Ru  | Tj
Раҷаб Мирзо: Журналистикаи касбӣ ва қавӣ аз байн намеравад
Раҷаб Мирзо: Журналистикаи касбӣ ва қавӣ аз байн намеравад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Раҷаб Мирзо: Журналистикаи касбӣ ва қавӣ аз байн намеравад

Нашр шуд

Мусоҳиба бо журналисти мустақил ва фаъоли ҷамъиятӣ Раҷаб Мирзо доир ба журналистика, журналистикаи як давлати мустақил, журналистшавандаҳои оянда, таъсири фазову муҳит ба журналистон ва афкори умум, роҳҳои журналист шудан, даромадҳои журналист дар Тоҷикистон, таъмини зиндагии шоиста бо ин касб ва умуман характеристикаи касбӣ ва ғайра.

АЗ ВАО-И МУСТАҚИЛ ТО "МУРДАН"-У "ЗИНДА" ШУДАНИ ЖУРНАЛИСТИКАИ МО

- Чӣ зарурат пеш омад, ки журналистика пайдо шуд?

- Мафҳуми “журналистика” ҳамон тавре дар адабиёти вобаста ба ин касб зикр шудааст, бо табъу нашри ахбори оммавӣ рабт мегирад. Аз ин хотир, пайдоиши онро ба асри XV, ба замони пайдо шудани коғаз ва дастгоҳи чопӣ нисбат медиҳанд. Ихтироъкори ин дастгоҳ- олими олмонӣ Иоганн Гутенберг дар таърих ҷойгоҳи хос дорад ва садсолаи XV –ро “давраи Гутенберг” ҳам мегӯянд.

Аммо ин танҳо баҳои техникии ин касб аст. Журналистика ҳамчун касб замоне шакл гирифт, ки ҷомеа ба ахбори муҳимму рӯзмарра ва доимӣ зарурат пайдо кард. Ба савдогарону тоҷирони он замон бисёр муҳим буд, ки дар бораи нарху навои маҳсулот маълумот пайдо кунанд, то битавонанд аз ҷойе арзонтар бор бихаранд, ё гаронтар фурӯшанд.

Мафҳуми “газета”, ки вожаи итолиёвист, низ дар ибтидои зуҳури худ ба матбуоти даврӣ иртибот надошт. Балки арзиши пулиеро ифода мекард, ки онро пардохт намуда, тавассути он аз хабарҳои дохили қасри ҳукумат огоҳ мешуданд. Нахустин рӯзномаҳо ҳам дар Венетсия соли 1563 ба вуҷуд омаданд.

Аз ин таърихномаҳо хулосае пайдо мешавад, ки “журналистика” дар ибтидо аслан хислати пулӣ ва тиҷоратӣ доштааст. Танҳо пас аз шаклгирии нахустин давлатҳо ва муборизаҳои идеологиву сиёсӣ журналистика бештар хислати идеологӣ ва ҷамъиятӣ касб намуд. Таъбири “Воситаҳои ахбори омма” (ВАО), ки бозгӯкунандаи асосии касби мост, то ҳанӯз ба маънои гуногун шарҳ дода мешавад. Устоди мо, профессор Иброҳим Усмонов то ҳанӯз дар баробари ВАО, вожаи “пропаганда” –ро истифода менамояд ва дар ин шакл онро номбар мекунанд: “Воситаҳои ахбори омма ва пропаганда”.

Агарчӣ то чанд сол пеш мо мегуфтем, ки журналистика аслан ду таъиноти иҷтимоӣ дорад: пахши хабар ва ба вуҷуд овардани афкори ҷамъиятӣ, ҳоло мебинем дар тамоми дунё, аз ҷумла дар кишварҳои ғарбӣ низ ба ин ё он шакл ба абзори идеологӣ табдил ёфтаанд. Мутаассифона...

- Журналистикаи як давлати мустақил бояд чӣ гуна бошад?

- Журналистикаи мустақил! Борҳо гуфтаам, ки ин гуна журналистикаро танҳо ҳукуматҳое тавони бардошт доранд, ки ниҳодҳои қавиро соҳибанд ва ба онҳо, ҳамчунин ба журналистони худ бовар мекунанд. “Мубориза бо журналистикаи мустақил” кори ҳукуматҳои заиф ва худкома аст, ки чун заъфи худро аниқ медонанд, ба касе бовар надоранд.

- Агар ин касб намебуд, чӣ гап мешуд?

- То асри XX он василаи асосии таъмин намудани ҷомеа бо ахбор буд. Дуруст, гуфта наметавонем, ки ҳама маълумот дақиқу аниқ буданд ва хислати идеологӣ надоштанд. Ҳоло садҳо василаҳои дигар, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет, “журналистикаи шаҳрвандӣ” шакл гирифтааст. Давлатҳои пешрафта дар назди ниҳодҳои худ раёсатҳои кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ доранд. Бовуҷуд, ман мутмаинам ва борҳо гуфтаам, ки як рӯз ин шабакаҳо барои мардум дилбазан хоҳанд шуд ва ниёзи мардум ба журналистикаи касбӣ бештар мешавад. Яъне ба журналистикаи босифати касбӣ!

- Касби журналистиро ба довталабони ин касб кӯтоҳакак фаҳмонед, ки чӣ гуна касб аст?

- Агар фикр мекунанд, ки манбаи зуд шӯҳратёр шудану сарватманд гаштан аст, ғалат мекунанд. Ин дуро оне соҳиб мешавад, ки зиндагии худро пурра ба журналистика бахшидааст ва ба он ҳамчун образи зиндагии худ муносибат мекунад.

- Дар замони кунунӣ, ки ҳар кас метавонад хабаррасон бошад, касби журналистӣ чӣ аҳамият дорад?

- Андешаҳое ҳам вуҷуд доранд, ки журналистикаи хабарӣ аз байн меравад. Ҳоло коршиносон даҳҳо вариантро пешгӯӣ мекунанд ва пайдо шудани майлонҳои нави журналистӣ ба ҳамин хотир аст, то ин касб ҳифз шавад. Ман ҳам мутмаинам ва тавре ишора кардам, журналистикаи боэътимоду босифат боз ҳам ҷойгоҳи худро хоҳад ёфт. Зеро шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет, ки манбаи миллионҳо маълумоти дурусту нодуруст, шубҳанок ва бо ҳадафҳои тарғиботӣ паҳншуда мегардад. Воқеан, фикр мекунам, пайдоиши интернет аслан эътирозе барои шакл гирифтани сензура ба журналистика аст. Аз ин ҷост, ки журналистикаи сифатноки оянда ҳатман инро сарфи назар намекунад. Давлатдорони дурбин ҳам ахиран бояд дарк кунанд, ки имрӯз “пешгирӣ” ва сензура барои пахшу паҳн кардани маълумот як кори беҳуда ва номумкин аст. Пас, бояд ҳар маълумот ба гунаи касбӣ ва бо назардошти манфиатҳои давлатӣ паҳн шавад. Инро танҳо давлатҳое карда метавонанд ва аз ин раванд манфиат мебинанд, ки ниҳодҳои қавӣ доранд.   

- Чун мебинем ҳоло корбарони фазои маҷозӣ як қисмати кори журналистӣ-иттилоърасониро гирифта истодаанд ва агар аз ин равзана нигоҳ кунем умри ин касб то чанд соли дигар боқӣ хоҳад монд?

- Журналистика чандин бор “мурд” ва “зинда” шуд. Бо пайдоиши радио гуфта буданд, ки умри матбуот кӯтоҳ гардид. Вақте ТВ фаъол шуд, мегуфтанд акнун радио ва матбуот аз байн меравад. Интернет ҳам як давраи мушаххас муаммоҳоро пеш меорад. Аммо ҳатман барои шаклгирии журналистикаи чандрасонаӣ – вуҷуд доштани ҳамаи василаҳои касбӣ (матн, акс, графика, инфографика, навор ва ғайра), мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, мутмаинам, ки журналистикаи касбӣ ва қавӣ аз байн намеравад, фақат шакл иваз мекунад. Дар Тоҷикистон танҳо як ё ду ширкат ва гурӯҳи расонаҳоро мебинем, ки худро ба талаботи нав мувофиқ мекунонанд.

- Дар кишвари мо касби журналистиро чӣ гуна қадр мекунанд?

- Қадр ду намуд мешавад. Яке ҷоизаву унвонборон кардани “журналистони худӣ”, ки мутаассифона боис ба беобрӯ шудани унвону ҷоизаҳо гардидаанд. Ва дигаре, эҳтирому қадр аз ҷониби мардуми оддӣ ва мақомдорони ҳукумат, ки дар сӯҳбатҳои хос мегӯянд. Дуввумиҳо чандон зиёд нестанд. Инро худи мансабдорон ҳам мегӯянд. Бигзор, на дар сӯҳбатҳои расмӣ. Инҷониб дуввумиҳоро, ки бигзор каманд, ба ҳар василае тавонам қадр хоҳам кард. Дигарон бигзор худашон интихоб кунанд...  

- Ба назар менамояд, ки аксари мардум аз хизматҳои журналистон истифода мебаранд, вале боз онҳоро бад мебинанд, чаро чунин аст?

- Ин равандро ман “бадбинӣ” намегӯям. Он интизор ва хостаҳои мардум аз журналистон аст. Яъне як навъ норозигӣ ва эътироз аст, на бадбинӣ...

- Се ҷиҳати мусбат ва манфии ин касбро ба мо бигӯед?

- Паҳлӯҳои манфӣ:

1. Заҳмати ҳамкасбони мо ба таври арзанда қадрдонӣ намешавад. Манзур маош ва ҳаққи қалам аст ва ин сабабҳои хоси худро дорад;

2. Бо баҳонаи ҳифз кардани расонаи худ бархе соҳибони онҳо худро аз ҳукумат ва бархе созмону ташкилотҳои кӯмакрасон ҳарчӣ бештар вобаста мекунанд;

3. Агар ба ин касб эътиқодмандонаву содиқона ворид шудӣ, аз он канор рафта наметавонӣ.

Паҳлӯҳои мусбат:

1. Агар журналисти касбиву самимӣ бошӣ, як одами озоду озодандешӣ,

2. Ниҳоят ҳатто душманону рақибонат эътирофат мекунанд, агар арзишҳоро ҳар лаҳза иваз нанамоӣ;

3. Метавонӣ ҷаҳондида ва соҳиби андешаи фикрзо гардӣ;

- Агар этикаи касбии журналистӣ намебуд, чӣ мешуд?

- Оё медонед, одобномаи журналистӣ дар дунё барои чӣ пайдо шуд? Дар кишварҳои ғарбӣ ҷараёне шакл гирифт, ки ҳукумат мехост ба воситаи қонунгузорӣ фаъолияти журналистиро маҳдуд намояд. Дар натиҷа онҳо тасмим гирифтанд, ки худашон кодекси ахлоқӣ нависанд ва фаъолияташонро назорат кунанд. Ҳоло дар бархе кишварҳо, аз ҷумла дар Олмон қонуни матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма вуҷуд надорад. Инҷониб барои омӯзиши ин раванд ба Олмон сафар доштам ва таҷрибаи онҳоро омӯхтам. Шӯрои ВАО, ки ин одобномаро назорат мекунад, ҷазои сахттаринро барои журналист таъин мекунад: яъне ин ё он журналист ё расонаи хабариро дурӯғгӯ ва манбаи маълумоти нодуруст, ё берун рафтан аз доираи ахлоқи касбӣ эълон мекунад. Ин ҷазои бамаротиб сахттар назар ба зиндонӣ кардан ё муҷозот намудан аст. Мардум дигар ба ин журналист ё расонаи хабарӣ эътимод намекунанд ва ӯ ҳамин тавр аз фаъолият бозмемонад.

Дар Тоҷикистон ҳам беш аз як даҳсола аст, ки Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва Шӯрои ВАО амал мекунад. Мутаассифона, бо сабабҳои айниву зеҳнӣ он ҷойгоҳи худро наёфт. Дар натиҷа, он қадар ғаждиҳоро дар бархе ба истилоҳ расонаҳоямон мебинем, ки агар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳам онҳоро пайгирӣ намоянд, барои ҷазо аз рӯи чандин бандҳои Кодекси ҷиноятӣ пеш меояд. Ҷиддӣ мегӯям, ки аз хондану дидани бархе “озодиҳо” дар журналистикаи мо худи ман ба даҳшат меоям. Ин раванд, агарчӣ барои доираҳое шояд муҳим нест, аммо дар оянда метавонад боис ба мушкилоти ҷиддӣ гарданд. Доимо мегӯям, ки озодӣ ин пеш аз ҳама масъулият аст ва ҳар одами озодиписанд талаботи касбиву ахлоқиро убур намекунад. Ҳамоно мутмаинам, ки ҳама чиро гуфтан мумкин: бидуни шак дар доираи қонун ва ахлоқи касбӣ! “Зӯрҳо” бошанд, фақат бемасъулиятиро дар ҷомеа шакл медиҳанду бас...

- Ҳама касбҳо талабот доранд, журналистӣ чӣ талабот дорад?

- Як талаботро, ки шояд каме дағал намояд, ҳамеша ба ҳамкорон тавсия медиҳам: “Агар ҳатто Модаратон мегӯянд, ки “дӯстат дорам!”, бояд посух бидиҳӣ: “Исбот намо!”. Ин албатта як рамз аст. Исбот, яъне пеш аз ҳама ҳуҷҷат, далелест, ки дар дасти шумост. На он чӣ ки касе бо кадом ҳадафе гуфту рафт...

- Топ-5 муҳаққиқи варзида ва таъсиррасон дар журналистикаи мо киҳоянд?

- Иброҳим Усмонов, Асадулло Саъдуллоев (ҷояшон Биҳишт бод), Сангин Гулов, Ҷовид Муқим, Носирҷон Маъмурзода.

Аз онҳое ном бурдам, ки аз онҳо чизе ё чизҳое хондааму дар хотирам мондааст. Яъне онҳо биниши маро дигар карда, таъсир расонидаанд. Аз онҳое, ки чизе ё чизҳое хондааму аммо чизе ба хотирам намонду чизеро тағйир надод, маъзарат мехоҳам...

- Топ - 5 журналисти хуби мо кадомҳоянд?

- Бо иҷозаи Шумо аз гирифтани номҳое бо сабабҳои ахлоқӣ худдорӣ мекунам. Аммо ҳамкасбоне ҳатман дорем, ки ҳар матлабашонро бошавқ мехонам. Шояд 5 нафар набошанд ва шояд аз ҷумлаи “ситораҳо” ҳам...

АЗ ДУШВОРИҲО ТО ҲОЛАТҲОИ НОГУВОР ДАР ЖУРНАЛИСТИКА

- Шумо чӣ хел журналист шудед?

- Зери таъсири мактаби Рӯзимади Тоҳир – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №1 –и ноҳияи Восеъ. Раҳматӣ, ки соли гузашта дар натиҷаи коронавирус даргузашт, фаъолияти журналистӣ ҳам доштанд ва аз мактаби ӯ бархе журналистони ҳоло шинохтаамон аз ноҳияи Восеъ гузаштаанд.

- Шумо ҳоло журналисти мустақилед, кори як рӯзаатон чӣ гуна мегузарад?

- “Удаленка” ё кори фосилавӣ, ки COVID – 19 дар дунё маъмул кард, фаъолияти чандинсолаи маро “ҷомаи расмӣ” дод. Аксари вақт дар хонаам. Ҳоло машғулиятҳоеро, ки барои ҳамкасбон мегузаронем, (дар доираи лоиҳаҳо) онҳо ҳам фосилавӣ сурат мегиранд.

- Дар ин соҳа киро устоди худ медонед?

- Рӯзимади Тоҳир ва Субҳон Раҷаб устодони аввалини мананд. Баъд дар донишгоҳ аз ҳар устоде барои худ омӯхтаам. Аз ҳамкасбони ба касб содиқ низ. Ҳатто аз бархе журналистони ҷавон ҳоло барои худ чизҳое меомӯзам ва онҳоро ҳам дар бахшҳое устод меҳисобам.

- Дар ин соҳа кӣ ё киҳоро шогирди худ медонед?

- Таъбири “шогирд” –ро чандон дӯст намедорам. Аз ҳамкорони ҷавон ҳамеша чун додар ё хоҳар ном мебарам. Агар нафаре аз онҳо амалану воқеан устодам гуфт, ҳаққи онҳост. Ҳарчанд дар сӯҳбатҳои мо вожаи “устоду шогирд” асосӣ нест.

- Дар як моҳ аз ҳисоби ин касб то чанд сомонӣ даромад дошта метавонед?

- Ҳоло ман бештар ба анҷом додани машғулиятҳо бандам ва аз ин ҳисоб зиндагии худро таъмин менамоям. Фаъолиятҳоям дар Фейсбук, аз ҷумла гурӯҳи “Ахбор барои афкор” ва блоги матолибам комилан ройгон ва аз рӯи дилбастагии касбист.

- Оё бо касби журналистӣ метавон шоиста зист, махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?

- Шоиста зистан ба маънои маънавӣ ва инсонвор зистан бошад, оре. Мардум эҳтиром мекунанд, бовар доранд ва ин беҳтарин натиҷаи кор аст.

- Баъзе касбҳо хоси як ҷинсанд. Касби журналистӣ хоси кадом ҷинс аст? Ё ҳам зану ҳам мард метавонанд журналист шаванд?

- Солҳои донишҷӯии мо устоди равоншод, профессор Воҳид Асрорӣ мегуфтанд, ки журналистӣ касбӣ занона нест ва далелҳое меоварданд, ки онҳо хоси ҳамон давра буданд. Журналистика аслан ҷинс надорад. Оё ҷуръату ирода ва истеъдод мардона ё занона буда метавонад? Дуруст, нисбат ба баъзе бонувони ҳамкасбамон ман таъбири “зана мардаш” –ро истифода мекунам, вале онҳо зиёд нестанд...

- Киро метавон журналисти воқеӣ гуфт?

- Ҳеҷ вақт, ҳатто дар замони тоталитаризми шӯравӣ журналистони соҳибкасб аз таваҷҷӯҳи мардум канор набуданд. Имрӯз шароит барои муаррифӣ бештар шудааст. Онҳое, ки фикр мекунанд бо дағаливу ҳақоратгӯӣ ё кӯчагӣ кардани журналистика “ситора” мешаванд, ҳатман иштибоҳ мекунанд. Ҳоло ҳақоратчиҳо хеле зиёданд ва минбар ҳам доранд: шабакаҳои иҷтимоӣ, блогҳо, каналҳои ютубӣ... Бояд амиқ донист, ки манбаи ахбор зиёди зиёд аст ва мухотабон интихоби васеъ доранд. Шояд як замон сахтгӯиву ҳақорат дӯстдороне дошт. Ҳоло мардум ба матолиби ҷиддиву таҳлилӣ бештар таваҷҷӯҳ мекунанд. Пас онҳоеро, ки мардум муддати тӯлонӣ ҳамчун журналисти боэътимод пазируфтанд, барои ман ҳам воқеианд.  

 

- Дар вақти душвории кор чӣ кор мекунед ва умуман кай барои Шумо кор кардан душвор мешавад?

- Ду ҳолат аст: 1. Вақте мавзӯеро пайгирӣ дорӣ, аммо бо сабабҳои аз ту новобаста наметавонӣ онро дар шакли дилхоҳат баррасӣ намоӣ; 2. Мавзӯеро, ки як муддат натавонистам чизе нависам, мисли устухони дар гулӯ мешавад. То онро бартараф накунам, яъне онро ниҳоӣ насозам, ё аз баҳраш нагузарам, кори дигаре карда наметавонам.

- Ҳамаи ихтисосҳо “карерный рост” доранд, аз журналистӣ чӣ?

- Агар ин гуна меъёр ҳаст, ҳатман ба синну сол дахл намекунад. Бархе метавонанд дар ҷавонӣ инро соҳиб шаванд, бархе бо гузашти солҳо ва камол ёфтан. Дар ҳарду ҳолат ҳам намунаҳое дорем.

- Дар ин ихтисосу кор ба Шумо чӣ писанд аст?

- Он чи ки барои бархе доираҳо писанд нест. Шарҳ намехоҳад...

- Дар ин ихтисосу кор ба Шумо чӣ маъқул нест?

- Реҷаи мушаххаси корӣ надоштан. Аммо журналист, ки шудӣ, аз ин берун буда наметавонӣ. Албатта журналист ба маънои томаш, на ҳаваскорона. Ё ба таъбири Вазири маориф ва илм ҷаноби Имомзода – “хасакӣ”...

ЧӢ ГУНА МЕТАВОН ЖУРНАЛИСТ ШУД?

- Чаро ҷавонон дар интихоби касб озод нестанду хато мекунанд?

- Ба фикрам иштибоҳи асосӣ ҳангоми интихоби касб як аст: вақте касб фақат аз рӯи талаботи ҳозира интихоб мешавад, на дурнамо.  

- Таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин касб чӣ гуна аст?

- Ба журналистика? Фикр накунам мисли замони пешин бошад. Замони дохил шудани мо дар соли 1991 ба як ҷо 10 – 12 нафар довталаб буд. Ҳоло таваккалиҳо бештаранд. Хоса пас аз он ки дохилшавӣ ба журналистикаро ҳам ба Маркази миллии тестӣ вогузор карданд, ки хатои хатост.

- Киҳо метавонанд довлатаби касби журналистӣ шаванд?

- Дар чанд факултаи журналистикаи донишгоҳҳои Амрико меҳмон будем. Аз онҳо пурсидам, ки чанд нафар журналист шуданианд? Ҳамагӣ як ё ду нафар аз аудиторияи бистучанднафара даст бардошт. Дигарҳо хоставу ниятҳои худро гуфтанд. Гуфтам, ки беҳтарин журналистон ҳаминҳое мешаванд, ки даст набардоштанду асоснок карданд. Зеро фикр карда метавонанд! Ин ҷузъи бисёр муҳимми касбист. Пас онҳое, ки фикр карда метавонанд ва маълумотеро дуруст ҳазм, иншоаллоҳ журналистони муваффақ хоҳанд буд.

- Барои журналист шудан бояд дар куҷо таҳсил кард, зеро имрӯз бо таҳсил дар факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ журналист шудан қариб, ки имконнопазир аст?

- Шояд ҳеҷ вақт чунин набуда, ки аз як гурӯҳ ҳамагӣ журналист шудаанд. Дар гурӯҳи мо соли 1991 – охирин соли побарҷоии СССР 25 нафар таҳсил мекард. 5- 6 нафар онҳое буданд, ки мактабро бо медал хатм намудаанд. Сатҳи саводи дигарҳо низ баланд буд. Ҳоло аз ин гурӯҳ шояд ҳудуди 10 нафар журналист шуданд.

Воқеан, як вақтҳо сармуҳаррири нашрияи хеле машҳури Россия гуфта буд, ки барои ӯ осонтар аст аз факултаи иқтисод барои бахши иқтисодии нашрияаш корманд бигирад. Мегуфт иқтисодчиро навиштан омӯзондан осонтар аст, ба ҷои он ки ба журналист илми иқтисод ва махсусиятҳояшро омӯзонӣ. Мо ҳам таърихнигорон, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиҳо ва шарқшиносону физикҳои касбие дорем, ки хеле журналистони муваффақ назар ба хатмкардагони факултаҳои журналистӣ гаштаанд. Салими Зарафшонфар, Сафват Бурҳонов барин журналистоне дорем, ки умуман маълумоти олӣ надоранд. Ҳоло ӯ аз ҷумлаи журналистони камшумори тоҷик аст, ки дар дунё машҳуранд.

Ҳоло чанд тренинг ва часпу талоши бештар имкон медиҳад журналисти хуб шавед. Аммо, албатта агар ба муҳити журналистӣ афтед ва дар идора сиёсати хуби редаксионӣ ҳукмфармо бошад. Муҳим ана ҳамин муҳит аст. Албатта омӯхтани асосҳои журналистӣ хеле муҳиманд, аммо онро дар муҳити хуби касбӣ аз худ кардан мумкин. Барномаҳои таълимии факултаву шӯъбаҳои хеле зиёд, мутаассифона аз воқеиятҳо қафо мемонанд. Бовар дорам, ки ҳатто барои як факултаи журналистика устодон ва зарфиятҳои зарурии таълимиро дар шакли комил надорем. Устодон шикоят доранд, ки ба донишҷӯён на навиштани матолиби журналистӣ, балки навишти одии бехаторо бояд омӯзонанд. Аз ин гуна муҳит оё чӣ метавон умед дошт? Мушкилоти журналистика системавӣ шудаанд ва онро дар як мусоҳибаи кӯтоҳ баррасӣ кардан имкон надорад.  

- Аксарият ба ақидае ҳастанд, ки журналистшаванда дар матбуот журналисти пухта мешавад, ба ин розиед ва чаро?

- Ин меъёри журналистикаи замони шӯравӣ буд ва дуруст ҳам меомад. Зеро рӯзнома мактаби хос буд. Сиёсати редаксионӣ ва редаксия дар шакли классикӣ дошт. Ҳар журналист дар кори нашрия чанд корро ёд мегирифт, чун мусаҳҳеҳӣ мекард, навбатдор меистод, дар котибот кор менамуду сафҳабандӣ меомӯхт, ҳамчун “сари тоза” (свежая голова”) истифода мешуд ва ин ҳама ба ҷаҳонбиниву кори ӯ таъсир мекард, натиҷа медод. Ҳоло ин меъёр шояд дар бархе нашрияҳои ҳукуматӣ то андозае ҷо дорад. Аммо аксари нашрияҳои мо редаксия дар шакли қабулшуда надоранд. Бархе нашрияҳоро як ё ду нафар омода мекунанд. Ҳол он ки кори рӯзнома ва умуман журналистика ҳамеша дастҷамъона буду ҳаст. Дар натиҷа, нашрияҳоямон пурхато ва безавқона нашр мешаванд. Ин гуна нашрияро хонанда қабул карда метавонад? Журналисте, ки дар он кор кунад, чӣ меомӯзад? Душворӣ мекашам дар ҷавоб...




Умар Темур: Унвон надорам, пас арзанда нестам

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед