Ru  | Tj
Меҳмон Бахтӣ: Чаро берун аз Тоҷикистон зиндагӣ накунем?
Меҳмон Бахтӣ: Чаро берун аз Тоҷикистон зиндагӣ накунем?
Аксҳо: Halva.tj

Меҳмон Бахтӣ: Чаро берун аз Тоҷикистон зиндагӣ накунем?

Нашр шуд

Сӯҳбати профессор Иброҳим Усмонов бо шоир ва драматург Меҳмон Бахтӣ

И. Усмонов: - Шумо кай ба драматургия рӯй овардед ва чаро? Ҳамчунин, чаро Шумо маҳз ба мавзӯҳои ҷавонон дар драматургияи телевизон таваҷҷӯҳ кардед? Пеш аз Шумо оё касе ба ин кор машғул буд ё Шумо аввалин нафар будед? Дар бораи “Шодӣ ва Ҳодӣ”- и телевизион низ нақл мекардед.

М. Бахтӣ: - Аслан, корро шурӯъ кардани ман сабабе дорад. Ҳеҷ кор бесабаб намешавад. Мо, яъне як гурӯҳ донишҷӯён то он, ки донишгоҳро хатм кардем, ба телевизион рафту омад доштем. Барои таҷрибаомӯзӣ ва огоҳӣ аз кор телевизион мерафтем ва мехостем, ки оянда моро ба кор қабул намоянд. Ҳанӯз аз курси панҷумӣ ба телевизион рӯй овардам. Ин ба хотири он, ки устод Акобир Шарифӣ ва Шоҳин Боев дар телевизион кор мекарданд. Онҳо ба донишгоҳ омаданд ва мо чанд нафарро ба теливизион даъват карданд. Ҳамин тавр, ба телевизион ба кор омадам. Аввалин бор корро аз шӯъбаи ҷавонон оғоз кардам ва дертар ба редаксияи дигар низ гузаштам. Сабаби корро аз шӯъбаи ҷавонон оғоз карданам ин буд, ки мо ҳама ҷавон будем ва бештар бо ҷавонон ҳамсӯҳбат мешудем. Яъне дили онҳоро ёфта, ақидаҳои онҳоро фаҳмида, ақидаи худамонро низ ба он пайваста, дар телевизион чизе меофаридем. Махсусан, типажи “Шодӣ ва Ҳодӣ”, ки Шумо ба хотир овардед.

Ба ғайр аз ин, ки дар телевизион кор мекардам, ду- се навиштаҳоям низ, дар матбуот чоп шуданд ва аз ҳамон вақт аввалин ҳамкориҳои мо бо Театри академӣ - драмавии ба номи А. Лоҳутӣ низ оғоз шуд. Актиёроне, ки имрӯз ҳунармандони номдор ҳастанд, тоза аз Москва омада буданд ва ҳамчунин баъзе нафаронашон шӯъбаҳои ин ҷоро, яъне донишгоҳҳои худамонро хатм карда буданд. Шиносоиамон бо инҳо аз телевизион шурӯъ шуда буд. Вақте дар телевизион кор мекардам, як- ду асари худам аз тариқи театрҳои халқӣ ва телевизион намоиш дода шуд ва баъдан, тамошобинҳои қаторӣ маро ба хотири як- ду чизи навиштаам, яъне асарҳое, ки ҳанӯз он қадар ҳам шӯҳрат надоштанд, аммо тамошобин доштанд, мешинохтагӣ шуданд. Албатта вақте ки солҳои зиёд дар телевизион кор кардам, таҷрибаи эҷодӣ ҳосил намудам. Асари аввалинам - “Лаҳзаи ҷовид” ҷуръате дар ин соҳа шуд ва онро Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба саҳна гузошт. Ду асари хурди дигарам низ, бо номи “Бародарон” ва “Шаҳидони роҳи озодӣ” ҳамчун асарҳои телевизионӣ, пйесаҳои телевизионӣ дар телевизион намоиш дода шуданд. Ба ҳамин тариқ, оҳиста-оҳиста миёни тамошобинон ном ёфтам.

Баъдтар, бештар ба театр рӯй овардам, чунки бо театр ҳамкориҳои зиёд доштам. Аслан, вақте ки дар донишгоҳ мехондем, ҳамчун ҳаваскори санъат шуғл ба ҳунар доштем. Он вақт чанд устодоне, ки дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ кор мекарданд, як муддат бо ҷавонон ҳамкорӣ намуданд. Бо маслиҳату мадади онҳо дар баъзе спектаклҳои ҳаваскорӣ нақшҳо меофаридем, ки ин бароямон хотирмон буд. Масалан, дар асари “Ҳайдари якрав”- и Султон Сафаров нақши асосиро ман иҷро кардам. Онро дар телевизион низ намоиш доданд. Хостанд баъди ҳамон асар маро ба Москав ҳамроҳи донишҷӯёни курси сеюм ба хондан фиристанд. Рафиқоне, ки дар курси сеюм мехонданд, аллакай забони русиро нағз медонистанд ва ман ба хотири он, ки дар курси якум будам, забони русиро нағз намедонистам, аз ин рӯ, барои рафтан розӣ нашудам ва дар ҳамин ҷо мондам.

Дар телевизион корҳои эҷодии бисёр кардам, ки онро аксарият медонанд, аз “Шоди ва Ҳодӣ” сар карда, то “Сареву савдое”, “Клуби дугонаҳо” ва ғайраҳо, аз ҷумлаи маҳсули эҷоди он замони мананд. Клуби “Дугонаҳо” хеле шӯҳрат пайдо кард ва ҳама занҳоро, хусусан занҳои ҷавонро ба он даъват ва ҷалб мекардем. Яъне онҳоеро, ки ҳунаре доштанд, муаррифӣ менамудем. Баъди клуби “Дугонаҳо” барномаи “Беғараз панд”- ро ташкил намудем, ки бисёр машҳур шуд. Ин барномаро устод Маҳмуд Тоҳирӣ мебурданд. Баъзе актиёрҳои дигарро низ даъват карданӣ шудем, аммо онҳо ҷуръат накарданд, чунки кор душвортар буд.


И. Усмонов: - Аз рӯйи нақлатон муайян кардам, ки дар вуҷуди Шумо зотан драматургия ва санъат ҳаст, аммо Шумо шеър, суруд ва роман низ навиштаед. Ман пурсиданӣ будам, ки барои чӣ аз ин навъҳои адабӣ Шумо зиёдтар драматургияро интихоб кардед?

М. Бахтӣ: - Шояд, эҳтимол, ба ҳамон хотир бошад, ки вақте дар донишкадаи Навобод дар бахши омӯзгорӣ мехондам, дар баъзе саҳначаҳо нақш меофаридам. Ва дар курси чорум ду саҳнача навиштам, ки онҳоро худам ба саҳна гузоштам. Вай дар кадом сатҳ буд, намедонам, аммо бо шавқ тамошо карданд. Муаллимоне пайдо шуданд, ки гуфтанд, “Худро аз ҳамин роҳ дур нагиред, чунки як чизҳоеро офаридед, ки ҳанӯз ин чизҳоро ҳеҷ кас дар ин сатҳ нанавиштааст”. Дар ҳақиқат драматургияро баъзеҳо дӯст намедоштанд. Асари саҳнавӣ ҳам наменавиштанд.

И. Усмонов: - Як масъалаи дигарро бароям равшан менамудед. Баъзеҳо гумон доранд ё мегӯянду эътиқод доранд, ки драматургия асар барои хондан не, вай асар барои фақат театр аст. Фикри Шумо чӣ?

М. Бахтӣ: - Асаре ҳаст, ки агар саҳнаро, яъне банду басти саҳнаро риоя кунед, эҳтимол барои хондан камтар душвортар мешавад. Аммо хонандае, ки аз драматургия огоҳ аст, спектаклҳоро дидааст, вай мехонад, бешубҳа ба он ворид мешавад. Ҳамон хонандае, ки драматургияро акнун шунидаасту огоҳии чандон дуруст надорад, барои ӯ душвортар аст. Аммо чигунагии сохти асар ба усули драматург вобаста аст. Аксарияти асарҳое, ки навиштаам, хонанда пайдо карда буданд. Яъне онро, на танҳо дар театр тамошо мекарданд, балки чун асарҳои дигари бадеӣ ҳам мехонданд. Дар драматургия ҳам саҳнаро бояд ба хотир гиред ва ҳам хусусиятҳои дигаре, ки шумо метавонед ба он тобеъ карда, диққати хонандаро ҷалб кунед. Хонанда ба ҳамин хислат бояд рӯй биёрад. Аксарияти асарҳои моро дигарон хондаанд.

И. Усмонов: - Ба ҳамин фикр ман ҳам шарик ҳастам. Чунки ҳар чизе, ки навишта мешавад, хонда мешавад. Ман асарҳои бисёри драматургиро аз китоб хондаму дар саҳна надидам. Масалан, дар замони мактабхонии мо дар бораи адибон - Рӯдакӣ, Ҳофиз, Камол ва ғайра драмаҳое таълиф шуда буданд, пйесаҳо доштем, аммо мо деҳотиён аз театр тамошо накардем, чун гастрол набуд, яъне онҳоро хондем. Пйесаҳои нағзро муаллимон дар театри мактабӣ худашон таҳия мекарданд. Муаллими адабиёти мо дар синф пйесаи Сотим Улуғзода - “Калтакдорони сурх”- ро тавре дарс медод, ки дар театр онро машқи гирди миз мегӯянд.

Аз се асари Шумо - “Фирдавсӣ”, “Темурмалик”, “Сареву савдое” спектакли кадомаш ба Шумо бештар маъқул аст?

М. Бахтӣ: - Росташро гӯям, барои муаллиф ҳамааш маъқул аст. Чунки ҳар кадомаш дар ҷойи худаш лаҳзае дорад. “Сареву савдое” бештар ба ҷавонон наздик аст, яъне рӯҳияи ҷавонӣ дошт. Ҳамеша дар атрофаш суханҳо буданд. Аммо дар атрофи “Фирдавсӣ” ман суханҳои бештару хубтар шунидам. (Ҳам аз ҷониби хонандаи қаторӣ ва ҳам аз ҷониби аҳли фаҳм). Рафиқоне, ки умуман ба нависандагӣ сари кор доштанд, дар атрофи “Фирдавсӣ” суханҳои хуб мегуфтанд. Беҳуда нест, ки барои офаридани “Фирдавсӣ” ба ман мукофоти сатҳи баланди адабиро, яъне “Мукофоти давлатӣ ба номи устод А. Рӯдакӣ”-ро доданд. Барои чӣ? На ба хотири саҳна, балки ба хотири худи асар. Асарҳои драматургияро вақте ки ба саҳна мемонанд ва дар саҳна намоиш медиҳанд, ба ҳамин хотир масалан, ин ё он мукофот додаанд. Яъне мукофот ба коргардону ҳунарманд, хуллас аҳли санъат. Аммо асари ман - “Фирдавсӣ”-ро ба хотири саҳна не, яъне пеш аз он, ки дар саҳна падид ояд, қадр карда буданд. Яъне муаллифи драмаро.   

И. Усмонов: - Яъне ба хотири саҳна не, ба хотири худи асар ҳамчун моли адабиёт. Ба ин маъно Шумо ягона драматурги тоҷик ҳастед, ки “Мукофоти давлатӣ ба номи устод А. Рӯдакӣ”-ро соҳиб шудаед. Як чиз дар бораи “Фирдавсӣ” пурсиданӣ ҳастам. Медонем, ки ба мавзӯи “Фирдавсӣ” устод Сотим Улуғзода даст заданд, яъне романи “Фирдавсӣ”- ро навиштанд. Борис Кимёгаров низ асарҳои Фирдавсиро бисёр таҳия карда ва режиссёрони дигар низ ба саҳна гузоштанд, ҳамчунин як пйесаи драматурги эрониро хондам, ки дар бораи Фирдавсӣ буд. Дар пйесаатон кадом ҷиҳати Абулқосим Фирдавсӣ барои Шумо муҳим аст?

М. Бахтӣ: - Аввал ин ки, коре, ки устоди бузург Сотим Улуғзода карданд, бемисл буда ва ҳама ҷиҳаташ хуб буд. Аммо Фирдавсие, ки ман эъҷод кардам, ба хотири бардоштҳоям аз ин асар буд. Чӣ хеле, ки худи Фирдавсӣ мегӯяд:

      Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад,

      Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

Ин суханҳо беҳуда нестанд. Ҳамин чизро ба хотир гирифта, устод ин шахсияти бузургро болои сар карданд. Устод Улуғзода ҳаминро дар симои Фирдавсӣ, дар симои худи “Шоҳнома” эҷод ва ба хонанда пешниҳод кардаанд. Яъне нишон доданд, ки миллат аз куҷо оғоз мешавад ва фаҳмониданд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ корҳоеро ин бузургвор анҷом додааст.

“Фирдавсӣ” –ро ман пеш аз ҳама барои рӯҳияи миллиро боз ҳам бедортар кардан, навиштам. Ман кӯшиш кардам ва то ҷое ҳунар доштам, бузургии Фирдавсиро ба хотири миллатдӯстиаш, ба хотири фарҳангпарастиаш, ба хотири истеъдоди бузурги миллиаш барои миллат, барои халқ баён кунам.

И. Усмонов: - Кадом бузургони адабиёт ва санъати моро Шумо аз наздик мешинохтед? Яъне он бузургони адабиёт ва санъат, ки ҳамасри Шумо буданду ҳастанд.

М. Бахтӣ: - Пеш аз ҳама онҳое, ки дар айёми ҷавонии мо машҳур буданд. Масалан, Устод Боқӣ Раҳимзода. Чунки устод дар Иттифоқи нависандагон рӯй ба ҷавонон доштанд. Ману раҳматии Лоиқ аввалин бор ҳангоми дар курси дуюм хондан, ба назди устод Раҳимзода рафтем. Иттифоқи нависандагон дар бинои кӯҳна буд. Лоиқ дар он ҷо аввалин шеърашро хонд. Устод сарашро сила карданд ва бисёр хурсанд шуданд. Баъд Ғаффор Мирзоро даъват карда, хурсандона гуфтанд, ки шоир пайдо шуд. Ҷавон будем, ҳамин чиз дар хотирам мондааст. Устод Турсунзодаро низ аз наздик мешинохтам, Лоиқро бошад, аз ҳама бештар. Акашариф Ҷӯраевро аз кӯдакӣ мешинохтам. Дар муҳити зисти ман адибони баркамол, ширинкалом кам набуданд, ки ин бахти ман аст.

И. Усмонов: - Шумо гуфтед, ки барои эҷодкор ҳама чизи навиштааш хуб аст. Лекин ман фаҳмидан мехоҳам, ки барои Шумо шеърҳоятон бештар писанд аст ё драматургияатон?

М. Бахтӣ: - Барои ман, ҳардуяш. Аз шеър оғоз кардам, аммо ҷиддӣ не. Чаро, ки ба шеър аз рӯйи ҳавову ҳавас рӯй овардам. “Ҷиддӣ не”, гуфтани маро дуруст фаҳмед! Ман шеърҳоямро, махсусан таронаҳоямро ҳеҷ вақт камбуддор намегӯям. Аммо вақте ки дар Донишгоҳи омӯзгории Навобод мехондам, вақте ки дар саҳначаҳо бозӣ мекардаму асар менавиштам, бештар ба драматургия ҳавас доштам. Ҳатто як-ду чизҳои навиштаам дар рӯзномаҳо чоп шуда буданд, яъне дар рӯзномаи худи донишгоҳ низ. Ин чизҳо одамро ба роҳи ҳавову ҳавас мекашидааст.

И. Усмонов: - Дар асари “Бародарон”-атон қаҳрамони марказӣ модар аст. Як бародар дар тарафи ҳукумат ва бародари дигар дар муқобили ҳукумат ва дар миёна модар мондааст. Ин идея ба Шумо аз куҷо пайдо шуд?

М. Бахтӣ: - Ба он маънӣ эҷод кардам, ки модар ин замини Тоҷикистон аст, яъне Ватан аст. Фарзандон, яъне ба ҳамин замини Тоҷикистон аз роҳи эътиқоди ҳамонвақтае ки ҳардуяш дошт: якеаш эътиқод ба замони пешин ва дигараш эътиқод ба замони нав ворид мешаванд. Ва ҳамин ду фарзанди модар ба ҳам аз назари фикр ва андеша ҳамсон нестанд. Дар муносибат бо ҳам ба зиндагӣ аз якдигар фарқ мекунанд, ба ҳам мухолиф ҳастанд. Бародар ҳастанд, ҳамзод ҳастанд, аммо байнашон нофаҳмӣ аст. Ин хел дар зиндагӣ бисёр воқеъ мешавад. Ман ҳамин чизро гуфтан хостам, лиҳозо модарро ҳамчун Ватан, ҳамчун сарзамин ба тасвир кашидам. Модар дар байни ду фарзанд ба ҳамин ҳоли ваҳшатнок афтодааст. Яъне барояш ҳардуи фарзанд азиз аст ва якеро бар дигаре бартарӣ дода наметавонад.

И. Усмонов: - Агар гӯям, ки Меҳмон Бахтӣ мисли ҳамин модар, мисли ҳамин Ватан, замоне буд, ду бародарро ба якдигар оштӣ додан мехост, монанди ҳамин модар дар ғами ҳардуи фарзанд буд, яъне барои ҷамъ овардани фарзандони парокандашуда иштирок кард, хато мешуда бошад?

М. Бахтӣ: - Шояд ҳамин хел аст, чунки ин кор бисёр кори муҳимму савобу ранҷи давраи носози рӯзгор буд. Мо пештар бо Шумо шинос будем ва дар ҳамин давра шиносоии мо боз ҳам мустаҳкамтар шуд.

Вақте ки ваҳдат мегуфтанд, ягонагӣ мегуфтанд, баъзеҳо ваҳдатро ба тарзи худашон мефаҳмиданд. Ваҳдат асосан чӣ маънӣ дошт? Аслан ваҳдатро мо ҳамчун шиор медонистем. Вақте ки мо бо рӯй ба ҳам овардани мардум ба ваҳдат расидем, ҷанги хонумонсӯз ва бегонапарастӣ аз байн бардошта шуд. Дар ҳамин коре, ки имрӯз баъзеҳо дар рӯзномаҳо мехонанд, аз гуфтаҳову баромадҳо ва гузоришҳо мефаҳманд, хуллас мову шумо ҳам иштирок доштем. Мо тавонистем дар ҳамон вақт аз рӯйи таҷрибаи зиндагиву рӯзгордорӣ, ки ҷавон ҳам будем, баъзеҳоро насиҳат кардем, маслиҳат додем ва роҳ намудем. Вале аз ҳама муҳимаш Ватан осудаву ором монд, ҷанг тамом шуд, гуреза баргашт. Мо медонем, ки дар баъзе кишварҳо ин навъ мухолифат то ҳол давом ёфта истодааст ва даҳсолаҳо боз идома дорад. Ҳам устод Рӯдакӣ, ҳам Фирдавсӣ, Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон чӣ қадар барои насиҳати мардум, барои ба ҳам овардани мардум дар асарҳояшон кӯшиш кардаанд. Онҳо коре карданд, ки миллатҳои гуногун рӯй ба адабиёти мо оварданд. Чаро ки ба ғайри бузургии адабиёт боз насиҳатномаҳо навиштаанд. Насиҳатномаҳое, ки мардумро ба ҳам оварданд, дар бораи дӯстӣ, инсонгарӣ, ахлоқ асарҳои бузург навиштаанд, ки то имрӯз аз даст ба дасти хонандагони тамоми кишварҳои дунё мегузаранд. Шояд ба ҳамин хотир ҳам бошад, ки ҳамон анъанаҳои пешини гузаштаҳои моро, насиҳатномаҳои бузурги моро насли нав шинохту қабул кард. Дар баъзе кишварҳо ҳанӯз ҷанг идома дорад. Аммо шукри Худо, ки шояд ҳамин фарҳанги бузурги мо, адабиёти бузурги мо, пешаи тарбиявии бузургон, сабаб шуда бошад, ки мо ба Ваҳдат расидем. Мо гӯё аз ҳамин ҷанги хонумонсӯз, ҷанги бародаркӯш тез озод шудем ва рӯй ба сулҳу салоҳ овардем.

И. Усмонов: - Аз гуфтаатон дарёфтам, ки адиб ва адабиёт танҳо бо нафосати ширингӯӣ ва лаззатбахшӣ кори худро анҷомёфта намеҳисобад. Балки роҳнамо ва қутбнамои зиндагӣ мебошад. Аслан дар ҷанг як рӯзаш ҳам дурудароз аст. Шумо гуфтед, ки ман дар “Фирдавсӣ” ҳам ба ифтихори миллӣ такя кардам ва як намунаи дигари асари Шумо дар масъалаи ифтихори миллӣ ин “Темурмалик” аст.

Фикри Шумо дар бораи вазъи имрӯзи миллии мо чӣ хел аст? Фаҳмиши ҷавонҳои мо дар масъалаҳои миллӣ чӣ гуна аст?

М. Бахтӣ: - Як чиз аст, имрӯз ҷавонҳо имконият доранд, аммо фаҳмишашон дигар шудааст. Агар аҳамият дода бошед, имрӯз ҷавонҳо гӯш ва ҳушашон фақат дар телефон аст. Ана ҳамин телефонҳое, ки нав пайдо шудаанд, хонандаи адабиётро кам кардаанд ва дониши ҷавонҳоро маҳдуд намудаанд. Мо асар мехондем, яъне асарҳои калон - калони наср, назм, роману повест, драматургияро мехондем. Ба театрҳо рафта, спектакл тамошо мекардем. Имрӯзҳо агар аз донишгоҳ ҷавонҳоро маҷбурӣ гирифта набаранд, барои тамошои ягон спектакл, худашон ихтиёран ё умуман намераванд. Ман ҳамин чизро омӯхта истодаам. Мо худамон мерафтем, телефонҳои дастӣ надоштем. (мисли ҳамин телефонҳои дастие, ки имрӯз фикри мардумро маҳдуд нигоҳ медорад) Ман вақте ки аз кӯчаҳо мегузарам, ҳолатҳоеро мебинам ва дилам мехоҳад ягон саҳнача созам, то ҷавонҳо худашонро шиносонад. Аммо ҳис мекунам дар театрҳо актиёре нест, ки ҳамин хел одамро бозӣ кунад.

Як фикр ба сарам омад ва хостам онро асар кунам, мисол як мӯйсафед аз деҳа ба шаҳр меояд ва як ҷойеро пурсиданӣ мешавад. Назди як нафар меояд, ки вай бо телефон гап зада рафта истодааст. Назди дигараш меояд, ки он ҳам бо телефон гап зада рафта истодааст. Агар ман ин саҳнаро ба телевизион сохта тавонам, беҳтарин чиз мешавад, ки мусофир як ҷойро пурсидан мехоҳад ва намедонад, ки аз кӣ пурсад.

Инро фақат нишон дода тавонистан лозим аст, ки хандаовару ҳадафвор бошад. Дар даврони мо ҳамин чизҳо набуд, бештар китоб мехондем. Дуруст аст, ки замона пеш рафтааст, бе телефон ҳам намешавад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки хондан чизи дигар аст. Вақте ки китобро алоҳида мехонед, аз вай калимаҳои бисёр меомӯзед, гирудори эҷодиро мефаҳмед ва агар нависанда шуданӣ бошед, мавзӯъ меёбед.

И. Усмонов: - Ба назари Шумо вазъи адабиёти асри XX-и тоҷик чӣ гуна аст?

М. Бахтӣ: - Инсон тавассути китобхонӣ, аз ҷумла адиб аз ҳама чиз огоҳ мешавад. Мо аз адабиёти кишварҳои Аврупо, ҳаёти Иттиҳоди Шӯравии собиқ тамоман дур шудем. Ҳамон китобҳо қариб, ки нестанд. Қаблан дар “Садои Шарқ” баъзе асарҳои дигарон чоп мешуд. Ба ғайр аз ин, аз тамоми ҷумҳуриҳо китобҳои нав меомаданд. Мо дӯконҳои китобфурӯшӣ мерафтем ва мехаридем. Ҳоло ҳам ин чизҳо ба назар мерасанд, аммо ташвиқ надоранд. Ба хотири он, ки ана ҳамин телефонҳо пайдо шудаанд. Яъне барои ҳамин китобхонӣ кам шудааст. Ман бисёр аз ҷавонҳо ва бародарҳои калонсолтар низ мепурсам ва онҳо низ тасдиқ мекунанд, ки китобхонӣ кам шудааст. Дар замони мо телевизион набуд. Имрӯзҳо мардум бештари вақташонро дар тамошои телевизион мегузаронанд. Шояд аз телевизион ҳам чизе омӯзанд, бе ин ҳам намешавад, вале таъсире, ки худ мехонанд, дигар аст.

И. Усмонов: - Дар байни ҷавононе, ки ба адабиёт дар асри XXI омадаанд, яъне аз соли 2000-ум қадам гузоштаанд, (онҳое, ки 20 сол боз дар адабиёт ҳастанд) дар байнашон ба фаъолияти 20- соли аввали Гулрухсор монанд, ба фаъолияти 20-соли аввали Абдулҳамид Самад монанд, ба фаъолияти 20- соли аввали Гулназар монанд, оё касеро мебинед?

М. Бахтӣ: - Ҷавонони эҷодкор бисёр ҳастанд. Имрӯз ҷавонон ҳамон тавре, ки дар давраи Шӯравӣ ташвиқу тарғиб доштанд, надоранд. Дар замони Шӯравӣ шеърҳои навиштаи эҷодкоронро дар ин ҷо чоп намекарданд, дар ҷойи дигар - дар Москва ва дигар минтақаҳо чоп мекарданд. Яъне дар ин ҳолат кӣ будани нависанда ё шоир маълум мешуд. Ҳозир ҳамин хел нест. Агар дар доираи худамон ҳам шавад, бисёр маҳдуд аст. Дуруст аст, ки рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ин корҳоро мекунад, вале ман мехостам, ки дар рӯзномаҳои дигар, дар рӯзномаҳои ғайриадабии Тоҷикистон низ чоп кунанд.

И. Усмонов: - Ман гумон мекардам, баъд бисёриҳо ҳам ба он фикранд, ки Шумо дуто маълумоти олӣ доред. Лекин ҳозир аллакай ҷойи хондагиатонро сето номбар кардед. Гӯед, ки кадом солҳо кадом ҷойҳоро хондед?

М. Бахтӣ: - Аввал аз мактаби деҳа сар кардам. Ман дар қишлоқе калон шудам, ки дар он ҷо Нусратулло Махсум, Манзар Шарифов ва дигар бузургон ба воя расидаанд. Ҳамчунин, чанд муаллимоне, ки дар донишгоҳҳо кор карданд ва то ҳоло кор мекунанд аз деҳаи мо ҳастанд. Ҳамон вақт муаллимони шоиста дар деҳаи мо бисёр буданд ва дигар рафиқон мегуфтанд, ки дар деҳаи шумо муаллимони ботаҷрибае ҳастанд, ки ҷавонҳоро ба роҳи хуб ҳидоят мекунанд. Ва худашон ҳам баъдтар дар дигар ҷойҳо рафта дарс омӯхтанд. Шояд аз муаллимҳо ва аз умедворҳо бисёр вобастагӣ дорад. Ин аввалин мактабе, ки ман хондаам. Баъди ин, синфи шашро омада дар Душанбе дар мактаби рақами 7 хондам. Баъд синфи ҳафтро боз дар мактаби деҳа хондам. Соли 1954 ба Донишгоҳи омӯзгории Навобод дохил шуда, соли 1957 хатм кардам ва ҳамон сол ба Донишгоҳи омӯзгории Душанбе қабул шудам. Соли 1963 ба Институти адабии ба номи Горкийи ш. Москва дохил шудам.


И. Усмонов: - Як воқеаи аҷиб ба хотирам меояд. Вақте ки дар Москав Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик баргузор шуд, ки Шумо ҳам будед, устод Миршакар омаданд. Шумо ба муаллим роҳ доданӣ шудед, ки муаллим гуфтанд, “инҷо меҳмон фақат худатӣ, ту Меҳмонӣ, дигар меҳмон нест”. Номатонро ба маънои зебое истифода карданд. Хуб аз муаллимони институти ба номи Горкий ягон кас дар хотиратон мондааст?

М. Бахтӣ: - Устод Шавкат Ниёзиро, ки муаллими забони тоҷикӣ буданду ҳам муаллимӣ мекарданд ва ҳам хизмат. Баъдан Степан Василевичро, ки ба фалсафа дарс медоданд. Бисёриҳоро дар хотир надорам.

И. Усмонов: - Шумо бе Тоҷикистон зиндагӣ карда метавонед?

М. Бахтӣ: - Инсон ба ҳама чиз рӯй оварда метавонад. Баъзеҳо ба хотири миллатдӯстӣ худашонро дар ин вазъ нишон медиҳанд. Аммо зиндагӣ чизи дигар аст. Шоир мегӯяд:

    Зиндагӣ дар гардан афтодаст, Бедил чора чист,

    Шод бояд зистан, ношод бояд зистан.

Яъне, ки ношод ҳам бояд зиндагӣ кунем. Тоҷикистонро дӯст медорем, аммо дар ҳар куҷо зиндагӣ мекунем. Чаро берун аз Тоҷикистон зиндагӣ накунем? Тоҷикистонро дӯст медорем, вале берун аз Тоҷикистон низ зиндагӣ карда метавонем. Барои чӣ? Барои он, ки ҳолатҳое, заруратҳое пеш меояд, ки Шумо маҷбур мешавед ҷойи зиндагиро тағйир диҳед. Аммо Ватан – Тоҷикистонро дар ҳар куҷо бошем ҳам, дӯст медорем. Ман агар дар ягон ҷой бошаму Тоҷикистон гӯянд, дилам гум мезанад. Зодгоҳамро ҳамеша дӯст медорам ва эҳтиром мекунам. Яъне Ватан дар вуҷуди мо, дар дили мо ҷойгир аст. Дар баъзе ҳолатҳо инсон ба ягон ҷой кӯч мебандад ва дар он ҷо рафиқ пайдо мекунад, ҳамон ҷоро дӯст медорад, аммо мисли Ватан не. Ҷойи Ватан дигар аст. Маҳбубияте, ки Ватан дорад, зодгоҳ дорад, инро ҳеҷ вақт ба ҳеҷ чиз баробар карда намешавад.



Мушаррафа Ҷӯраева: “Шахсе, ки афкору рафтори нек дорад, ҳаргиз сухани сарду дуруштро ба забон намеорад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед