парвоз 10 соатро дарбар мегирифт. Соати 9-ум парвоз буд. Ғайриинтизор дар ҳавопаймо тариқи баландгӯяк гуфтанд, ки мусофире ба ёрии тиббӣ ниёз дорад. Табиби тоҷик дарҳол аз худ дарак дода, назди бемор рафт.

- Мувофиқи тавон кумак кардан ба ҳар шахс вазифаи аввалиндараҷи мо, табибон аст. Он рӯз низ вазифаи ҷониям буд, ки ба як тан беморе хидмати тиббӣ расонам. Охири ҳавопаймо рафтем. Дар яке аз курсиҳо ҳолати зане хуб набуд. Тавре фаҳмидем, вай аз бемории саръ (эпилепсия) – як навъ бемории музмини майнаи сар, ки аслан дар шакли хуруҷи такроршаванда зоҳир мегардад, ранҷ мекашидааст. Ӯро дар курсӣ хобонида, ёрии аввалини тиббиро расонидам. Хушбахтона, бемор баъд аз 3-4 дақиқа ба ҳуш омад, - нақл кард қаҳрамон мо.
СИРРИ МАХФӢ ВА РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚӢ

Вай ба ин назар аст, ки барои табиби соҳаи футбол ёрӣ додан ба беморони берун аз майдони бозӣ кори ғайримаъмулӣ нест. Пайдост, ки табиби соҳаи футбол дар сафарҳои хориҷӣ таҷрибаи гуногунро меомӯзад. Масалан, зимни сафарҳои хориҷӣ бисёр маврид шудааст, ки дар раванди бозӣ ба ҷуз аз варзишгарон ба ҳаводорони футбол низ ёрии тиббӣ мерасонанд.

Фаррух Авезовро дар ҳавопаймо эҳсоси хушнудӣ фаро гирифт, зеро тавонист, ки дар ҳолати зарурӣ ба шахси ниёзманд кумаки тиббӣ расонад. Ба андешаи қаҳрамони мо, духтури воқеӣ ҳамонест, ки дар ҳама ҷо ва ҳар вақт рисолаташро иҷро карда тавонад. Чунин мавридҳои ғайримуқаррарӣ эҳтимол дорад дар ҳар сафар рух диҳад, аз ҷумла дар ҳавопаймо, фурудгоҳ, худрав ва меҳмонхона. Дар ин гуна вазъ ҳеч шахси соҳибдил бетараф буда наметавонад.   
- Ростӣ, футболбозон дар майдони футбол, дар тамринҳо ба вазъе дучор мешаванд, ки ифшо кардани он ба меъёрҳои ахлоқии соҳаи тиб мувофиқат намекунад, яъне бояд сири тиббӣ махфӣ нигоҳ дошта шавад. Вақте варзишгарон ба ҳолатҳои зарба хӯрдан, осеб бардоштан ва ё шикастани устухон рӯбарӯ мешаванд, хеле эҳтиёткор мешавем, зеро фикру вазъи саломатӣ ва фаъолияти минбаъдаи варзишии футболбоз дар мадди аввал қарор мегирад, - тавзеҳ дод табиби варзишгарон.


ЁДЕ АЗ РӮЗҲОИ ПЕШИН

Фаррух Авезов зодаи шаҳри Душанбе аст. Ӯ 6-уми майи соли 1967 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таҳсили ибтидоиро дар дабистони №12-и ноҳияи Масчо дарёфт мекунад. Аз овони наврасӣ ба бозии футбол машғул буд ва орзу дошт, ки футболбози ҳирфаӣ шавад.

- Давраи наврасиро фаромӯш кардан ғайримумкин аст. Бо ҳамсинфон доим мусобиқа доштем, дарс тайёр мекардем ва ба кӯҳ мебаромадем. Аз ҳамон рӯзҳо ба футбол рағбати зиёд доштам. Дар ҳар бозӣ дарвозабон будам. Бовар мекунед, дар замони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Абӯалӣ пури Сино низ дарвозабони фаъоли дастаи донишгоҳӣ будам. Ба ин даргоҳи илм баъди адои хидмати ҳарбӣ, дар соли 1988-ум дохил шудам. Дар курсии донишҷӯӣ нишаста, орзу мекардам, ки дар баробари пизишк шудан боз дар дунёи футбол бошам, - ба ёд овард ҳамсуҳбати мо.

Дар овони ҷавонии қаҳрамони мо дастаи “Помир”-и шаҳри Душанбе пуровоза дошт. Фаррух бо аксар бозигарони ин тим равобити дӯстона дошт, аз ҷумла бо Муҳсин Муҳамадиев, Ҳаким Фузайлов, Абдуллоҳ Муродов, Андрей Маналников ва дигарон. Суҳбат ва ҳамнишинӣ бо футболбозони саршинос Фаррухи ҷавонро ангезаи зиёд медод, ки вориди ҷаҳони футбол шавад.


- Пизишки дастаи “Помир” Тархан Акбиев ном табиби пуркоре буд, ки бо ҳам дӯсти хуб будем. Мехостам, ки мисли ӯ духтури соҳаи футбол шавам. Соли 1994-ум буд. Ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Вазъи моддиву фаннии соҳаи футболи кишвар хуб набуд. Он солҳо ҳамчун духтури ҷавони соҳаи футбол танҳо ман кор мекардам, зеро дигар табибон намехостанд дар ин соҳа кор кунанд. Худоро сипос, ки имрӯз дар кишвар рушди футбол назаррас аст ва сафи мутахассисони ҷавон низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст, - изҳор дошт пизишки пуртаҷрибаи дастаи миллӣ.  

Қаҳрамони мо аз ҷумлаи аввалин табибонест, ки то имрӯз дар дастаи миллии футболи Тоҷикистон заҳмат мекашад. Дар баробари ин дар Дармонгоҳи №3-и шаҳри Душанбе дар бахши шикастабандӣ ба беморон кумак мекунад.

ҚАДРШИНОСИИ ХИДМАТҲОИ ПИЗИШК

Фаррух Авезов соли равон дар шаҳри Давҳаи Қатар барои дастовардҳои шоён дар соҳаи тибби варзишӣ бо ҷоизаи тилои Конфедерасиюни футболи Осиё сарфароз шуд.


- Хушбахт будам, ки аз миёни 600 номзад, ки ҳамагӣ табиб буданд, каминаро шоёни ин ҷоиза донистанд. Бо сафари корӣ ба чандин кишвар рафтам. Ҳамеша як ҳадаф доштам: вазифаамро чун табиб дар назди бозигарони футбол ва дигар ниёзмандон шоиста иҷро кунам. Албатта, бо халқ ва варзишкорони Тоҷикистон ифтихор мекунам. Ба шогирдонам гуфтаниям, ки табибе шаванд аз устодашон беҳтару хубтар. Зинҳор аз адои маъулият наҳаросанд, ҳамеша дар омӯзиш бошанд. Умедворам, ки ифтихорам мешавед, - орзу кард табиби хушном.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

Одамони мо

Рекорди варзишӣ баъд аз 62-солагӣ. Варзишгари солманд ҳар рӯз 1000 бор болофишорӣ мекунад

ТАҲЛИЛ

Афзоиши гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ. Омилҳои боздоранда, таҳсили дуруст ва фатвои солим кадом аст?

Одамони мо

“Духтурӣ тиҷорат нест”. Пайроҳаи муваффақияти ҷарроҳи дилу рагҳо ва вебнавис Юсуф Бурҳонзода

Тоҷикон дар Русия

“Ба хотири одамият”. Бунафшшоҳи 17-солаи тоҷик дар айни тирандозӣ ба ҷабрдидае кумак кард

Другие новости