
Арабистон калиди ҳалли муноқишот: Риёз думболи дастёбӣ ба “муомилаи бузург”?
Нашр шуд
Соли дувум аст, ки роҳбарони Арабистон талош доранд, то ба унвони як қудрати калидӣ дар Ховари Миёна амал карда, худро дар созмондеҳии муттаҳидони фаластинӣ нишон диҳанд. Ба ин манзур моҳи ноябр, Риёз мизбони дувумин иҷлоси изтирории муштараки кишварҳои исломӣ ва арабӣ дар мавриди таҷовузи Исроил дар Ғазза буд, ки намояндагони беш аз 50 кишвари гирди ҳам омада, хостори эҷоди давлати Фаластин шуданд.
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон дар оғози ин ҳамоиш амалиёти Исроил дар Ғаззаро “наслкушӣ” хонд ва хоҳони оташбаси фаврӣ дар Ғазза ва Лубнон шуд. Ӯ афзуд: “ҷомеаи байналмилалӣ бояд фавран иқдомоти Исроил алайҳи бародарони мо дар Фаластин ва Лубнонро мутаваққиф кунад. Саудӣ таҷовузотро маҳкум мекунад ва аз дастёбии мардуми Фаластин ба тамоми ҳуқуқи худ ҳимоят мекунад”.
Валиаҳди Саудӣ гуфт, ки ҷилавгирӣ аз расонидани кумакҳои тиббию башарӣ дар хоки Фаластин ва монеътарошии Исроил дар масири фаъолияти созмонҳои имдодрасонро маҳкум карда, гуфт ки исрори Исроил барои таҷовузоташ алайҳи мардуми Фаластин монеае бар сари роҳи талошҳои сулҳ аст. Ӯ бори дигар мухолифаташро бар кушторҳои дастҷамъӣ, ки Исроил алайҳи мардуми Фаластин муртакиб мешавад, эълом кард, ки “мо бар лузуми идомаи талошҳои муштарак барои ташкили кишвари Фаластин бо марзҳои соли 1967 бо пойтахти Қудси Шарқӣ таъкид мекунем. Мо амалиёти низомиро, ки хоки Лубнонро ҳадаф қарор медиҳад маҳкум мекунем ва мухолифи нақзи ҳокимияти ин кишвар ҳастем”.
Нигарониҳо дар ҳоле боло мегирад, ки аз 7-уми октябри соли 2023 то инҷониб дар натиҷаи таҷовузи Исроил ба Ғазза беш аз 44 ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта ва наздики 105 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд. Дар Лубнон шумори кушташудагон ба 3754 нафар расида, 15 ҳазору 626 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Риёз дар воқеъ, тайи моҳҳои гузашта, барои пайгирӣ ва ташдиди талошҳо ба манзури эҷоди як давлат Фаластин, маҷмуае аз эътилофҳо ва иттиҳодҳои чандҷонибаи ҷадидро бо соири кишварҳо барқарор кардааст. Яъне, Саудӣ бо ба ҳам овардани кишварҳои исломӣ ва арабӣ дар Риёз худро ба унвони бозигари мавриди қабули дигар бозигарони минтақаӣ муаррифӣ кард, мавқеияте, ки Эрон ва Исроил, ҳеҷ кадом аз он бархӯрдор нестанд.
Дар ин ҳамоиш Башор Асад, раисҷумҳури Сурия бо лаҳни шадид суханронӣ намуда, гуфт, ки авлавияти Димишқ, таваққуфи “наслкушӣ ва поксозии нажодӣ” дар Фаластин ва Лубнон аст. Ӯ афзуд, ки аз таҷовузи Исроил беш аз як сол мегузарад ва ҳанӯз ҳам ин ҷиноят идома дорад. Ва созукорҳо дар наҳваи бархӯрд бо ишғолгарони исроилӣ бояд тағйир кунад. Вай афзуд: “мо бо як давлат ба маънои ҳуқуқи он рӯ ба рӯ нестем, балки бо як мавҷудияти истеъморӣ мувоҷеҳем. Исроил мекушад ва мо аъроб фақат ҳарф мезанем. Мо ба онҳо сулҳ тақдим мекунем, вале аз он сӯ хун бардошт мекунем”.
Ин дар ҳолест, ба тозагӣ додрасҳои Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дастури боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир ва Йоав Галант, вазири собиқи дифои Исроилро содир карданд. Ҳукми боздошти ин ду исроилӣ, барои ҷиноят алайҳи башарият ва ҷиноятҳои ҷангии онҳо дар Ғазза, содир шуда, 124 кишвари узви Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро водор мекунад, то барои иҷрои он ва боздошти Нетаняҳу ва Галлант бетафовут набошанд.
Бояд гуфт, моҳи сентябри соли равон ҳам Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо тасвиби қатъномае аз Исроил хост, то муддати як сол ба ҳузури ғайриқонунии худ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин хотима диҳад. Дар ин нишаст, аз байни 193-узви CММ, 124 кишвар ба ин қатънома раъйи мусбат, 14 узв раъй манфӣ дода, 43 кишвар бетараф монданд. Дар миёни мухолифони қатънома, Амрико наздиктарин муттаҳиди Исроил ҳузур дорад. Созмони милал ҳамчунин хостори баргардонидани замин ва дигар молу мулки ғайриманқул ва тамоми дороиҳое, ки аз оғози ишғол дар соли 1967 ба ҳабс гирифта шудаанд, тамоми дороиҳои фарҳангии гирифташуда аз фаластиниён ва ниҳодҳои фаластинӣ шудааст. Дар ин қатънома аъзои Маҷмаи умумии СММ аз Исроил хостаанд, ба ҳамаи фаластиниҳо, ки дар замони ишғол овора шуда буданд, иҷоза диҳад ба макони аслии худ баргарданд ва хисороти расида аз ишғолро ба онҳо бипардозад.
Ин нуктаро валиаҳди Саудӣ ҳам дар ҳамоиши қаблии изтирории муштараки кишварҳои исломӣ ва арабӣ таъкид кард ва ҷанги ҷорӣ дар Ғаззаро шикасти Шӯрои амнияти СММ хонду гуфт, ки “эътои ҳуқуқи қонунӣ ба фаластиниҳо танҳо роҳи дастёбӣ ба сулҳ дар минтақа аст. Ва поён додан ба вазъияти ногувори Ғазза ниёзманди талошҳои дастаҷамъии мо аст”.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳам зимни суханронӣ дар иҷлоси Риёз вазъ дар навори Ғаззаи Фаластинро нигаронкунанда хонда, бо изҳори таассуф таъкид кард, ки талошҳои Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт самара намедиҳад. Яъне Шӯрои амнияти ин ниҳоди бонуфуз бо сабаби ихтилофи назар ҳатто дар робита ба қабули як қатъномае, ки ҳифзи ҷони аҳолии осоиштаро дар назар дорад, ба мавқеи ягона омада наметавонад. Ва даргириву хунрезиҳо ба авҷи худ расида, иқдоми ҷиддиву таъсирбахш барои хатми низоъ ба мушоҳида намерасад.
Дар поёни иҷлоси Риёз баёнияе содир шуд ва тайи он бар ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Фаластин аз ҷумла ҳаққи бархурдорӣ аз озодӣ ва кишвари мустақил ва дорои ҳокимият дар марзҳои чаҳоруми январи соли 1967 ба пойтахти Байтулмуқаддаси Шарқӣ таъкид карданд.
Аммо, мунтақидони ин ҳамоиши муштаракаи арабӣ-исломӣ гуфтанд, он чи дар баёнияи поёни нишаст омадааст, нишон медиҳад, ки гӯё содиркунандагони он кореро ҷуз изҳори маҳкумият ва дархосту интизориҳо наметавонанд, анҷом диҳанд.
Масиб Наимӣ, коршиноси масоили Ховари Миёна дар гуфтугӯ бо хабаргузории “tavano”, дар мавриди нишасти изтирории Созмони ҳамкории исломӣ ва иттиҳодияи араб гуфт, ки ин нишаст аслан барои мутаваққиф кардани куштори ҷамъии режими Исроил дар Лубнон ва Ғазза сурат гирифт, вале барои қатъи ҷиноёти Исроил иқдоми амалӣ рӯи даст нагирифтанд: “Вақте кишварҳои исломӣва арабӣ дар қиболи Фаластин ва Лубнон фақат бо судури қатънома басанда кунанд, ин нишаст таъсири чандоне нахоҳад дошт. Кишварҳои арабӣ иқдомоти аввалия аз ҷумла қатъи иртиботи комил бо режими Исроил ва монеъ аз ирсоли таҷҳизот ва имконот ба ин режем шаванд қатъан метавонад таъсири басазои бар раванди ҷанги Ғазза ва Лубнон дошта бошад”.
Муҳаммад Алӣ ал-Ҳусӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман дар изҳороте ба шабакаи “ал-Масира”-и Яман таъкид кард, ки кишварҳои арабии ширкаткунанда дар нишасти Риёз фақат бар иҷрои қатъномаҳои байналмилалӣ таъкид карданд: “Кишварҳои арабӣ, ки дар нишасти Риёз ширкат карданд, ҳадди ақал бояд Исроилро ба феҳристи терроризми худ изофа мекарданд. Кишварҳои арабӣ фақат бар қатъномаҳои байналмилалӣ таъкид мекунанд, аммо барои иҷрои он иқдоме намекунанд. Баёния нишасти Риёз хостори барқарори оташбас шудааст бидуни ин ки хостори муҷозоти режеми саҳюнистӣ ба хотир ҷиноятҳои худ дар навор Ғазза ва Лубнон шавад”. Ӯ дар идома гуфтааст, кишварҳои арабӣ ҷониби Амрикоро ба унвони шарики аслии наслкушӣ ва ҷиноятҳои режеми Исроил дар навори Ғаззаро нодида гирифтааст.
Дар робита ба кофӣ набудани маҳкумияти кишварҳои исломӣ ва арабӣ, ҳатто Шӯрои амнияти СММ ба иқдомоти ҷангии Исроил, таҳлилгари масоили сиёсӣ Амриддин Шарипов мегӯяд, ки воқеан чунин ҳамоишҳо ва на ҷасалаҳои СММ натавониста истодааст ба миллати мазлуми Фаластин ва таваққуфи бомбаборонкунии артиши Исроил дар навори Ғазза ва Лубнон кумак намояд.
Дар ҳар сурат, ҳолдонҳо мегӯянд, ки иҷлоси Риёз занги ҳушдори ҷадиде ба ҷомеаи байналамллӣ ва паёми қавӣ ба Амрико перомуни ҳимояти кӯркӯронаи онҳо аз Исроил буда, даврони ҷадидеро пайрезӣ хоҳад кард. Ҳарчанд ҳузури қудратҳои исломӣ ва арабӣ дар чунин як ҳамоишҳои байналмилалӣ, ки бояд таъсиргузор бошад, нишон дод, ки як мавзеи ягонаву воҳид дар байнашон вуҷуд надорад. Яъне, болотарин сатҳи ҳамбстагиро (дар масъалаи Фаластин) нишон намедиҳанд.“Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, хоса ИМА зери таъсири як гуруҳи лобии яҳудӣ ва шабкаҳои молиявии ҷаҳонии онҳо қарор дошта, дар рақобат бо якдигар намехоҳанд, ки зидди ҳам баромад кунанд. Чанде пеш дар Амрико маъракаи интихоботи президентӣ доир гардид ва ҳар як номзад мехост, ки аз мавқеи сармоядорони яҳудӣ пуштибонӣ карда, аз раъйи онҳо бенасиб намонанд. Ва кишварҳое, ки амалан дар қазияи Фаластин нисбат ба Исроил коре аз дасташон намеояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки пушти Тел-авив ИМА бо мавқеъгирии рушанаш истодааст. Ҳарчанд Исроил, ки худ дар заминаи қатъномаи СММ арзи ҳастӣ намудааст, вале мебинем, имрӯз қарорҳои ин ниҳоди муътабари ҷаҳониро иҷро намекунад. Ва то оғози буҳрони нав, яъне як бархӯрди низомии Исроил бо Фаластин ва марҳилаи нави низоъ дар Лубнон чандин қатнъномаи СММ-ро сарфи назар кардааст. Ва бо назардошти ин, СММ ҳам ягон абзор ва ё фишанги таъсиррасонии дигар надорад. Ба ҳамин хотир, Исроил дасташ дар наслкушии мардуми Фаластин ва Лубнон боз аст ва ягон омили таъсиррасон наметавонад пеши роҳи онҳоро гирад”,-афзуд А.Шарипов.
Гуруҳе аз нозирони байналмилалӣ бар он боваранд, ки Арабистон аз як сӯ мехоҳад бо дурӣ аз оташдони муноқишот ва ҷанҷолҳои бузурги минтақаӣ, қудрати бартар дар Ховари Миёна, раҳбари кишварҳои мусулмон бошад ва аз сӯи дигар, бо паймони Иброҳимӣ ва робита бо Исроил ва ахиран бо Эрон, “ҳам Худоро бихоҳад ва ҳам хурморо”.
Нашрияи “Foreign Affairs” дар гузорише ин наҳваи таомули чандҷонибаи Арабистон бо Амрико, Эрон ва Исроилро зери заррабин бурда, чигунагии таъсири чунин равобит бар тақвияти субот ва тағйири муодилот дар минтақаро баррасӣ кардааст.
Фарзиёти Исроил нисбат ба равобити Риёз ва Теҳрон нодуруст баромад
Дар гузориши ин нашрия омадааст, ки Исроил интизор дошт бо нишон додани қудрати низомӣ ва иттилоотии худ, ҳатто дар сурати ташдиди муноқиша ва густариши даргириҳо бо Эрон дар минтақа, кишварҳои арабии Халиҷи Форсро ба худ наздиктар кунад, хосте, ки зоҳиран мутобиқ бо воқеият имрӯза нест. Ҷониби Исроил дар даҳаи гузашта, ба вежа аз замон имзои тавофуқномаи Иброҳимӣ дар соли 2020 бар ин бовар будааст, ки бо қудрати низомӣ, иттилоотӣ ва фановарии худ метавонад, муттаҳидонашро миёни кишварҳои арабӣ ба даст орад. Ва бо миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳида ба созишҳои Иброҳимӣ Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Марокаш ва Судон ҳамроҳ шуданд. Мақомоти исроилӣ дар моҳҳои ахир низ ба ин бовар расидаанд, ки ташдиди танишҳо метавонад таодули минтақаиро ба нафъи онҳо тағйир дода, як ҷанги густурдатар байни Исроил ва Эрон ва нируҳои ниёбатии ин кишвар метавонад кишварҳои арабӣ, ба вежа Саудиро водор кунад, ки дар ниҳоят ба таври комил ба самти исроилиҳо пайванданд. Яъне раҳбарони Исроил бар ин бовар буданд, ки агар ҷанги васеъмиқёс дар Ховари Миёна рух диҳад, вокунишҳои Эрон ва ниёбатиҳои ин кишвар ба таҳрикоти Исроил, осебпазириро, ки миёни кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва Эрон барқарор шудааст, заиф хоҳад кард ва ин амр кишварҳои арабӣ ба вежа Арабистонро ба замонатҳои амниятии аслитарин муттаҳиди Исроил яъне Иёлоти муттаҳида, вобаста мекунад. Режими Нетаняҳу ҳатто мухолифати раҳбарони араб ба амалиёти низомии неруҳои исроилӣ дар Ғазза ва талошҳои дипломатии ин кишварҳо барои ҳимоят аз фаластиниҳоро ҷиддӣ надониста, муътақид будаанд, ки ин кишварҳо танҳо ба манофеи худ меандешанд. Бинобар ин, ташдиди танишҳо аз сӯи Исроил таъйидкунандаи ин нукта буд, ки Эрон таҳдиди аслӣ барои ҳамсоягони араб аст ва ин мавзуъ кишварҳои Халиҷи Форсро ночор хоҳад кард, ки равобити худро бо Исроил наздиктар кунанд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир Исроил, ин муҳосиботро ба таври ошкор дар суханронии моҳи сентябри худ дар Созмони Милали Муттаҳид матраҳ кард ва аз кишварҳои Халиҷи Форс ба унвони “шарикони араб”-и Исроил дар роҳи расидан ба сулҳ ном бурд. Нахуствазири Исроил дар ин хусус аз Арабистони Саудӣ хост, ки барои муқобила бо “нақшаҳои даҳшатноки Эрон” бо кишвараш ҳампаймон шавад. Аммо фарзиёти Исроил он чунон, ки Тел-авив тасаввур дошт, то кунун пеш нарафтаст. Ҷанги Исроил дар Ғазза ва густариши он дар минтақа, Арабистони Саудӣ ва Эронро ба ҳам наздиктар кардааст. Яъне ин ҷанг дар сарзамини Фаластин ва Лубнон ба чунин муҳосиботи режими Исроил нуқта гузошта, Тел-авивро ба бунбасти минтақавӣ ва вобастагиашро аз Иёлоти муттаҳида, рақиби асосии геополитикии Эрон бештар хоҳад кард.
Амалиётҳои низомии Исроил, дар воқеъ бархе аз душманони Арабистони Саудӣ монанди Ҳусиҳо дар Яман ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнонро ҳадаф қарор додааст, аммо чашмандози як ҷанги ҳамаҷониба дар Ховари Миёна ва тасаллути Исроил бар минтақа, Саудиро дар ҳолати таҳоҷумӣ қарор додааст. Риёз ба таври фаъол муҷаддадан ба ормони давлати Фаластин мутааҳҳид шуда, талош кардааст, то гузинаҳои стратегии худро боз нигаҳ дорад ва ҳамзамон бо Эрон ва Чин таомул дошта бошад. Саудӣ солҳост барои эҳёи равобит бо Эрон талош мекунад ва ҳатто моҳи марти соли 2023 бо миёнҷигарии Чин бо Теҳрон ба тавофуқ даст ёфт, аммо мақомоти исроилӣ ҳамеша нисбат ба ҷиддӣ будани ин иқдомот аз сӯи Риёз шубҳа доштаанд. Аммо наздикии Арабистону Эрон барои муттаҳиди аслии Исроил дар Ховари Миёна - ИМА чандон хабари хуб нест. Илова бар ин, мақомоти амрикоӣ солҳо барои одисозии равобит байни Исроил ва Саудӣ талош кардаанд.
Ҳарчанд Доналд Трамп, раисҷмҳури мунтахаби ИМА, мумкин аст, одисозии равобит байни Арабистон ва Исроилро бар асоси улгуи тавофуқҳои Иброҳимӣ думбол кунад, аммо ба назар мерасад, ки Саудӣ ба воситаи рӯйкарди ҷадидаш бо пешбурди як роҳҳали дудавлатӣ, қабл аз одисозӣ, муқобили ин фишор хоҳад истод. Чунин рӯйкард мумкин аст, Трампро ноумед кунад, аммо Иёлоти муттаҳида бояд аз чунин талоше аз ҷониб Арабистон истиқбол кунад, зеро роҳе барои поён додан ба даргирӣ аст, ки дар ҳоли ҳозир минтақаро фаро гирифтааст.
Гуфта мешавад, намоиши қудрати низомии Исроил се ҳадафи аслиро ба думбол дошт. Якум нотавонсозии Эрон ва нируҳои ниёбтиаш, дуюм тақвияти ҷойгоҳи Исроил ба унвони муттаҳиде барои соири кишварҳои ҳамсоя ва сеюм водор кардани Саудӣ ба одисози равобити дипломатӣ бо Исроил бо таъкид бар вобастагии амнияти Риёз ба Вашингтон. Ва мақомоти исроилӣ умедвор буданд, ки афзоиши ноамнии минтақа метавонад, Арабистонро таҳти фишор қарор диҳад, то бештар ба замонатҳои амниятии ИМА вобаста шавад.
Дар навбати худ, сиёсатҳои чандсӯяи Арабистони Саудӣ дар пайи густариши даргириҳо дар минтақа бо хатари шикаст мувоҷеҳ шуд ва ин кишвар масири худро тағйир дод. Шиддати амалиёти Исроил дар Ғазза ва ҳамалоти ин кишвар ба Лубнон, ҳамроҳ бо рӯёрӯии тозаи низомӣ миёни Эрон ва Исроил дар моҳҳои сентябр ва октябр, нишон дод, ки ИМА қодир ба маҳори Исроил нест ва ё тамоюл барои ин кор надорад. Ин ташдиди таниш аз азми Исроил барои истифода аз қудрати низомӣ ба манзури таҳмили бартарии худ дар минтақа ва намоён кардани бештари осебпазириҳои амниятии Арабистони Саудӣ ҳикоят дошт ва сабаб шуд, то гузинаҳои стратегии Риёз маҳдудтар шавад. Ин кишвар аз моҳи сентябр талош кард, дипломатияи ором ва пушти пардаи худро ба интиқоди ошкоро ва қотеъонатар аз Исроил ва низ ҳимоят аз ташкили давлати Фаластин табдил кунад. Раҳбарони Саудӣ нишон доданд, ки моил нестанд худро даргири як иттиҳоди инҳисорӣ бо Амрико ва Исроил кунанд, ки монеъ ба эҷоди иттиҳодҳои дигар мешавад.
Ба назар мерасад, ки Арабистон дигар камтар ба ИМА такя мекунад ва бо тақвияти равобити худ бо Чин ва афзоиши гуфтугӯҳои амниятӣ бо Эрон, ба таомулот ва иттиҳодҳои худ як навъ дигаргунӣ бахшидааст. Масъалаи давлати Фаластин дигар наметавонд нодида гирифта шавад. Ин мавзуъ наметавонад танҳо аз тариқи як муомила байни Исроил ва кишварҳои Халиҷи Форс амалӣ шавад. Балки ба як масъалаи ҷаҳонӣ табдил шудааст, ки Арабистони Саудӣ талош дорад, то раҳбарии онро бар уҳда гирад ва кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Эрон низ аз он ҳимоят мекунанд.Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон моҳи сентябр дар ҷараёни як нутқи калидӣ дар нишасти солонаи маҷлиси Шӯрои машваратии кишвараш, ниҳоде, ки ба подшоҳи Саудӣ мушовира медиҳад, сареҳан эълом кард, ки одисозии равобит бо Исроил машрут ба ташкили як давлати мустақили Фаластин хоҳад буд. Ӯ гуфт, Риёз, то замоне, ки як давлати Фаластин ташкил нашавад, равобити дипломатӣ бо Исроил барқарор нахоҳад кард. Бин Салмон Исроилро ба “иртикоби ҷиноят алайҳи Фаластиниён” муттаҳам кард. Ва бо таъкид бар сиёсатҳои Саудӣ дар хусуси муноқишаи Ховари Миёна афзуд: “подшоҳии Арабистон талошҳои бевақфаи худро ба манзури эҷоди як давлати мустақили Фаластин бо пойтахти Байтулмуқаддаси Шарқӣ идома хоҳад дод ва бар ин нукта таъкид мекунем, ки Арабистон, то замони таҳаққуқи ин ҳадаф, равобити дипломатӣ бо Исроил барқарор нахоҳад кард”.
Мавзӯи ташкили давлати Фаластин ҳамчунин ба эҷоди сатҳи бесобиқа аз ҳамоҳангӣ байни кишварҳои Халиҷи Форс, аз ҷумла Саудӣ ва Эрон сабаб шудааст.
Доҳа дар авоили моҳи октябри соли равон мизбони Масъуд Пизишкиён, раисҷмҳури ҷадиди Эрон дар иҷлоси сарони маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё буд, ҷое, ки раҳбарони кишварҳои Шӯрои ҳамкори Халиҷ Форс, зимни таъкид бар ҳамбастагии бештар бо Фаластиниён, таҷовузоти Исроилро маҳкум карданд. Дар ҳамон рӯз, Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс як нишасти ғайрирасмӣ ва муштарак дар сатҳи вузаро бо Эрон баргузор кард, ки аввалин намуна аз навъи худ дар беш аз 17 сол ахир буд. Дар ин нишаст, ширкаткунандагон бар адами тамоюли кишварҳои Халиҷ Форс барои истифода аз қаламрав ва ҳарими ҳавоии худ барои ҳамла ба Эрон таъкид карданд.
Ин дар ҳолест, Исроил ба ин умед баста буд, ки шиддати танишҳо метавонад тавозуни қудрати минтақаиро ба нафъи ин кишвар тағйир диҳад. Мақомоти исроилӣ бар ин бовар буданд, ки Иёлоти муттаҳида дар ниҳоят ба ин динамика кашида хоҳад шуд ва дар натиҷа, Эрон заиф мешавад.
Назарҳои дигар ҳам ҳаст, ки ҳоло кишварҳои арабӣ умедворанд, равобити наздики Муҳаммад бин Салмон бо Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби ИМА метавонад, ҳимояти шадид аз Исроилро коҳиш диҳад. Яъне, Риёз метавонад бо истифода аз равобити шахсии валиаҳди Саудӣ бо Трамп, иштиҳои раисҷумҳури ҷадидро барои муомилоти молӣ ва тамоюли ӯ барои дастёби ба як “муомилаи бузург” барои одисози равобит байни Арабистон ва Исроил, сиёсати давлати ояндаи Амрико дар минтақаро “ислоҳ” кунад. Ва валиаҳди Саудӣ метавонад ба шиддат бар наҳваи бархӯрди Трамп бо Ғазза ва Фаластин таъсиргузор бошад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед