«Бояд ба пеш ҳаракат кард ва таслим нашуд»: Наргиза Ҳакимова доир ба сафар ба Русия ва хизматрасонии MigrantHelp
Нашр шуд
Ҳамасола шумори зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ба хотири пайдо кардани кори мувофиқ ва пешбурди рӯзгор ба Федератсияи Русия сафар мекунанд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия то моҳҳои январ-майи соли 2021 дар ин кишвар 3,893 миллион нафар ҳамчун муҳоҷир аз қайди давлатӣ гузаштаанд.
Бо вуҷуди оне, ки рӯз то рӯз вазъияти муҳоҷирон беҳтар гашта истодааст, аммо боз ҳам як қатор мушкилиҳо дар қонунгузории соҳа мавҷуд аст. Ҳамарӯза ҳазорон нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба мушкилоти пайдо намудани ҷойи зист ва кори мувофиқ, бақайдгирии ҳуҷҷатҳо ва гирифтани патент рӯ ба рӯ мешаванд. Баъзан онҳо ба машварати ҳуқуқӣ, тиббӣ ва молиявӣ ниёзи зиёд доранд.
Ҳангоми аз Тоҷикистон ба Русия сафар намудан, муҳоҷирон бо кадом мушкилотҳо рӯ ба рӯ мешаванд, доир ба ин мавзӯъ мо мусоҳибае дорем бо Наргиза Ҳакимова.
- Наргиза, шумо чӣ қадар вақт шуд, ки ба Русия омадед ва дар ин ҷо ба чӣ кор машғулед?
- Ман ба Русия соли 2001 омадам ва ҳоло ба ҳайси тарҷумон дар Бюрои экспертизаи судӣ фаъолият мекунам.
- Мехоҳам, донам, ки шумо дар куҷо ба дунё омадед ва то ба Русия омадан ба чӣ кор машғул будед?
- Ман дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадам. Дар факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил кардам. То ба Русия омаданам, дар мактаби миёна ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият мекардам.
- Чӣ шуморо маҷбур намуд, то тарки Тоҷикистон кунед?
- Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба зиндагиям сахт таъсир расонд. Ҳама чиз бисёр бад шуд, дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва пайдо кардани ҷойи кор дар ин давра хеле мушкил буд. Аз ин рӯ, зиндагӣ маро маҷбур кард, то барои кор ба Русия сафар кунам.
- Шумо вақте ба Русия омадан, бо чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудед? Оё гуфта метавонед, ки Русия шуморо «дӯстона» пазируфт?
- Дар назари аввал чандон душвор набуд, зеро ман ба ин ҷо ҳамроҳи волидонам омадам ва онҳо қаблан дар Русия зиндагӣ карда буданд. Аммо ба ҳар ҳол миллати бегона, забони бегона, расму русуми бегона ва умуман одат кардан ба ин ҳама каме мушкил буд. Мушкили дигаре, ки ба он рӯ ба рӯ шудам, ин пайдо кардани ҷойи зист ва кор буд.
- Нафароне, ки ҳамроҳи шумо ба ин ҷо омаданд, чӣ гуна тавонистанд, аз паси ин мушкилот бароянд? Шояд ҳамроҳи шумо ягон нафари дар ин соҳа таҷрибадор буд?
- Рости гап дӯстон ва наздикони ман низ айнан ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ шуданд: пайдо кардани ҷойи зист ва кор. Мо дар ин ҷо касеро намешинохтем, ягон нафар хешу тубор ва шинос ҳам надоштем. Ҳеҷ кас намедонист, ки мо бояд кадом ҳуҷҷатҳоро омода кунем ва барои гирифтани шаҳрвандӣ ба куҷо муроҷиат кунем.
- Шумо барои кӯмак дар ин самт ба касе муроҷиат кардед?
- Нафареро ё ҷойеро пайдо кардан, ки ба ту кӯмак расонад, хеле мушкил буд. Ман дар ин масъала ба дӯстонам, ки қаблан дар ин ҷо буданд, муроҷиат кардам ва онҳо гуфтанд, ки бояд кадом ҳуҷҷатҳоро омода кунам. Аммо дар бораи ҳуқуқҳои худ дар ин ҷо чизе намедонистам. Баъдтар фаҳмидам, ки дар ин ҷо ширкатҳои калоне фаъолият мекунад, ки онҳо муҳоҷироне чун маро кӯмак мекунанд. Ман ҳамчунин аз хизматрасонии электронии MigrantHelp истифода намудам.
- Оё пас аз истифодаи хизматрасонии онлайнӣ дар зиндагии шумо тағйироте ворид шуд?
- Бегуфтугӯ. Ман акнун он чизеро, ки меҷустам пайдо кардам ва ба бисёр саволҳои худ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ посух ёфтам, ки қаблан чунин имкониятро надоштам.
- Бо мисолҳои мушаххас гуфта метавонед, ки кадом тағйиротҳо дар зиндагии шумо ворид шуд?
- Ман тавонистам ҳуқуқҳои муҳоҷиронро, ки қонун муқаррар кардааст, ҳамаҷониба омӯзам. Дар маҷмӯъ, дар мавриди шароити зисти муҳоҷирон бояд чӣ гуна бошад, маълумот пайдо намудам. MigrantHelp ба ман кӯмак кард, то тариқи имтиёз шаҳрвандиро ба даст оварам. Маҳз бо шарофати он тавонистам ҳуҷатгузории худро дуруст ба роҳ монам.
- Пас аз ҳама ин мушкилот шумо аз омаданатон ба Русия пушаймон нестед?
- Ман дар Русия кор ва зиндагӣ мекунам. Аз он роҳи душворе, ки дар ин ҷо тай намудам, ҳаргиз пушаймон нестам. Зеро дар акси ҳол наметавонистам шаҳрвандӣ гирам ва кори дилхоҳамро пайдо кунам.
- Шумо ба нафароне, ки акнун хоҳиши ба Русия омадан доранд чӣ маслиҳат медиҳед?
- Шумо бояд ҳамеша ба пеш ҳаракат кунед ва таслим нашавед. Албатта, қабл аз сафар бояд дар бораи Русия, доир ба ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва қонунҳои амалкунандаи соҳа як маълумоти умумӣ дошта бошед. Имконияти дархости кӯмак ва машваратро аз даст надиҳед, то ба доми фиреб наафтед.
Маълумотнома:
Хизматрасонии онлайнии MigrantHelp ба муҳоҷирон дар самтҳои гуногун хизмат мерасонад: аз ёрии ҳуқуқӣ шурӯъ намуда, то пайдо намудани ҷойи кор ва ҷойи зист. Он 24 соат фаъол буда, дар як ҳафта 7 рӯз ба муҳоҷирон (бо забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ, қирғизӣ) кӯмак мерасонад.
Телефон барои тамос: +7 (804) 333-74-00
Instagram: https://www.instagram.com/mig.help/?utm_medium=copy_link
WhatsApp: https://api.whatsapp.com/send?phone=74996494199&text=Для+начала+общения+отправьте+в+чат+любо...+ Telegram: https://t.me/mighelp_bot
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед