
Қазоқистон бо ҳазфи Толибон* аз феҳристи терроризм чӣ ҳадаф дорад?
Нашр шуд
Далел ва паёми ҳазфи Толибон* аз феҳристи созмонҳои террористӣ чист? Оё ин пешдастии Остона ба амнияти минтақа таъсир мегузорад? Ҳамчунин саволи матраҳ ин аст, ки пас аз Қазоқистон (ҳоло дар навбат Русия) дигар кишварҳо низ номи гурӯҳро аз “рӯйхати сиёҳ” хориҷ мекунанд?
Қазоқистон ба сурати ошкоро аз аввалин кишварҳое муаррифӣ шуд, ки Толибон*-ро аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ берун кард.
Мақомоти Қазоқистон бо ин далел, ки Толибон* дар феҳристи созмонҳои террористии Шӯрои амнияти СММ қарор надорад, тасмим гирифтанд, ки барои таомули бештару беҳтар бо Афғонистон онҳоро аз сафи гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кунад.
Ин нукта муддатҳо тавассути дипломатҳои қазоқ матраҳ мешуд ва билохира сеюми июли соли равон дар ҷаласаи Маҷмаи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) дар Алмаато Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумури Қазоқистон расман ин иқдоми кишварашро тавзеҳ дод, ки “бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Афғонистон ва ин ки ҳукумати Толибон* дарозмуддат аст, онро аз феҳристи террористӣ ҳазф карданд”. Ба таъкиди ӯ, яке аз вазоифи стратегӣ дар марҳалаи кунунӣ, ҳузури фаъоли Афғонистон дар чорабиниву дигар пайвандҳои минтақаӣ аст.
Ҳукумати Толибон* дар мавриди ин иқдоми Қазоқистон аз ҳазф шудан аз рӯйхати террористӣ истиқбол кард. Вазорати хориҷаи Толибон* аз тасмими раисҷумҳури Қазоқистон истиқбол кард ва онро “пешиқдомӣ”-и ин кишвар дар ростои наздикии равобити дуҷониба унвон кард.
Ин дар ҳолест, нуздаҳ сол муқаддам, баҳори соли 2005 Додгоҳи олии Қазоқистон Толибон*-ро созмони террористӣ эътироф ва ҳамкориро бо он мамнуъ карда буд.
Ба ин сурат, Қазоқистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои пасошӯрвӣ пешдастӣ нишон дод. Маскав муътақид аст, ки тасмими Остона эҳтимолан ба ҳали мушкилоти дохилии Афғонистон кумак хоҳад кард ва таъсири мусбат бар тавсеаи гуфтугӯҳо ва татбиқи пружаҳои бузурги иқтисодии минтақа гузорад.
Ба боварии таҳлилгари умури минтақа Парвиз Муллоҷонов, зоҳиран дар масоили рақобатҳои минтақаӣ, ба хусус дар робита бо Афғонистон кишварҳои минтақа бо шумули Қазоқистон, чунин тасмимоти худро дар пайравӣ бо Русия ҳамоҳанг мекунад.
“Пас аз соҳиби қудрат шудани Толибон* дар Афғонистон талошу суҳбатҳои мақомоти Қазоқистон дар Маскаву Остонаву Ашқободу Тошканд барои рушди ҳамкориҳо бо ин гурӯҳ идома дошт. Наздикии равобит бо Толибон* имкони густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, бозгушоии роҳи оҳану интиқоли нафт, бунёди хатҳои лӯлаи газро аз сарзамини Афғонистон ба унвони маҳалли убур (транзит) барои баромадан ба обҳои ҷанубӣ, хоса ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадар дар Покистон фароҳам месозад. Дар ташвиқи ин кор нақши Русия чашмрас аст, зеро дипломатҳои ин кишвар борҳо ба кишварҳои минтақа гӯшрас карданд, ки эҳёи равобит бо Толибон* барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ мусоидат мекунад. Ба назар мерасад, ки дар пайи эъломи омодагии Русия барои ҳазфи Толибон* аз ин феҳрист, ҳоло Қазоқистон дар ин амр пешдастӣ кард ва бо баҳонаи тавсеаи ҳамкориҳо бо Афғонистон тарафи Ӯзбекистону Туркманистон низ қадаме барои аз феҳристи созмонҳои террористӣ баровардани номи Толибон*”,- афзуд таҳлилгари масоили сиёсӣ, Парвиз Муллоҷонов.Гуфта мешавад, Русия дар муқоиса бо Қазоқистон солҳост, ки равобити наздике бо Толибон* дорад ва мақомоти Толибон* дар ҷаласоти мухталиф ба Маскав даъват мешаванд. Яъне, равобити Кобулу Маскав аз замони ба қудрат расидани муҷаддади давлати сарпарасти Толибон* шоҳиди афзоиши қобили таваҷҷуҳ қарор дорад, то ҷое, ки ҷаноби Путин доштани равобит бо Афғонистонро як зарурат унвон кард.
Замир Кобулов, намояндаи вежаи Русия барои Афғонистон ба хабаргузори “ТАСС” гуфт, ки Маскав дар мубориза бо терроризм бо Толибон* ҳамкории муназзам дорад. Вай изҳор дошт, ки вазоратхонаҳои додгустарӣ, умури хориҷа ва соири созмонҳои давлатии марбут ба Русия дар ҳоли кор рӯйи масъалаи ҳазфи Толибон* аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ ҳастанд. Бо ин ҳол, болотарин мақоми Русия дар ниҳоят тасмими ниҳоиро дар ин маврид хоҳад гирифт. Яъне, вазоратҳои хориҷа ва адлияи Русия ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия машварат додаанд, ки метавонад Толибон*-ро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ ҳазф кунад, вале то кунун ин кишвар амалан ин тасмимро ниҳоӣ ва эълом накардааст.
Охирҳои моҳи майи соли равон раисҷумҳур, Владимир Путин дар шаҳри Тошканд пойтахти Ӯзбекистон дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки дар ин замина бо шарикони Русия дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯ кардааст ва тасмими муштараке хоҳанд гирифт.
“Ниёз аст, то воқеиятҳоро мадди назар гирифта, равобит барқарор кунем. Афғонистон мушкилоти ғайриқобили инкор ва равшан барои ҳама дорад. Ин ки бо ҳокимияти феълӣ, чӣ гуна равобит барқарор кард, саволи дигаре аст. Аммо, бояд ба наҳвае равобит эҷод шавад, инҳо (Толибон*) касоне ҳастанд, ки ин кишвар ва ин қаламравро назорат мекунанд ва ҳокимони кунунии Афғонистон ҳастанд”, - иброз дошт Путин.Аз диди таҳлилгарон ҳазфи Толибон* аз феҳристи созмону ҳаракатҳои “мамнуъ” тавассути Остона дар амал тағйироти бузурге эҷод нахоҳад кард, аммо ин амри кӯчак боис хоҳад шуд, то қадами баъдӣ ва бузургтари Қазоқистон метавонад ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон* ба унвони ҳукумати машруъ дар Афғонистон бошад. Ин амр вобаста ба мавзеъгирии Русия бо ҳадафи ҳифзи манофеъ ва ҳифзи мавқеият дар ин минтақаи муҳими геостратегӣ сурат мегирад.
Вобаста ба пешсафии Қазоқистон дар ҳазфи Толибон* аз руйхати гурӯҳҳои террористӣ Талабшоҳи Салом, рӯзноманигор ва таҳлилгари умури минтақа мегӯяд, ки ин иқдом ибтидои кор аст ва ба хотири манофеъ ва рушди тиҷорат, соири кишварҳои минтақа дер ё зуд бо ин низоми кунунии ҳукумати Афғонистон ҳамкориро ба роҳ мемонанд. Ба андешаи ҳамсуҳбатам, ҳарфи Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хоричии вақти Ӯзбекистон дар робита ба вуқуъ пайвастани иртиботи кишварҳои минтақа бо Толибон* ҳоло собит мешавад, ки гуфта буд, “Толибон*-ро террорист намешуморем”.
Моҳи апрели соли 2023 Қазоқистон ба дипломатҳои Толибон* иҷоза дод, то сафорати Афғонистон дар шаҳри Остонаро фаъол кунад. Тарафҳо дар Қазоқистону Афғонистон ҳамоишу намоишҳои тиҷоратӣ баргузор намуда, равобити иқтисодиро тавсеа мебахшанд ва ҳоло Толибон* яке аз харидорони аслии ғалла ва орди Қазоқистон ба шумор меравад.“Билохира кишварҳои минтақа дар мисоли Қазоқистон ин воқеиятро пазируфтанд, ки инҳо бидуни ҳамкорӣ бо Толибон* наметавонанд, ҳадафҳои худро таҳаққуқ бахшида, тиҷораташонро бо Афғонистон ба роҳ монанд ва дар маҷмуъ барномаҳои миллии минтақаӣ ва амниятии худро пиёда созанд. Ба ин хотир тадриҷан кишварҳои пасошӯравӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ ин пайроҳаи Қазоқистонро дунбол хоҳанд кард. Зеро, манофеи миллии ин кишварҳо намегузорад, ки бо Толибон* ҳамкорӣ надошта бошанд ва як макони таҳаққуқи манофеи иқтисодӣ – сарзамини Афғонистонро аз даст бидиҳанд”,-гуфт Талабшоҳ Салом.
Таҳлилгарони қазоқ иддао доранд, ки иқтисоди Афғонистон ҳанӯз дар вазъияти буҳронӣ аст ва беш аз 20 миллион нафар дар хатари қаҳтӣ қарор дошта, ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд ва вазъияти беҳдоштӣ дар ин кишвар рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Ин ҳам шароити мусоидеро барои ифротгароӣ ва рушди терроризм эҷод мекунад, ки таҳдиде барои кулли минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Ва Қазоқистон монанди соири аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз инҳирофи Афғонистон ба самти бесуботӣ ҷилавгирӣ кунад.
Таомули минтақа бо Толибон* чолиши ҷадид барои Тоҷикистон?
Набояд фаромӯш кард, ки Русия ва Қазоқистон бо Афғонистон ҳаммарз нестанд, танҳо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷамъ беш аз 2500 километр бо Афғонистон марзи муштарак доранд.
Таҳлилгарони тоҷик бар он боваранд, ки таомули минтақа бо Толибон* чолиши ҷадид барои Тоҷикистон аст ва бо вуҷуди тақвияти равобит иқтисодӣ бо онҳо, ин як созмони тундрав бо идеологияи ифротӣ дар Афғонистон боқӣ мемонад. Ва Тоҷикистон ҳукумати Толибон*-ро ба расмият нахоҳад шинохт, зеро бо тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон ин гурӯҳ дар кишвар террористӣ шинохта мешавад.
Иқдоми ахири Қазоқистон барои хориҷ кардани Толибон* аз феҳристи сиёҳ дар ҳолест, таърихи сеюми июни соли равон Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи Маҷмаи парлумонии СПАД дар Алмаато изҳор дошт, хатари аз қаламрави Афғонистон ворид шудани идеологияи тундгароӣ ба кишварҳои узви ин созмон афзоиш ёфтааст, зеро шумораи мадрасаҳои нави динӣ, ки аксари онҳо дар вилоятҳои ҳаммарз бо сарҳадҳои ҷанубии СПАД ҷойгиранд зиёд мешавад ва дар ин марказҳо ҷиҳодиёни худкуш парвариш меёбанд.
Таҳлилгарон вобаста ба ҳушдорҳои пайвастаи мансабдорони тоҷик мегӯянд, ки воқеан бо дастури ҳукумати Толибон* дар ҳудуди Афғонистон афзоиши бесобиқаи мадориси динӣ ба мушоҳида мерасад ва густариши марказҳои омӯзишии динӣ робитаи мустақим бо афзоиши терроризм ва ифротгароӣ дар Афғонистон хоҳад дошт. Ба иттилои рӯзномаи “Ҳашти субҳ”, баъд аз ба қудрат расидани Толибон* раванди мадрасасозӣ дар авҷ аст ва батозагӣ марказҳои бузурги омӯзишӣ дар Панҷшер, Бағлон, Қундуз ва Кобул оғоз шудааст. Ба эҳтимоли зиёд, Толибон* барои мустаҳкам кардани идеология ва қудрати сиёсии худ нерӯи башарӣ тарбият намуда, барои аҳдофи сиёсиву иқтисодии раҳбарони ин гурӯҳ биҷанганд ва худро интиҳорӣ кунанд.
Ба ин хотир мадрасасозии Толибон* ҳадафи дигаре дорад ва он тақвияти идеологияи хушунатпеша ва парвариши терроризм ба сурати анбуҳ аст. Яъне, ҳам барои худ ва ҳам барои гурӯҳҳои террористии ҷаҳон, то битавонанд оташи хушунатҳоро доғ нигаҳ дошта, ҷангро шуълавар намоянд. Яъне, мадраса дигар макони динпажӯҳӣ ва худоҷӯйиву фалсафа нест, балки арсаи ҷавлони хуношомтарини террористҳое аст, ки на танҳо Афғонистон, балки амнияти кулли ҷаҳонро бо таҳдид мувоҷеҳ мекунанд.
Талабшоҳи Салом, коршиноси масоили минтақа вобаста ба таҳдидоти амнтиятии Толибон* гуфт, онҳо дар ҳеҷ давраи ҳукумати худ натавонистанд, ки амнияти кулли Афғонитонро таъмин кунанд ва бо таваҷҷуҳ ба ин, гурӯҳҳои тундрав метавонанд аз ин вазъият истифода кунанд ва дар ин кишвар ташаккул ёбад. Яъне, хатари Толибон* метавонад ин бошад, ки аз неруи гурӯҳҳои тундрав алайҳи кишварҳое, ки зидди онҳо мавзеъгирӣ мекунанд, истифода кунад.
“Идеологияи Толибон* як ҷанбаи хатарнок дорад, ки гурӯҳҳои тундрави исломиро дар ҳудуди Афғонистон паноҳгоҳ медиҳад. Яъне, ҳар як тундрави исломие, ки ба ин кишвар паноҳанда мешавад, онҳо бояд барояш паноҳгоҳ диҳанд. Масалан, Усома Бин Лодан, маъруф ба “террористи рақами як” вақте соли соли 1996 баъди ба қудрат расидани Толибон* ба Афғонистон омад ва агар ӯро аз тариқи Арабистони Саудӣ ба Амрико таслим мекарданд, шояд ИМА алайҳи Толибон* ба Афғонистон (пас аз ҳодисоти 11 сентябри 2001) лашкар намекашид. Вале бар пояи идеологияе, ки онҳо доштанд ва бин Лодан ба онҳо сармоягузорӣ мекард, ба ИМА надоданд",-гуфт ҷаноби Талабшоҳи Салом.

Гуфта мешавад, ҳарчанд Тоҷикистон ба Афғонистон барқ содир намуда, бозорчаҳои марзӣ бо ин кишварро фаъол кардааст, вале давлати Тоҷикистон бо ҳукумати Толибон* равобити дипломотӣ надорад ва аз гурӯҳи муқовамат дар баробари Толибон* бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳимоят мекунад. Зеро Толибон* то ҳол интизороти ҷомеаи байналамллӣ дар мавриди ташкили ҳукумати фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвом ва эҳтиром ба ҳуқуқ башар, аз ҷумла риояти ҳаққи занон барои таҳсилро бароварда накардаанд.
Баҳори соли равон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон* гуфт, то ҳанӯз ҳам беш аз 20 мақоми Толибон* дар рӯйхати сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо қарор доранд. Ва аз замоне, ки Толибон* дар Афғонистон дубора қудратро ба даст гирифтаанд , натанҳо ин ки номҳои раҳбарони онҳо аз феҳристи сиёҳ хориҷ нашуд, балки номи чанд узви дигари гурӯҳ дар ин рӯйхат изофа шуд. Ӯ мавҷудияти номи раҳбарони Толибон*-ро дар феҳристи созмонҳои террористӣ як василаи фишор хонда, гуфт, ки ин ҳама фишор фоида надорад ва танҳо таомул бо ҳукумати онҳо метавонад мушкилотро ҳал намояд. Ин дар ҳолест, муассисоти ҳомии ҳуқуқи башар ва мудофеони он мегӯянд, ки вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон бо гузашти ҳар рӯз бадтар шудааст.
Ҳайатҳои Толибон* то кунун аз Пекин, Исломобод, Деҳлӣ, Теҳрон, Маскав ва соири пойтахтҳо дидан карда, пайи рушди равобит ва эътирофи ҳукумати соҳибшуда дар Афғонистон ҳастанд.
Оғози соли равон Вазорати хориҷаи Чин дар пайи тақдими эътимодномаи сафири Толибон* ба раисҷмҳури ин кишвар, ба расмият шинохтани ин гурӯҳро вобаста ба ташкили ҳукумати фарогир ва муборизаи қотеъона бо терроризм дар Афғонистон донист. Яъне, масъалаи ба расмият шинохтани Толибон* пас аз рафъи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муборизаи ҷиддӣ бо гурӯҳҳои ҳаросафкан дар Афғонистон дунбол хоҳад шуд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар ин самт пайваста нигарониашонро аз афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои даҳшатафкан аз ҷумла, ДОИШ* дар ҳудуди Афғонистон ва таҳдиди амниятӣ ба кишварҳои пасошӯравӣ иброз медоранд.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, аз як ҷониб ҳузури гурӯҳҳои ифротгаро ва даҳшатафкан дар Афғонистон ва узвияти даҳҳо шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи ин гурӯҳҳо ва аз сӯи дигар, тамоюли Русия барои ҳазфи Толибон* аз феҳристи сиёҳ, раҳбарони ин кишварҳоро дар дуроҳа қарор додааст. Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки пас аз иқдоми Остона ҷониби Маскав ҳам ин тасмимро ба зудӣ эълон мекунад ва кишварҳои минтақа, ночор рӯйкардашонро бо ҳукумати Толибон* дар Афғонистон тағйир хоҳанд дод.
Ҳоло бояд мунтазир шуд ва дид, ки вокуниши соири кишварҳо дар қиболи амалкарди ҳукумати Толибон* чӣ хоҳад буд ва оё рӯйкардашон вобаста ба интизороти ҷомеаи ҷаҳонӣ тағйир хоҳад кард? Ва ё ин ҳама бо таваҷҷуҳ ба умри ҳукумати Толибон* ва мавқеияташон бастагӣ хоҳад дошт?
*Фаъолияти ин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон мамнуъ аст
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед