Ru  | Tj
Ясен Засурский даргузашт. Аз ӯ чӣ монд ва чӣ гуна ёд хоҳад шуд?
Ясен Засурский даргузашт. Аз ӯ чӣ монд ва чӣ гуна ёд хоҳад шуд?
Аксҳо: Интернет

Ясен Засурский даргузашт. Аз ӯ чӣ монд ва чӣ гуна ёд хоҳад шуд?

Нашр шуд

Даргузашти Пири журналистикаи Русия

Шаби 1-уми август қалби Президенти факултети журналистика ва аз соли 1965 то соли 2007-ум декани факултаи мазкури Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В. Ламаносов Ясен Николаевич Засурский аз тапидан монд. Ӯ дар Русия шахси муътабар ва соҳиби иззат буд. Ҳар нафаре, ки ӯро мешинохташ аз ӯ бо некӣ ёд кардааст. Хабари даргузашти ӯро нахуст наберааш - Иван Засурский дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Instagram нашр кард. Иван Засурский дар ин бора чунин навишт: “Хайр, Ясен Николаевич”. Ҳамчунин се шабакаи телевизионии расмии Русия дар пайи марги Засурский таъзия баён карданд.


Ясен аз кадом оила буд?

Ясен Николаевич Засурский 29-уми декабри соли 1929 таваллуд шудааст. Падари ӯ муҳандис-меъмор ва модараш духтур буд. Ӯ соли 1948 факултаи забони англисии Институти давлатии педагогии забонҳои хориҷии Москва ба номи Мориса Терезаро хатм карда, баъдан дар ду муассиса, яке донишкадаи мазкур ва дигаре Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В. Ламаносов ба ҳайси аспирант таҳсилро идома медиҳад. Соли 1951 ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Эҷодиёти Теодор Драйзер” ҳимоя карда, соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ мешавад. Ҳамчунин ӯ ду сол дар нашриёти “Адабиёти хориҷӣ” ҳамчун муҳаррири илмии нашриёти мазкур фаъолият кардааст.

Засурский аз 23-уми феврали соли 1953 то охири ҳаёт дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В. Ламаносов кор кардааст. Ӯ дар аввал дар факултаи мазкур, яъне аз соли 1955 ба ҳайси мудири кафедраи таърихи журналистика ва адабиёти хориҷа ва аз соли 1956 то соли 1965 муовини декани факултаи мазкур буд. Аз соли 1965 то соли 2007 ӯ декани факултаи журналистика буда ва аз соли 2007 то охири ҳаёташ Президенти факултаи мазкур ба ҳисоб мерафт. Ясен Засурский доктори илмҳои филологӣ ва профессор мебошад.

Ӯ дорандаи орденҳои “Нишони ифтихор”, “Байрақи сурхи меҳнат”, медалҳои тиллои ЮНЕСКО, Маҳатма Гандӣ ва лауреати ҷоизаҳои Ҳукумати Федератсияи Русия аст.  


Президенти ивазнашаванда

Дафтари матбуоти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В. Ламаносов ёдовар шуд, ки Ясен Николаевич барои кор ба донишгоҳ ҳанӯз дар замони Сталин омадааст. “Дар замони Хрушёв ӯ муассис ва мудири доимии кафедраи журналистика ва адабиёти хориҷӣ шуд. Декании Засурский давраҳои чаҳор Дабири кулл ва се президент - аз Брежнев то Путинро дар бар мегирифт. Дар Русия президентҳо иваз шуданд, вале президенти шӯъбаи журналистика бетағйир боқӣ монд”, - қайд мекунад, дафтари матбуот.

Адабиётшиноси журналистгаро

Олимон, пажӯҳишгарон ва муҳаққиқон мегӯянд, ки ҳамагуна инкишофи илм ва таълиму тарбияи соҳаи журналистика аз замоне шурӯъ шуд, ки Ясен Николаевич Засурский декани факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В. Ламаносов таъин шуд. Ясен Засурский аз рӯйи ихтисос аслан журналист набуда, ӯ адабиёти Амрикоиро, яъне насри реалистии Амрикоро таҳқиқ кардааст.

Дар замони деканӣ Ясен Засурский як гурӯҳ олимони донишманди соҳаи журналистикаро ба факулта ҷалб кардааст. Мегӯянд, ки ҳанӯз он замон дар бораи илми журналистика касе чизе намегуфт, яъне илми журналистика ҳанӯз ташаккул наёфта буд, ки Засурский ҳамчунин Шӯрои диссетатсионӣ оид ба журналистикаро ташкил кардаву аз ҷумла Истомин, Пелт, Прохоров, Кисилёв, Кузнетсов, Офсипян, Мишурис, Блажнов, Багиров ва дигаронро ба ин шӯро ҷалб кардааст. Шӯрои мазкур ду равия яке таърихи журналистика (таърих) ва дигаре назарияи журналистика (филология) доштааст. Ясен Засурский ҳамеша дар давоми фаъолияташ кӯшиш кардааст, ки журналистика илми мустақил шавад. Бояд гуфт, ки дар замони Ясен Засурский маркази асосии илми журналистика факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В. Ламаносов ба ҳисоб мерафт.


Ифтихори профессор Усмонов аз шиносоӣ бо ӯ

Профессор Иброҳим Усмонов, ки замоне аспиранти факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В. Ламаносов буданд, бо ин олими муътабар шарафи шиносоӣ дошта, нахустин сӯҳбаташонро бо ин олим чунин ёд мекунанд: “Ман ифтихор аз он дорам, ки ҳамроҳи Ясен Николаевич Засурский кор кардам. Ба он маънӣ, ки вақте ба аспирантура дохил шудам вай декани факултети журналистика буд. Аввалин сӯҳбате, ки доштем, баъди имтиҳони якуми ихтисосро супориданам сурат гирифт. Засурский ба ман гуфтанд, ки “Шумо забони хориҷиро дар Тоҷикистон супоридед, бинобар ин, мо қабул карда наметавонем. Дар ин ҷо бояд аз нав забони хориҷиро супоред”. Ин суханҳоро бо забони ангилисӣ гуфтанд. Ман розӣ шудаму гуфтам, ки дар ин ҳолат аз забони англисӣ не, балки забони форсӣ имтиҳон месупорам. Баъд гуфтанд, ки “Чаро ва Шумо забони англисиро медонед - ку?” Ман гуфтам, ки забони форсӣ ҳам забони хориҷӣ ҳисоб мешавад. Ин забони модарии ман аст. Розӣ шуданд. Баъдан ба декани факултети шарқшиносӣ занг зада гуфтанд: “Пагоҳ мо аз як дохилшаванда имтиҳон дорем, дуто муаллими забони форсӣ фиристонед”. Дар имтиҳон Засурский худашон низ иштирок карданд. Баъд пурсиданд: “Ту тоҷик ҳастӣ ва хати арабиро медонӣ?” Гуфтам, ки албатта медонам, чаро ки матбуоти солҳои бистумро таҳқиқ карда истодаам. Баъд Засурский гуфтанд: “Пас, ҳамааш олӣ аст”.

Баъдан ба ман пешниҳод карданд, ки кафедраи назарияи журналистика биравам, ман қабул накардам, чароки таърихи матбуоти тоҷикро таҳқиқ кардан мехостам. Ҳамин гуна, ба кафедраи таърихи матбуоти партиявӣ – советӣ рафтам ва роҳбарам мудири ин кафедра - Александр Мишурис буданд. Вале Ясен Засурский кӯшиш мекарданд, ки дар муҳити он кас бошам. Вақте дар факулта шуъбаи байналхалқӣ ташкил шуд, Засурский маро барои таблиғи ин ихтисос дар байни довталабон ба Тӯла ва Орёл фиристониданд. Ҳамчунин Засурский ба ман имконият доданд, ки ба сафари илмӣ ба Ӯзбекистону Туркманистону Тоҷикистон низ равам”.


Озодии сухан дар замони коммунистӣ

Засурский барои озодии сухан дар факултаи журналистика замина ба вуҷуд овардааст ва муҳити онҷоро ба ин озодӣ мувофиқ кардааст, ки вақте Аврупоиҳо гӯё бо шиори озодӣ ҳуҷум кардаанд, таълимгирандагони факулта озодии муҳити онро аз озодии Аврупоӣ боло гузоштаанд.

Факултаи журналистика дар замони декании Ясен Засурский рӯзномаи деворӣ низ доштааст, ки дар он ҳатто худи декан, муаллимони дигар ва умуман ҳамаро танқид мекардаанд. Яъне дар факулта озодии комил вуҷуд дошт, ки бунёдгузори асосии он Ясен Засурский ба ҳисоб мерафт. Устод И. Усмонов мегӯянд, ки сухани Засурскийро ҳеҷ кас рад карда наметавонист. 

“Ҳамаи факултаҳои дигари донишгоҳро аз миёни шаҳр кӯчонидан, аммо Засурский барои кӯчонидани факулта ба ҷойи нави донишгоҳ розӣ нашуданд. Ҳатто ваъдаҳои зиёд доданд ва гуфтанд, ки як бинои нав медиҳем, вале Засурский нарафтанд”, – нақл мекунанд, профессор И. Усмонов.

Такягоҳи шогирдон

Засурский ҳамеша кӯшиш мекард, ки ҳеҷ донишҷӯ ё аспиранте мушкиле надошта бошад. Бо сарпарастии ӯ факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В. Ламаносов дар он замонҳо ба донишҷӯён ва аспирантҳо ҳатто ёрии моддӣ низ мерасонидааст.

Ӯро шогирдонаш ҳамчун инсони зиндадил ёд мекунанд. Профессор Усмонов мегӯянд: “Засурский бисёр овози нарм доштанд ва ҳеҷ гоҳ бо овози баланд гап намезаданд. Ҳатто ҷанг ҳам карданӣ бошанд чунон ором гап мезаданд, ки хаёл мекардед, насиҳат карда истодаанд. Донишҷӯён дар шахси Засурский такягоҳи худро медиданд. Яке аз хизматҳое, ки Засурский барои журналистикаи миллӣ карданд, дар нимаи дуюми солҳои 70-ум дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В. Ламаносов шуъбаи журналистикаи миллӣ ташкил карданд”.


Засурский аз муҳити илмии ҳамаи ҷумҳуриҳои Шӯравӣ огоҳии комил ва бо олимони соҳаи журналистикаи кишварҳо мукотиба дошт. Ӯ инсони бузург ва ташкилотчии бемисл буд, ки ҳатто дар корҳои давлатӣ ҳам пешниҳодҳояшро ба инобат мегирифтанд.

“Бо тавсияи Засурский ба Донишгоҳи Кобул ба кор рафтам. Мақсади асосӣ системаи илми Афғонистонро ба системаи илми советӣ мувофиқ кардан буд. Засурский ба ман тавсия доданд, он бачаҳои афғонеро, ки факултаи моро хатм кардаанд, пайдо кунаму ва ба кор ҷалб намоям. Яке аз инҳо Вазири фарҳанги Афғонистон таъин шуда буд. Ӯ доктор Ҳайрати Масъуд буд. Баъдтар Вазири радио ва телевизиони Афғонистон низ таъин гардид. Ӯ ҳамчунин аъзои бюрои сиёсии Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон ҳам буд. Ҳамин гуна Засурский маро ҳамеша дастгирӣ мекарданд”, - мегӯянд Усмонов.

Инак 2 рӯз аст, ки олими некном ва муътабар дигар дар ҳаёт набуда, вале номи ӯ дар ёду хотираҳои шогирдон, ҳамкорон, дӯстон ва пайвандон ба таври ҳамешагӣ боқӣ мондааст. Ин гуна инсонҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нашуда, дар дилҳо боқӣ мемонанд.



Ҷовидон Маҳмадов: "Ба синамо рӯй оварданам тасодуфӣ нест"


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(82) "Устод Файзуллоҳ Ҷалол ва пешбиниҳои сиёсии ӯ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14908"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(67) "/tj/articles/analytics/ustod_fayzullo_alol_va_peshbini_oi_siyesii_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4804"
  ["CODE"]=>
  string(43) "ustod_fayzullo_alol_va_peshbini_oi_siyesii_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4804"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Устод Файзуллоҳ Ҷалол ва пешбиниҳои сиёсии ӯ

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(79) "Ифтитоҳи филиали “ВГИК” дар шаҳри Тошканд"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12964"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8882"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(65) "/tj/articles/education/iftito_i_filiali_vgik_dar_sha_ri_toshkand/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4182"
  ["CODE"]=>
  string(41) "iftito_i_filiali_vgik_dar_sha_ri_toshkand"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4182"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Ифтитоҳи филиали “ВГИК” дар шаҳри Тошканд

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(217) "Митхун Чакраборти, Никита Михалков, Стивен Сигал, Озҷан Дениз... Шукӯҳи “XIII-умин кинофестивали байналмилалии Тошканд”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12887"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(124) "/tj/articles/education/mitkhun_chakraborti_nikita_mikhalkov_stiven_sigal_oz_an_deniz_shuk_i_xiii_umin_kinofestivali_baynalm/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4156"
  ["CODE"]=>
  string(100) "mitkhun_chakraborti_nikita_mikhalkov_stiven_sigal_oz_an_deniz_shuk_i_xiii_umin_kinofestivali_baynalm"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4156"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Митхун Чакраборти, Никита Михалков, Стивен Сигал, Озҷан Дениз... Шукӯҳи “XIII-умин кинофестивали байналмилалии Тошканд”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(150) "Иброҳим Усмонов: “Толиб қувваест, ки ба муқобили халқи дигар нигаронида шудааст”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12777"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(12) "Таҳлил"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8739"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(101) "/tj/articles/analytics/ibro_im_usmonov_tolib_uvvaest_ki_ba_mu_obili_khal_i_digar_nigaronida_shudaast/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4120"
  ["CODE"]=>
  string(77) "ibro_im_usmonov_tolib_uvvaest_ki_ba_mu_obili_khal_i_digar_nigaronida_shudaast"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4120"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Иброҳим Усмонов: “Толиб қувваест, ки ба муқобили халқи дигар нигаронида шудааст”

Другие новости