Ru  | Tj
60 савол дар 60-солагӣ. Дирӯз, имрӯз ва фардои Мухтор Боқизода
60 савол дар 60-солагӣ. Дирӯз, имрӯз ва фардои Мухтор Боқизода
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

60 савол дар 60-солагӣ. Дирӯз, имрӯз ва фардои Мухтор Боқизода

Нашр шуд

15-уми феврал журналисти хушном, ҳақгӯ, нотарс ва таъсисдиҳандаи рӯзномаи машҳури “Нерӯи сухан” ва Ташкилоти ҷамъиятии Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз журналистон Сайидмухтор Боқизода 60-сола мешавад. 

Ба ин муносибат Halva.tj бо ҷаноби Боқизода суҳбате дар ҳаҷми 60 саволу 60 ҷавоб омода кард, ки бозгӯкунандаи ҳаёту фаъолияти ин қаҳрамони зиндаи журналистикаи тоҷик аст. 

Даҳи аввал: охирин муротиба

- Охирин маротиба кай ва чӣ гуна худатонро муаррифӣ карда будед?

- Як сол пеш, замоне ки ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳамчун корманд омадам, худро “Ман Сайидмухтор Боқизода, журналист” гуфта муаррифӣ карда будам.

- Китоби охари хондаатон кадом  буд?

- “Ситораҳои Самарқанд” ном китобе бо забони ӯзбекиро мутолиа кардам.

- Охирин маротиба кай шикамсерӣ хандида будед?

- Як сол пеш дар рӯзи зодрӯзам.

- Охирин маротиба кай гириста будед?

- Ҳафтае пеш сахт бемор шудам ва натавонистам, ки ба кор бароям. Ҳамон замон дар ҷоям нишастаму аз нотавиниву дасткӯтоҳӣ сахт гиристам.

- Кай дар бораи журналистика ва журналистон  фикр карда будед? 

- Ҳар рӯз фикр мекунам.

- Кай дар бораи қиёмат фикр карда будед?

- Дар бораи қиёмат ва мурдан қариб ҳар рӯз фикр мекунам ва хуб медонаму қабул кардаам, ки мо як умр дорем ва рӯзе аз рӯзҳо ба дунёи адабӣ сафар хоҳем кард.

- Охирин маротиба кай аз кори кардаатон пушаймон шуда будед?

- Ҳар рӯз пушаймон мешавам, ки чаро журналист шудам. Зеро дарди диламро, суханамро, ҳақиқатро наметавонам бигӯям.

- Охирин маротиба кай аз худ ё кори кардаи худ фахр карда будед?

- Соли 2003 вақте ки ҳафтаномаи “Нерӯи сухан”-ро нашр кардем.

- Охирин маротиба кай аз касе раҳмат шунидед ё ба касе раҳмат гуфтед?

- Ҳамин саҳар аз аҳли оила раҳмат шунидаму ҳамчунин ба онҳо раҳмат гуфтам.

- Охирин фикре, ки ба саратон омад, чӣ буд?

- Ман китоби хотиротие дар бораи журналистони кушташудаи тоҷик навишта истодаам ва охирин маротиба ҳам дар мавриди ҳамин китоб фикр кардам, ки имкони то охир навиштану нашр карданашро пайдо мекарда бошам ё не?

Кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонӣ

- Шумо аз кай худро ба ёд доред?

- Тахминан аз 4-солагӣ.  Ман бисёр бачаи шӯх будам ва бо падарам дар бобати кори зиёду кам, ба хона омаданашон канда-канда хотираҳоро ба ёд дорам.  

- Дар кӯдакӣ Шуморо кӣ гуфта муроҷиат мекарданд, зеро мо медонем, ки аксарият дар замони кӯдакӣ тахаллусе доранд?

- Бале, кӯдакӣ бе тахаллус намешавад. Ман ду тахаллус доштам, ки яке “қайсар” ва дигаре “шоир” буд. 

- Бозии дӯстдоштаатон чӣ буд?

- Буҷулбозӣ.

- Дар мактаб чӣ гуна мехондед ва чизи муҳимме, ки он онҷо омӯхтед чӣ буд?

- Мактаб ба ман бисёр чизҳоро додаааст ва фикр мекунам ҳар он чизе, ки омӯхтаам маҳз аз замони мактабӣ аст. 

- Мегӯянд дар наврасӣ одам тағйир меёбад, Шумо тағйир ёфтед ва умуман дар ин марҳилаи зиндагӣ чӣ гуна будед?

- Дар наврасӣ ҳама кору фикрам дар бораи он буд, ки ҳар чӣ бештар диққати духтаронро ба худ ҷалб намоям. 

- Дар донишгоҳ чӣ гуна таҳсил кардед ва чиҳо ба хотиратон модааст?

- Қиссаи таҳсилу хондани ман дар донишгоҳ бисёр аҷиб аст. Соли 1979 мактаби миёнаро хатм кардам ва ба Душанбе омадам. Ҳуҷҷатҳоямро ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) супоридам. Аз имтиҳонҳо гузаштам, вале пас аз чанде ба ман гуфтанд, ки сазовори номи донишҷӯ нашудаам. Бисёр ҳолатам бад шуд, зеро  имтиҳонот дар макотиби олӣ тамом шуда буданду ва ман бошам дар нимароҳ монда будам. Рӯзе дар кӯчаҳои Душанбе қадам мезадам, ки аз пешам ҳамдеҳаам Нарзиев Мирҳусейн баромад. Ӯ корманди Вазорати маориф буд ва ҳолати маро дида, ҳамроҳ ба Вазорат рафтем. Аз Вазорат ба ректори донишгоҳ занг заданд ва маро ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил карданд.  

Қисса кӯтоҳ, дар факултети ҳуқуқшиносӣ як сол хондам ва бо баҳои аъло солро ҷамъбаст кардам. Баъдан, ҳуҷҷатҳоямро гирифта ба шӯъбаи рӯзноманигорӣ дохил шуданӣ будам, вале боз қабул накарданд, зеро бояд довталабони риштаи рӯзноманигорӣ ҳадди ақал як забони хориҷӣ медонистанд. Хуллас, ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда, зиёда аз як сол дар он ҷо таҳсил кардам ва соли 1981 ба хизмати аскарӣ рафтам. Ду сол хизмат кардам. Пасон ҳуҷҷатҳоямро ба факултети филолигияи тоҷик шӯъбаи рӯзноманигорӣ супоридам ва пурра хонда тамом кардам.

- Тамомшавии кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавониро чӣ гуна фаҳмидед?

- Тамомшавии кӯдакиро замоне ҳис кардам, ки падарам дигар ҷанг намекарданд. Тамомшавии наврасиро замоне фаҳмидам, ки аз муносибату муоширати духтарон ба марҳилаи дигар гузаштам ва муносибатам ҷиддӣ шуд. Аммо тамомшавии ҷавониро ҳис накардаам, зеро ҳоло ҳам ҷавонам.

- Ҷавонии мо аз ҷавонии Шумо чӣ тафовут ва умумиятҳо дорад?

- Мо озод будем. Озодии мо дар фарохии фикру андешаамон буд. Умумият дар он аст, ки мо ҳам кор мекардему Шумо ҳам ҳоло кор мекунед, талош доред, аз пушти зиндагӣ медавед.

- Як хато ва як муваффақияти ҷавониятон кадом аст?

- Боре бибиямро сахт ранҷонидаам ва барои он шӯхии ноҷоям худамро ҳеҷ гоҳ намебахшам. Шӯхиам он буд, ки бибиям дар болини беморӣ буд ва гуфтам, ки ноҷо бемор шудед, ҳоло ягон ҳодиса мешавад мо аз дарс мемонем... Муваффақиятам дар он аст, ки пас аз даводавҳои зиёд қафо нагаштам ва донишҷӯи риштаи дӯстдоштаи худам шудам. 

- Ҳоло чиро ё киро бинед, кӯдакӣ, навравсӣ ва ҷавонии худро  ба ёд меоред?

- Ҳар он чиз ё касе, ки аз хотироти ширини айёми кӯдакиву наврасиву ҷавониям ба ёд оварад.  

Журналистика

- Шумо чӣ гуна ва барои чӣ журналист шудед?

- Чӣ гунаашро намедонам, вале медонам, ки барои ҳақиқатро гуфтан, аз дарду доғи мардум масъулинро бохабар кардан ва ҳамрозу ҳамнавои тамоми қишрҳои ҷомеа будан ин пешаро интихоб кардам. 

- Ҳоло ҳавои журналистикаи мо чӣ гуна аст?

- Абрӣ! На борон меборад ва на офтоб мебарояд. Ҳолу ҳавои журналистикаи мо ҳоло муттамарказ нест ва он сухане, ки бояд гуфта шавад, мутаассифона намегӯем.

- Устод, ҳар нафаре, ки навишта метавонад ҳоло хомӯш аст, аммо онҳое, ки навиштаҳои дигаронро нусха карда метавонанд ё бо интернет кор мекунанд, худро журналист мегӯянд…

- Ин як касалии худхоҳӣ аст, ки табобатнашаванда мебошад. Ва онҳое, ки хомӯшанд медонанд, аз навиштан фоидае нест. Масалан, ман бисёр навиштаҳое дорам, ки аз нашрашон худдорӣ мекунам.

– Аз журналистони соҳибном киҳо ба Шумо ҳақи устодӣ доранд?

- Отахон Латифӣ, Додоҷон Атовуллоев, Мавлон Раҷаб ва Исмоил Ҳикматов.

– Ба фикри Шумо топ 3 сутуни журналистикаи тоҷик киҳоянд?

- Отахон Латифӣ, Иброҳим Кенҷаевич ва Додоҷон Атовуллоев. 

- Бори номи журналистиро бардоштан осон аст?

- На, бисёр душвор аст.

- Яке аз қисматҳои асосии фаъолияти Шумо дар журналистика ин кор дар “Нерӯи сухан” аст. Бигӯед, ки ин рӯзнома чӣ гуна таъсис ёфт ва чӣ гуна хомӯш шуд? 

-  Барои таъсиси “Нерӯи сухан” сухани як ҳамдеҳаам сабаби асосӣ шуд. Рӯзе бо ӯ вохӯрдам ва чанде дар бораи журналистикаву журналистон гуфтем ва дар охир кинаомез гуфт, ки як журналисте бошад, газетаи нав таъсис диҳад ва танҳо сухани ҳақро гӯяду мушкили мардумро инъикос кунад. Чун он замон мо рӯзномаро аз қайд гузаронида будему танҳо масъалаи матолибу нашраш буд, гуфтам, ки ҳафтаи дигар чунин рӯзномаро аз дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ дастрас кун. Ҳамин тавр, дар муддати чанд рӯз аввалин шумораи “Нерӯи сухан”-ро омода кардем ва 31-уми январи соли 2003 он нашр шуд. 

Он замон фазои матбуот вакумро мемонд ва то андозае тими “Нерӯи сухан”, ки аз Обидҷон Шакурзода, Ҷовид Муқим, Раҷаб Мирзо, Фахриддин Холбек, Ваҳҳоби Одина, Муҳиддин Идизода, Мирзоалӣ Ҷӯраев, Ҳабиба Каримова ва дигарон иборат буд, тавонистем фазоро дигаргун кунему холигиро пур намоем. Хулоса рӯзнома 3 сол умр дид ва натавонистем он чизе, ки мехостем бигӯем. 

- Дар телевизиони Тоҷикистон ҳаст барномае, ки мунтазам бубинедаш?

- Не, ман чандин сол боз шабакаҳои телевизионии кишварро тамошо намекунам.

- Профессор Иброҳим Усмонов гуфта буд: “Акбаралӣ Сатторов Иттифоқи журналистонро бо худаш гирифта рафт?” ба ин фикр то кадом андоза розиед?

- Бале, бо устод мувофиқам!

- Оё ба журналистони оянда бовар кардан мумкин аст?

- Ҳам бале ва ҳам не.

Журналистика – 2 

- Иваз шудани самт, мавзӯъ, хосият ва услуби эҷодкор аз чист?

- Аз таҷриба андохтану иваз шудани фазову муҳит барои доираи журналистии кишвар.

- Шӯҳрат, нон, ном, обрӯ, мардум… Дар  ин сину сол дар бораи кадоме аз инҳо фикр мекунед?

- Замоне барои шӯҳрат, замоне барои ном, замоне барои эътимоди мардум ва ҳоло барои зистан.

- Дар китобу таърихномаҳо ҷой додани номи 73 журналисти кушташуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чӣ нақш дорад?

- Бо Тиллои Некқадам ва Абдуғаффор Мирзозода ба фикре омадем, ки як ҷамъияте барои ҳимояи ҳуқуқи журналистон таъсис диҳем ва Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз журналистонро 23-уми апрели соли 1998 ташкил кардем. Ҳамин тавр, дар доираи фаъолияти ин ташкилот ба ҷамъоварӣ ва то қадри имкон ҷой додани номи журналистони кушташуда самҳ гирифтем. 

- Меъёри касбӣ болост ё ахлоқӣ

- Меъёри ахлоқӣ.

- Аз журналистикаи имрӯз розиед?

- Не!

- Дар кадом ҳолат розӣ мешавед?

- Ҳамон вақте ки ҳар журналист сухани дилашро ба мардум гуфта тавонад, аз гуфтани ҳақиқат наҳаросад ва эътибору эътимоди журналистикаи тоҷик дар назди халқ боло равад.

- Ба журналистикаи мо чӣ намерасад?

- Ҷуръат!

- Шумо ҳанӯз дар соли 2010 блоги худро бо номи “Каздон” фаъол карда будед. Чӣ гуна дар он сол ин фикр ба саратон омад? 

- Ман  бисёр барвақт ба интернет сари кор мегирифтам ва идеяи таъсиси блог ҳам дар ҳамин буд. “Каздон” ин номи деҳаам аст. 

- Шумо тренерӣ ҳам кардаед? 

- Бале, мо дар доираи лоиҳаҳо фаъолияти тренерӣ доштем ва фикр мекунам то андозае дар таҷриба ва фаҳмиши сармуҳарририи бархе сармуҳаррирони нашрияҳо саҳм гузоштаем.

- Чаро дар самти журналистика кори илмӣ накардед?

- Ман журналистам ва вазифаам аз ҳаводису воқеоти рухдода мардумро огоҳ кардан аст. Кори илмӣ метавонист, ки ба фаъолияти журналистиам  халал расонад.

Оила

- Шумо дар чӣ гуна оила таваллуд шудаед?

- Ба қавли имрӯз дар оилаи зиёӣ. 

- Падару модаратон чӣ касбу коре доштанд?

- Падарам ҳунарманд ва модарам хонашин буданд. 

- Шумо бештар ба кӣ рафтаед: падар ё модар?

- Аз лиҳози ҳақгӯӣ ва ҳақталошӣ ба падар ва аз ҷиҳати меҳрубониву таҳаммулпазирӣ ба модарам.

- Кай оиладор шудед?

- Соли 1985 оиладор шудам ва бисёр хушбахтам.

- Ҳоло вазъи оилавиятон чӣ гуна аст?

- Ҳоло шукр соҳиби оилаи обод ва ду фарзанд ҳастам. Духтарам Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро хатм кард ва иловатан дар Хитой таҳсил кард, ки ҳоло донандаи хуби забони хитоӣ мебошад. Писарам бошад ҳам донандаи хуби забони хитоӣ, ҳам хатмкардаи Донишгоҳи славиянии Русияву Тоҷикистон аст ва ҳоло дар Палатаи китобҳо фаъолият мекунад.

- Мо ба бисёр нафароне дучор меоем, ки оиладор нашудаанд ё оила надоранд ва боз бисёриҳоро медонем, ки ду оила доранд. Шумо бигӯед, ки оиладорӣ яъне чӣ?

- Оилаи нағз бошад дар ҳама кор ҳамсарон дастгирӣ якдигар мешаванд ва дар ин роҳи пуршебу фароз, ки номаш зиндагист ёрирасони ҳамдигар мегарданд. Ва аз оилаи бад Худо нигоҳ дорад.

- Ҳама он чизе, ки падар дар ҳақи Шумо карда буданд, Шумо ба фарзандонатон карда истодаед?

- Фикр мекунам зиёдтар кардам.

- Ҳоло аробаи зиндагӣ чӣ гуна пеш рафта истодааст?

- Ҳоло бо писарам ҳамроҳ зиндагиро пеш бурда истодаем.

- Ба фарзандонатон чӣ монданиед?

- Номи нек.

- Ба фикри Шумо ба ҳар оилаи тоҷик ҳоло аз ҳама бештар чӣ лозим аст?

- Тарбияи ахлоқӣ.

Саволҳои пароканда

- Ақл болотар аст ё фаросат?

- Ҳамон вақте ки ҳарду омезиш ёбанд.

- Кадом вақт Шумо аз худатон розӣ нестед?

- Ҳамон вақте ки натавонам ҳар он чизе, ки дар дилам ҳаст, бигӯям.

- Барои инсон аз ҳама хислати бад чист?

- Тамаъкорӣ.

- Барои чӣ баъзе одамон нони хӯрдан надоранд, вале доштаҳои баъзеи дигар аз шикамашон зиёд аст?

- Нобаробарии ҷомеа аст, дигар ҳеҷ.

- Мехоҳед намиранда бошед?

- Мехоҳам намирам, вале бо маънои маҷозӣ.

- Чанд сол умр дидан мехоҳед?

- Фикр мекунам ҳамин 60 сол ҳам бас аст.

- Чаро зиёиёни мо меноланд?

- Намедонам барои чӣ, вале ман наменолам, зеро ҳама чизро дидам.

- Маротибаи дуюм бо ҳамин ҷисму ақлу фаҳмиш зиндагӣ кардан мехоҳед?

- Не. 

- Ман 24-солаам, Шумо 60-сола. Чӣ кор кунам, ки то 60-солагӣ ҳадди ақал нисфи Шумо муваффақ шавам?

- Ҳамеша кори дӯстдоштаатонро кунед, ба наздиконатон вақт ҷудо кунед, барои худинкишофдиҳии худ ҳамеша кӯшиш кунед ва бовар кунед, даҳҳо маротиба аз ман боло мешавед.

- Умри гузаштаатонро чӣ гуна ҷамъбаст мекунед ва аз ояндаатон чӣ интизориҳо доред?

- Ман дар 59 соли ҳаётам ҳама чизро дидам ва интизориҳоям дар оянда он аст, ки аз худам чизе монам.


«Пайраҳаи бобо». Самир Афардӣ: Аз аккосӣ то филмбардории мустанад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(135) "Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "21897"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/talk/to_iri_20_solai_muvaffa_amsolonam_boyad_muayyan_kunand_ki_ch_mekho_and_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "7051"
  ["CODE"]=>
  string(71) "to_iri_20_solai_muvaffa_amsolonam_boyad_muayyan_kunand_ki_ch_mekho_and_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "7051"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(115) "Зайтуна Сайдуллоева:  “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "21569"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(76) "/tj/articles/talk/zaytuna_saydulloeva_moro_meboyad_ki_in_olab_oro_shikanem_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6942"
  ["CODE"]=>
  string(57) "zaytuna_saydulloeva_moro_meboyad_ki_in_olab_oro_shikanem_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6942"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Зайтуна Сайдуллоева: “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(128) "“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20787"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/our_people/bargasht_ba_kori_d_stdoshta_zindag_va_kori_olibi_ta_mina_is_a_ova/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6685"
  ["CODE"]=>
  string(65) "bargasht_ba_kori_d_stdoshta_zindag_va_kori_olibi_ta_mina_is_a_ova"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6685"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(110) "Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20578"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "14348"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(80) "/tj/articles/networks/energetik_astronom_va_tar_ibgari_ilm_parvizi_orzu_ul_kist/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6618"
  ["CODE"]=>
  string(57) "energetik_astronom_va_tar_ibgari_ilm_parvizi_orzu_ul_kist"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6618"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?

Другие новости