Ru  | Tj
Mr Slim: Рэпсаро нашаванд, балки бояд рэпсаро таваллуд шаванд
Mr Slim: Рэпсаро нашаванд, балки бояд рэпсаро таваллуд шаванд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Mr Slim: Рэпсаро нашаванд, балки бояд рэпсаро таваллуд шаванд

Нашр шуд

Мо имрӯз дар бораи рэп мегӯем, бале ҳамон рэпе, ки дар кишвари мо бовуҷуди умри зиёда аз 20-сола доштааш то ҳол ба таври бояду шояд қабул нашудааст.

Имрӯз бархе аз ҷавонони мо ба ин соҳаи санъат – рэпхонӣ шавқ доранд ва суханони дар дил доштаашонро ба воситаи он гуфтан мехоҳанд. Мо бошем, дар доираи сӯҳбатҳои ихтисосиямон бо яке аз рэперони таҷрибадор ва намояндаи мактаби кӯҳна Mr Slim (Chortuti), ки солҳои зиёд рэп мехонаду ҳоло дар ҳайати доварони “Баттлери сол” аст, доир ба вазъи рэпу рэпсаро дар Тоҷикистон ва дигар паҳлӯҳои соҳа сӯҳбат намудем.

Ҳар касу "нокас"-и рэп

- Рэпсаройӣ касб аст ё шуғл?

- Ба бархе шуғл ва барои баъзе касб. Яъне, дар ҷомеаи мо онҳое, ки рэп мехонанд ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Қисми аввал, нафароне, ки ба рэперӣ худашонро пурра бахшидаанд, қисми дуюм, онҳое, ки касбу кори дигар доранд ва дар вақти холигияшон ба рэпхонӣ машғул мешаванд.

- Рэп аз хориҷа ба мо омадааст, ба фикри Шумо омаданаш хуб аст ё наомаданаш беҳтар буд?

- Рэпи имрӯзаро дида, фикр мекунам, ки намеомад беҳтар буд. Вале бояд бигӯям, ки чанде пеш чунин фикр надоштам.

- Дар рэп мактаби кӯҳна ва мактаби нав мегӯянд. Шумо метавонед бигӯед, ки киҳо мактаби кӯҳна ҳастанду аз киҳо мактаби нав?

- Ман намедонам, ки ин бетартибӣ кай оғоз ёфт, аслан, мактаби рэп гуфта, як ақида ё равиши муайянро мегӯянд. Агар ин "мактаби ҷадид" ақидааш "разбор” ва “кидат" бошад, пас худатон муайян кунед аз кӣ оғоз ёфт.

- Миёни намояндагони мактаби нав ва кӯҳна чӣ фарқият ҳаст?

- Қаблан мо аксаран дар бораи худ воҳима карда, бо тарзи “хип-хоп” рэп мехондем. Ҳамчунин, вақту маблағ харҷ намуда, дар фикри даромад набудем, лоақал гурӯҳи мо чунин буд. Вале имрӯз давраи YouTube аст ва аксари хушбахтиҳо ва бадбахтиҳо аз ин ҷост.

- Дар кишвари мо рэперӣ чӣ аҳамият дошта, чӣ гуна қадр карда мешавад?

- Аҳамияти калон дорад. Вале баъзе ояндамардонро гирёнчак кардааст ва аз ин ҷиҳат дар ҷомеа қадр надорад.

- Паҳлӯҳои мусбату манфии ин касб кадомҳоянд?

- Рэп як дастгоҳи таблиғии пуриқтидор аст, ки ҷомеаро ҳам болидарӯ мегардонад ва ҳам бо роҳи дурусту рост равон мекунад. Паҳлӯи манфияш ҳамин, ки ҳар касу нокас метавонад истифодааш кунад.

- Ҳама касбу пешаҳо талабот доранд, рэперӣ чӣ талабот дорад?

- Ба ин соҳа шавқу рағбат ва қобилияти эҷодкорӣ доштану суханони шуниданӣ гуфта тавонистан аз талаботҳои рэпсаро шудан аст.

- Умри ин касбро то чанд соли дигар боқӣ медонед?

- Намедонам. Дар ин бора чизе гуфта наметавонам, зеро фардо чӣ мешавад, номаълум аст.

Сухани гуфтанӣ ва ақидаи устувор 

- Шумо чӣ хел рэпер шудед?

- Қиссаи ба рэп машғул шудани ман шавқовару хотирмон нест, зеро аз бахилӣ рэпсаро шудам. “Дӯстонам тавонистанд, ман ҳам метонам”, гуфта, ба ин соҳа пайвастам.

- Дар ин самт Шумо таҷрибаи чандсола доред?

- Аз соли 2005 инҷониб.

- Як рӯзи як рэпсаро чӣ гуна мегузарад?

- Рэпсароҳо ҳам мисли дигар одамон бо кору зиндагӣ саргардонанд. Вале каме хислати шоирӣ доранд. Яъне ҳамин, ки илҳомашон омад, рэп эҷод мекунанд.

- Маълум аст, ки рэп дар даврони намояндагони мактаби нав дигар шуда ва репсароҳо имрӯз зиндагияшонро хуб карда истодаанд. Агар 10 сол пеш чунин шароит мебуд, Шумо чӣ кор мекардед?

- Бисёр саволи ҷолиб, албатта мо ҳам зиндагиамонро хуб мекардем. Аммо на ба ин шева.

- Бо рэпсароӣ метавон шоиста зист, махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?

- Шоиста, яъне чӣ гуна? Пулдор ё бо обрӯ? Чун имрӯз дар рэп якеро ба даст орӣ, дигар аз даст меравад.

- Шумо рэпсарои таҷрибадор ҳастед, ба оне ки духтарон рэп мехонанд, чӣ назар доред?

- Ман доим мегуфтам, ки духтари тоҷик бояд рэп нахонад. Ҳоло ягон матнҳои зебое бо мусиқии форам бошад, майлаш. Аммо ақидапардозӣ накунанд беҳтар аст.

- Киро метавон рэпсарои воқеӣ гуфт?

- Онеро, ки чизе гуфтанӣ дорад ва дар ақидааш устувор аст.

- Зиёда аз 20 сол мешавад, ки дар ҷумҳурии мо рэп мехонанд, чаро то ҳол давлат ба ин намуди санъат ҷиддӣ аҳамият намедиҳад?

- То рэпсароён ҷиддӣ нашаванд, ҳеҷ аҳамияте надоранд. Чаро Баха 84 ва M.ONE ба ҷашнҳои давлатӣ даъват мешаванду дигарон не? Яъне аз ин ҷост, ки барои аҳамияту таваҷҷӯҳи давлат бояд худи рэпсароён ба корашон ҷиддӣ муносибат кунанд.

Бас аст гиряву ғаму нолаву ҳасрат 

- Агар як рэпсарои навроҳро бинед, хурсанд мешавед ё ғамгин?

- Бисёр ғамгин мешавам. Беҳтараш мухлис мебуд.

- Шумо ба рэпсаро шудани ҷавонон розиед ё не ва ё умуман ба бачаҳо барои ба рэп машғул шудан тавсия медиҳед?

- Ман ба ҳеҷ кас тавсия намедиҳам, ки ба рэп машғул шавад. Рэпсаро намешаванд, балки бояд рэпсаро таваллуд шаванд.

- Чаро дар мо то ҳол андешаи “касеро арӯсаш шавҳар кард, рэпсаро мешавад” роиҷ аст?

- Чунки чунин рэпсароён шунаванда доранд ва ин воқеан як фоҷеа аст. Имруз баъзе "рэперон" суханҳое мегӯянд, ки мард набояд чунин гӯяд, вале онҳо мегӯяд ва боз тарафдори зиёд доранд. Мутаассифона, ин воқеияти имрӯзи мост.

- Барои рэпсаро шудан, таҳсил кардан зарур аст?

- Албатта лозим аст. Ба назди минбар босаводро даъват мекунанд, на бесаводро.

- Баъзе рэпсароҳои мо маълумоти олӣ доранд ва баъзеи дигарашон не. Шумо фарқиятро дар матнҳояшон ҳис мекунед?

- Не. Ин аз ҷаҳонбинӣ ва ақли расо аст, на аз диплом.

- Кӣ метавонад рэпсаро шавад?

- Мутаасифона, имрӯз ҳар кас метавонад худашро ҳамчун рэпсаро муаррифӣ кунад.

- Тавсияҳои Шумо ба рэпсароёни навроҳу оянда...

- Тавсияи ман ба рэпсароёни навроҳу оянда ҳамин аст, ки мавзӯъро дигар кунанд. Бас аст гиряву ғаму нолаву ҳасрат. Аз ҳақиқат гӯянд ё аз хурсандиҳо.

- Саломат бошед!

- Шумо ҳам саломат бошед!




Муҳиддини Музаффар: “Мехоҳам, ки қисми зиёди умрам дар майдони навор гузарад.”

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед