
Созишу чолишҳои иқлимӣ: Иҷлоси Боку чӣ натиҷаҳо дод?
Нашр шуд
Иҷлоси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-29) таҳти сарпарастии СММ бо музокироти пайвастаи чолишбарангез ба поён расид ва кишварҳои тавсеаёфта пазируфтанд, то 11 соли оянда, ҳар сол 300 миллиард долларӣ дар ихтиёри кишварҳои фақир ва ё дар ҳоли рушд қарор диҳанд, вале на ҳама аз он розиянд.
Бисёре аз иштирокдорони ин ҳамоиш, натоиҷи музокироти Бокуро, ки сармояи он тавассути кишварҳои сарватманди ҷаҳон бояд ҳидоят шавад, як навъ нокомӣ ва хиёнат ба кишварҳои рӯ ба рушд хонданд.
Маблағи нави пардохтҳо ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ назар ба он чи, ки бори охир дар COP-15 соли 2009 мувофиқа шуда буд, се маротиба зиёдтар аст. Бо вуҷуди ин, намояндаи Боливия, Диего Пачеко созишномаи навро ҳамчунон "таҳқиромез" номид. Зеро интизор мерафт, давлатҳое, ки аз тағйирёбии иқлим сахт осеб мебинанд, солона аз 500 то 1,3 триллион доллар ба даст меоранд. Ва СММ қаблан эътироф карда буд, ки кишварҳои осебпазир ба пули бештар ниёз доранд, яъне тақрибан 2,4 триллион доллар дар як сол.
Намояндаи Куба, Карлос Валдес, тавофуқи ниҳоиро ба унвони “намунае аз истеъмори муҳити зист” арзёбӣ кард. Ва намояндаи Ҳиндустон, Лила Нандан гуфт, ки маблағи ихтисосёфта ба кишварҳои рӯ ба рушд, кумак нахоҳад кард: “ин маблағ ба шиддат ночиз аст. Ин як миқдори хеле кам аст ва худи тавофуқ чизе ҷуз фиреби назар нест”.
Ихтилофоти иҷлоси Боку байни кишварҳои сарватманд ва фақиртар дар ҳоле идома ёфт, рақами аввалияе, ки кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ва дорои нафту газ пешниҳод карданд 250 миллиард доллар буд, вале кишварҳои фақиртар аз рақами беш аз як триллион долларӣ сухан гуфтанд. Музокироти иқлимии СММ дар натиҷаи баҳсу баррасиҳо ва ба думболи матраҳ шудани эҳтимоли фурӯпошии он ба вақти изофӣ кашида шуда, як рӯзи дигар тамдид ёфт. Кишварҳои фақиртари ҷаҳон то соати поёнӣ таҳдид мекарданд, ки дар сурати ҷудо нашудани маблағи кофӣ тарҷеҳ медиҳанд, то ин нишаст бидуни дастёбӣ ба тавофуқ анҷом ёбад.
Дар ниҳоят кишварҳои сарватманде, ки ба таври суннатӣ аз ҷумлаи олудакунандагони муҳити зист буданд, бо пешниҳоди солонаи 300 миллиард доллар мувофиқа карданд, то соли 2035 ба кишварҳои фақир ва осебпазири ҷаҳон кумак хоҳанд кард. Ин дар ҳоле аст, кишварҳои фақир, ки ағлаб дар хатти муқаддами муқобила бо тағйироти обуҳавоӣ қарор гирифтаанд, хостори ихтисоси маблағи бештар буданд. Дар ҳар сурат, маблағ эълон шуда, бояд барои кумак ба кишварҳои фақир дар ростои коҳиши зарари гази карбон ба иқтисодашон ва муқобила бо дигар офатҳои табиӣ равона гардад.
Ҳуҷҷати ниҳоии ин ҳамоиш ҳамчунин ба далели набуди тааҳҳудоти худ дар мавриди пардохти Чин, яке аз партобкунандаи асосии газҳои гулхонаӣ ва Арабистони Саудӣ, бузургтарин содиркунандаи нафт дар ҷаҳон интиқод шудааст. Намояндагони ИМА, ки дар COP-29 аз тими Ҷо Байден ширкат доштанд, вале масъалаи маблағгузориро бар уҳда нагирифтанд. Далел пеш оварданд, ки раисҷумҳури ҷадид Доналд Трамп зидди ин тасмим аст ва онро тасдиқ нахоҳад кард. Яъне бозгашти қарибулвуқуи Трамп ба Кохи Сафед тардидҳоеро бар сари тавофуқи ба даст омада афкандааст. Ӯ гуфтааст, ки тарафдори сӯхтҳои фосилавӣ аст ва бо тарҳҳои марбут ба муқобила бо тағйироти иқлимӣ мухолиф аст. Ва ба эҳтимоли зиёд ИМА-ро аз талошҳои байналмилалии тағйирёбии иқлим хориҷ намуда, маблағе ҳам дар ин хусус пардохт накунад.
Қабл аз иҷлоси Боку, давлати Ҷо Байден, раисҷумҳури кунунии Амрико тааҳҳуд карда буд, ки то соли 2024 солона 11.4 миллиард доллар барои тағйирёбии иқлим сармоягузорӣ мекунад, ки ин рақам ҳудуди 10 дарсад аз кулли будҷаи ҷаҳони кунунӣ аст. Ин дар ҳолест, кишвари Чин аз соли 2013 солона ҳудуди 4 миллиард доллар дар заминаи муҳити зист таъмин кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки эҳтимолан Иёлоти муттаҳида аз ҳаргуна масъулияте дар мавриди коҳиши партови ҳаҷми газҳои гулхонаӣ, диоксиди карбон (CO2) ва кӯмак ба таъмини молии иқлимӣ сарфи назар мекунад, чашмандози музокироти гузаштаи Боку ва соли оянда дар Бразилия тира ба назар мерасад.
Тигран Мелоян, таҳлилгари Маркази мутолиоти баҳри Миёназамини Донишгоҳи миллии иқтисодӣ дар Русия ба “Известия” гуфтааст, ки пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА бар музокироти ҳайати амрикоиҳо дар COP-29 ва ояндаи мушорикати Иёлоти муттаҳида дар бораи таъмини молии иқлимӣ дар чаҳор то панҷ соли оянда, соя афкандааст. Ба гуфти ӯ, Трамп муътақид буд, ки тавофуқномаи Париж сарватҳои Амрикоро ба нафъи кишварҳои дигар равона месозад. Аммо ҳангоме, ки Байден ба қудрат расид, Вашингтон расман ба ин тавофуқ бозгашт. Эҳтимол дорад, ки бозгашти дубораи Трамп ба Кохи Сафед нишондиҳандаи хуруҷи дигарбораи ИМА аз тавофуқномаи Париж бошад.
“Гуфтугӯҳо дар ин замина дар ҳоли ҳозир дар сатҳи расонаҳо ва маҳофили коршиносӣ ва ҳамчунин дар тими Трамп ҷараён дорад. Шояд ӯ бар асоси мантиқ амал кунад, ки бо фаъолияти Иёлоти муттаҳида дар заминаи кори иқлимӣ, қудрати стратегияи миллии ин кишвар заиф шуда, ба нафъи рақибони геополитикӣ, яъне Русия, Эрон, Венесуэла ва Чин (се кишвари аввал дорои захоири азими нафтӣ ҳастанд) анҷом ёбад. Ба назари Трамп, нафт “Тилои моеъ” аст ва бояд барои беҳбудии рифоҳи амрикоиҳо мавриди истифода қарор гирад. Бинобар ин, илова бар соири маворид, ҷаҳон бояд интизори афзоиши истеҳсоли нафт дар ИМА фаротар аз сатҳи рекорди кунуниро дошта бошад”,- афзуд Мелоян.Ба мушоҳидаи нозирони ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳамоиши COP-29 маълум буд, ки дар се соли ахир, иҷлосҳои иқлимӣ натавониста истодааст, то тафовути ҷиддие эҷод кунад. Ва тавлиди газҳои гулхонаӣ аз соли 2023 то 2024, ҳудуди ҳашт дарсад рушд карду кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва фақиртар бо ноумедӣ иҷлоси Бокуро тарк карданд, вале 1700 лобии сӯхтҳои фосилавӣ бо ризоият ва хушҳолӣ аз ин шаҳр баромаданд. Қарор буд, дар иҷлоси имсол барномарезӣ шавад, то истихроҷи сӯхтҳои фосилавӣ ҳадди муайян дошта бошад ва ин меъёр ба тадриҷ коҳиш пайдо кунад. Аммо ба лутфи дахолати кишварҳое монанди Арабистони Саудӣ, ин иттифоқ сурат нагирифт.
Гуруҳе аз огоҳони ҳифзи муҳити зист, мегӯянд, ки иҷлоси Боку ҳам гиреҳхӯрда бо “дурӯғҳо”, “қиморҳо” ва тааҳҳуди ҳукуматҳо на ба мардуми худ, балки ба ҳомиёни сарватманди гуруҳе аз сиёсатмадорон бастагӣ дошт, ки бори дигар бехосият шуд. Ҳарчанд маблағи кофӣ вуҷуд дорад, аммо намехоҳанд онро барои ҳифзи ҳаёт дар сайёраи замин сармоягузорӣ кунанд. Маҳз ҳамин лобиҳо чаҳорчӯби бозори гази карбонро мушаххас карда истодаанд. Ва аз гузашта ба мо ёд додаанд деворе, ки каҷ сохта шавад, то фурӯпошиаш каҷ боло хоҳад рафт. Сармояи иқлимӣ ҳам монанди тамоми давраҳои қаблии иҷлосҳои обуҳавоии СММ, беаҳамият шудааст ва тафовути таъсиргузор дар ояндаи наздик эҷод нахоҳад кард.
Бо ин ҳол, ҳалли мушкилоти экологӣ ба навъе бо танишҳои геополотикӣ муртабит аст. Дар Боку ҳудуди 80 нафар аз сарони кишварҳо гирди ҳам омада буданд, ки дар муқоиса ба ҳамоишҳои қаблӣ ба нисф коҳиш ёфта буд. Аз ҷумла роҳбари Фаронса Эммануэл Макрон, садри аъзами Олмон Олаф Шолтс, раисҷумҳури Бразилия Луис Инасиу, нахуствазири Канада Ҷастин Трудо ва ҳамчунин раҳбари Африқои Ҷанубӣ Сирилу Рамафозе ин конфронси ҷаҳонии иқлими таҳти сарпарастии СММ-ро нодида гирифтанд.
«COP-29»: Пешрафти таърихӣ ё ақибгардӣ ва ноумедӣ?
Бархе аз намояндагони кишварҳо аз тавофуқи ахири ҳосилшуда дар Боку истиқбол карданд. Дар муқобил, шумори дигар, кишварҳои сарватмандро ба далели иҷро накардани аҳду паймони худ дар мавриди ҷудо накардани маблағи бештар сарзаниш карданд ва аз Озарбойҷон ҳамчун мизбон ба сабаби “Пешниҳоди шитобкоронаи ин нақшаи баҳсбарангез” интиқод карданд.
Иҷлоси тағйироти иқлимии COP-29 дар Озарбойҷон ҷое, ки Илҳом Алиев, раисҷумҳурии ин кишвар мизбон буд, Амрико ва кишварҳои Аврупоро ба доштани стандартҳои дугона ва рафтори риёкорона дар масоили иқлим муттаҳам кард ва гуфт, ки бархе сиёсатмадорон ва расонаҳои ғарбӣ аз “ахлоқиёт ва инсоф” дур шудаанд. Ҷаноби Алиев гуфт, ки дар соли 2023, даромадҳои нафт ва гази Озарбойҷон 35 дарсад аз иқтисоди ин кишварро ташкил медод, ки аз 50 дарсад дар ду соли пеш камтар шудааст. Ва давлати Озарбойҷон пешбинӣ кардааст, ки ин рақам то соли 2028 ба 22 дарсад коҳиш ёбад.
Интиқоди ӯ аз Ғарб дар ҳоле сурат гирифт, ки қаблан дар як чорабинӣ дар Берлин гуфт, ки "нафт тӯҳфаи Худост" ва Озарбойҷон дар ҳамоиши иқлимии COP-29 аз ҳаққи кишварҳои тавлидкунандаи нафту газ барои сармоягузорӣ дар ин бахши иқтисод дифоъ хоҳад кард. Пас аз ин изҳороти Алиев, бисёре аз расонаҳои хориҷӣ ин кишварро “рetrostate” ҳамчун “давлати нафтӣ” номиданд. Ва масъалаи то куҷо ба мақсад мувофиқ будани гузарондани гуфтушунид дар Боку, ки аз нaфт даст кашиданӣ нест, низ муҳокима шуд. Ҷаноби Алиев аз ин танқиди расонаҳои ғарбӣ хафа шуда бошад ҳам, вале ӯро маҷбур накард, ки фикрашро дигар кунад. Дар ифтитоҳи иҷлоси COP-29 дар Боку, ӯ бори дигар ҳарфҳоро дар бораи “нафту газ муҳаббате аз ҷониби Худованд” такрор кард.
Гуруҳе аз коршиносони бонуфузи сиёсати тағйирёбии иқлим аз ҷумла дабири кулли пешин ва мудири собиқи умури иқлими Созмони милал мегӯянд, ки музокироти иқлимии мавсум ба COP “дигар ҷавобгӯи аҳдоф”-и мавриди назар нест ва ба як бозбинии фаврӣ ниёз дорад. Онҳо ба СММ нома навиштанд ва хостори содасозии раванди печидаи кунунии “Конфронсҳои солонаи ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим - муоҳидаи аслии тавофуқи Париж” шуданд. Онҳо хостанд, ки ҷаласот ба таври муқаррар баргузор шавад ва тамаркуз бештар бар рӯйи кишварҳои фақир ва нав дар ҳоли рушд бошад. Ин дар ҳоле аст, ки давлатҳои Олмон ва Ҳоланд будҷаи кумаки хориҷии худро дар соли гузашта, коҳиш додаанд ва Фаронса, Британия низ барномаи коҳиши ин кумакҳоро дар дастури корашон қарор доданд. Будҷаҳои давлатӣ бо ҳадафи мушаххаси ҳифзи табиат дар хориҷ аз кишварҳо дар соли 2022 ба 3.8 миллиард доллар коҳиш ёфт, дар ҳоле, ки ин рақам дар соли 2015 ба мизони 4.6 миллиард доллар буд.
Қобили тазаккур аст, ки бори сеюм - пас аз Миср дар соли 2022 ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ дар соли 2023 ва Озрбойҷон дар соли 2024 макони баргузории музокирот буданд, ки бахши аъзами буҷаи даромадашон аз фурӯши карбогидрадҳо аст.
Ба гуфтаи донишмандон дигар чунин нишастҳо дар қолаби СММ бояд фақат дар кишварҳое баргузор шавад, ки битавонанд ҳимояти ошкорро аз иқдоми иқлимӣ нишон диҳанд ва қавонини сахтгиронатареро дар мавриди лобигарии сӯхтҳои фосилавӣ дошта бошанд. Давлатҳои аврупоӣ аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин, дувумин иқтисоди бузурги ҷаҳон ва кишварҳои нафтхези Халиҷи Форс, хостаанд то барои муқобила бо тағйироти иқлимӣ бештар ҳамкорӣ кунанд ва маблағи зиёдтар пардозанд. Қарордоди COP кишварҳои фақир ва дар ҳоли рушдро ташвиқ мекунад, ки дар ин замина ҳамкорӣ кунанд, аммо онҳоро уҳдадор намекунад. Зеро кишварҳои дар ҳоли тавсеа дар эҷоди тағйироти иқлимӣ камтарин масъулиятро доранд, аммо беш аз ҳама дар маърази авоқиби бади ин тағйирот аз ҷумла, хатари боло омадани сатҳи оби дарёҳо, гармои шадид, обшавии пиряхҳо ва дигар офатҳои табиӣ қарор доранд. Ва маҳз ҳамин кишварҳои мувоҷеҳ бо хатар ҳушдор медиҳанд, ки бидуни манобеи молии кофӣ барои таҳаққуқи аҳдофи иқлимӣ наметавонанд, коре кунанд. Онҳо конфронсҳои монанди СOP-ро бузургтарин умед ва фурсат барои таҳти фишор қарор додани кишварҳои сарватманд ва пешрафтаи саноатӣ, аз ҷумла ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Канада ва Чин медонанд. Ин феҳрист ба музокироти обуҳавоии Созмони милал дар соли 1992 бармегардад.
Яъне иҷлоси Боку нишон дод, ки чӣ ихтилофи густурдае миёни давлатҳои сарватманд, ки дар баробари кумаки молии бештар муқовамат мекунанд ва кишварҳои дар ҳоли тавсеа, ки аз ҳазинаҳои тӯфон ва селобу хушксолӣ дар ранҷанд, вуҷуд дорад. Ихтилофоти COP-29 байни кишварҳои пешрафтаи саноатӣ, аз ҷумла шомили ИМА ва Иттиҳоди Аврупо аз як сӯ ва соири кишварҳое ҷараён дошт, ки умдатан дар се гурӯҳ "кишварҳои фақиртар”, “иттиҳоди кишварҳои хурди ҷазираӣ” ва “гурӯҳи 77” дастабандӣ мешаванд.
Маҷаллаи илми «Nature» ба нақл аз бархе пажӯҳишгарони ҳавзаи таъмини молии тарҳҳои тағйирёбии иқлим гузориш дод, ки тавофуқоти ҳосилшуда дар иҷлоси Боку як “ҷамъомади шикананда” буд. Зеро намояндагони кишварҳои сарватманд дар иҷлоси иқлимии Боку бо хаёли осуда аз ин ки дар ниҳоят, тавофуқи 300 миллиард долларӣ дар ин иҷлос ҳосил шуд дар аввалин соати рӯзи 24 ноябр хушҳолӣ карданд. Намояндагони бархе аз бузургтарин кишварҳои дар ҳоли рушд шомили Ҳиндустон, Индонезия ва Нигерия аз ин масъала нохушнуд ва асабонӣ буданд. Бархе аз ин кишварҳо мегӯянд, ки барои ризоят додан ба ин тавофуқ таҳти фишор қарор гирифтанд, то аз ин тариқ иҷлоси COP-29 дар Боку бо шикаст ба поён нарасад. Дар ин иҷлос ҳамчунин тавофуқ нашуд, ки чӣ миқдор аз ин 300 миллиард доллар ба шакли кумакҳои молӣ (грантӣ) ё ба шакли қарз хоҳад буд ё ин ки чӣ миқдор аз он тавассути бахши хусусӣ ва ё аз сӯи бахши умумӣ (давлатӣ) таъмин хоҳад шуд. Аз сӯи дигар ин ҳама ҳоло як ваъдае беш нест, зеро чун ҳамоишҳои қаблӣ кишварҳои сарватманд ваъдаҳои зиёд доданд, вале дар ниҳоят иҷро накарданд. Пештар, дар мавзӯи сармоягузории иқлимӣ, ҳукуматҳои шимол қавл дода буданд, ки баробари барномарезиҳо ва ваъдаҳои интихоботии худашон соле 100 миллиард доллар дар ҳукуматҳои ҷануб сармоягузорӣ кунанд, аммо ҳаминро ҳам анҷом надоданд.
Қудратҳои саноатӣ намехоҳанд ба кишварҳои дар ҳоли рушд кумак кунанд?
Яке аз далоили ин қадар душвор будани қабули қарор дар конфронсҳои иқлимӣ ин лобигарии ширкатҳои нафтӣ мебошад. Ҳамоиши COP-29 дар Озарбойҷон, ки як кишвари нафтӣ аст, баргузор шуд ва дар он мисли пештара беш аз 1700 лобӣ аз нукоти гуногуни саноатии нафту газ ширкат варзиданд. Яъне теъдоди лобигарон тақрибан аз шумораи ҳамаи ҳайатҳои дигари кишварҳо дар иҷлоси Боку зиёд буд. Ҳатто, хабарномаи иқлимии “heated” як номаеро бо унвони мушаххас нашр кард: COP29 бӯи нафт медиҳад (“COP29 smells like oil”).
Тибқи гузориши нашрияи The Guardian, миллиардерҳои сӯхти фосилавӣ дар конфронсҳои тағйирёбии иқлим таъсири номутаносиб доранд. Онҳо тамаркузро дигар мекунанд, роҳиҳалҳои фиребандаи содда ва корношояму ғайри қобили иҷро пешниҳод мекунанд. Ва аз шеваю таҷрибаҳои исботшуда, ки ба сайёра зарароваранд, аммо барои рушди дороиҳои тиҷоратии онҳо муфиданд, дифоъ мекунанд.
Масъалаи дигари муҳиме, ки дар COP-29 баррасӣ шуд, маҳдуд кардани истифодаи сӯзишвории истихроҷшаванда буд. Дипломатҳои Арабистони Саудӣ аз ворид кардани банд дар бораи марҳалаи қатъи нафту газ дар матни тавофуқи ниҳоӣ ҷилавгирӣ карданд. Гарчанде ки ин ибора дар ҳуҷҷат аз рӯи натиҷаҳои СОP-28-и пештара равшан ифода ёфтааст. Яъне Саудӣ ба дасткории матни расмии музокироти иҷлоси обу ҳавоии Созмони милал муттаҳам шуд. Арабистон кишвари нафтхезе аст, ки бисёриҳо ин кишварро монеаи доимӣ дар иҷрои тарҳҳои амалии иҷлосҳои марбут ба иқлимии обуҳавоии СММ барои коҳиши масрафи гази карбон медонанд. Ва дар нишасти COP-29 ҷониби Саудӣ ба унвони як “тахрибгар” шинохта шудааст. Ин дар ҳолест, намояндагони Риёз дар миёни фаъолтаринҳо дар ҳамаи масирҳои музокироти иқлимии СММ ҳастанд ва ба таври муқаррар дар баробари талошҳо барои коҳиши сӯхтҳои фосилавӣ муқовамат мекунанд. Бо вуҷуди афзоиши дамо дар Арабистони Саудӣ ва коҳиши манобеи оби зеризаминӣ, Риёз нишонае аз тағйири стратегияи худ ба таври ошкорро надодааст. Вақте Иттиҳоди Аврупо хостори баррасии солонаи талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳазфи тадриҷии сӯхтҳои фосилавӣ шуд, аммо Саудӣ бо ин амр мухолиф баромад.
Ба гуфтаи коршиносон воқеан бархе аз кишварҳо тааҳҳудоти худро мубҳам ва ғайриқобили арзёбӣ ироа менамоянд, то таъсире бар иқтисоди онҳо надошта бошад. Яъне дар тавофуқномаҳо ва конвенсияҳои марбут ба тағйироти иқлим ба уҳдадориҳои худ пойбанд нестанд.
Номвар Қурбон, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки то имрӯз бештари кишварҳои ҷаҳон уҳдадориҳои худро мувофиқи муқаррароти созишномаҳои иқлимии СММ иҷро намекунанд.
“Ҳадафи меҳварии чунин конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим пешниҳод ва баррасии ахбори миллии кишварҳои ҷаҳон атрофи кадастри партови ҳаҷми газҳои гулхонаӣ мебошад. Яъне ҳар як кишвар уҳдадор аст, ки ахбори миллии худро дар мавриди интишори газҳои гулхонаӣ ва умуман масоили тағйирёбии иқлим пешниҳод намояд. Ва мутаассифона, то имрӯз дар назди ин конвенсия, на ҳамаи кишварҳои дунё уҳдадориҳои худро иҷро кардаанд. Баъзе аз коршиносону сиёсатмадорон раванди гармашавии глобалии иқлимро бештар ба хусусиятҳои ғайриантропогенӣ ё астрофизикиву геофизикӣ марбут медонанд. Аз ин ҷиҳат онҳо уҳдадориҳои худро назди чунин санадҳои муҳими баналмилалӣ иҷро намекунанд. Аммо Тоҷикистон дар назди конвенсияи қолабии СММ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалии экологӣ тамоми уҳдадориҳои худро пеш аз муҳлат ва инчунин саривақт иҷро кардааст”,-гуфт Номвар Қурбон.Соли 2015 дар Париж зимни баргузории Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки: “Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд. Ва аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидаанд”.
Воқеан гармшавии иқлим, ки асосан натиҷаи фаъолияти кишварҳои тараққикардаи саноатӣ мебошад ва кишварҳои қафомонда аз он зиёни ҷиддӣ мебинанд бояд дар ин самт барои бартараф намудани оқибатҳои гармшавии иқлим ба кишварҳои осебпазир кумакҳои молиявӣ намоянд. Ва иҷлоси ахири иқлимии COP-29 дар Боку замоне баргузор шуд, ки донишмандон мегӯянд, имсол эҳтимол гармтарин сол аз замони сабти рекордҳо хоҳад буд ва ба тавре, ки партовҳои газҳои гулхонаӣ ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст. Тибқи гузориши ахири СММ, замин дар ҳоли ҳозир дар масири гарм шудани 3.1 дараҷа сантиград, то поёни ин қарн қарор дорад. Ва ин дар шароити сиёсатҳои феълии тағйирёбии иқлим аст, ки боис ба гармоиши ҷаҳонӣ шуда, интишори газҳои гулхонаӣ ва масрафи сӯхтҳои фосилавӣ ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст. Ин мизони гармоиши ду баробарии рақаме аст, ки кишварҳои ҷаҳон наздик ба як даҳа пеш бар сари он тавофуқ карда буданд. Яъне талошҳо барои ноилшавӣ ба талаботи Созишномаи Париж дар соли 2015 аст, ки ҳарорати ҳаво набояд аз 1,5 дараҷа Селсия баланд гардад.
Дар ин иҷлоси Боку ҳам раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш вобаста ба ҳалли мушкилоти рӯзафзуни замони муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, гармшавии бесобиқа, хушксолиҳои пай дар пай ва афзоиши офатҳои табиӣ нигаронӣ намуд, ки дар ин самт ҳанӯз талошу амали аксар кишварҳо кофӣ нест. Яъне байнашон муттаҳидӣ ба назар намерасад.
“Тайи панҷ соли охир мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар тамоми давраҳои мушоҳидаҳо гашта истодаем: тибқи гузориши коршиносон соли 2024 низ ҳамчун соли гармтарин сабт шуд. Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки талошу амалҳои худро ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқлимӣ бамаротиб зиёд кунем. Дар доираи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи иқлимӣ дар Дубай ҷонибҳо вобаста ба таъсиси Бунёди талафот ва зарар барои кишварҳои осебпазир ӯҳдадорӣ гирифта буданд. Ин тадбирҳо, бешубҳа, барои таҳкими тавонмандии кишварҳо дар мутобиқшавӣ ва коҳиш додани осебпазирӣ аз тағйирёбии иқлим, аз ҷумла тавассути кумаки молиявии кишварҳои рушдёфта мусоидат менамоянд. Вале санади ниҳоии Конфронси Дубай – Гузориши глобалӣ оид ба татбиқи Созишномаи Париж бори дигар кофӣ набудани амалу талошҳои моро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим собит кард”,-афзуд раисҷумуҳри Тоҷикистон.Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар суҳбат бо “Report.az” дар ҳошияи Конфронси COP-29 дар шаҳри Боку иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии марбут ба тағйирёбии иқлим дучор аст, бахусус дар масъалаи захираҳои об, ки беш аз 80 дарсади оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар кишварро ташкил медиҳанд.
«Дар 30 соли охир дар кишвар бар асари тағйирёбии иқлим беш аз ҳазор пиряхи хурд аз даст рафтааст. Ин талафотҳои ҷуброннопазир буда, ба тавозуни обии минтақа таъсири назаррас мерасонанд. Дар ин бобат чораҳои фаврӣ дидан лозим аст. Омори расмӣ ҷиддияти мушкилотро тасдиқ мекунад: 80 дарсади тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбут аст. Барои ҳалли ин мушкилот на танҳо ҳамкориҳои миллӣ, балки минтақавӣ низ зарур аст”, - гуфт Шоимзода.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон, ки 60 дарсади манобеъи обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, шадидан тағйирёбии иқлимро аз сар мегузаронад, ки аллакай ба захоири об таъсири ҷиддӣ расонидааст. Обшавии босуръати пиряхҳо хавфи махсусро дар пай дорад.
Антонио Гутереш, дабири кулли СММ дар як суханрони худ гуфт: “мо дар мавқеияти бисёр хатарнок ва нопойдор дар сатҳи сайёра қарор дорем. Ё раҳбарон кишварҳо бо масъалаи партофти газҳои гулхонаӣ муқобила мекунанд, ё мо ба шиддат бо фоҷиаҳои тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ хоҳем шуд”.
Ба боварии шуморе аз таҳлилгарони масоили ҳифзи муҳити зист дар ин авохир ҳамоишҳои иқлимии СММ бо ихтилофи назарҳо ва бидуни расидан ба натиҷаи тағйирдиҳанда барои мудирияти гармоиши ҷаҳонӣ бо таъсири кишварҳои қудратманд камаҳамият шуда истодааст. Ва воқеан чунин менамояд, ки иҷлоси иқлимии ҷаҳонӣ бо ваъдаву дурӯғ ва қимору тааҳҳуд бар сарватмандон дар ҷиҳате, ки башариятро ба нобудӣ мекашонад қарор гирифта, хосияти худро аз даст дода истодааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед