Ru  | Tj
Тоҳир Саидов: «Мо тайи чанд сол аз чашм дур монда бошем ҳам, ба дил наздик будем…»
Тоҳир Саидов: «Мо тайи чанд сол аз чашм дур монда бошем ҳам, ба дил наздик будем…»

Тоҳир Саидов: «Мо тайи чанд сол аз чашм дур монда бошем ҳам, ба дил наздик будем…»

Нашр шуд

Саҳифаҳои таърих бар он далолат мекунанд, ки халқи тоҷику ӯзбек аз қадим ҳамрозу ҳамдарди якдигар буданд. Байни ду миллати ҳамҷавор робитаҳои хешу таборӣ, дӯстӣ ва рафту омади ҳамдигар хеле хуб ба назар мерасид. Аммо тайи чанд сол баста шудани марзҳо ба ин монеаи бузурге шуд. Хушбахтона, баъди гузашти вақт ин монеа бартараф гардида, барои мустаҳкам кардани равобити аҷдодӣ аз ҷониби сарони давлатҳо заминаи хубе фароҳам омад. Маҳз ҳамин тифоқӣ сабаб шуд, дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор шавад. Дар ин чорабинӣ якчанд ҳунармандони халқии Ӯзбекистон ҳузур доштанд.

Мо аз фурсат истифода карда бо ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳунарманди номдор ва саршиноси ин кишвар Тоҳир Саидов дар атрофи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, вазъи санъати кино дар Ӯзбекистон мусоҳибае оростем, ки фишурдаи онро манзури Шумо мегардонем.


- Салом. Сараввал ҳузури Шуморо ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.

- Саломат бошед, мамнунам.

- Лутфан, мегуфтед, ки Шумо ба робитаҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек чӣ назар доред?

- Ростӣ аз барқарор шудани робитаи дӯстонаи ин ду миллати ҳамҷавор хеле шодам. Аз ҳоли ҳамдигар бохабар шудан, шодишарику ғамшарики ҳам будан ин як кори бузург аст. Мо халқи тоҷику ӯзбек ҳамхуну решапайванд ва фарзанди як модарем. Агар ба дили мардуми тоҷик озоре расад, ба мо ҳам дардовар аст. Агар онҳо хурсанду хушбахту хушвақт бошанд, ба мо ҳам шодиву сурур мебахшад. Боварии комил дорам, ки агар ба пойи мардуми ӯзбек хоре халад, ҷони халқи тоҷик ҳам озор меëбад. Агар халқи ӯзбек хурсандӣ кунад, онҳо ҳам шодишарик шуда рӯҳбаланд мегарданд.

- Бори охир ба Тоҷикистон кай омада будед?

- Ростӣ бори аввал ба Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистону Ӯзбекистон омадам. Дар ин байн, албатта, сарҳадҳо баста ва рафтуомад қатъ шуда буд. Лекин, мо тайи чанд сол аз чашм дур монда бошем ҳам, ба дил наздик будем. Маҳз ҳамин наздикӣ моро боз ба ҳам пайваст.

- Байни ин солҳо дар Тоҷикистон чӣ тағйироте мебинед?

- Дар ин муддат шаҳри Душанбе куллан тағйир ëфтааст. Бинед, ки дар ҳар қадам иншоотҳои наву замонавӣ ва баландошëна қомат афрохта истодаанд. Ҳар яке аз инҳо бо меъмории махсуси тоҷикона сохта шудаанд. Аз ҳама муҳим, медонед чӣ?! Имрӯз аз чашмони мардуми тоҷик нур меборад. Хурсандиву хушнудии ҳар яки онҳо дар чеҳраашон ҳувайдо аст. Ҳар куҷое ки равем, моро бо меҳру муҳаббати самимӣ, бо рақсу тарона пешвоз мегиранд. Наметавон касеро маҷбуран ба рақс даровард ё касеро зӯран суруд хононд. Вақте инсон аз ҳаëт, аз зиндагӣ мамнун аст, рақсу мусиқӣ аз дилаш ҷӯш мезанад. Ин ҳама дӯстӣ ва хурсандии халқ аз неъмати бузурги истиқлол ва шароити фароҳам овардаи сарони ду кишвар аст. Бовар кунед, ман мафтуни табиати нотакрори Душанбешаҳр шудам. Гулҳои зебо ва дарахтони беҳамтои ин диëр, маро шефтаи худ кард. Ният кардам дар ояндаи наздик ҳамроҳи оилаам боз ба Душанбе биоям, то онҳо ҳам аз ин зебоиҳо баҳраманд гарданд.


- Шумо миëни фарҳангу маданият ду миллат чӣ тафовутҳо мебинед?

- Ростӣ қариб фарқияте намебинам. Маданият урфу одат, расму оин, фарҳанги либоспӯшӣ, тӯю сур ҳатто хӯрокҳои миллии мо ба ҳамдигар сахт монанданд. Фикр мекунам фарқият байни тоҷику ӯзбек фақат дар забон буда метавонад, дигар ҳамаи расму оин тавъами ҳамдигаранд.

Дар мамлакати мо мардуми тоҷиктабор хеле зиëданд. Ман боре ҳам дар Ӯзбекистон шоҳиди фарқият гузоштан байни ду миллат нашудаам. Яъне ин тоҷик аст, ин ӯзбек аст, гӯëн тафриқа намегузоранд.

Хушбахтона, имрӯзҳо мактаб ва марказҳои фарҳангии тоҷикӣ дар мо фаъолият доранд. Агар робитаҳо ҳамин хел идома ëбад, дар ояндаи наздик ӯзбеке намемонад, ки забони тоҷикиро надонад ва тоҷике намемонад, ки аз ин забон бебаҳра бошад.

- Чун Шумо ҳунарманди кино ҳастед мегуфтед, ки шароити филмофарӣ дар Ӯзбекистон чӣ гуна аст ва коргардонҳои ӯзбек чӣ нақшаҳо доранд?

- Тайи чанд соли охир дар соҳаи кино дар Ӯзбекистон пешравиҳои хеле хуб ба назар мерасанд. Ҳамчунин, аз ҷониби ҳукумат барои харидани технологияҳои нави замонавӣ ва ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ маблағгузориҳои калон шуда истодааст. Албатта, мо бо ҳамбастагӣ аз ин техникаҳо истифода бурда, филмҳои навро метавонем ба навор гирем.

Мо дар Ӯзбекистон дар бораи қаҳрамониҳои Ҷалолиддин Мангубердӣ, бо ҳамроҳии эҷодкорону коргардонҳои Туркия филми таърихӣ ба навор гирифта истодаем ва аллакай 13 қисми он ба эфир баромад. Нақша дорем, чанд қисми дигари онро, ки ба қаҳрамониҳову корнамоиҳои Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, бахшида шудааст, ба навор гирифта бошем. Филми мазкур дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, махсусан шаҳри Хуҷанд сабт мегардад.

- Оë дар Ӯзбекистон филмҳои тоҷикӣ тамошо мекунанд?

- Халқи ӯзбек ба маданияти миллии кинои тоҷик баҳои баланд медиҳанд ва бо муҳаббат тамошо мекунанд. Ҳамеша филмҳои нави тоҷикиро интизорӣ мекашанд.


- Бо кадоме аз ҳунармандони тоҷик робитаи дӯстӣ доред?

- Ростӣ, ман ҳоло акнун бо намояндагони насли нави ҳунармандони тоҷик, шиносоӣ пайдо кардам ва онҳо ҳам ҳамин тавр. Лекин байни ҳунармандони нисбатан калонсоли мо робитаҳо хеле мустаҳкам буданд. Масалан, лаҳзаҳои дӯстии Соро Эшонтӯраева, Ҳамза Умаров, Бахтиëр Ихтиëров, Хайрулло Саъдиев, Зикир Муҳаммадҷонов ва Набраҳимовҳо дар навори филмҳо сабт шудаанд. Дар Ӯзбекистон Ато Муҳаммадҷонов, Сайрам Исоева, Марям Исоеваро беандоза дӯст медоранд.

Мо акнун зина ба зина дӯстону наздикони худро ëфта истодаем. Маҳз барои идома додани анъанаҳои неки устодону аҷдодон, ҳамдигарро ҷустуҷӯ дорем.

- Назари мардум ба сурудҳои тоҷикона чӣ гуна аст?

- Албатта, сурудҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон маҳбубияти ба худ хос дорад. Аксари суруди ҳофизони тоҷикро дар тӯю маърака, чорабиниҳои фарҳангӣ, консертҳо ҳофизони мо бозхонӣ мекунанд. Хосатан ба Ҷӯрабек Муродов муҳаббати беандоза доранд. Қабл аз ин, чанд сол пеш бахшида ба 100 - солагии ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Комилҷон Отаниëзов дар Хоразм чорабинии фарҳангӣ барпо шуд. Дар он Ҷӯрабек Муродов иштирок карданд. Он кас меҳру муҳаббат ва иззату ҳурмати мардуми Ӯзбекистонро дида бениҳоят шод шуданд. Инчунин, бештари раққосаҳои мо аз мактаби эҷодии устоди рақс Малика Қаландарова рақс меомӯзанд ва ба эшон пайравӣ мекунанд.


- Дар анҷоми сӯҳбат баҳри пойдории дӯстии ду миллат чӣ таманниëте доред?

- Ҳакиме мегӯяд: "Дунё мисоли хонаест, ки нав сохта истодаанд. Инсони хуб барои сохтмони он як хишт мегузораду меравад, одами бад аз он як хишт меканаду меравад". Илоҳо байни фарзандони ду миллат нафаре пайдо нашавад, ки аз тоифаи хиштканҳо бошад. Умедворам, ки барои боз ҳам мустаҳкам шудани ин иморат фарзандони ӯзбеку тоҷик камари ҳиммат мебанданд. Илоҳо мардуми тоҷику ӯзбек ҳамеша саломату сарбаланд бошанд. Ҳамаи орзуҳои неке, ки дар дил доранд, ҷомаи амал пӯшад… Ба Шумо қалами тез ва сари баланд мехоҳам. Ҳамеша барои ободии давлату миллат саҳмгузор бошед.

- Сипосгузорам! Ташаккури зиëд барои чунин як сӯҳбати самимӣ. Бори дигар қудаматон мубораку хуҷаста бод!

- Саломат бошед!




Роҳҳои шинохти хабарҳои фейкӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(188) "Мушаррафа Ҷӯраева: “Шахсе, ки афкору рафтори нек дорад, ҳаргиз сухани сарду дуруштро ба забон намеорад"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "11198"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(119) "/tj/articles/talk/musharrafa_raeva_shakhse_ki_afkoru_raftori_nek_dorad_argiz_sukhani_sardu_durushtro_ba_zabon_nameorad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3600"
  ["CODE"]=>
  string(100) "musharrafa_raeva_shakhse_ki_afkoru_raftori_nek_dorad_argiz_sukhani_sardu_durushtro_ba_zabon_nameorad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3600"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Мушаррафа Ҷӯраева: “Шахсе, ки афкору рафтори нек дорад, ҳаргиз сухани сарду дуруштро ба забон намеорад

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(55) "Роҳҳои шинохти хабарҳои фейкӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8935"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(49) "/tj/articles/talk/ro_oi_shinokhti_khabar_oi_feyk/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2779"
  ["CODE"]=>
  string(30) "ro_oi_shinokhti_khabar_oi_feyk"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2779"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Роҳҳои шинохти хабарҳои фейкӣ

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(86) "Шарифзода Қироншоҳ: дар суроғи "Бухорои Шариф”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8444"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "5165"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(64) "/tj/articles/talk/sharifzoda_ironsho_dar_suro_i_bukhoroi_sharif/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2653"
  ["CODE"]=>
  string(45) "sharifzoda_ironsho_dar_suro_i_bukhoroi_sharif"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2653"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Шарифзода Қироншоҳ: дар суроғи "Бухорои Шариф”

Другие новости