Ru  | Tj
Афзоиши гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ. Омилҳои боздоранда, таҳсили дуруст ва фатвои солим кадом аст?
Афзоиши гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ. Омилҳои боздоранда, таҳсили дуруст ва фатвои солим кадом аст?
Акс: pikabu.ru

Афзоиши гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ. Омилҳои боздоранда, таҳсили дуруст ва фатвои солим кадом аст?

Нашр шуд

Ин рӯзҳо масъалаҳои ба таълимоти фосилаии ғайриқонунии динӣ ҷалб шудан, ба ҳунаромӯзиву забономӯзӣ таваҷҷуҳ надоштан, ба муҳоҷирати корӣ нотайёр рафтан ва ба амалҳои ваҳшониву ҳаросафканӣ даст задани бархе аз ҷавонони тоҷик ҷомеаро сахт нигарон кардааст. Дар ҳамлаи ҳаросафкан ба “Крокус Ситӣ Ҳолл”-и Русия чанд шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд, ки ин қазия боис гардид, то дигарбора ҷомеъаи кишвар ба баррасии масъалаҳои гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ рӯ оранд.

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон чанде пеш зимни мулоқот бо ходимони дин изҳори нигаронӣ кард, ки дар се соли охир 24 тоҷикистонӣ дар 10 кишвари ҷаҳон ба амалҳои ҳаросафкан даст задаанд ва ҳоло беш аз 4 ҳазор нафар шаҳрванди ин кишвар барои содир кардани амалҳои ифротгароиву ҳаросафкан дар пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Дар пайванд ба ин мавзуъи ҳассос ҳар шахс фикру назару вижа дорад.

Муаллифи Halva.tj дар бораи омилҳои боздоранда аз ифротӣ шудани ҷавонон, хатари гирифтани таҳсилоти динӣ дар хориҷа ва аҳамияти мавҷуд будани истиқлоли фатво дар Тоҷикистон фикру назари коршиносони умури диниву сиёсиро гирд овард.

 

САБАБИ АСОСИИ ИФРОТГАРОӢ БУҲРОНИ ҲУВИЯТӢ АСТ?

Коршиноси масоили сиёсӣ Шералӣ Ризоён дар ифротӣ шудани шаҳрвандони кишвар гунаҳкор донистани низоми маорифро андешаи сатҳӣ медонад. Ба назари ӯ, омили иқтисодиву иҷтимоъӣ дар ифротгароӣ калидӣ буда, дигар василаҳо дувумдараҷа ҳастанд. Дар аксари ҳамоишҳои коршиносӣ, ки дар дохилу хориҷи кишвар баргузор мешаванд, таъкид ва собит мекунанд, ки дар шароити Тоҷикистон омили инфиродӣ – яъне буҳрони ҳувиятӣ унсури калидии ифротгароӣ аст.


"Якум, омили ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гурӯҳҳои террористӣ бори дигар собит мекунад, ки иқдомҳои дохилӣ (қабул ва татбиқи Стратегия барои солҳои 2021-2025) ва байналмилалӣ (омодагии бидуни шарт барои муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ки дар конфронси сатҳи баланди “Раванди Душанбе” садо дода буд)-и Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм дурустанд ва бояд идома ёбанд. Дуюм, омили ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гурӯҳҳои террористӣ мутаассифона дар бозиҳои геополитикӣ истифода шудан дорад ва шояд масъалаҳои навро ба сиёсати хориҷии кишвар ба вуҷуд орад. Аз ин рӯ, таҳлили васеъи мавзуъ, ба вижа ривоятҳои сохтусоз мешуда бисёр муҳим аст, чунки имиҷи манфиро барои кишвар ва мо тоҷикон эҷод мекунад", - навишта буд Шералӣ Ризоён, моҳи январи соли равон дар саҳифаи телеграмии "Андешакада".

 ОМИЛҲОИ БОЗДОРАНДА АЗ ИФРОТГАРОӢ

Коршиноси масоили ифротгарӣ ва ҳаросафканӣ, диншинос Рустам Азизӣ изҳор медорад, ки ҳар як рухдоди ифротгароӣ аз маҷмуъи омилҳо иборат аст. Ҳар як рухдоди ҷудогона маҷмуъи омилҳои калидӣ ва омилҳои дараҷаи дувум ва омилҳои такондиҳандаву боздорандаро доро буда метавонад. Ӯ бо ҳаммуаллифии Шералӣ Ризоён китобе бо унвони “Пешгирии экстремизм дар Тоҷикистон” таҳия карда истодаанд. Онҳо дар расонаи иҷтимоъӣ мувофиқи талаби вазъи имрӯз аз пешнависи китоб дар заминаи омилҳои боздоранда чанд нуктаро расонаӣ карданд. Дар он матлаб омилҳои боздоранда аз ифротгароӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дода, огоҳ шудани ҷавонон аз онро манфиатбахш медонанд.


“Омили боздоранда маҷмуъи шароиту ҳолатҳое аст, ки ҳамчун “девори оҳанин” дар муқобили ифротгароӣ мебошад. Онҳо бовар ё арзишҳое ҳастанд, ки инсонро аз пазируфтани андешаи ифротӣ боз медорад. Бо такя ба пажуҳишҳо ва назарсанҷиҳои дастрас баъзе аз омилҳо боздоранда пешниҳод мешавад, вале бояд тазаккур дод, ки ҳеч кадоме аз онҳо бар дигараш бартарият ё авлавият надоранд”, - менависанд муаллифони китоби “Пешгирии экстремизм дар Тоҷикистон”.

Пажуҳишгарон омилҳои боздорандаро ба тариқи зайл шуморида, ҳар яки онро мухтасар шарҳ додаанд, ки мутолиаи он судманд аст.

– Дӯст доштани Ватан.

– Дӯст доштани худ ва риск (таваккал) накардан бо ҳаёти худ.

Рушди тафаккури интиқодии мусбат.

– Риояти қонун ва тарс аз ҷазои мақомоти давлатӣ.

– Дӯст доштани волидайн ва зану фарзанди худ.

– Доштани ҳадаф дар зиндагӣ.

– Кӯшиш барои расидан ба зиндагии шоиста.

Вақте тафсири омилҳои коршиносонро мутолиа мекунед, дар он гӯё бо шартҳои зерин: таблиғ ва густариши касбии эҳсоси ватандӯстӣ дар миёни аҳолӣ, доштани тафаккури интиқодӣ аз нигоҳи донишҳои диниву дунявӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, равшан донистани мақсади худ дар зиндагӣ, ҳаётро дар хатар нагузоштан, зиндагиро дӯст доштан, талошварзӣ барои комёб шудан, кӯшиши бадбахт накардани наздикон шинос мешавед. Дар сурати амал кардан аз рӯйи он шахси боҳуш ҳеч гоҳ ба сафи созмонҳои ифротӣ шомил намешавад.

 

ХАТАРИ ТАҲСИЛОТИ ДИНӢ ДАР ХОРИҶ

Аз сӯйи дигар сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо зимни суханронӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба суолҳои оё ҷаҳони исломӣ вуҷуд дорад ва ё марказияти динии мо бояд дар куҷо бошад, посухи қатъӣ дод.

- Оё медонед, 4 ҳазору 150 нафар шаҳрванди мо ба таври ғайрирасмӣ барои гирифтани таҳсилоти динӣ ба кишварҳои хориҷӣ ворид шуда буданд?! Агар пеши роҳи онҳоро намегирифтем, пас мувоҷеҳи пайомади даҳшатоваре мешудем. Вақте ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷ таҳсил мекунанд, ҳатман зери таъсири мазҳабу ҳизб, ҳаракату равияи дигаре хоҳанд монд. Бешубҳа, чунин ҷавонон пайрави равияҳои салафӣ, шофеъӣ, доишӣ, ихвонӣ ва ҳоказо мешаванд. Маҳз онҳо дар фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманонаро ворид мекунанд ва ҷомеъаи орому босуботро ба низоъ мекашанд.

 

Раҳнамо изҳор медорад, ки албатта бар зидди таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар нест:

“Маълум аст, ки ҳар сол бо ташаббусу иқдоми Маркази барномаҳои байналмилалии вобастаи Вазорати илму маорифи Тоҷикистон ҷавонони болаёқат ба хориҷи кишвар мераванд, то таҳсил карда, муҳандис, духтур, барноманавис ва мутахассиси беҳтарини дигар пеша шуда оянд. Аммо муаммо дар самти иҷозати таҳсилоти динӣ дар хориҷи кишвар ҷой дорад. Дар айни ҳол дар як вазъи мушкил қарор дорем. Агар таҳсилоти диниро дар хориҷ манъ накунем, сатҳи гаравиши ҷавони тоҷик ба мазҳабу равияҳои гуногун афзоиш ёфта, ба амнияту пойдории давлат хатар таҳдид хоҳад кард. Аз ин рӯ мавҷуд будани Донишкадаи исломӣ дар Тоҷикистон барои наҷоти миллат аҳамият дорад”.

 

АҲАМИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ ФАТВО ДАР ТОҶИКИСТОН

- Ба кишварҳои исломӣ борҳо рафтаам. Гувоҳӣ медиҳам, ки дар ҳеч ҷойи дунё чизе ба номи “ҷаҳони ислом”, ки бархе аз содалавҳон онро дидану омӯхтан мехоҳанд, вуҷуд надорад. Фазое нест, ки гӯё дар он ҷаҳони ислом пурра аз рӯйи гуфтаҳои Қуръон ва суннат бошаду онро бибинем. Дар ҷаҳон беш аз 50 кишвари мусалмоннишин аст, ки ҳар кадом сиёсат, манфиат, мазҳаб, равия ва фаҳмиши худро дорад. Имрӯз бархе кишварҳои алоҳиде ҳастанд, ки кӯшиши ҷӯр кардани дигаронро ба манофеъи худ доранд. Ҷаҳони ислом чизи умумӣ нест, он ба гурӯҳу ҳалқа, ҳаракату равия тақсим шудааст, ки аз ҳар гӯшаи ҷаҳон мудирият мешавад. Ба ҳар кишваре равед, мепурсанд, ки аҳли кадом мазҳабу равия мебошед. Баъд аз он дид бо шахс муносибат мекунанд. Мусалмон будани мову Шумо барои онҳо муҳим нест, - меафзояд Раҳнамо.


Ин коршинос аз ҷавонони тоҷик воқеъбин буданро тақозо карда, арз медорад, ки гузаштагони мо соҳибони фатво буданд. Имрӯз низ уламои кишвар зарфияти инро доранд, ки барои мардум фатво диҳанд, ки чӣ дуруст аст, ё чӣ нодуруст. Истиқлоли фатво барои чист? Барои пойдори истиқлоли кишвар мавҷуд будани он муҳим аст. Аслан ҳеч ниёзе нест ба фавтое, ки аз Ар-Риёз, Қоҳира, Исломобод ё Кобул содир мешавад.

- Аз азал мо худ қутби динӣ будем, имрӯз ҳам уламои мо ин салоҳиятро дорад, ё бояд дошта бошад. Мо бояд ба истиқлоли фатво бирасем. Шукр, ки давлат, сиёсат ва манфиати мо мустақил аст. Мебояд фатвое, ки афкори мардуми мусалмони Тоҷикистонро ба шакл медарорад ва идора мекунад, низ мустақил бошад. Он аз худи кишвар содир шавад. Марказияти динии миллати тоҷик бояд дар дохил бошад, на дар хориҷ. То замоне ки ҷомеъа ҳукми диниро аз хориҷи кишвар мегирад, эҳтимолияти ноамнӣ меафзояд. Ҳар тоҷик бояд донад, ки ба ҳар масъала ҷавобро аз дохил гирифта метавонад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед