Ru  | Tj
Аз алифбо то артиши муштарак: Дар Созмони давлатҳои туркӣ чӣ мегузарад?
Аз алифбо то артиши муштарак: Дар Созмони давлатҳои туркӣ чӣ мегузарад?
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

Аз алифбо то артиши муштарак: Дар Созмони давлатҳои туркӣ чӣ мегузарад?

Нашр шуд

“Тақвияти ҷаҳони туркӣ: ҳамгироии иқтисодӣ, тавсеаи пойдор, ояндаи рақамӣ ва амният барои ҳама”- бо ин шиор даҳаи аввали моҳи ноябри соли равон Бишкеки расмӣ мизбони ёздаҳумин саммити Созмони кишварҳои туркӣ буд. Коршиносон дар мавриди натоиҷи ин ҳамоиш баҳсу баррасиҳоро идома дода, зиёдтар аз шаклгирии “ҷаҳони турк” бо меҳварияти Анкара ҳарф мезананд.

Дар ин ҳамоиш аксари роҳбарони кишварҳои узви Созмони давлатҳои туркӣ аз ҷумла, Туркия ва Озорбойҷон дар суханронии худ бар тақвияти “ҷаҳони турк” таъкид карда, чунин блоки туркзабонҳоро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор дода, қарни 21-ро як давраи тавсеаи ҷаҳони турк номиданд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар ин ҳамоиш, ҷаҳони туркро ба иттиҳод ва истодагӣ дар баробари буҳронҳои инсонӣ фаро хонд. Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон низ гуфтааст, ки ҳамвора ба ваҳдати ҷаҳони турк кумак карда ва ҳамчунон ба ин ваҳдат вафодор хоҳад монд: “Мо хонаводаи дигаре надорем. Хонаводаи мо ҷаҳони турк аст”.

Ҳоло давлатҳои туркзабон дар қолаби миллати турк бештар баромад доранд. Ибораи корбурд дар маҳофили сиёсии кишварҳои туркӣ бештар болои ин мафҳум – Туркия ва Озорбойҷон бо номи ду давлат, вале дар асл як миллат бештар мечархад. Яъне ин созмон бо меҳварияти Туркия ва Озарбойҷон ахиран дар Осиёи Марказӣ фаъолтар шудааст. Озарбойҷон барои таъсиси котибот ду миллион доллар ҷудо кардааст, зеро бе иштироки ҷонибҳои манфиатдор татбиқи нақшаҳое мисли консепсияи рушди кишварҳои туркии “Назари ҷаҳони турк - 2040” душвор аст.

Ба иддаои бештари таҳлилгарон, чор кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон аз ҷумлаи кишварҳои турктаборе ҳастанд, ки заминаро барои ҳамкории бештар бо Анкара ба миён оварда, барои татбиқи барномаҳои ҳукумати Эрдуғон роҳро бо ин кишварҳо ҳамвор кардааст. Ҳоло Анкара тарҳҳои амалгароёнаашро нишон дода истодааст.

Эрдуғон аз Осиёи Марказӣ хост ба алифбои туркӣ рӯй оранд

Расонаҳо аз ҳамоиши Созмони кишварҳои туркӣ дар Бишкек бештар нуфузи Туркияро таҳлил карданд. Чунин ақида вуҷуд дорад, ки Эрдуғон аз фурсат истифода бурда, нуфузи худро афзоиш медиҳад. Дар ҳоле, ки Русия ба ҷанг машғул аст. Дар нишасти Бишкек раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бори дигар масъалаи алифбои ягонаро матраҳ кардааст. Зеро ин ташаббуси ӯ аз ҷониби раҳбарони дигар ба кундӣ пеш меравад. Ӯ дар ин иҷлос бар аҳамияти эҷоди сареи алифбои якпорчаи туркӣ таъкид кард. Алифбои муштарак нишонаи ин аст, ки мо ояндаро бо ҳам месозем. Аз ин пас кишварҳои ширкаткунанда бояд таҳаввулоти лозимро бар асоси ин алифбо анҷом диҳанд. Туркия, Озарбойҷон, Қибриси Шимолӣ омодаи тағйир ба як алифбои туркии воҳид ҳастанд. Раисҷумҳури Туркия дар идома гуфт: “фурсати муносиб аст, ки Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон гоме барои тағйири алифбои ҷадид бардоранд”.

Тасмими Созмони кишварҳои туркӣ дар бораи қабули алифбои муштараки туркии иборат аз 34 ҳарф, аз ҷумла Q, X, Ň, Ä, Ŭ дар Туркия нофаҳмиҳоеро ба бор овард, зеро шаҳрвандон суол карданд, ки оё ин ҳарфҳо ба алифбои туркӣ илова хоҳанд шуд ё хайр. Вобаста ба ин вокуниш Мустафо Онер, узви Комиссияи алифбои муштараки ҷаҳони турк гуфтааст, ки “ин ҳарфҳо ба алифбои туркӣ дохил намешаванд. Онҳо барои дигар давлатҳои туркнажод барои қонеъ кардани ниёзҳои забонии онҳо пешбинӣ шудааст”. Вақте Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар авоили даҳаи 90-и асри гузашта аз кириллӣ ба лотинӣ тағйир карданд бо  ноҳамоҳангиҳое мувоҷеҳ шуданд.

Алифбо як мисоли хеле хуби низоъҳоест, ки дар дохили созмон вуҷуд дорад. Ва аз тириқи гузариш ба хатти туркӣ он ҳам ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ кашида мешавад. Тавре мушоҳида мешавад, дохили ин созмони туркӣ ду лагери калон вуҷуд дорад, ки дар он манфиатҳо на ҳамеша мувофиқанд. Аз як тараф, Туркия ва Озарбойҷон ҳастанд, онҳо асосан мавқеи муштарак доранд. Аз тарафи дигар Қазоқистону Қирғизистон мавқеи каме дигар доранд ва Ӯзбекистон дар мобайн аст. Барои Эрдуғон доштани алифбои ягонаи туркӣ хеле муҳим хоҳад буд, ки фазои ягонаи иттилоотиро ба вуҷуд меорад. Аммо барои кишварҳои пасошӯравӣ эҷоди алифбои ягона метавонад боиси аз байн рафтани ҳувияти миллӣ шавад. Барои Қазоқистон ҳарфҳои алифбо як хазинаест, ки ҳар як давлат метавонад аз он ҳарфҳо ва садоҳоеро, ки хоси талаффузаш аст, бигирад. Аз ин рӯ, ворид кардани садоҳое, ки дар ин забон вуҷуд надоранд, барои Қазоқистон ва Қирғизистон ҳамчун тасмими стратегӣ чандон созгор нест. Зеро он, на танҳо ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, балки ба манфиатҳои давлатӣ ҳам чандон мувофиқат намекунад. Ҳоло забони русӣ ҳамчунон абзори муҳиме барои иртибот байни ин кишварҳо дар умум Осиёи Марказӣ аст. Илова бар ин, теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз коргарони муҳоҷир аз кишварҳои минтақа дар Русия кору зиндагӣ доранд, ки боиси тақвияти равобит ва тарвиҷи ин забон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад. Айни ҳол, Анкара ба таври фаъол пайи густариши алифбои воҳид барои кишварҳои туркзабон аст. Ва 12 сентябри соли равон севумин нишасти Кумитаи иттиҳоди алифбои туркзабонон зери назари Созмони кишварҳои туркӣ ташкил шуд, ки дар Боку пойтахти Озарбойҷон ба поён расид.

Коршиносон муътақиданд, ки муаррифии чунин алифбо мумкин аст ба унвони таҳдиде барои ҳувияти миллӣ дар бархе кишварҳо талаққӣ шавад. Ба унвони мисол, барои Қазоқистон ва Ӯзбекистон, рӯй овардан ба алифбои лотинӣ гоме ба сӯи гусаста аз гузаштаи Шӯравӣ аст, аммо барои кишварҳое, ки равобити наздик бо Русия доранд, ин гом мумкин аст манфӣ баҳогузорӣ шавад. Туркманистон ва Озарбойҷон қаблан ба алифбои лотинӣ рӯй овардаанд, аммо эҷоди алифбои воҳид боиси ҳамкории умумӣ аст, ки метавонад боиси муқовамат дар дохили кишварҳо шавад.

Ҳамчунин, Русия, ки ба таври суннатӣ нуфузи худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳифз мекунад ва аз эҷоди як алифбои якпорчаи туркӣ интиқод мекунад. Ин амр бо ин воқеият тавзеҳ дода мешавад, ки яксонсозии алифбо дар кишварҳои туркзабон метавонад ба дурии онҳо аз Русия ва заифсозии пайвандҳои фарҳангӣ ва забонӣ оварда расонад. Ба гунае дар Қазоқистон бо вуҷуди пазириши алифбои лотинӣ, баҳс дар мавриди ҳифзи алифбои кириллӣ барои асноди расмӣ ва омӯзиш идома дорад, то аз вокунишҳои манфии Русия ҷилавгирӣ шавад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон Созмон кишварҳои туркӣ гомҳои муҳим ҷиҳати эҷоди сиёсатҳои маорифу фарҳангии муштарак, аз ҷумла ибтикороти муштарак барои эҷоди таърихҳои муштарак, чорчӯбҳои ҷуғрофиёӣ ва акнун ҳатто алифбои муштарак бардоштааст.

Ин дидгоҳ, ҳамроҳ бо мафҳуми “ҷаҳони турк” аз авоили даҳаи 90-ум тавассути давлат ва ҳам тавассути мардум пазируфта шудааст. Туркия бо тарвиҷи алифбои лотинӣ ва муаррифии муҷаддади вожаи “Туркистон” дар ҳоли анҷоми як ҳаракати стратегии геополотикӣ аст. Ин ибтикор нишондиҳандаи тағйир дар сиёсати хориҷии Туркия бо ҳадафи густариши нуфузи он дар Осиёи Марказӣ аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин таҳаввулот, кишварҳои мухталиф ин саволро матраҳ мекунанд, ки оё Туркия сиёсати понтуркистиро думбол мекунад?

Бар асоси ин навъ нигоҳ ва арзёбии таҳлили кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба Созмони кишварҳои туркӣ, ба хубӣ метавон дар канори як баррасии таърихӣ навъи нигоҳи ҳувиятӣ - фарҳангӣ ба туркгароӣ ва ё ақоиди тундтар пантуркизмро арзёбӣ намуд. Дар робита авоили соли ҷорӣ сиёсатшиноси тоҷик, Абдуғанӣ Мамадазимов ба Halva.tj атрофи фаъол шудани Туркия дар минитақа, ки боиси иқдоми номушаххас ё шубҳанок шуда истодааст, гуфт, ҳарчанд Тоҷикистон ба таъсиси созмонҳои гуногун дар ҳамсоякишварҳо мухолифат надорад, аммо таъмини манофеъ ва амнияти миллӣ ин кишварро водор мекунад, то зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.

 “Дар нахустин нишасти Созмони давлатҳои туркӣ дар миёни дигар масъалаҳои баррасишуда эълон шудани шаҳри бостонии Самарқанд ҳамчун “пойтахти тамаддуни туркӣ” моро дар ҳайрат гузошт. Зеро дар тавсеаи рӯзафзуни нуфузи ҷаҳонии ин шаҳри нотакрор хидмати тоҷикон (чун шаҳрвандони Ӯзбекистони имрӯза) камтар аз саҳми бародарони узбек нест. Бояд гуфт, ки ин нахустин тафриқаандозӣ байни ду миллати бо ҳам дӯсту бародар нест. Муносибати ҳасана миёни тоҷикону узбекҳо дар даврони устодон Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ қавӣ гардида, дар замони авҷи ҷараёни туркгароӣ (пантуркизм) дар оғози асри ХХ осеби сахт дид”,-гуфта буд Мамадазимов.

 

Аз сӯи дигар тағйири номи Осиёи Марказӣ ба “Туркистон” дар китобҳои дарсӣ метавонад паёмадҳои геополотикӣ дар минтақа дошта бошад ва ҳассосияти Русия ва Чинро барангезад. Нашрия “Diplomat” дар ёддоште бо ишора ба тағйири номи Осиёи Марказӣ ба Туркистон дар барномаи дарсӣ дар Туркия навишт барои ин кишвар, истилоҳи “Туркистон” нишондиҳандаи тамоюл ба иртиботи муҷаддад бо мардуми туркзабон ва эҳёи як огоҳии таърихӣ ва фарҳанги муштарак аст. Туркия тасмим гирифтааст, ки дар китобҳои мактабии таърихи миллии худ вожаи “Осиёи Марказӣ”-ро бо “Туркистон” ҷойгузин кунад. Анкара бо истифода аз истилоҳи “Туркистон” қасд дорад худро бо Осиёи Марказӣ аз ин шева ҳамоҳанг кунад ва дар айни ҳол минтақаро аз манзари геополотикӣ ҷудо ва мушаххас арзёбӣ кунад.

Ба бовари коршиносон, чунин иқдом танҳо моҳияти забонӣ надорад, балки истифода аз истилоҳи “Туркистон” ба ҷойи “Осиёи Марказӣ” ба унвони тамоюли Туркия барои нишон додани ҷоҳталабиҳои Эрдуғон дар минтақа аст. Ба гуфтаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия: “мо шона ба шона талош хоҳем кард, то давраи ояндаро ба даврони туркҳо табдил кунем ва дидгоҳи худро аз “қарни Туркия” ба Созмони кишварҳои туркӣ таъмин намоем”.

Ин изҳороти мустақим ва иддаои ӯ, сиёсатҳои Туркияро ба мероси таърихӣ ва фарҳангии марбут ба он ва ба густариши нуфуз дар Осиёи Марказӣ ишора мекунад. Бо ин ҳол, чунин мавзеъгирӣ чӣ дар байни коршиносони сиёсӣ ва чӣ дар байни роҳбарони минтақа вокунишҳои мухолифро ба ҳамроҳ дорад.

Бархе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ин ҳаракатҳо метавонад боиси таниш байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар бозигарони геополотикӣ монанди Русия ва Чин шавад. Ба боварии онҳо, “Туркия худро ба унвони ҳомӣ ва роҳбари ҳамаи ақвоми турк қарор медиҳад, ки на танҳо аз сӯи Маскав ва Пекин, балки аз сӯи раҳбарони Осиёи Марказӣ низ мавриди тардид аст. Ва ҳеҷ кас намехоҳад таҳти нуфузи Туркия бузург шавад”.

Аз сӯи дигар, ҳомиёни Иттиҳоди турк далел пеш меоранд, ки афзоиши ҳамкорӣ байни кишварҳои турк метавонад сабаби эҷоди як блоки минтақаии қавӣ шавад, ки метавонад аз манофеи худ дар арсаи байналмилалӣ дифоъ кунад. Онҳо низ бовар доранд, ки “тақвияти равобит байни мардумони турк ба вежа дар заминаҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ метавонад ба тавсеаи минтақа кумак кунад. Аммо ин ҳамкорӣ бояд бар асоси эҳтироми мутақобил ва баробарӣ бошад”.

Бархе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ин ҳаракатҳо метавонад боиси таниш байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар бозигарони геополотикӣ монанди Русия ва Чин шавад. Яъне Маскав бо он пайвандҳои таърихие, ки бо Осиёи Марказӣ дорад, мумкин аст чунин таҳаррукотеро аз сӯи Эрдуғон чолише барои нуфузи худ ҳисобад. Дар айни ҳол, Чин низ ба вежа дар мавриди минтақаи худмухтори Шинҷони Уйғур, ки туркҳо низ дар он зиндагӣ мекунанд, ибрози нигаронӣ кардааст. Агар Туркия ба таври фаъол аз онҳо ҳимоят кунад, ин метавонад мушкилоти ҷадидеро барои Пекин эҷод кунад. Яъне ҷоҳталабиҳои Туркия дар чорчӯби “Турони бузург” ё “Туркистон”, ки кишварҳои ҷаҳони туркиро дар назар дорад, метавонад, манбае барои хатарҳои ҷадид бошад. Муаррихон мегӯянд, ки истилоҳи “Турон” ба вожаи “турк” ва турктаборон хурдтарин иртиботе надорад. Ва замон нишон хоҳад дод, ки кадом сенария иҷро мешавад, аммо аз қабл возеҳ аст, ки ҳамкорӣ ва гуфтугӯи минтақаӣ байни бозигарони калидӣ беш аз ҳар замони дигаре аҳамият пайдо мекунад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ монанди Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон бо як интихоби муҳим яъне тақвияти ҳамкорӣ бо Туркия ё ҳифзи сиёсати мутаодил байни бозигарони аслии ҷаҳонӣ монанди Русия ва Чин рӯ ба рӯ ҳастанд. То кунун вокуниши раҳбарони ин кишварҳо маҳдуд аст, аммо паёмадҳои баландмуддати ин сиёсатҳо метавонад қобили таваҷҷуҳ бошад. Дар воқеъ, ояндаи минтақа бастагӣ ба ин дорад, ки раҳбарони он тавонанд таодул байни нуфузи бозигарони хориҷӣ ва манофеи миллии худ роҳеро пайдо кунанд ва аз табдили Осиёи Марказӣ ба арсаи бозиҳои геополотикӣ ҷилавгирӣ шавад.

Пӯшида нест, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Эрон ва Туркия ҳамвора рақиби бузурги якдигар дар арсаи нуфуз дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ будаанд. Тарҳи иттиҳодияи кишварҳои форсизабон низ дар даҳаи 90 дар муқобили тарҳи иттиҳоди “ҷаҳони турк” матраҳ шуд. Аммо бо гузашти се даҳа, инак туркҳо дар роҳи ташкили тавсеаи Созмони туркӣ бахше аз чолишҳои геополотикиро пушти сар гузошта, ба сӯи камоли геополотикӣ гом гузоштаанд. Вале гуруҳе аз таҳлилгарон тарҳи Эронро барои тақвияти ҳамкориҳо ё зуҳури як қудрати рақиб барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ, хоса дар ҳавзаи кишварҳои форсизабонон ҳанӯз дар марҳалаиҷанин” медонанд. Яъне ҳалқаи нуфуз барои Эрон дар Осиёи Марказӣ, торафт тангтар шуда истодааст ва дар қиболи Созмони кишварҳои туркӣ чанд сенарияро пеши рӯ дорад, аз ҷумла пайгирии “сиёсати сукут” ва дигар пеш гирифтани сиёсати сад дар садии эҳтиёткорона. Ҳамзамон, ин мавзуъ танҳо ба кори Эрон маҳдуд нест, русҳо низ аз ин тараф мехоҳанд, тарҳи ҳамгироии Авруосиёро ривоҷ диҳанд ва ё Чин бо тарҳҳои бузурги иқтисодиаш бо ин раванд нақши худро барҷаста мекунад.

                          “НАТО-и туркӣ” ва  дасти болои Маскав дар ҳавзаи низомӣ

Тавре дар аввал зикр шуд, Созмон кишварҳои туркӣ бо меҳварияти Туркия ва Озарбойҷон фаъол аст. Ин ду кишвар ба думболи тақвияти равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаҳои дифоӣ ва амниятӣ ҳастанд. Тавофуқномаи ҳамкории низомӣ байни Туркия ва Ӯбекистон низ имзо шудааст ва равобити роҳбурдии Туркия ва Қазоқистон дар ҳавзаи амниятӣ низ дар ҳоли баррасӣ аст. Туркия дар ҳоли ҳозир силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон содир мекунад. Аз сӯи дигар тайи чанд моҳи ахир рафту омади мақомҳои аршади низомиву амниятӣ низ байни ин кишварҳо қобили таваҷҷуҳ будааст.

Чанд соли ахир дар доираи ҳамоишҳои Созмони кишварҳои туркӣ баҳси муҳиме, идома дорад ин эҷоди як иттиҳоди низомӣ аст, ки бархеҳо аз ин иттиҳоди низомӣ ба унвони як “НАТО”-и туркӣ ном мебаранд. Аммо ҳадафи Туркия аз пайгирии чунин баҳсе ин буд, ки аз ҷанбаи низомӣ ва амниятӣ низ сомонаи ҷадиди ҳарбӣ ба кишварҳои туркзабон диҳад, то битавонанд ба ҳамгироӣ наздиктар шаванд.

Қаблан дар нишасти Маҷмааи парлумонии Созмони кишварҳои туркӣ, Ҳоқон Фидан, вазири умури хориҷаи Туркия, ибтикори эҷоди системаи воҳиди низомӣ ва системаи дифоии муштаракро барои ҳамаи кишварҳои узви ин созмон матраҳ кард. Ва ин як гоми калидӣ дар тавсеаи Созмони кишварҳои туркӣ, арзёбӣ шуд. Ин амр вобастагии узви Созмони кишварҳои туркиро ба таъминкунандагони силоҳи ғарбӣ ва Русия коҳиш медиҳад ва бозорҳои ҷойгузинро барои маҳсулоти низомии Туркия бо стандартҳои истеҳсоли НАТО эҷод мекунад.

Дар ин росто лозим аст, афзоиши тавлиди худравҳои зиреҳӣ ва паҳподҳои стратегии Туркия дар Қазоқистон ва ҳамчунин барномаи фармондеҳони муҷтамеи низомӣ-саноатии Қазоқистонро барои тавлиди гулӯлаҳои 155 милиметра ба ёд оварем. Туркия ҳамчунин ба унвони яке аз аъзои НАТО, фурӯши аслиҳа ба минтақаро афзоиш додааст аз ҷумла ба кишварҳое, ки узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии таҳти нуфузи Маскав ҳастанд.

Соли ҷорӣ Озарбойҷон ва Қазоқистон санади ҳамкориеро дар ҳавзаи низомӣ имзо карданд, ки ба баргузории размоишҳои ҳарбӣ бидуни ҷалби Русия ва Эрон сурат гирифт. Инчунин, тобистони соли 2022, Қазоқистон дар ҷараёни сафари Тоқаев ба Анкара тавофуқномаи мушобеҳеро дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ бо Туркия имзо кард. Пас аз барқарории равобити муттаҳидонаи низомӣ байни Анкара ва Боку, ҳоло замина барои “НАТО-и туркӣ” гузошта шудааст.

Қирғизистон ҳам қаблан пойгоҳи ҳавоии паҳподҳои низомии бидуни сарнишинро муштаракан бо мутахассисони турк сохт. Туркия ҳамчунин дер боз шарики омӯзиши мудифиавии неруҳои мусаллаҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ҳимояти аввали равшани Туркия аз Озарбойҷон дар қазияи Қарабоғ ва дувум аз Қирғизистон барои муноқиша бар сари ҳудудҳои марзӣ бо Тоҷикистон аз ҷоҳталабиҳои ин кишвар ва тақвияти нуфузаш дар соири кишварҳои туркзбон ҳикоят дорад. Онҳо таъсиси як артиши воҳидро миёни кишварҳои туркзабон зери як чатр муҳим медонанд. Ва бо дағдағаҳои Эрдуғон як навъ талоше барои тақвияти равобити ҳамгироёна дар чорчӯби Созмони кишварҳои туркӣ анҷом шуда истодааст, то Тоҷикистон яке аз кишварҳои дигари калидии Осиёи Марказӣ, ки дар ҳошия мондааст ба тадриҷ ба мадори “ҷаҳони турк” кашида шавад. Ин дар ҳолест дар ҳавзаи амниятӣ, нуфузи Русия шикастнопазир аст.

Созмон Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки шомили Русия низ мешавад, кафолатҳои амниятиро ба кишварҳои минтақа медиҳад, ки Туркия ба содагӣ қодир ба ироаи онҳо нест. Яъне вобаста ба шароити сахти геополитикӣ ва бесуботӣ дар ҳамсояи Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ тарафи Русияро ба унвони зомини калидии суботи минтақа медонанд. Бо ин ҳол, равобити амиқи иқтисодӣ, зерсохтӣ ва низомиву сиёсӣ бо Русия ҳамчунон нақши таъйинкунанда барои минтақа ифо мекунад.

Ахиран, натоиҷи иҷлоси гузашта дар Бишкек ва ҳамчунин чашмандозҳои тавсеаи созмони туркӣ дар як мизи гирд тавассути Маркази ибтикороти коршиносии «Ой Ордо» маврид баҳс қарор гирифт. Мурат Бейшенов, коршиноси масоили амниятӣ, мушовири Вазорати мудофиаи Қирғизистон гуфт, ки аҳамият ин созмон бо вуҷуди таърихи он бо фарматҳои байналмилалӣ монанди “Шанхай” ё “БРИКС” қобили муқоиса ва эътибори махсус нест.

“Вазн ва аҳамияти Созмони кишварҳои туркӣ, сарфи назар аз таърихи тӯлонии он, то ҳол бо нуфузи чунин форматҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Ҳамкории Шанхай ё БРИКС  тавре мебинем, дар вақтҳои охир суръати хеле ҷиддиро касб карда истодааст, муқоиса карда намешавад. Асоси муттаҳидшавии давлатҳои туркӣ, вижагӣ  ё мансубияти қавмӣ дорад. Ва ин барои баргузории рӯйдодҳои фарҳангӣ-инсонӣ, монанди бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён, бад нест. Ҳоло масоили гузариш ба алифбо ва иқтисоди сабз матраҳ мешавад. Албатта метавон дар бораи ҳамаи инҳо баҳс кард. Аз назари ҷуғрофиёӣ, иқтисодӣ ва дар дигар заминаҳо, мо аз якдигар фосила дорем. Ба унвони мисол, Туркия узви НАТО аст, дар ҳоле, ки Қирғизистон узви Созмони Паймон Амнияти Дастҷамъӣ ва Иттиҳодия иқтисоди Авруосиё аст. Ба назари ман, набояд монеи тавсеаи Созмони ҳамкории туркӣ шуд, аммо наметавон гуфт, ки ин созмон ба таври қобили таваҷҷуҳе густариш хоҳад ёфт. Туркманистон бо эҳтиёт ба ин созмон нигоҳ мекунад. Ман мебинам, ки нигоҳи Қазоқистон низ ахиран нисбат ба он сард шудааст, - ишора кард Бейшенов.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки бо вуҷуди узвият дар Созмони кишварҳои туркӣ, Қирғизистон ҳанӯз ҳам дар фаъолитҳои сиёсати хориҷии худ ба Чин, Русия ва ИМА муттакӣ аст.

Ҷаҳони турк” пайи тақвияти ҳувиятталабии фаромиллӣ

Дар ҳоли дахолати бештари Туркия барои нуфуз дар кишварҳои минтақа, ояндаи наздик метавон интизори ташдиди рақобат байни  Маскаву Анкара ба вежа дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ шуд.

Гуфта мешавад, аввалин бор пешниҳоди таъсиси шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабонро Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон дар нишасти Анталия дар соли 2006 матраҳ кардааст. Бо истифода аз ин мавқеиятҳо, ҷониби  Қазоқистон аз гузашта мехост, ки аз як мавқеияти геостратегӣ дар Осиёи Марказӣ бархӯрдор бошад ва ин фурсатро ба унвони як қудрати минтақаии навзуҳур муаррифӣ намояд. Аммо муддате Ӯзбекистон дар замони Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини ин кишвар дар нишасти сарони кишварҳои туркзабон ширкат надошт ва аз пайвастан ба ҳамгироӣ худдорӣ мекард ва он ҳам бо далели амалкарди Туркия дар маҳкумияти Тошканд дар СММ барои ҳаводиси Андиҷон (майи соли 2005) ба шиддат нороҳат буд. Аз сӯи дигар, он гуна, ки коршиносон таҳлил мекунанд, худхоҳии Каримов ба ӯ иҷоза намедод, ки аз ибтикори амали рақиби худ Назарбоев дар табдили Қазоқистон ба як қудрати минтақа пуштибонӣ кунад. Маъмулан ин рақобати геополотикӣ дар тамоми созмонҳо ё иттиҳодияҳо байни қудратҳо яксон ё бо каме тафовут дида мешавад.

Бо вуҷуди дур будани Туркия аз марзҳои Осиёи Марказӣ ин кишвар тавонистааст аз лиҳози иқтисодӣ ва фарҳангӣ нуфузи чашмгире дар ин минтақа дошта бошад, дар ҳоле ки, ки Эрон бо доштан ҳазорон километр марзи муштараки заминӣ ва обӣ натавонист аз мавқеияти таърихии худ истифода кунад. Аммо солҳои ахир сармоягузории Туркия дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дучанд шуда, ин кишвар бо истифода аз пайвандҳои фарҳангӣ тавонистааст дар муқоиса бо Эрон дар минтақаи Осиёи Марказӣ сиёсати фаъолтареро пеш гирад.

Ба назари коршиносон, Туркия бо идомаи ҳамоиши “Созмони кишварҳои туркзабон” мекӯшад, ки ҷойи Русияро дар ин минтақа гирад. Аммо расонаҳои Русия вобаста ба нақши Туркия дар  Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҷониби Анкараро ба унвони табдил шудани як рақиби сарсахт дар ҳаёти хилвати ҷуғрофиёи сиёсии Маскав медонанд. Ин созмон монанди як локомотиви қудратманд аст, ки муддатҳост суръат гирифтааст, аммо акнун бо қудрат ва суръати боварнокарданӣ пеш меравад. Дар маркази ин раванд Анкара қарор дорад. Қазоқистон ва Туркманистон аз тавлидкунандагони нафту газ дар минтақа бо Туркия машғули ҳамкорӣ ҳастанд, то як масири содироти энергияи ҷойгузинро барои давр задани Русия густариш диҳанд. Соири кишварҳо аз ҷумла Ӯзбекистон, аз Анкара хостаанд сармоягузорӣ ва тиҷорат бо ин кишварро тавсеа диҳад. Остона ҳамчунин чанд сол пеш тавофуқномаи марбут ба эҷоди як долони содаи гумрукӣ барои аъзои Созмони кишварҳои туркиро тасвиб кард. Ин тасмим барои рушди додугирифти молу коло ва ҳамлу нақл байни кишварҳои узв (Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Ӯзбекистон) тарроҳӣ шудааст.

Яке дигар аз гомҳо ҷиҳати эҷоди фазои иқтисодии воҳиди туркзабонҳо эҷоди бренди “Мade in turan” (сохти Турон) ба ибтикори Озарбойҷон буд. Ин бренд барои якпорчасозии барномаҳои тиҷоратии “ҷаҳони турк” тарроҳӣ шудааст. Яъне барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо эҷоди фазои воҳиди иқтисодии “Турони бузург” дар бозори байналмилалӣ мебошад. Анкара дар музокира бо Туркманистон, кишвари ҳошияи баҳри Хазар, ки чаҳорумин захоири гази табиии ҷаҳонро дорад, интиқоли гази табиӣ аз Осиёи Марказӣ ба Аврупоро эҳё кард. Анкара ба Ашқобод гуфтааст, ки “омодааст гази табиии Туркманистонро ба Аврупо бирасонад”. Ин дар ҳолест, ҳоло гази Туркманистон ба Русия ва Чин содир мешавад. Баҳсҳо дар мавриди ирсоли газ аз Туркманистон ба Озарбойҷон ва аз тариқи хатти лӯлаи гази ҷанубӣ ва ба воситаи Туркия ба ҷанубу шарқи Авруосиё вуҷуд дорад. Туркия пештар бар рӯйи сохти як фурудгоҳи байналмилалӣ дар пойтахти Туркманистон ва ҳамчунин бозсозии бандари Туркаманбошӣ сармоягузорӣ карда буд. Ҳамзамон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон низ молики фурудгоҳҳои ҷадид шуда буд. Туркия ба вузӯҳ ва ба сурати мустақим Русияро дар ҳавзаҳое монанди мудофиа ва энержӣ, ки Маскав ошкоро дар он бартарӣ дорад, ба чолиш мекашад. Яъне кишварҳои туркзабон ҳам ба навъе талош доранд, то нафту гази худро ба Туркия ва фаротар аз он ба Аврупо фурӯхта ба ин васила, султаи Русияро бар иқтисоди кишварҳояшон ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш диҳанд.

Созмони кишварҳои туркӣ 12 ноябри соли 2021 номи худро аз “Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон” ба “Созмони давлатҳои туркӣ”иваз кард, ки 3 октябри соли 2009 таъсис ёфтааст ва воқеан як василаи сиёсати хориҷии Туркия мебошад, ки ҳадафу барномаҳои қтисодии худро амалӣ мекунад. Ба ин созмон панҷ кишвари туркзабон - ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Ӯзбекистон ба унвони кишварҳои узви расмӣ ва Маҷористон, Туркманистон, Ҷумҳури туркии Қибриси шимолӣ ба унвони аъзои нозир аст. 15 кишвари дигар аз ҷумла Қатар, Афғонистон, Украина ва Покистон дархости узвияти нозир дар ин созмонро доранд. Бар асоси натоиҷи ин рӯйдоди сиёсӣ, раёсати созмони мазкур дар соли 2025 аз Қазоқистон ба Қирғизистон гузашт.

Дар ҳар сурат, тамоюли Туркия бештар барои қувват бахшидан ба мафҳумҳое чунҷаҳони турк” дар қолаби Созмони давлатҳои туркзабон талоше барои тақвияти ҳувиятталабии фаромиллӣ дар сиёсати хориҷии Анкара қаламдод мешавад, ки ин масъала бахши дигаре аз барномаҳои баландпарвозонаи ҷаноби Эрдуғон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед