СПАД ба таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон машғул мешавад
Нашр шуд
Тадбирҳои дастаҷамъӣ барои таҳкими ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) дигарбора мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт.
Марзҳои ҷанубии Тоҷикистон яке аз осебпазиртарин бахшҳои сарҳадии узви кишварҳои СПАД ба шумор меравад. Вазъи номуътадил дар қисмати шимолии Афғонистон солҳо боз зарурати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо ин кишвари ҳамсояро ба миён овардааст.
Бо гузашти беш аз даҳ сол, билохира Имангалӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД эълон кард, ки пешнависи тарҳи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар сатҳи шӯрои Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дифоъ ва кумитаҳои котибони шӯроҳои амнияти созмон мувофиқа шудааст. Қарор аст, авохири моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Остона дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД бо ширкати роҳбарони кишварҳои узв барномаи ҳадафноки байнидавлатии ин созмон оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон қабул шавад.
Ба гуфтаи ӯ, ин барнома барои тамоми Осиёи Марказӣ ва кишварҳои узви ин созмон нақши бузург дорад ва ин тарҳ чанд марҳила, аз ҷумла мушаххас кардани имконот ва амалӣ кардани иқдомотро дар тамоми хатти сарҳад дарбар мегирад.
Яъне, пуштибонии кишварҳои узви СПАД аз барномаи ҳадафнок дар самти таҳкими марз ба сифати воситаҳои алоқа, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, таҷҳизоти мушоҳидавии шабона, техникаву аслиҳаи муосир ва зиреҳпӯш кумак карда метавонад, ки роҳандозии тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пурзӯр кардани посбонии ин қитъаи марзи минтақаи фарогири Созмон мувофиқи мақсад аст.
Дабири кулли СПАД дар Конфронси II Минск оид ба амнияти Авруосиё аз ҷумла гуфт, ки соли гузашта дар ҷаҳон беш аз 180 муноқишаи миқёси минтақавӣ ва маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин назар ба 30 соли охир зиёд аст ва имрӯз беш аз ду миллиард нафар дар ҷаҳон таъсири таҳримҳои иқтисодиро аз сар мегузаронанд.
“Пешравии сатҳи илмиву техникӣ ба суботкории байналхалқӣ, ба монанди истифодаи босуръати ҳуши маснуӣ ба мақсадҳои ҳарбӣ, набудани танзими дақиқи истифодабарии системаҳои худмухтори аслиҳаи марговар, таҳдидҳои кибернетикӣ ва фаъолияти кайҳонии ҳарбиро ба миён мегузорад. Вобаста ба тағйироти мавҷудаи маълум дар Афғонистон, эҳтимоли паҳншавии терроризм, идеологияи радикалӣ ва қочоқи ҷиноии маводи мухаддир дар минтақаи Авруосиё на танҳо коҳиш намеёбад, балки шаклҳои нав пайдо мекунад. Мо мушкилоти иловагиеро, ки бо аломатҳои рақобат барои захираҳои табиии ин минтақа, пеш аз ҳама барои об алоқаманданд, қайд мекунем, ки боиси низоъҳои байнидавлатӣ мегарданд”, - афзуд Тасмағамбетов.Кишварҳои узви СПАД бо таҷҳизи марзбонон ва таҳкими сарҳадот, ки наздик ба 1400 киллометр тӯл дорад, на танҳо амнияти худ, балки амнияти дастаҷамъиро таъмин мекунанд. Ин фаҳмиш дар ҳамоишҳои созмони мазкур дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла дар сатҳи роҳбарони давлатҳо мавҷуд аст ва нақшаи тадбирҳои иловагӣ барои чораҳои ҳарбӣ-техникӣ дар таҳкими хатти сарҳад андешида мешавад.
Дар робита, мунтазам дар наздикии хатти марз тамринҳои низомӣ гузаронида мешавад, то омодагии нерӯҳои муштаракро барои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои эҳтимолии дар марз мавҷуд буда ба сатҳи баланд бардоранд. Ба гунае моҳи октябри имсол неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ дар ин мавзуъ дар ҳудуди Тоҷикистон як қатор машқҳо гузаронд. Аз 11 то 21-уми октябри соли 2024 дар доираи чорабиниҳои ҳарбӣ-сиёсии сатҳи байналмилалӣ дар машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлони Тоҷикистон машқҳои муштараки Қувваҳои дастаҷамъии густариши зудамали минтақаи Осиёи Марказии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти унвони “Рубеж-2024” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1500 нафар нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои ин созмон инчунин чархболҳои МИ-8, МИ-24, ҳавопаймоҳои ҳуҷумкунанда, муҳорибавию зарбазан, воситаҳои мудофиаи зидиҳавоӣ ва муҳорибаи радиоэлектронӣ, дастгоҳҳои махсуси парвозкунандаи бесарнишин, беш аз 250 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ширкат намуданд. Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар, дар ин тамрини низомӣ нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Русия ширкат варзиданд.
“Аз рӯйи мавзӯъ ва тибқи матлаби ба машқҳо пешбинишуда гӯиё аз дидбонгоҳи сарҳадӣ хабар мерасад, ки як гурӯҳ афроди ғайриқонунӣ мусаллаҳ марзи давлатии Тоҷикистонро убур намуда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ, қасди ворид шудан ба чанде аз деҳоту ноҳияҳои наздисарҳадиро доранд. Барои пешгирӣ аз рахнаи душман ба бинову иншооти муҳими давлатӣ, маҳаллаҳои аҳолинишин ва баҳри дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикану ғайриқонунӣ мусаллаҳ, ҳайати Қувваҳои дастаҷамъии густариши зудамали Минтақаи Осиёи Марказӣ, бо ҷалби гурӯҳҳои таъйиноти махсус, ҷузъу томи ҳамлаовари десантӣ, пиёданиззому савораи тирандоз ва бо истифода аз техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, авиатсияи ҳарбӣ, воситаҳои гуногуни артиллерӣ, силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ ба сӯйи душманони шартӣ гулӯлаи авиатсия ва оташи шиддатноки тӯпхонаҳоро равона месозанд”,-афзуд полковник Маҳмадализода.
Ба гуфтаи сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, баргузории чунин машқҳои муштараки ҳарбӣ барои табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи дастаҷамъонаи зиддитеррористӣ ва ба сайқали маҳорату малакаи касбии иштирокчиён пеш аз ҳама дар самти боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлатҳои узви СПАД, таҳким бахшидани ҳамкориҳои муттақобилан судманд, омодагӣ баҳри пешгирӣ аз таҳдиди хатарҳои зудтағйирёбандаи ҷомеаи башарӣ, вазъи ниҳоят мураккабу номуътадил ва бисёр ҳассосу пешгӯйинашаванда дар баъзе аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳони муосир муҳим мебошад.
Ба гуфтаи коршиносони улуми сиёсӣ, тағйири авзоъ дар Афғонистон барои Тоҷикистон чолишбарангез шуд. Зеро аз Толибон*-и соҳиби қудрат дар ин кишвар ҳар лаҳза дар наздики марзҳои шимоли Афғонистон вазъ метавонад мураккаб гардад ва таҳдидҳо бештар шавад. Зеро мушоҳидаҳо дар давоми се соли роҳбарии Толибон* нишон додааст, ки гуруҳҳои мафиёӣ ба марзи кишварҳои ҳамсоя ҳуҷум меоваранд ва сатҳи қочоқи мавод мухаддир ва қочоқи аслиҳа сар ба фалак кашидааст. Инчунин аз хатари мутамарказ шудани гуруҳҳои террористӣ дар наздики марзҳо зиёд расонаӣ мешавад. Ҳарчанд имрӯз вазъ дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон орому муътадил аст, вале як қатор омилҳои дохиливу берунае мавҷуданд, ки аз эҳтимоли тағйирёбии вазъ дар хатти сарҳад ҳушдор медиҳанд. Чун дар қисмати шимолии Афғонистон аз ҳузури гуруҳҳои табоҳкори террористӣ ба мисли ДОИШ* гуфта мешавад, ки бо дигар гуруҳҳо вориди даргириҳои шадид мешаванд. Афғонистон солҳост, ки ба майдони набардҳои шадиди мусаллаҳонаи гурӯҳӣ ва қавмиву нажодӣ табдил шудааст ва бешак, гуруҳҳои террористӣ аз сӯи ин кишвар ва ё гуруҳҳои алоҳида ба хотири ба даст овардани манфиати зиёд мавриди пуштибонӣ қарор мегиранд.
Қобили тазаккур аст, ки муддати 20 сол боз муроқибати ин хатти сарҳади ҷануби кишвар пурра бар души марзбонони Тоҷикистон аст ва дар ин муддат сарҳадбонони кишвар таҷрибаи кофии муқобила бо таҳдидҳои муосирро пайдо карда, дар ҳолатҳои зарурӣ вокуниши сареъ нишон дода метавонанд. Бо ин ҳама дар шароити кунунӣ омода кардани ҷанговарони ҷавон дар шароити куҳистон, кори осон нест, ин аст, ки насли куҳансол дастовардҳои андӯхтаи низомиашонро бо он ҳама нозукиҳояш ба насли нав меомӯзонанд. Яъне, дар ин муҳлати начандон зиёд имконият фароҳам оварда шуд, ки ҷуъзу томҳои сарҳадбонии кишвар пуриқтидору мукаммал гардида, генералҳо ва афсарону сарбозони Қушунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи ин марзу бум садоқатмандӣ ва шуҷоати бемисл нишон диҳанд. Мардуми шарифи кишвар ҷонфидоиҳои афсарону сарбозонеро, ки тӯли ин солҳо ба хотири таъмини рӯзгори осудаи сокинони ҷумҳурӣ ва суботи кишвар ҳангоми амалиёту муҳорибаҳо қаҳрамонона дар муқобили душман сина сипар карда, барои ҳифзи ин марзу бум ҷони худро аз даст додаанд, фаромӯш нахоҳад, кард.
Ба гуфтаи соҳибназарон дар шароити феълӣ барои ҳифозат аз марз диққати бештар ба мутахассисони воқеан варзида равона шавад. Ҳамон кадрҳои омӯзишдида, ки чун мутаххасисони баландихтисоси касбӣ эътироф шудаанд ва тавассути таҷҳизоти муосири низомӣ моҳирона марзро назорат мекунанд. Зеро, вобаста ба таҳдидҳои мавҷуда ва вазъи тагйиёбандаи ҷаҳони муосир масъулини бахши низомиии кишварро водор месозад, ки сатҳи омодабошии ҷангии қувваҳои мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои ҳарбиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқро рӯз ба рӯз боло баранд. Ва сол ба сол масъулини Қушунҳои сарҳадӣ ҳам ба масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти марзбонон, омодабошии ҷангии онҳо ҳолати руҳиву ҷисмониашон эътибори ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Ҷониби Тоҷикистон яке аз аъзои калидии ин СПАД, дар доираи ҳамоишҳои ин созмони низомӣ пайваста мегӯяд, ки ҳамоҳангию эътимод дар дохили созмон густариш дода шавад, то ба раванди гуногуни ҳаводис дар қисматҳои ҷанубии кишварҳои узв омода буд. Яъне, зарфиятҳои ин созмон дар баробари хатару чолишҳои муосир таҳким бахшида шавад. Зеро тайи се даҳсолаи охир омилҳои нооромкунандаи вазъ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст ва СПАД танҳо ба раванди гуногуни ҳаводис дар марзҳои ҷанубии созмон аз омодагии ҷиддӣ хабар медиҳад. Ҳоло аз авзои сиёсию низомӣ дар Афғонистон пас аз фаъол шудани гуруҳҳои террористӣ дар вилоятҳои шимолии он ва таъсираш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд ибрози нигаронӣ мешавад.
Амриддин Шарипов, коршиноси масоили сиёсӣ бар он бовар аст, ки дар вазъи имрӯзи байналмилалӣ мавҷудияти СПАД омили муҳими субот ва амнияти сарҳадоти давлатҳои аъзо мебошад. Зеро механизмҳои бесубот кардани кишварҳои собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ аз ҷониби дигар кишварҳо дар ҳоли озмоиш аст.
“Вазъи номуътадил дар қисмати шимолии Афғонистон зарурати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо ин кишвари ҳамсояро ба миён овардааст. Ҳоло дар доираи ин созмон гуфта мешавад, ки дар пайи афзоиши гуруҳҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон, хоса кисмати шимолии ин кишвар, мебояд баргузории тамриноти низомиро дар доираи барномаҳои СПАД бештар доир намуд”, - гуфт Шарипов.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон ба масъалаҳои иштироки худ дар фаъолияти СПАД аҳамияти афзалиятнок медиҳад. Зеро ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва суббот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё ва инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон аз осебпазиртарин ва хатарноктарин қитъаи сарҳад барои кишварҳои узви созмони СПАД дониста мешавад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон нақши боризи Маскав дар доираи СПАД ба мавқеи суннатии Русия дар минтақаи Осиёӣ Марказӣ рабт дорад. Ва пайваста талош мекунад, то дар тасмимгириву самтгириҳои сиёсӣ дар қиболи ҳампаймононаш нақши муҳимашро ҳифз кунад.
Қобили тазаккур аст, ки СПАД - созмони ҳарбӣ мудофиавии минтақавӣ мебошад, ки давлатҳое чун Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон аъзои он мебошанд. Вазифаи дабири кулли СПАД-ро аз соли 2023 намояндаи Қазоқистон Имангалӣ Нургалиевич Тасмағамбетов иҷро менамояд.
Ин созмон 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ташкил гардид. Баъдан Ӯзбекистон аз узвияти ин созмон берун рафт. 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақаӣ таҳти унвони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул кард ва аъзои он ҳаққи пайвастан ба паймони низомии дигарро надоранд. Дар дохили ин блоки низомӣ соли 2009, нерӯҳои вокуниши сареи дастаҷамъӣ ташкил шуд, ки ба ҷуз маъмурияти ҳифзи сулҳ дар ҷараёни ҳаллу фасли буҳрони Қазоқистон дар моҳи январи соли 2022 ҳанӯз дар амал аз он истифода нашудааст.
*Фаъолияти ин гуруҳҳо дар Тоҷикистон манъ аст
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед