Ru  | Tj
30 соли равобити дипломатии Тоҷикистону Русия. Ҳамкориҳо бомаром густариш меёбанд
30 соли равобити дипломатии Тоҷикистону Русия. Ҳамкориҳо бомаром густариш меёбанд
Акс: Аз муаллифи матлаб дастрас гардидааст

30 соли равобити дипломатии Тоҷикистону Русия. Ҳамкориҳо бомаром густариш меёбанд

Нашр шуд

Раҳмон Улмасов: «Беш аз 10 ҳазор рустабор дар замони шӯравӣ дар бунёди роҳу мактаб, бемористону корхона ва нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон кумак кардаанд».

Аз барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия 30 сол сипарӣ шуд. Имрӯз ин ду кишвар дар заминаи арсаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсӣ ҳамкории зич доранд. Бо итминон метавон гуфт, ки равобити ду кишвар дар рӯҳияи шарикии стратегӣ дар ҳоли тавсеа аст ва сарони кишварҳо ҳатто ҳамдигарро бародар ҳам мехонанд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия чӣ гуна рушд ёфтаанд ва дар ин 30 сол чӣ корҳо ба сомон расонида шудаанд? Мо ин саволро бо доктори илми иқтисод, профессор Раҳмон Улмасов дар миён гузоштем. Ба гуфтаи профессор Улмасов, 30 сол танҳо таърихи муосири ҳамкориҳост, аммо дарвоқеъ кишварҳо дар тӯли чандин аср бо ҳам робитаи наздик доштанд.

«Тоҷикистон ва Русия аз замонҳои бостон дорои равобити тиҷоратӣ буданд. Дар ин бора асари бузурги нависандаи форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома» гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз қаҳрамонҳои он иброз медорад, сарвати худро аз Рус – Русияи имрӯза ба даст овардааст. Дар умум дар давоми таърих Осиёи Марказӣ барои Русия минтақаи муҳим ба ҳисоб мерафт, аз ҷумла тариқи кишвари мо долонҳои муҳими тиҷоратии шоҳаншоҳӣ (империя)-и Русия мегузашт», - мегӯяд доктори илми иқтисод, профессор Раҳмон Улмасов.

Коршинос иброз медорад, ки солҳои охир равобити байни кишварҳо ба сатҳи нав баромада, батадриҷ рушд мекунад. Дар ин замина асоси ҷиддии шартномавӣ-ҳуқуқӣ низ мавҷуд аст, ки беш аз 270 санади ҳамкориро дар бар мегирад. Ҳатто дар давраи бемории фарогир тиҷорати дуҷониба рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар соли 2022 бошад, гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия 1 миллиард долларро ташкил дод.

«Русия аз Тоҷикистон асосан пахта, алюминий, меваи хушк ва маҳсулоти кишоварзӣ ворид мекунад. Дар навбати худ Тоҷикистон аз Русия маҳсулоти нафтӣ, чӯбу тахта, металлҳои сиёҳ, маҳсулоти мошинсозӣ ва озуқаворӣ харидорӣ менамояд. Дар ҳоли ҳозир дар кишвар беш аз 300 корхонаи муштарак фаъолият мекунад, ки теъдоди онҳо рӯз то рӯз афзоиш ёфта истодааст. Қарор аст, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон якчанд корхонаи тиҷоратии Русия, аз ҷумла «Яндекс-таксӣ» низ ифтитоҳ ёбад. Ин бозгӯйи он аст, ки Русия сиёсати минтақавии худро таҷдиди назар намуда, таваҷҷуҳи бештари худро ба самти кишварҳои Осиёи Марказӣ равона кардааст», - қайд профессор Улмасов.

Солҳои охир соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ низ босуръат рушд карда истодааст. Гувоҳи ин гуфтаҳо лоиҳаҳои муштараке мебошанд, ки аз ҷониби Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият ба роҳ монда шудаанд. Дар Тоҷикистон намояндагиҳои донишгоҳҳои Русия фаъол шуда, мактабҳо низ сохта шуда истодаанд. Ҳамзамон муаллимони фанҳои гуногун аз Русия барои таълим ба дабиристонҳои бумӣ (мактабҳои маҳаллӣ) меоянд. Дар баробари ин ба донишомӯзони тоҷик барои таҳсил дар макотиби олии Федератсияи Русия ҳамасола бурсия (квота) ҷудо карда мешавад.

«Имрӯз Тоҷикистон ба мутахассисони дар Русия таҳсилкарда таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ҳамасола беш аз 25 ҳазор донишҷӯйи тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Русия, бе назардошти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, намояндагиҳои Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишгоҳи давлатии фанноварӣ (технологӣ)-и «Донишгоҳи пӯлод ва хӯлаи Маскав» ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва талабот дар ин самт мунтазам рӯ ба афзоиш дорад. Аз ин рӯ соҳаи гуманитарӣ таваҷҷуҳи бештарро талаб мекунад ва зарур аст, ки дар самти мазкур бурсия (квота)-и бештар ба донишомӯзони тоҷик ҷудо карда шавад. Ҳамзамон Тоҷикистон ба омӯзгорони фанҳои гуногун аз Русия ниёз дорад. Ин барои он зарур аст, ки насли наврас иртиботро аз даст надиҳад», - мегӯяд Раҳмон Улмасов.

Ба масоили амнияти кишвар низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Русия ва Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) мебошанд. СПАД - созмони байналмилалии минтақавие мебошад, ки тибқи ойиннома ҳадафи асосии он таҳкими сулҳ, амнияту суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ муқаррар карда шудааст. Дар баробари ин дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия мустақар аст, ки яке аз бузургтарин иншооти низомии ин кишвар дар хориҷ ба шумор меравад.

«Бо назардошти марзҳои тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳузури пойгоҳи Русия дар кишвари мо як муваффақияти бузург аст. Дар маҷмӯъ сулҳу субот дар минтақа на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои Русия низ муҳим аст. Бо назардошти ин танҳо дар соли 2022 Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 12 миллиард рубл кумаки низомӣ кардааст», - зикр мекунад ҳамсуҳбати мо.

Ҳамин тариқ, бо итминон метавон гуфт, ки ба Тоҷикистон ва Русия сатҳи баланди эътимод ва ҳамкории мутақобила хос аст ва ин муносибатҳо барои тавсеаи имрӯза ва оянда низ заминаи хуб доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед