Ru  | Tj
Пуле миёни китоб ва хонанда. Рисолати китобдор
Пуле миёни китоб ва хонанда. Рисолати китобдор
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Пуле миёни китоб ва хонанда. Рисолати китобдор

Нашр шуд

Таърихи китобдорӣ тӯлонӣ буда, аз замони пайдоиши китобу китобхонаҳо, яъне 3 ҳазор сол пеш аз мелод арзи вуҷуд кардааст ва то имрӯз мақому манзалаташро нигоҳ дошта ва боз ҳазорсолаҳои дигар давом мекунад. Ҳамсуҳбати мо Гадобег Маҳмудов, муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва яке аз мутахассисони соҳаи китобдорӣ дар кишвар аст, ки бо эшон доир ба китобу китобдорӣ суҳбат намудем.

ТО ЗАМОНЕ, КИ ИНСОН ВУҶУД ДОРАД...

- Устод, оё мешавад, ки китобдор дар миёни китобҳо кор кунаду вале китобхон набошад?

- Китобдор дар раванди фаъолияташ, ки бо китоб сари кор мегирад, онро тибқи муқаррароти соҳа коркард менамояд ва аз ин рӯ, хоҳу нохоҳ аз мазмуни он огоҳ мешавад. Китобдор низ мисли хонанда вобаста ба завқ ва рағбаташ китобро барои хондан интихоб менамояд. 

- Чун ҳоло китобхонаҳои электронӣ зиёд шудаанд, гуфта метавонед, ки вазифаи китобдор дар замони мо аз чӣ иборат аст?

- Набояд фаромӯш кард, ки бо вуҷуди зиёд шудани китобхонаҳои электронӣ, дар замони муосир теъдоди китобҳои чопӣ низ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Дар ин ҳол, китобдор мисли пуле миёни ду соҳили дарё, ба ҳайси миёнарав байни китобу хонанда эҳтиёҷи хонандаро қонеъ менамояд.

- Дар кишвари мо ба китобдор чӣ гуна муносибат мекунанд ва оё тавозуни арҷгузорӣ ба қадри кофӣ ҳаст?

- Китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Ин пеш аз ҳама қабули як қатор санадҳои меъёрӣ, ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, таҷлили “Рӯзи китоб”, бунёди биноҳои нави китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, баргузории озмунҳои “Китобдори сол”, “Китобхонаи беҳтарин” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошанд, ки мақому манзалати китобдорро дар ҷомеа боло мебаранд. Яъне бешак метавон гуфт, ки ба намояндагони ин касб ҳам давлату ҳукумат ва ҳам ҷомеа ба қадри кофӣ арҷ мегузоранд.

- Касби китобдорӣ чӣ талабот дорад?

- Касби китобдорӣ мисли дигар касбҳо дорои талаботи тахассусӣ мебошад, аз ҷумла барои китобдор шудан, бояд шахс босавод, бомаърифат, дорои одобу муоширати воло ва малакаи хуби кор бо технологияи муосири иттилоотӣ бошад.  

- Ҳоло мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки бархе касбҳо нодаркор шуда истодаанд ва намояндагонашон бекор мемонанд, Шумо умри ин касбро то чанд соли дигар боқӣ медонед?

- Таваҷҷуҳ ба касби китобдорӣ имрӯз ҳам зиёд мебошад, чунки инсон ва умуман ҷомеа ба иттилоот ҳамчун ғизо ва ҳаво ниёз дорад. Дар ҷаҳон сол ба сол тибқи омор шумораи китобхонаҳо зиёд шуда истодаанд, ки онҳо ба китобдорон эҳтиёҷ доранд. То замоне ки инсоният вуҷуд дорад, китобдорон бекор намемонанд.  

ВАҚТЕ КИ КИТОБДОР РОҲБАР МЕШАВАД...

- Шумо чӣ хел китобдор шудед ва дар ин самт чанд сол таҷрибаи корӣ доред?

- Иттифоқан баъди шинос шудан бо эълони қабули довталабон ба Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Москва ба ин касб меҳр бастам. Солҳои 1978-1982 дар факултети китобдории донишкадаи мазкур таҳсил намудаам. Собиқаи кориам дар ин соҳа аз соли 1982 оғоз ёфтааст.

- Як рӯзи китобдор чӣ хел мегузарад?

- Вобаста аз дастурамали вазифавӣ, аксаран бо қабули нашрияҳои воридшуда, коркарди соҳавӣ, қабули хонанда ва қонеъ намудани дархости хонанда мегузарад.

- Китобдор ба ҷуз китобхона боз дар куҷо метавонад кор кунад?

- Китобдор ба ҷуз аз китобхона дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбии соҳавӣ ба ҳайси омӯзгор, корманди илмӣ ва ғайра фаъолият карда метавонад. 

- Бо касби китобдор зиндагиро бидуни мушкил пеш бурдан имкон дорад?

- Бале зиндагӣ карда мешавад. Касбҳое мавҷуданд, ки аз китобдор ҳам маоши кам мегиранд.

- Духтур ба як ҳамсояаш сӯзандору мегузаронад ва пул мегирад, муаллим як хонандаро дарси иловагӣ медиҳад, пул мегирад, лутфан, бигӯед, ки китобдор кадом намуди даромади иловагӣ дорад?

- Китобдор ҳам метавонад даромади иловагӣ дошта бошад. Берун аз кори китобхона ба ҳайси машваратчӣ барои пешбурди кори илмӣ, роҳҳои дарёфти сарчашмаҳо, маъхазҳо ва тавсияи адабиёт ба шахсони алоҳида кӯмак расонад ва бар ивази заҳматаш музд талаб намояд. 

- Баландравӣ дар вазифа ҳаст? 

- Китобдори имрӯза дар вазорату идораҳо, муассисаҳо ва китобхонаҳои бузург ба ҳайси роҳбар фаъолият доранд. 

ХУБ МЕШАВАД АГАР...

- Насли ҷавон ба касби Шумо чӣ гуна таваҷҷуҳ дорад? 

- Имрӯз ҷавонон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба тахассусҳои технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, забономӯзӣ, тиҷорат, робитаҳои байналмилалӣ бештар таваҷҷуҳ доранд. Вале хушбахтона таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ба касби китобдор таваҷҷуҳ низ бештар шуда истодааст.

- Барои китобдор шудан бояд дар куҷо таҳсил кард?

- Дар Тоҷикистон барои соҳиби касби китобдор шудан муассисаҳои олии касбӣ ва миёнаи касбӣ мавҷуд ҳаст, аз ҷумла факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Коллеҷи фарҳанг дар ноҳияи Рӯдакӣ.

- Барои омӯхтани ин касб чӣ ё чиҳо лозим аст? 

- Доштани донишҳои назариявӣ ва амалии соҳавӣ, донистани ганҷинаи бойи адабиёти бадеӣ, донистани забони давлатӣ, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ва бо технологияи муосири иттилоотӣ кор кардан.

- Тавсияҳои Шумо ба китобдорони оянда...

- Бисёр хуб мешавад, ки китобдорони оянда пеш аз ҳама касбашонро дӯст дошта, интихоб кунанд. Зиёдтар мутолиа намоянд, донишҳои тахассусиашонро такмил диҳанд ва одоби муошират бо ҷомеаро дар сатҳи олӣ балад бошанд. 

ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ

Маҳмудов Гадобег Бӯриевич 1-уми майи соли 1960 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Баъди хатми  мактаби миёнаи №66-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) соли 1978, ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Маскав дохил шуда, онро соли 1982 бо ихтисоси китобдор-библиограф хатм намудааст. Фаъолияти кориашро соли 1982 ба ҳайси китобдори шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи давлатии ба номи А. Фирдавсӣ оғоз кардааст.

Солҳои 1983-1990 нахуст ба ҳайси омӯзгори кафедраи библиографишиносии факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон) ба номи М. Турсунзода, аз соли 1990 то соли 2006, ба сифати омӯзгори калони кафедраи мазкур кор кардааст. Аз соли 2006 то соли 2013 мудири кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М. Турсунзодаро ба ӯҳда дошт. 

Ӯ муаллифи китобҳои дарсӣ, оид ба фанни «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо» (2012), «Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо» (2018), «Библиографишиносӣ» (2019), «Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо (2021) ва бештар аз 80 асари таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои библиографӣ мебошад.

Солҳои 2013-2015 ба сифати декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДСТ ба номи М. Турсунзода адои вазифа намуда, дар таҳияи нақшаҳои таълимӣ ва силлабусҳо барои гузариш ба низоми таҳсили кредитӣ саҳми калон гузоштааст.

Аз соли 2015 ба ҳайси муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Барои хизматҳояш, соли 2020 бо медали «Хизмати шоиста» ва ҳамзамон аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011 бо нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2015 «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2018 «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сипосномаву ифтихорномаҳои вазорату ташкилотҳо сарфароз гардонида шудааст.

“Шукр мегӯям, ки ба дарди нафаре шифо бахшидем”. Тавсияҳои урологи ҷавон барои солимии мардон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед