Ru  | Tj
“Бисёр мехоҳам, ки дар чорабиниҳои давлатӣ иштирок кунам”. DJ кист?
“Бисёр мехоҳам, ки дар чорабиниҳои давлатӣ иштирок кунам”. DJ кист?
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

“Бисёр мехоҳам, ки дар чорабиниҳои давлатӣ иштирок кунам”. DJ кист?

Нашр шуд

DJ барои ҷомеаи мо пурра шинос нест. Ин намуди шуғлро аслан ҷавонон зиёдтар медонанд ва барояш алоқа доранд. Муҳаммад Раҳмонов (Emre Jan) яке аз ҷавононест, ки солҳои зиёд ба ин кор машғул аст ва ба Halva.tj дар бораи талабот, муҳимият, арҷгузорӣ, ҷиҳатҳои мусбату манфӣ ва умуман кори DJ-ӣ гуфт.

- Муҳаммад, Шумо намояндаи яке аз шуғлҳои нав ва ҳоло серхаридор - DJ дар Тоҷикистон ҳастед. Нахуст дар бораи ҳамин навиштаи пеши куртаатон “Як музикаи соз мон” бигӯед?

- Тавре медонед, кори мо барои мардум мусиқӣ мондан аст ва ин ҷумларо ман аз меҳмонони клубҳои гуногун мешунавам. Яъне мо мусиқӣ мемонем ва ҳеҷ вақт як мусиқӣ наметавонад ба ҳама писанд ояд ва онҳое, ки мехоҳанд мусиқиро иваз кунам, пешам омада, ҳамин ҷумларо баланд-баланд мегӯянд.


- Шумо чӣ хел ба ин соҳа омадед?

- Аз давраи кӯдакӣ ба мусиқӣ алоқа доштам ва сурудҳои гуногунро гӯш мекардам. Ман дар шаҳри Санкт-Петербург мактаби миёнаро хатм кардаам ва дар дарсҳо бисёр мусиқӣ гӯш мекардам. Пас аз хатми мактаб ба Тоҷикистон омада ва дар клубҳо фаъолият мекардам. Рӯзе DJ-и клубамон кор наомад ва маъмури клуб гуфт, ки ба ҳайси ӯ кор кунам. Кор кардам ва ҳамин тавр, ба ин соҳа ворид шудам.

- Ҳунари DJ-иро чӣ гуна омӯхтаед?

- Ман боре ҳам ба касе нагуфтаам, ки ин ҳунарро ба ман омӯзонад, балки худ аз пеши худ ба ин ҷода қадам гузоштам. Ба фикре ҳастам, ки ин гуна касбҳоро аз омӯхтан дида, дидану таҷриба кардан беҳтар аст.

- Ин кор дилгиркунанда нест?

- Аксарият мегӯянд, кори DJ-ӣ ҳамеша истироҳат аст, вале набояд фаромӯш кард, ки кори мо бисёр мушкил мебошад. Масалан, як нафар мебарояд ва 10-15 дақиқа рақс мекунад ва хаста шуд, рафта мешинад. Аммо мо бояд соатҳои дароз бо танзими мусиқӣ ва дастҷунбониҳоямон меҳмононро хушҳол кунем ва ба қавле бояд барои рақсидани ҳама шароит муҳайё кунему бо ҳама бирақсем.


- Ин касб кадом паҳлӯҳои манфиро дорост?

- Мо шаб то саҳар кор мекунем ва рӯзона барои шабамон фикр мекунему омода мешавем. Мо касбе дорем, ки офтобро намебинем. Мо аз рӯйи касбе зиндагӣ мекунем, ки кӯшиш мекунем корамон ба ҳама писанд ояд ва табъи ҳамаро соате ё соатҳое хуш кунем. Мо тарзе зиндагӣ мекунем, ки аз ҳаёти муқаррарӣ берун баромадаем, яъне шаб кору рӯз нимкору нимхоб.

- Паҳлӯҳои мусбати касб кадом аст?

- Таъминкунандаи хушии мардум аст. Аз ташвишҳо дур мекунад, ғамҳоро фаромӯш мекунонад ва барои кореро анҷом додан ангеза медиҳад.

- Ҳоло DJ дар куҷоҳо кор карда метавонад?

- Дар клубҳо, консертҳо, тӯйҳо ва ғайраҳо.


- Нақши Шумо дар тӯй чист?

- Ҳоло мардум дар ҳама ҳолату ҳама ҷо хоҳишоти ҷавононро ба назар мегиранд ва дар тӯйҳо яке аз хушкунандаи табъи ҷавонон ин кори мост. Бо мусиқиҳое бозӣ мекунем, ки ҳоло дар “тренд” ҳастанд ва онҳоро метавонад бедор кунад.

- Шумо чӣ гуна принсипҳо доред?

- Ман аз ягон DJ мусиқӣ намепурсам.


- Агар касби DJ намебуд, кадом касбро интихоб мекардед?

- Ростӣ, дар аввал мехостам ҳавонавард бошам, пасон хоҳиши футболбоз шуданро кардам ва баъди ин актёр шудан хостам. Дар ҳолати набудани касби ҳозираам, мумкин аз ин се якеро интихоб мекардам.


- DJ бояд кадом асбобҳоро дошта бошад?

- Вақте ки ин касб дар дили DJ бошад, доштани асбобҳо муҳим нест, балки фаҳмидани мусиқӣ ва хоҳиши мардумро донистан кифоя аст.

- Ин касб метавонад зиндагии Шуморо таъмин кунад?

- Бале, ба фикре ҳастам, ки ҳар нафар метавонад зиндагии худро пайдо кунад ва ҳатто аз кори асосии худ дур нарафта. Танҳо бояд коратро дӯст дорӣ ва аз таҳти дил анҷом диҳӣ.

- Мусиқиҳоро аз куҷо мегиред ва дар хазинаатон чанд мусиқӣ доред?

- Аз интернет мегирам ва шумораашон тақрибан 300 000 аст.


- Мусиқии дӯстдоштаи Шумо кадом аст?

- То DJ шудан мусиқии дӯстдошта доштам, вале баъдан не. Яъне ҳамаи мусиқии мегузоштаам бароям писанд аст.

- Ягон маротиба фикр кардаед, ки ин коратонро тарк кунед?

- Не. То он замоне, ки ҳадди ақал як нафар ба кори ман таваҷҷуҳ мекунад, онро тарк намекунам.

- Баъзе касбҳо умри кӯтоҳ доранд, касби Шумо чӣ?

- Касби мо ба синну сол рабт надорад, то вақте ки талаботу қувва ҳаст, кор мекунем.


- Назари аҳли оила ба ин касби Шумо чист?

- Назари нек доранд ва аз ҳама муҳим садди роҳ намешаванд.

- Бачаҳои ҷавон назди Шумо барои омӯхтани ин касб меоянд?

- Бале, бисёр меоянд, вале ман ба онҳо бо се сабаб кор намекунам. Якум, агар шогирд қабул кунам, шогирдам аз ҳама зиёд то андозаи ман мешавад. Дуюм, ҳар нафар хоҳишот ва фаҳмиши мусиқии худро дорад, ки онро иваз кардан мумкин нест. Ва сеюм, ин касбро намеомӯзанд, балки медонанд ва мехоҳанд. Яъне ҳар нафаре, ки хоҳиш дорад, худаш мебинад, таҷриба мекунад ва муваффақ мешавад.

- Дар кишвари мо ин касбро дар куҷо омӯхтан мумкин аст?

- Дар ҳеҷ куҷо.

- Дар замони мо DJ бекор намемонад?

- Кор бениҳоят бисёру DJ кам аст.


- Шумо DJ ҳастед ва ба фикри худатон ба ватан бавоситаи ин касб чӣ хизмат карда метавонед?

- Вақте ки мактаби миёнаро дар шаҳри Санкт-Педербург хатм кардам, волидонам гуфтанд, ки ҳамонҷо таҳсилро давом диҳам, вале ба кишвар омадам ва хостам барои ватанам кадр шаваму дар хизмат бошам. Ҳамин тавр, ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дохил шуда, онро хатм кардам. Чун ба соҳаи DJ пайвастам, ҳоло фикр мекунам агар аз рӯи ихтисос ҳам кор накунам, нафъам ба миллат расида истодааст.

- Чӣ гуна хизмат карда истодаед?

- Табъи мардумро дар дилхоҳ ҷо хуш мекунам ва ба мардум ангеза медиҳам.


- Аз ин дида, хизмати бештаре карда метавонед?

- Бисёр мехоҳам, ки дар чорабиниҳои давлатӣ иштирок кунам ва то қадри имкон касбамро боз ҳам бар нафъи мардуму кишвар истифода барам. Ростӣ, ман омодаам, ки бидуни маблағ дар дилхоҳ вақту дилхоҳ чорабинии давлатӣ хизмат кунам.

- Аз ояндаи ин касб дар кишвар чӣ умедҳо доред?

- Касби мо дар Тоҷикистон бисёр пеш рафта истодааст. Масалан, панҷ сол пеш DJ-ро ба тӯйҳо даъват намекарданд, вале ҳоло ин чиз анъана аст. Инро ба инобат гирифта, умед мебандем, ки боз беҳтар мешавад.


- Тавсияҳои Шумо ба DJ-ҳои оянда...

- Баъзе касбҳоро интихоб кардан мумкин аст, вале DJ аз ҷумлаи касбҳоест, ки онро бояд дар дил дошта бошед, таҷриба кунед ва аз кардаатон ҳаловат баред. Агар дилхоҳ ҷавоне, ки бо мусиқӣ бисёр сари кор мегирад, мусиқиро дӯст медорад ва табъи мардумро медонад, пас ин касб барои ӯст.


Баҳриддин Сабур: “Аз кори кардаам лаззат мебарам”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(135) "Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "21897"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/talk/to_iri_20_solai_muvaffa_amsolonam_boyad_muayyan_kunand_ki_ch_mekho_and_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "7051"
  ["CODE"]=>
  string(71) "to_iri_20_solai_muvaffa_amsolonam_boyad_muayyan_kunand_ki_ch_mekho_and_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "7051"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(115) "Зайтуна Сайдуллоева:  “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "21569"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(76) "/tj/articles/talk/zaytuna_saydulloeva_moro_meboyad_ki_in_olab_oro_shikanem_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6942"
  ["CODE"]=>
  string(57) "zaytuna_saydulloeva_moro_meboyad_ki_in_olab_oro_shikanem_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6942"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Зайтуна Сайдуллоева: “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(128) "“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20787"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/our_people/bargasht_ba_kori_d_stdoshta_zindag_va_kori_olibi_ta_mina_is_a_ova/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6685"
  ["CODE"]=>
  string(65) "bargasht_ba_kori_d_stdoshta_zindag_va_kori_olibi_ta_mina_is_a_ova"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6685"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(110) "Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20578"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "14348"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(80) "/tj/articles/networks/energetik_astronom_va_tar_ibgari_ilm_parvizi_orzu_ul_kist/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6618"
  ["CODE"]=>
  string(57) "energetik_astronom_va_tar_ibgari_ilm_parvizi_orzu_ul_kist"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6618"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?

Другие новости