Ru  | Tj
Қабули “гарм” дар ҳавои сарди Маскав
Қабули “гарм” дар ҳавои сарди Маскав
Акс: ТАСС

Қабули “гарм” дар ҳавои сарди Маскав

Нашр шуд

Сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва дидору мулоқоташ бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин, хоса дар формати “як ба як” дар худ паёмҳои мушаххасе дошт.

Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон сафари дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун қадами муҳим дар роҳи рушди равобити ҳампаймонии ду давлат шуморид.

Ба ақидаи нозирон, сафари дурӯзаи ӯ ба Маскав дақиқан дар замоне сурат гирифт, ки ҳанӯз бисёриҳо суханронии соли гузаштаи кишвардори Тоҷикистонро дар ҳузури ҳамтоёнаш дар нишасти Остона ва “муроҷиат” ба ҷаноби Путин, ки бо як лаҳни “ранҷишомезона” дар мавриди камтаваҷҷуҳии Кремлин нисбат ба муносибат бо кишварҳои минтақа, бавижа ҳукумати Тоҷикистон дошт, фаромӯш накардаанд. Ва ҳамон нуктагириҳо буд, ки ҷаноби Путин аз роҳбарияти давлат ва намояндагони васеъи ҳукумати Тоҷикистон гарм пазироӣ карда, ҳамагӣ аз натиҷаҳои баланди равобити ду кишвар дар расонаҳояшон изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Ҳоло аз музокироти ахири сарони ду давлат дар торихи 21-уми ноябри соли 2023 дар кохи Кремл натиҷагирӣ мешавад, ки таҳаввулоти чашмгире дар равобити ду кишвар эҷод шуда, аллакай ҳамоҳангиҳои сиёсӣ дар арсаҳои гуногун падид омада истодааст. Аз ҷумла ҷаноби Путин дар масъалаи камбуди китобҳои дарсӣ ва харидории он барои мактабҳои русии Тоҷикистон ваъда дод, ки ҳамасола пул ҷудо мекунад. Ҳамчунин ӯ ҳавасмандии Русияро дар иктишофи муштараки геологӣ бо Тоҷикистон дар истихроҷи урану литий ва дигар филизоти нодири заминӣ баён дошт.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳам зикр кард, ки ахиран мутахассисони «Росатом» лоиҳаи бозсозии як майдони коркарди саноатии уран дар Тоҷикистонро анҷом доданд ва ин мавзуъ дигарбора баррасӣ шудааст. Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар қаъри замини Тоҷикистон 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф карда шудаанд.

Билохира Владимир Путин ҳамтои тоҷикашро бо мукофоти давлатии Русия – ордени «Барои хидмат дар назди Ватан» дараҷаи III қадрдонӣ карда, гуфт: “Муболиға намешавад, агар бигӯем, ки дастовардҳои назаррас дар равобити Русия ва Тоҷикистон дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, илму маориф ва фарҳанг бевосита ба саҳм ва хидматҳои хоси шумо дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн,  ки муваффақона рушд мекунанд, рабт доранд”.

Раисҷумҳурони ду давлат ба ҳамкориҳои Душанбеву Маскав дар 30 соли шарикии истротежӣ баҳои баланд дода, талошҳои муштаракашонро барои идомаи рушди равобит дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила таъкид карданд.

Дар робита ба рушди ҳамкории ду кишвар дар тамоми соҳаҳо Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷик иброз дошт, ки воқеъан дар ин се даҳсола муносибати Тоҷикистону Русия чанд марҳиларо дар бар мегирад. Дар ҳар яки ин марҳилаҳо муносибати роҳбарони сиёсии ду кишвар устувор шуда истодааст. Ба бовари ӯ, дар ҳама ҷанбаҳо муносибатҳои дуҷониба бояд такон дода шавад, то  имконоти нав пайдо гардад.


“Ба ҳамагон маълум аст, ки ду сол пеш Русия бо ҳодисаҳои маълум рӯ ба Шарқ овард ва Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ бо мавқеъи ҷуғрофиёияш дар чорсӯ қарор дораду пайи татбиқи ҳадафҳои истротежии миллӣ, якеи он баромадан аз бунбасти иртиботӣ ва табдили мамлакат ба кишвари транзитӣ аст, ки ба сиёсатҳои пешгирифтаи Русия рост меояд. Ва дигар барномаи роҳбурдии умумии миллии мо саноатисозии босуръати кишвар мебошад, ки дар ин самт ҳам мо ба таври кофӣ аз имконоти Русия истифода накардаем. Ва мулоқоту музокироти ахири сатҳи олии сарони Тоҷикистону Русия ба мо имконият хоҳад дод, ки дар ҳалли чор барномаи роҳбурдии миллии Тоҷикистон ҷониби Русия ҳиссагузор бошад. Яъне Русия дар ҳалли гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли кишоварзӣ-саноатӣ ба саноатӣ-кишоварзӣ бо ҳузури шаркатҳои ҳукуматӣ ва хусусиаш метавонад фаъол бошад”, - гуфт Абдуғанӣ Маҳмадазимов.

АРЗИ СИПОСИ ПУТИН БА ҲАМТОИ ТОҶИКАШ БАРОИ ГУСТАРИШИ ЗАБОНИ РУСӢ

Владимир Путин, кишвардори Русия ба сатҳи таваҷҷуҳ ба забони русӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки Русия минбаъд низ ба омӯзиши забони русӣ мусоидат хоҳад кард.

"Мехоҳам зикр кунам, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба рушд ва нигоҳдории забону фарҳанги русӣ дар кишвараш таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад", - гуфт ҷаноби Путин дар пайи мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш.

Дар маҷмуъ ӯ таъкид кард, ки миёни кишварҳо дар бахши гуманитарӣ, фарҳангу маориф ҳамкориҳо фаъолона идома дорад. Путин ёдоварӣ кард, ки дар Тоҷикистон забони русӣ мақоми қонуниасосии забони муоширати байни миллатҳоро дорад.

Владимир Путин афзуд, ки Русия ҳамасола барои харидани китобҳои дарсӣ ба мактабҳои русизабони Тоҷикистон 200 милён рубл ҷудо мекунад. Ва саъй мекунад, ки дар фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил кумак кунад. Ӯ масъалаи омода кардани омӯзгорони забони русиро мустақиман дар Тоҷикистон бо назардошти афзоиши доираи омӯзиши забони русӣ ба миён гузошта, таъкид кард, ки шумораи саҳмия (квота) барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни тоҷикро дар солҳои 2024 ва 2025 аз нуҳсад ба ҳазор кас афзоиш хоҳад дод.


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ зикр кард, ки омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон дар тамоми зинаҳои низоми маориф сар аз кӯдакистон дар беш аз чор ҳазор омӯзишгоҳ ба таври ҳатмӣ амалӣ карда мешавад: “Мо ба густариши таҷрибаи фиристодани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа», ки дар доираи он ҳоло дар давлати мо 72 омӯзгор фаъолият дорад, ҷонибдорӣ баён кардем”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ба иттилои хабаргузории “РИА Новостӣ”, то 1-уми октябри соли 2022 беш аз 35 ҳазор донишҷӯ ва аспиранти тоҷик дар барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии донишгоҳҳои Русия дар ҳама шаклҳо таҳсил мекунанд. Дар Тоҷикистон 39 мактаби русӣ фаъолият мекунад, ки дар он 27 ҳазор донишомӯз таҳсил мекунад. Ҳамчунин беш аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ мавҷуд аст, ки ҳудуди 70 ҳазор донишомӯзро фаро мегиранд. Дар Тоҷикистон чаҳор маркази Бунёди «Олами русӣ» фаъолият дорад. Дар баробари ин дар Душанбе намояндагии “Россотрудничество” – Маркази илмиву фарҳангии Русия фаъолият мекунад, ки пайваста маъракаҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор мекунад.

Дарвоқеъ солҳои охир аз сӯйи давлатмардони Русия барои ҳифзи ҷойгоҳи забони русӣ дар ақсои олам, хоса кишварҳои пасошӯравӣ бо шумули Тоҷикистон талошҳои зиёд сурат мегирад. Ин ҳама талошҳо аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Ба гуфтаи Сайфуллоҳ Сафаров, коршиноси масоили сиёсӣ ин ҳама талошҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки зарурати мардуми мо ба омӯзиши забони русӣ бештар шудааст ва мехоҳанд, то ин забонро ҳарчи беҳтару хубтар аз худ кунанд.

“Чанде пеш дар Қазоқистон будам ва дидам, ки дар он ҷо дар баробари он ки қариб 30 дарсади мардуми ин кишвар  рус ҳастанд, онҳо як навъ хавфу хатарҳоеро аз тарафи Русия эҳсос мекунанд ва мехоҳанд, ки ба алифбои лотинӣ гузаранду забони русиро камтар аз худ кунанд. Вале мо баръакс бояд омӯзиши забони русиро бештар кунем, чун бо Русия марз надорем ва дар Тоҷикистон ҳам русҳо чандон зиёд нестанд. Бинобар ин омӯзиши забони русӣ барои мо бениҳоят манфиати зиёд дорад, чун ин ҳама дарвозаест барои аз худ кардани фарҳангу илму маорифи Русия. Имконоти зиёде барои шаҳрвандони мо, ки дар корхонаҳои Русия метавонанд кор кунанд ва дар рушди илми ду кишвар метавонанд саҳмгузор бошанд, мавҷуд аст. Ва мактаби бузургеро дар он ҷо гузашта омада, ба мисли даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон мактабҳои илмии табиатшиносиву риёзиву гуманитариро ривоҷ диҳанд”.

Сайфуллоҳ Сафаров мегӯяд, ки шаҳрвандони мо дар Русия чандон мушкили забонӣ  надоранд, зеро дар Русия тақрибан ҳамаи тоҷикон метавонанд, ки масъалаи худашонро бе ягон мушкил бо забони русӣ ҳал кунанд. Алббата, каме мушкилот дар байни муҳоҷирони корӣ дар самти забономӯзӣ мавҷуд аст, вале барои мардуми тоҷик яке аз афзалиятҳо барои кор Русия мебошад, ки аз лиҳози забондонӣ наздик аст.

РУСИЯ ПАЙИ ЭҶОДИ ШАРОИТИ МУНОСИБИ КОР БАРОИ МУҲОҶИРОН АСТ?

Дарвоқеъ имрӯз дар тамоми дунё муҳоҷирати корӣ бо сабабу омилҳои зиёди дохили кишварашон як шакли умумии таъмини маош ва ё зиндагии беҳтарро ба худ гирифта, монанд ба як бемории сироятӣ шудааст.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар пайи музокирот бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон саҳми муҳоҷирони кории Тоҷикистонро дар рушди иқтисоди ду кишвар мусбат арзёбӣ кард. Ӯ таъкид кард, ки беш аз як милён шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Ва мақомоти Русия саъй доранд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия бо шароити муносиби кор ва аз лиҳози ҳифзи иҷтимоъӣ таъмин бошанд.

«Онҳо дар рушди иқтисоди Русия саҳми бузург доранд ва дар соҳаҳои гуногуни саноат кор мекунанд. Ва интиқоли пулии онҳо ба ватанашон барои иқтисоди Тоҷикистон кумак мекунад. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон қонунгузорӣ муддати тӯлонии будубош дар қаламрави Русия бидуни сабти ном (15 рӯз) ва ҳамчунин имкони гирифтани патент барои то се сол пешбинӣ шудааст", - гуфт ҷаноби Путин.
Дар робита ба он сабукиву имтиёзҳо ва мушкилоте, ки дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаст, коршиноси умури сиёсӣ Сайфуллоҳ Сафаров мегӯяд, ки гарчанде баъзе мушкилот дар муносиботи ду кишвар дар самти муҳоҷират ҳаст, баъзе хадчаҳо дар равобит пайдо мешавад, вале дар аксар маврид боз худи тарафи Русия амалкардҳояшро нисбат ба вазъи будубоши шаҳрвандони кишвар асоснок мекунад. Аз ин сабаб ин ду кишвар саъй доранд, то аз ин хадчаҳое, ки ба муносибати ду кишвар таъсир мерасонад, роҳҳалҳое пайдо кунанд. Ва муҳоҷирон орому осуда бо эҳтиром ба қонунҳои он кишвар пайи кор бошанду барои хонаводаҳои худ дар ватаншон пул фиристанд.

“Воқеъан бо вуҷуди гаронии арзиши патент нерӯи корӣ аз Тоҷикистон барои Русия аҳамият пайдо карда истодааст. Зеро баъди он даргирие, ки Русия бо Укроин дорад, нарасидани қувваи корӣ дар он ҷо эҳсос мешавад ва мардуми мо метавонанд, ки боз ҳам бештар нерӯи кории сифатнок фиристанду бо маоши баландтар дар онҷо таъмин карда шаванд. Дар он ҷо баъзан камбудиҳо аз ҷониби ҷавонон ба назар мерасад, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мебинем, ки чигуна бачаҳо дар он кишвар корҳои ношоямро анҷом медиҳанд”, - гуфт Сафаров.

Бо ин ҳама назарҳое ҳам ҳаст, ки фарзандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ бояд ҳушёру ҷиддӣ бошанду тоҷикияти худро гум накунанду рӯҳияи фармонбардориро ба насли нав (фарзандони худ)  ташвиқу таҳким набахшанд. Зеро инсони вобаста бо рӯҳияи ғуломӣ ҳеч гоҳ наметавонад озоду сарбаланд ва ҷасур бошад. Ҷавонони тоҷик дар баробари муҳоҷират соҳибони фардои ин марзу бум, номбардори кишвари мустақили хешанд ва бояд бо саводу донишу ҳунари худ дар самти дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ҷиддӣ бошанду ба риояи қонунҳои кишвари дигар эҳтиром қоил бошанд. 


Аз сӯйи дигар сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон дар худ паҳлуву ҷанбаҳои дигарро ҳам дошт, ки санадҳои зиёд байни ҷонибҳо ба имзо расид, аз ҷумла тафоҳум дар заминаи масъалаҳои назорати кор ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дар ин самт ба амалӣ гардидани ин санадҳо умед мебандем. Чун дар Тоҷикистон бисёриҳо хостори рушди ҳамкории ин ду кишвар бо сиёсатҳои ҳамоҳангшуда дар арсаҳои гуногун давлатдорӣ мебошанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед