Ru  | Tj
Афзоиши дӯстони Маскав: Гасумянов гуфт, чӣ нерӯе кишварҳою халқҳоро ба ҳамгироӣ бо Русия ҷалб мекунад
Афзоиши дӯстони Маскав: Гасумянов гуфт, чӣ нерӯе кишварҳою халқҳоро ба ҳамгироӣ бо Русия ҷалб мекунад
Акс: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Афзоиши дӯстони Маскав: Гасумянов гуфт, чӣ нерӯе кишварҳою халқҳоро ба ҳамгироӣ бо Русия ҷалб мекунад

Нашр шуд

Начандон пеш дар шаҳри Маскав таҳти сарпарастии Пажуҳишгоҳи миллии тавсеаи иртиботот ҳаштумин Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Русия ва ҷаҳон: муколама – 2024. Нерӯҳои ҷазб» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур олимон ва коршиносони кишварҳои мухталиф гирдиҳам омаданд, то пешниҳодотро барои тавсеаи муколама ва эътимоди байналмилалӣ, дипломатияи илмию коршиносиро ироа кунанд.

Роҳбари Пажуҳишгоҳи миллии тавсеаи иртиботот, Владислав Гасумянов зимни суханронии ифтитоҳии худ қайд кард, ки Русия қудрати ҷалбкунандае дорад, ки мадори дӯстону шариконро на танҳо нигоҳ медорад, балки васеъ мекунад.

«Русия на танҳо пешоҳанги мубориза барои низоми ҷаҳони ҷадиду одилона, балки пешсафи мубориза барои ҳифзи арзишҳои суннатӣ, ҳуқуқи кишварҳо барои ҳифзи рамзҳои фарҳангӣ- тамаддунӣ ва ҳувияти худ мебошад. Маҳз дар ин ҷо иқтидори ҳамкорӣ байни Русия ва кишварҳои хориҷӣ мавҷуд ва он ниҳоят бузург аст, зеро арзишҳои суннатии гурӯҳҳои зиёде аз мардум дар кишварҳои дӯст ва ғайридӯстро муттаҳид мекунанд. Аз ин мавқеъҳо Русия маркази гароиши бисёре аз кишварҳо ва мардум аст”, - гуфт Гасумянов.

Ин нуқтаи назари Гасумянов аз ҷониби муовини вазири корҳои хориҷии Русия, Михаил Галузин дастгирӣ гардид. Мавсуф иброз дошт, ки Русия сиёсати ташвиқ, ҳимояту тавсеаи фарояндаҳои ҳамгироӣ дар қитъаи Авруосиёро дунбол мекунад.

«Ин амр ба тамоми заминаҳо дахл дорад: аз ҳамкорӣ дар заминаи сиёсӣ  ва амниятӣ то тавсеаи равобити тиҷорӣ - иқтисодӣ  ва фарҳангӣ - гуманитарӣ. Ҳамаи инҳо, ба назари мо, вазифаи муҳимтарини имрӯза мебошад, ба вижа дар қиёси он, ки модели амниятии авро-атлантикӣ дар шароити кунунӣ ва  зоҳиран дар оянда дучори фурӯпошии том шудааст. Зеро дар натиҷаи чунин талошҳои масмуми кишварҳои ғарбӣ, асли тақсимнопазирии амниятӣ, яъне асли норавоии эҷоди амният аз ҳисоби амнияти дигарон ба фаромӯшӣ супурда шуд», - гуфт Михаил Галузин.

Дар ифтитоҳи конфронси илмӣ-амалӣ инчунин собиқ сарвазири Словакия Ян Чарногурский, намояндаи мардумии Шӯрои Олии даъвати VII-уми Қирғизистон Чингиз Айдарбеков, вакили Маҷлиси халқии Булғористон даъвати 49-ум Ивелин Пирванов, вакили Думаи давлатии Русия Казбек Тайсаев ва муовини роҳбари Бахши ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Русия Николай Кудрявтсев низ ширкат варзиданд.

Дар робита ба ин конфронси байналмилалӣ, намояндаи мардумии Русия, Казбек Тайсаев изҳори назар намуда, кори онро баланд арзёбӣ кард. Номбурда аз ҷумла иброз намуд, ки табодули афкор ва дониш дар чунин чорабиниҳо на танҳо ба пешрафти илм мусоидат мекунад, балки замина барои тавсияву пешниҳодоте аст, ки метавонанд ба фаъолияти қонунгузорӣ таъсир расонанд.

«Қонунгузорон саҳми ҷомеаи илмӣ дар фарояндаҳои тасмимгириро баланд арзёбӣ мекунанд, зеро маҳз таҳқиқоти илмӣ ва арзёбии коршиносон аст, ки ба мо имкон медиҳанд, то ибтикороти қонунии муассирро тавсеа диҳем. Дар ин замина дипломатияи илмӣ ва коршиносӣ аҳамияти вижае пайдо мекунад. Баҳсҳои мо дар натиҷаи таҳқиқот ба тавсеаи равобити байни кишварҳо ва ба фарояндаҳои ҳамгироӣ мусоидат мекунанд. Мо дар ин иқтидори азим барои тавсеаи лоиҳаҳои муштарак, табодули фановарӣ ва донишро мебинем, ки дар ниҳоят ба некӯаҳволии мардуми мо мусоидат мекунанд», - афзуд Тайсаев.

Дар навбати худ, муовини роҳбари Бахши ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Русия, Николай Кудрявтсев иброз намуд, ки илм ва маориф дар ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад ҳамрадифи “Нерӯи ҷазб” бошад.

Ба қавли ӯ, «тавсеаи мустақили ҳар як кишвар бо тарбияи мутахассисони соҳибихтисос бастагӣ дорад, ки ин дар навбати худ асоси пешрафти илмӣ – фаннӣ ва зеҳнӣ ба ҳисоб меравад. Бояд ба муколамаи илмӣ - таълимӣ боз монду чолишҳоро, ки бо ҳам рӯ ба рӯ ҳастем, ҳал кунем”.

Конфронси мазкур кори худро бо як ҷаласаи умумӣ бо ҳузури суханронони рус ва хориҷӣ оғоз намуд. Дар рафти ин ҷаласа академик ва ва роҳбари илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони Русия, Виталий Наумкин дар мавриди тағйироти сохтории ҷаҳон, Аксарияти Ҷаҳон ва Ғарб сухан кард. Сарвазири собиқи Словакия Ян Чарногурский мавзӯи потенсиали ҳамгироии ҷаҳони славяниро мавриди баёни дидгоҳи худ қарор дода, Алексей Кузнетсов, роҳбари Пажуҳишгоҳи иттилооти илмӣ оид ба илмҳои иҷтимоии (ПИИИИ) Фарҳангистони Русия масъалаи ҳамкориҳои илмӣ – таълимии ФР бо кишварҳои бузурги Авруосиёро ба баҳс кашид.

Муовини роҳбари Пажуҳишгоҳи миллии тавсеаи иртиботот дар масъалаи илм, Валентина Комлева зимни суханронии худ маълумотро дар мавриди пӯёиҳои ҷамъиятӣ дар фазои пасошӯравӣ пешкаши ширкаткунандагони ҷаласа кард. Ба ақидаи ин коршинос, ҷамъияти пасошӯравӣ дар ҳоли гузариши иҷтимоӣ қарор дорад.

Дар зимн мавсуф чунин иброз намуд: «Ин марҳила дорои баъзе аз вижагиҳои хос мебошад. Аввалин вижагӣ, бо сиёсати нокофии самаранок дар заминаи фарояндаҳои демографӣ алоқаманд аст. Аммо қабл аз ин, ки дар мавриди ҳар ҷомеа суҳбат кунем, ибтидо бояд бақо, сирфан физикӣ ва таҷдиди онро таъмин намоем, то мардум мутавлид шаванд, таълимоти зарурӣ бигиранд, вориди бозори кор шаванд ва ҷамъияти худро таҷдид кунанд. Дарвоқеъ, ҳеҷ кишваре вуҷуд надорад, ки мушкилоти иҷтимоӣ-демографӣ надошта бошад. Дар ҳоли ҳозир ду гурӯҳ табақабандӣ шудаанд: афзоиши баланди зоиш, ё гурӯҳи дуюм пирии аҳолӣ”.

Ин коршинос муҳоҷирати меҳнатиро омили дигаре унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, Федератсияи Русия бояд ба муҳоҷирони кишварҳои мухталиф таваҷҷуҳ кунад.

“Муҳоҷирон ҳар ҷое бираванд, аслан зери таъсири онҷо қарор мегиранд. Ба назари ман, Федератсияи Русия аз ин манзур бояд ба муҳоҷирони кишварҳои мухталиф таваҷҷӯҳи зиёд, аммо бо сиёсати дурусти муҳоҷират дошта бошад. Имрӯз кишварҳои дӯсти Федератсияи Русия, масалан, Чину Туркия ва ғайридӯст, аз қабили давлатҳои Аврупову Амрико, шароити хос ва муассисоти махсусро эҷод мекунанд, ки ҷиҳати ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои пасошӯравӣ фаъолият доранд. Мо бояд ин амрро аз мадди назар дур накунем”, — гуфт муовини роҳбари ПМТИ.

Ҷаласаи умумӣ бо як рӯйдоди муҳими дигаре ба поён расид. Дар ҳошияи ин Конфронс ПМТИ бо Донишгоҳи давлатии Бодканд (Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров (Тоҷикистон) ва Анҷумани дипломатҳои Русия созишномаҳои ҳамкориро ба тасвиб расониданд. Ба қавли Валентина Комлева, дар ояндаи наздик дар чаҳорчӯби қарордодҳои имзошуда донишгоҳҳои Русия дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Хуҷанд ҳамоиши пешсафони ҷавонро баргузор мекунанд.

Дар марҳилаи баъдии ҳамоиш коршиносон корро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, “Ҳамгироӣ: таҷдиди назар кардани муттаҳидон ва шарикон?, “Нухбагони сиёсии ҷаҳони ҷадид: фурсатҳои муколамаи созанда”, “Авомили мустақилият ва зеҳнияти давлат дар ҷаҳони ҷадид ”, “Манотиқи стратегии Русия: Шимол”, “Илм дар мавриди Русия дар фазои пасошӯравӣ”, “Пешомадҳои ҳамоҳангсозии стандартҳои назорати аҳдофи тавсеаи пойдор дар фазои ИДМ” идома доданд. Коршиносон мавзӯоти БРИКС, СҲШ, ИИАО ва ИДМ, вижагиҳои фарҳангӣ ва идеологии нухбагони сиёсии ҷадид, мустақилият ва зеҳнияти байналмилалӣ, рушди шимоли Русия, инчунин назорат бар аҳдофи тавсеаи пойдорро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Илова бояд кард, ки конференсияи мазкур то 26 май идома ёфта, дар доираи он мактаби байналмилалии иртибототи ВАО «Медиа-Диалог» барномарезӣ шуд, ки шомил аз маҷмӯи лексияҳо, машғулиятҳои коршиносӣ ва вохӯрӣ бо коршиносон буд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед