Ru  | Tj
Нафари пушти “ХИТ”-ҳо. Ёқуб Абдуллоев доир ба кору машғулияти танзимгари мусиқӣ
Нафари пушти “ХИТ”-ҳо. Ёқуб Абдуллоев доир ба кору машғулияти танзимгари мусиқӣ
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

Нафари пушти “ХИТ”-ҳо. Ёқуб Абдуллоев доир ба кору машғулияти танзимгари мусиқӣ

Нашр шуд

Чун ҳоло касби танзимгари мусиқӣ яке аз касбҳои бозоргир ва миёни ҷавонон серхаридор аст, мо бо ёрии соҳибкасби ин соҳа Ёқуб Абдуллоев доир ба муҳиммиятҳо, омилҳои соҳибкасб шудан, коромӯзӣ, кордӯстӣ, паҳлӯҳои мусбату манфӣ ва роҳҳои даромаду арҷгузорӣ суҳбат намудем.

- Нахуст ба мо бигӯед, ки танзимгари мусиқӣ кист?

- Ташаккур. Танзимгари мусиқӣ як нафари босабар, ботаҳаммул, бодониш ва ғайра аст. Яъне як нафаре, ки гӯши мусиқишунав дорад, асбобҳои мусиқиро мефаҳмаду медонад, кор бо компютер ва барномаҳои заруриро балад аст. Ва аз ҳама муҳим, нафаре, ки мусиқиро дӯст медорад ва дар ин соҳа кор кардан мехоҳад.


- Нақши танзимгари мусиқӣ дар тавлиди як суруд чист?

- Як ҳунарманд мехоҳад як суруд иҷро кунад. Ӯ пеш аз ҳама бо оҳангсоз суҳбат мекунад. Оҳангсоз оҳанге меофарад ва шоир ба он матн менависад. Пасон, кори танзимгари мусиқӣ оғоз мешавад. Оҳангсоз метавонад бо ягон асбоб ё ҳатто бо забонаш оҳангашро ба дастгоҳи танзимгари мусиқӣ ворид кунад. Дигар кори танзимгар аст, ки онро то кадом андоза мусиқии хуб мекунад. Яъне танзимгари мусиқӣ болои кори шоиру оҳангсоз кор мекунад ва материали мавҷударо ба як танзими муайян медарорад.

- Яъне қисмҳои мусиқиро, ки аксарият кори оҳангсоз аст, танзимгари мусиқӣ анҷом медиҳад?

- Ду намуди оҳангсозон ҳастанд: оҳангсозоне, ки маҳсули корашонро бо тамоми ҷузъиёташ навишта, ба танзимгари мусиқӣ пешниҳод мекунанд ва оҳангсозоне, ки баъзан тамбалӣ мекунанду корашонро дуруст иҷро намекунанд. Бо оҳангсозони гурӯҳи аввал кор кардан барои танзимгар бисёр осон аст, вале гурӯҳи дуюм кори моро хеле душвор ва тӯлонӣ мекунанд.


- Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар мо танзимгарони мусиқӣ кам ҳастанд, чаро?

- Чун ки ин касби бениҳоят душвор аст. Ман болои як суруд аз 3 то 5 рӯз кор мекунам. Барои бисёриҳо кор кардан дар сари як суруд то 5 рӯз имконнопазир аст. Ин касбест, ки дар дохилаш корҳои хурд-хурди зиёди ба қавле хастакунанда ва вақтгиранда дорад.

- Болои як суруд аз 3 то 5 рӯз кор кунед, бигӯед, ки дар як рӯз чанд соат ба кор банд мешавед?

- Ман дар корам озодам ва ҳеҷ гоҳ маҷбурӣ кор намекунам. Ҳар вақте ки хоҳам ҳамон вақт кор мекунам ва ҳар вақте ки нахоҳам намекунам. Аниқтараш наметавонам бигӯям, ки тақрибан рӯзона фалон соат кор мекунам, зеро вақти кориям гуногун аст.

- Шумо гуфтед: “Ҳар вақте ки хоҳам ҳамон вақт кор мекунам ва ҳар вақте ки нахоҳам намекунам”. Яъне кори Шумо ба будану набудани илҳом вобаста аст?

- Албатта, ягон кори эҷодӣ бе илҳом намешавад. Ба танзимгари мусиқӣ ҳоло аз солҳои пеш дида, илҳом зиёдтар лозим асту бе илҳом умуман кор карда наметавонад. Зеро тавре дар боло гуфтам пештар оҳангсозон аз “А” то “Я”-и оҳангашонро менавиштанд ва мо танҳо аз рӯи сенарияи онҳо кор мекардем, вале ҳоло ки ин тавр намекунанд, маҷбур ҳастем худамон ин корро анҷом диҳем, барои ин илҳом лозим аст, ки мусиқиро хуб омода кунем.

- Шумо шаб кор мекунед ё рӯз?

- Дар ҷавонӣ зиёдтар шаб кор мекардам, ҳоло рӯз.

- Коратон хастакунанда нест?

- Не, чунки ман корамро дӯст медорам. Ҳеҷ гоҳ маҷбурӣ кор намекунам. Аҷоибати корам дар он аст, ки ҳам лаззат мебарам ва ҳам ба ман пул медиҳанд.


- Дар умум зиёд кор мекунед?

- Ҳоло не, вале буд замоне ки аз меъёр зиёд кор мекардам ва ҳатто ба аҳли оилаам кам вақтамро ҷудо мекардам. Лавҳае ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки пешопеши зодрӯзи духтарам аз ӯ пурсидам, ки чӣ мехоҳӣ дар зодрӯзат тӯҳфа бигирӣ. Ӯ гуфта буд, ки рӯзи зодрӯзам кор наравад, ин бароям тӯҳфаи калон аст.

- Танзимгари мусиқӣ дар тавлиди “ХИТ”-ҳои овозхонҳо нақши калидӣ дорад, бигӯед, ки ин заҳмат ба таври бояду шояд қадр мешавад?

- Мардуми оддӣ намедонанд, ки ин чӣ гуна касб аст ва танзимгари мусиқӣ кисту кадом корҳоро анҷом медиҳад, вале бояд бигӯям, ки намояндаи ин касб дар миёни ҳунармандон бисёр қурби баланд дорад. Шукр, моро то андозаи зарурӣ қадр мекунанд ва ба қавле бозори хуб дорем.


- Танзимгари мусиқӣ метавонад кори фосилавӣ дошта бошад?

- Бале, намояндаи ин касб агар корашро дӯст дорад ва хуб аз ӯҳдааш барояд дар дилхоҳ макон метавонад кор кунад ва ҳеҷ гоҳ бе кор намемонад. Аз ҷониби дигар, ҳар соҳибкасби ин соҳа агар ҳалол кор кунад, метавонад соҳиби зиндагии хубу шоиста бошад.

- Шумо фикр намекунед, ки рӯзе касбатон мемирад ва дигар кор намеёбед?

- Не, ман умуман дар ин фикр нестам. Бубинед, ҳоло дастгоҳе, ки ман дорам дар дохили худ ҳама гуна асбобро дорад, вале овозхонҳое, ки мехоҳанд сурудашон хубтару беҳтар бошад, садои асбобҳоро аз дастгоҳи танзимгари мусиқӣ неву махсус аз мусиқачиҳои зинда мегиранд. Масалан, дар мусиқӣ садои доира лозим аст, овозхон доиранавозро ба назди танзимгар меорад ва садои доираро зинда сабт мекунад. Бо ин далелҳо гуфтаниям, ки кори танзимгари мусиқиро ҳеҷ роботу дастгоҳе карда наметавонад, зеро ин кори эҷодӣ ва ҳиссӣ аст.

- Шумо ҳоло бо киҳо ҳамкорӣ доред?

- Ман пештар қариб бо ҳамаи сарояндагони хубамон ҳамкорӣ мекардам, вале бо сабаби камвақтӣ ва сафарҳои хориҷӣ ҳамкориро муваққатан қатъ кардем. Ҳоло боз оғоз карда истодаем ва бо дилхоҳ нафарашон ҳамкорӣ мекунем.


- Шумо маълумоти мусиқӣ доред, вале махсусан танзимгари мусиқиро не. Пас, чӣ тавр намояндаи ин касб шудед?

- Ман намедонистам, ки танзимгари мусиқӣ кист ва кадом корҳоеро анҷом медиҳад, зеро пештар барои танзими як мусиқӣ як оркестор кор мекард. Пасон бо гузашти вақт дастгоҳҳои танзимгарӣ ба мо ҳам расиданд, ки дар дохили худ имкони ғунҷонидани садои чанд асбоби мусиқиро доштанд. Чун ба мусиқӣ аз замони кӯдакӣ шавқ доштаму менавохтам, худ аз худ аз пайи омӯзиш ва сайқал додани ин паҳлӯи норӯшан гаштам ва шукр ба ҳама нофаҳмиҳову ноҷуриҳо нигоҳ накарда, ба имрӯз расидам.

- Тақрибан чанд сол мешавад, ки Шумо ба танзими мусиқӣ сари кор доред?

- Тақрибан 20 сол мешавад, ки пурра ба танзими мусиқӣ машғулам.

- Таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин касб чӣ гуна аст?

- Зиёд аст, вале бояд бигӯям, ки ин кифоя нест. Балки онҳо бояд зиёд кор кунанд. Ман бисёр интизорам, ки аз таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ тамзимгарони хуб ба майдон оянд.

- Фикр надоред, ки ягон курси махсус кушоед ва ба насли нав ин касбро омӯзонед?

- Дар ин маврид бисёр муроҷиат мекунанд, вале ман омӯзгор нестам. Педагог нестам, ки корам омӯзонидан бошад. Ман қабул кардаам, ки донистан дигар чиз асту омӯзонидан дигар чиз. Беҳтар мешавад, ба бачаҳо омӯзгороне, ки масъуланд, омӯзонанд.


- Барои танзимгари мусиқӣ шудан чӣ лозим аст?

- Хоҳиш, кӯшиш, сабр ва донистани асбобҳои мусиқӣ.

- Сухани охиринатон чӣ мешавад?

- Ба ҷавононе, ки ин касбро интихоб карданиянд гуфтаниям, ки ба ин соҳа барои пул наоед, барои номи касе наоед, барои шуҳрат наоед, балки барои меҳнат кардану дар мусиқӣ хизмате кардан оед, пас ҳамааш мешавад.


Балерина, педагог, ровӣ ва менеҷери оянда. Нозанин Юлчиева кист?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед