Ru  | Tj
Муаллифи маълули “Аз ҳар зовия” ва зиндагии ҷолиби ӯ: “Атса занам қабурғаам мешиканад”
Муаллифи маълули “Аз ҳар зовия” ва зиндагии ҷолиби ӯ: “Атса занам қабурғаам мешиканад”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Муаллифи маълули “Аз ҳар зовия” ва зиндагии ҷолиби ӯ: “Атса занам қабурғаам мешиканад”

Нашр шуд

Ӯ аз замоне ки худро мешиносад, маълул аст. 

Ӯ худ дар мушкилӣ асту вале аз мушкилоти дигарон мегӯяд.

Ӯ худ андӯҳгин аст, вале барои хурсанд кардани дигарон зарофат меҷӯяд.

Ӯ танҳо се сол дар мактаби миёна ва як ҳафта дар коллеҷ таҳсил кардааст.

Ӯ чор фарзанд дорад.

Ӯ маълули устухоншикан аст, ки ҳар моҳ яке аз узвҳояш мешикананд.

Ӯ кабутарро дӯст медорад.

Ӯ як орзуи амалинашуда дорад.

Абдурашид Қаюмзод, 31-сол дорад, ӯ зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошад.

Рӯзгори як одами одӣ


- Шумо гуфта будед, ки аз кӯдакиатон ягон хотираи хуб надоред. Вале дар навиштаҳои фейсбукиатон баръакс рӯҳи одамонро болида мекунед, гуфтаҳои мативатсионӣ меоред, латоифу зарофат меҷӯед?

- Ҳаҷвнигори машҳур Чарли Чаплин гуфтааст: "Чи талх аст, бо буғз бинависӣ, бо ханда бихонанд". Гуфтаниям, ки пушти аксари он ҳазлу зарофат, ҳатман ягон мушкилии ҷомеа ё дарду аламе нуҳӯфта аст. Ва шояд ҳамон ранҷу дарду мушкилӣ аст, ки боиси рушду камоли одам мешавад.

- Шумо чанд муддат дар мактаб ва чанд муддат дар хона таҳсил кардаед?

- Ҳамагӣ се сол дар мактаб хондаам. Аз синфи се то синфи шаш.

- Кадом намуди таҳсил ба Шумо зиёдтар писанд буд: мактаб ё хона?

- Албатта, мактаб. Ҳар хотираи хӯше, ки аз замони кӯдакӣ ё мактабӣ дошта бошам, марбути ин се сол аст.

- Фикри дар мактаби олӣ таҳсил карданро доштед? Агар “бале” дар кадом донишгоҳ бо кадом ихтисос ва агар “не” чаро?

- Бале. Махсусан, падарам бисёр мехостанд, ки маълумоти олӣ гирам. Бинобар ин, баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба Колеҷи махсуси маъюбон супоридам. Дар ихтисоси барномасозӣ таҳсилро оғоз намудам, аммо мутаассифона боз ҳам ҳамин саломатӣ имкон надоду ҳамагӣ баъди як ҳафта тарки он кардам.

- Шумо ҳоло 4 духтар доред, аҳволи онҳо чӣ хел аст, чӣ гуна тарбия ёфта истодаанд, дар чӣ гуна мактаб таҳсил мекунанд ва умуман дар бораи фарзандонатон каме гуфта метавонед?

- Худоро шукр ҳамаашон сиҳату солим ҳастанд. Духтари калониам Асмоа имсол ба синфи якум қадам монд. Дар мактаби таҳсилоти умумии деҳаамон  мехонад. Дарку фаҳмишаш нисбати дарсҳо хеле хуб аст. Хоҳаронаш  Баҳор, Нозанин ва Зуҳал бо тафовути ду сол аз ҳамдигар зери тарбияи худамон ҳастанд. Албатта, кӯшиш мекунем, ки хуб тарбия кунем. Дар ин маврид рӯзе нест, ки  модарашонро таъкид накунам. Бештар атрофи худам ҳастанд ва бозӣ мекунем. 


- Шумо дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди миллии маъюбон беш аз 50 маъюбро аз деҳоти кишвар ҷамъ кардаву дарсҳои омӯзишӣ гузаронидед, он ҷо ба ҳайси кӣ иштирок кардед?

- Иттиҳодияи мазкур маро дар ин кор ба ҳайси ташкилотчӣ ва машваратчӣ интихоб карда буд.

- Чаро Шумо кабутарро дӯст медоред?

- Якум рамзи сулҳ аст. Дуюм, бештар зебоии ин паранда диққати маро ҷалб мекунад.

- Чи гунае, ки хабар пайдо кардем, Шумо як орзуи амалиношудае доред ва онро ҳеҷ гоҳ нагуфтаед, вале оё медонед, ки орзуҳоро бояд гуфт то ки онҳо амалӣ шаванд? 

- Ман ба ин ақида розӣ нестам. Аз таҷрибаи худ мегӯям, агар нияту нақшаи ҳар кору амалеро, ки дошта бошию онро фош созӣ ва ба дигарон бигӯӣ, муваффақ шудан ба он камтар даст медиҳад. Орзуҳоро нагуфтан беҳтар...


- Шумо яке аз одитарин одамони ин кишвар ҳастед, зиндагиатон чӣ гуна гузашта истодааст?

- Чун дигар одамони одӣ мо низ мушкилоти иҷтимоӣ дорем. Барои оилаи шашнафара, ки ду нафараш маълул аст ва ягона манбаи  даромад ҳамон 300 сомонӣ нафақа аст, мушкилиҳо бештар хоҳанд буд. Аммо шахсан мушкилии худам ҳамин саломатиам аст, ки бо расидани фасли сармо, ранҷаш бештар мешавад.

Шикастани устухонҳо вазнинтар аст ё шикастани дил?


- Шумо маълули модарзод ҳастед?

- Ман аз модар бо бемории устухоншикан ба дунё омадаам. Бори аввал ҳанӯз дар чандрӯзагӣ дастам шикастааст. Аз вақте, ки худамро шинохтам, гоҳ даст, гоҳ поям дар “гипс” буд.

- Шумо гуфтаед: “Атса занам ким-кадом қабурғаам мешиканад”. Дар бораи ҳамон шикастанҳо метавонед бигӯед?

- Шахси мубталои ин беморӣ мумкин аст, садҳо ва ҳатто ҳазорон бор шикастани устухон (перелом)-ро аз сар гузаронад. Дар аввал бовар намекардам, ки чунин зиёд бошад, аммо баъдан фаҳмидам, ки шикастани ҳамон қабурғаҳо ё дигар устухонҳои хурд яъне ғайр аз дасту по низ дар ҳисоб будааст. Шикастани қабурғаҳо зуд-зуд рух медиҳанд, ҳатто ҳангоми атса задан ё ягон ҳаракати ногаҳонӣ кардан. Аммо худоро шукр, ки бисёр зуд ҷобаҷо ва пайванд мешаванд. Як хусусияти беморӣ ҳамин аст.

- Шикастани устухонҳо вазнинтар аст ё шикатани дил?

- Дил. Устухонҳои ман чандин бор шикаставу хуб шудаанд, аммо дил... Ман намегӯям, ки мудом дили маро мешикананд, аммо кам ҳам бошад, ин ҳолатро дидаам. Барои мисол чанде пеш як-ду дӯстам маслиҳат карда хостанд, ки маро бо мошине таъмин созанд. Барои ин ҳуҷҷати ронандагӣ лозим шуд. Ман ба ниҳоде, ки ба ин кор  машғул аст,  муроҷиат кардам. Аммо сардори он коргоҳ бо лаҳни бисёр дурушт ба ман гуфт: “Ту инвалидӣ, чо мекунӣ мошина? Рафта як “каляска” гирифта гард". Ва шояд ин ҳалат ва ин сухан ҳеҷ гоҳ аз хотирам наравад.

- Шумо дар як мусоҳибаатон гуфтаед, ки ду соли охир устухонҳоятон намешикананд?

- Вақте ки ин суханро гуфтам, манзурам устухонҳои муҳим, масалан дасту по буд. Аммо қабурғаҳои ман қариб ҳар моҳ мешикананд. Бо фазли Худо ман ба ин одат кардааму сабр мекунам.

- Сабаби асосии дилмондагии бисёре аз маълулон аз зиндагӣ дар чӣ бошад?

- Аз миёни ҳамтақдирони худ бисёриҳоеро медонам, ки иродаи қавӣ доранду худро аз ҷамъият  канор нагирифта, дар ҳар бахш ва коре муваффақ шудаанд. Аммо онҳое, ки шумо мисол овардед, шояд аз ҷониби атрофиён ё ҷомеа дастгирӣ наёфтаанд. Махсусан маъюбоне, ки дар ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, ҳамеша аз таваҷҷӯҳ дур мемонанд.

- Мо гурӯҳи боскетболбозони маъюб дорем, ки бо аробачаи маъюбӣ бозӣ мекунанд, Шумо боре дар фикри ба яке аз намудҳои варзиш машғул шуданро кардаед?

- Бале, ин гурӯҳро медонам. Бозиашонро аз наздик тамошо кардаам ва ҳатто бо якчанд нафари онҳо аз наздик ошноям. Аммо ман худамро дар ягон намуди варзиши ҷисмонӣ тасаввур карда наметавонам. Тавре ки аллакай пай бурдед, ҳолати ҷисмониам ба ин имкон намедиҳад. Агар бовар кунед, дар кӯдакӣ боре бо бачаҳо дастхобонак кардам, дастам шикаст. Аз ин ҷиҳат ман ҳамеша дар канор будам.

Аз “Аз ҳар зовия” то сифати “facebook” ва реклама дар он 


- Чаро дар Facebook аз “Абдурашид Сафаров” “Абдурашид Қаюмзод” шудед?

- Ман ҳамеша ҷонибдори ин ҳастам, ки насабҳои мардуми тоҷик баргирифта аз ягон миллати дигар набошад. Дар шиноснома Абдурашид Сафаров ҳастам. Иваз кардани он ба тарзи тоҷикӣ даводави зиёд дорад, аммо дар саҳфаи маҷозӣ дар дасти худамон аст- ку. Барои ҳамин, ин имкониятро истифода карда, насабамро тоҷикӣ кардам. Қаюм (Худо раҳматаш кунад), бобои ман буд, Сафар бобои модарам. Ман бобои худамро тарҷеҳ додам.

- Шумо дар “Facebook” гурӯҳе доред бо номи “Аз ҳар зовия”. Метавонед аз идеяи ташкил то фаъолияти имрӯзааш кӯтоҳ қисса кунед?

- Аввал ин саҳфаро дар шабакаи “Одноклассник” кушодам ва баъди як сол дар “Facebook”. Барои он ман номашро “Аз ҳар зовия” гузоштам, ки дар интихоби мазмуну мӯҳтавои мавзӯъҳо маҳдуд набошам. 

- Шумо наздики 80 ҳазор обуначӣ доред, ки барои “Facebook”-и тоҷикӣ аудитория калон аст. Оё аз Шумо реклама мехаранд?

- Не. Гоҳо баъзе дӯстони ғамхор пешниҳод мекунанд, ки гузоштани рекламаро роҳҳандозӣ кунам. Ҳарчанд худ ба ин эҳтиёҷ дорам, аммо то ҳол ба таври ҷиддӣ ин корро накардаам.

- Ҳоло “Facebook” ба Шумо чӣ фоидаҳо меорад?

- Худованд ба воситаи он ёру дӯстони хуб ба ман дод. Ҳар хайру фоидае бинам, аз ҷониби онҳо аст.

- Шумо солҳои зиёд дар “Facebook” ҳастед, баҳои Шумо ба “Facebook-и тоҷикӣ” чист?

- Дар аввал бисёр хуб буд. Аксаран нафарони зиёиву рӯзноманигорон дар он ҳузур доштанд. Хабарҳои саҳеҳро низ бештар аз “Facebook” пайдо мекардем. Аммо тайи чан соли охир корбарони он афзуду нафарони сабукфикр низ ба он роҳ ёфт. Ҳоло он ҳолу ҳавои чанд соли пешро надорад, аммо нисбати дигар шабакаҳои иҷтимоӣ  беҳтар аст. 

Ду метр матои сафед


- Дар ин дунё, дар ин ҷомеа зиндагӣ кардан душвор аст?

- Барои баъзеҳо осон, барои хелеҳои дигар душвор. Аммо ҳар душворӣ аз пай осонӣ дорад.

- Имрӯз ба Шумо чӣ намерасад?

- Агар фақат аз пайи норасоиҳо бошем, доштаҳоямон ба назар намерасанд.

- Шумо ба кадом фикред, одами хуб бисёр аст ё одами бад?

 - Худованд маро бештар бо одамони хуб рӯ ба рӯ кардааст. Шояд хуб бештар бошад.


- Ягон маротиба дар бораи мурдан фикр кардаед?

- Ҳар рӯз. Махсусан шабҳо қабл аз хоб мурдан худ аз худ ба зеҳнам мерасад. Он ҳангом ҳолате ба ман рух медиҳад, ки маргро бо хуну пустам ҳақ ва омадани онро эҳсос мекунам.

- Баъзеҳо дар сари мазорашон катибае менависанд, Шумо ин фикрро доред? Агар “бале” чӣ менависед ва агар “не” чаро?

- Не. Агар ин кор хеле муҳим бошад, ҳаволаи ворисон аст.

- Ба он дунё чӣ бурданиед?  

- Аз моли дунё ҳамон ду метр матои сафед, ки беш аз ин иҷозат нест.

Чӣ тавр як ятиму бесарпаноҳ халабон шуду 37 сол дар фазо буд?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(110) "Зулхумор Иброҳимова:“Барои ҳама азизон гиристаму мегирям”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14809"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(75) "/tj/articles/talk/zulkhumor_ibro_imova_baroi_ama_azizon_giristamu_megiryam/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4773"
  ["CODE"]=>
  string(56) "zulkhumor_ibro_imova_baroi_ama_azizon_giristamu_megiryam"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4773"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Зулхумор Иброҳимова:“Барои ҳама азизон гиристаму мегирям”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(90) "Се забон: Кӯдак, ҳамсар ва модар аз мо чӣ мехоҳанд?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14294"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(72) "/tj/articles/education/se_zabon_k_dak_amsar_va_modar_az_mo_ch_mekho_and/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4611"
  ["CODE"]=>
  string(48) "se_zabon_k_dak_amsar_va_modar_az_mo_ch_mekho_and"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4611"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Се забон: Кӯдак, ҳамсар ва модар аз мо чӣ мехоҳанд?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(163) "Идеяҳои ҷолиби ғолиби "Next-30". Ситора Суфиҷонова кист ва ба Тоҷикистон чӣ хизмат карданист?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14036"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "9662"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(108) "/tj/articles/talk/ideya_oi_olibi_olibi_next_30_sitora_sufi_onova_kist_va_ba_to_ikiston_ch_khizmat_kardanist/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4529"
  ["CODE"]=>
  string(89) "ideya_oi_olibi_olibi_next_30_sitora_sufi_onova_kist_va_ba_to_ikiston_ch_khizmat_kardanist"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4529"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Идеяҳои ҷолиби ғолиби "Next-30". Ситора Суфиҷонова кист ва ба Тоҷикистон чӣ хизмат карданист?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(161) "Чаро писарон духтаронро болои сар мекунанд? Панҷ далел аз ҳаёти ҳаррӯзаи ҷавонони тоҷик"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "13818"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(108) "/tj/articles/networks/charo_pisaron_dukhtaronro_boloi_sar_mekunand_pan_dalel_az_ayeti_arr_zai_avononi_to_ik/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4462"
  ["CODE"]=>
  string(85) "charo_pisaron_dukhtaronro_boloi_sar_mekunand_pan_dalel_az_ayeti_arr_zai_avononi_to_ik"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4462"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Чаро писарон духтаронро болои сар мекунанд? Панҷ далел аз ҳаёти ҳаррӯзаи ҷавонони тоҷик

Другие новости