Ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ: уфуқҳои ҷадиди ҳамкорӣ
Нашр шуд
Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ даҳаи аввали август бо мизбонии Остона баргузор шуд. Ин ҳамоиш таҳти сарварии раисҷумҳури Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев сурат гирифт, ки дар он ҳамтоёни тоҷик, қирғиз, узбек ва туркмани ӯ ширкат намуданд. Раисҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев ва роҳбари Маркази минтақавии Созмони милал Каха Имнадзе ба сифати меҳмони ифтихорӣ ҳузур доштанд.
Ҷаласаи VI-и машваратии сарони кишварҳо дар Қазоқистон дар ҳоле баргузор шуд, ки шаш сол муқаддам маҳз дар Остона, нахустин вохӯрии машваратии роҳбарон доир гардида буд. Баъдан, чунин ҳамоишҳо ба навбат дар Тошканд, Туркманбошӣ, Чолпон-Ата ва Душанбе баргузор шуд, ки натиҷаҳои он бидуни муболиға, ҳамкориҳои минтақавиро амиқтар густариш дода, раванди ҳамгироиро рушд бахшид. Ҳамоиши 9 августи соли равон дар шаҳри Остона нишон дод, ки чунин як қолаби ягонаи ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ бар пояи принсипҳои бунёдӣ, аз қабили эҳтироми ҳамдигар, истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷуда ва таҳкими ҳампаймонӣ байни панҷ кишвар асос ва ташаккул меёбад.
Ба гуфтаи ҳолдонҳо, далели саъю кӯшиши муштараки ҷонибҳо, ки ба манфиати халқҳои минтақа аст, имзои чанд санади муҳим, аз ҷумла қабули Консепсияи рушди ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ то соли 2040, харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва нақшаи равобити саноатии давлатҳо - ҳар ду, то соли 2027 буда, қадами муҳим дар роҳи рушди устувор мебошад. Яъне, ин ва чанд санади дигар ба афзалияти наздикшавии минтақавӣ, пеш аз ҳама, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои панҷҷониба ва ба таҳкими субъективии байналмилалии Осиёи Марказӣ нигаронида шуда, заминаи мустаҳкамсозии муносиботро фароҳам меоварад. Дар ин ҳамоиш раисҷумҳурони панҷ кишвари минтақа вазифаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ, зарурати нигоҳ доштани динамикаи баланди рушди равобит дар минтақа, бо назардошти шароити душвори геополитикӣ ва геоиқтисодиро баррасӣ карданд.
Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки нишасти Остона саҳифаи навро дар рушди давлатҳои минтақа барои панҷ соли оянда пешбинӣ кард. Яъне муддати панҷ соле, ки ин нишастҳо баргузор мешавад, ҳаҷми муомилоти мол дар доираи панҷгона, ду баробар афзоиш ёфта, аз 5,7 миллиард доллар ба 11 миллиард доллар расид ва мулоқоти шашуми роҳбарони Осиёи Марказӣ давраи нави панҷсоларо боз кард, ки дар сурати истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ояндаи наздик гардиши мол метавонад ба 20 миллиард доллар расад.
Имрӯз дар заминаи ин ҳамбастагиҳо ва наздикии равонии аҳолӣ, симои нави Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи имкониятҳои азим ташаккул ёфта истодааст.
Дар ин ҳамоиш Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки имрӯз ба шарофати саъю кӯшиши муштараки кишварҳои минтақа ва иқтидори тавонои иқтисодии Осиёи Марказӣ ба як минтақаи имкониятҳои бузург дар тиҷорат, сармоягузорӣ, илм ва инноватсия табдил ёфта истодааст. Мукаммалии иқтисоди кишварҳо имкон медиҳад, ки муқовиматро ба зарбаҳои беруна таъмин карда, марҳилаҳои савдо ва истеҳсолотро афзоиш дод. Ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ метавонад ба ин раванд мусоидат кунад. Зеро таваҷҷуҳи зиёд ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва рақамикунонӣ дода мешавад, ки онҳо ҳамчун нуқтаи рушди маҳаллӣ баромад мекунанд.
Дар остонаи ин ҳамоиш рӯзномаи “Казахстанская правда” мақолаи барномавии Тоқаевро таҳти унвони “Эҳёи Осиёи Марказӣ: дар роҳи рушди устувор ва шукуфоӣ” нашр карда, дар он кори муштаракаи ҷаласаи шашуми машваратии сарони кишварҳои панҷгона таҳлил ва дурнамои истеҳсолоти минтақавиро дар давраи нав зикр кардааст.
“Пешгӯиҳои ноумедкунанда (пессимистона) дар бораи шомил шудани ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳи кишварҳои ба истилоҳ шикастхӯрда ва ноком тасдиқ нашудааст”, - таъкид мекунад ӯ. Кишварҳои минтақа “муколамаи созандаи дуҷониба ва бисёрҷониба” ба роҳ монда, муносибатҳои худро “ба сатҳи шарикии амиқи стратегӣ ва иттифоқӣ” расониданд.
Роҳбари қазоқҳо сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказиро як стратегияи воқеъбинона ва амалгароёна номид, ки “тавозуни устувори манфиатҳои байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ”-ро фароҳам оварда, ба кишварҳо имкон дод, ки “иштирокчии комили равандҳои ҷаҳонӣ” гарданд. Дар ҷойи дигари мақола, ҷаноби Тоқаев бо итминон навиштааст; “Осиёи Марказӣ мақоми мамолики сулҳдӯстро мустаҳкам намудааст ва алакай метавонем дар бораи ин панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳамчун “давлатҳои устувор рушдкунанда ва худкифо дар маркази қитъаи Авруосиё” сухан ронем. Минтақаи мо бояд, на танҳо ҳамчун пайвандгари байни Осиё ва Аврупо, балки ҳамчун як омили алоҳидаи минтақавӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, ки қодир ба як “маркази нави вазнинии ҷаҳонӣ” табдил ёбад. Ҳамзамон Қазоқистон дар назди худ ҳадафи стратегии табдил шудан ба маркази таълимии минтақаро гузоштааст.
Ҳоло ҳукумати Қазоқистон дар доираи ҳадафи стратегиаш барои табдил додани ин кишвар ба маркази таълимии минтақавӣ (маориф) амал мекунад. Ба гуфтаи раисҷумҳур Тоқаев, кишвараш ба рушди ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо, кушодани филиалҳои донишгоҳӣ ва факултетҳои муштарак фаъолона мусоидат мекунад, зеро феълан ҳудуди нуҳ ҳазор донишҷӯ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин кишвар таҳсил мекунанд. Ӯ дар мақолаи худ таъкид кардааст, ки ҳоло кишварҳо бо саъю кӯшиши муштарак ба сӯи бунёди фазои ягонаи таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ дилпурона пеш рафта истодаанд. Мо хоҳиши ҷавонони кишварҳои ҳамсояро барои гирифтани маълумоти олӣ дар Қазоқистон хеле қадр мекунем ва аз ҷониби худ квотаҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳо хеле зиёд мекунем.
“Ин воқеан яке аз воситаҳои муҳимтарини қувваи нарм аст. Зарур аст, ки ҷалби довталабони ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба донишгоҳҳои Қазоқистонро ба таври қобили мулоҳиза густариш дода, дар ҳама соҳаҳо як низоми хеле қулайи миллиро ба вуҷуд овард. Қазоқистон бо таълими теъдоди зиёди донишҷӯён аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба ҳамсоягони худ дар нигоҳ доштани сатҳи салоҳият дар иқтисод ва идораи давлатӣ кумак мекунад ва ба ин васила дар рушди иқтисоди тамоми минтақа сармоягузорӣ менамояд”, - таъкид кард сиёсатшинос Газиз Абишев, дар канали худ дар “Telegram”.
“Монеаҳо дар таъсиси як минтақаи озоди тиҷоратӣ”
Дар нишасти шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар фазои тантанавӣ ба раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев “Нишони фахрӣ”-и Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” тақдим гардид. Ӯ зимни суханрониаш барои такмили минбаъдаи масъалаҳои баррасишаванда дар доираи чунин ҳамоиши машваратӣ ва амиқсозии равобити минтақавӣ дар дарозмуддат пешниҳод кард, то дар Ӯзбекистон ҷамъомади навбатии анҷумани коршиносии марказҳои пешқадами таҳлилӣ ва пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ гузаронида шавад. Ва тавсияву таклифҳои асосии муҳаққиқонро метавон дар ҷараёни ҳамоиши навбатии сарони давлатҳо мавриди баррасӣ қарор дод. Ӯ иброз дошт, ки имрӯзу фардои Осиёи Марказӣ ва беҳбудии некуаҳволии мардумон ба саъю кӯшишҳои умумии мо барои ҳамкорӣ, қабул намудани чораҳои қатъӣ ва якҷо пеш бурдани манфиатҳои минтақа вобаста мебошанд. Яъне, муҳаррикҳои нав, усули ҷадид тавсеаи шарикии иқтисодӣ барои пешомади дарозмуҳлат зарур аст ва шарикони табиии савдо ба шумор мераванду иқтисодиёти миллӣ бошанд, якдигарро комил мегардонанд.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки алҳол дар савдои дохилиминтақавӣ яъне байни кишварҳо ба таври умумӣ саҳми мубодилаи молу тиҷорат ночиз аст. То ҳанӯз бобати дар Осиёи Марказӣ ташаккул додани минтақаи комили савдои озод монеаҳо мавҷуданд. Мо бо ҷалби коршиносони байналхалқӣ таҳлил гузаронида, чораҳои аввалиндараҷаеро ошкор кардем, ки имкон медиҳанд рушди ҳаҷми савдои тарафайн дар панҷ соли наздиктарин ду баробар афзояд. Ин зиёда аз панҷсад навъи мол мебошад. Пеш аз ҳама сухан дар бораи чораҳои зерин меравад: аз байн бардоштани монеаҳои тарифӣ ва ғайритарифӣ, аз ҷониби тарафайн эътироф шудани сертификати мувофиқаткунӣ ва ҳудудикунонии регламентҳо, рақамикунонии амалиёти гумрукӣ ва чорабиниҳои фитосанитарӣ, баррасии имкониятҳои дастёбии тарафайн ба харидҳои давлатӣ. Бояд дар пешомади дарозмуҳлат ташаккул додани Бозори ягонаи минтақавӣ мақсади стратегии мо қарор ёбад. Барои баррасии тамоми ин масъалаҳо ба роҳ мондани Шӯрои иқтисодӣ - вохӯриҳои мунтазамро дар сатҳи муовинони Сарвазирони кишварҳои мо пешниҳод мекунем. Аввалин чунин мулоқотро мо тайёрем соли оянда дар Тошканд ташкил диҳем ва дар доираи он Ҳафтаи шарикии тиҷоратии Осиёи Марказиро бо созмон додани Анҷумани минтақаҳо ва конфронсҳои соҳавӣ, бозор-намоишгоҳҳои иқтидори саноатӣ, муаррифии имкониятҳои содиротӣ гузаронида шавад”,- афзуд раисҷумҳури Ӯзбекистон.
Ба гуфтаи ҷаноби Мирзиёев ба нақша гирифта шудааст, то дар Тошканд якҷо бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Анҷумани байналхалқӣ оид ба таъмин намудани амнияти хӯроквории кишварҳоеро, ки роҳи баромад ба баҳр надоранд, баргузор шавад. Бобати боз ҳам мустаҳкамтар намудани пойгоҳи қарордодиву ҳуқуқӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳо роҳбари ин кишвар, омода намудани Созишномаи бисёрҷанба оид ба шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказиро пешниҳод кард, ки қарор аст дар ҳамоиши ҳафтуми сарони панҷ кишвари минтақа дар моҳи августи соли оянда дар Тошканд имзо шавад.
Гуфта мешавад, Осиёи Марказӣ бинобар мавқеи геосиёсиаш тамоми паёмадҳои нохуши буҳрони ҷаҳонӣ ва афзоиши зиддиятҳоро бевосита дар худ эҳсос менамояд. Ҷаноби Мирзиёев аз ҳамкорони худ даъват кард, ки консепсияи амният ва суботи минтақаро таҳия кунанд. Зеро воқеаҳое, ки дар атрофу акнофи Украина ва Шарқи Наздик содир мегарданд, ба рушди муттасил ва устувори минтақа бевосита таъсир мерасонанд. “Имрӯзу фардои Осиёи Марказӣ, некӯаҳволии кишварҳову халқҳои мо бештар ба саъю талошҳои муштараки мо вобаста аст”, - гуфт ӯ.
Дар ин ҳамоиш раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз пешравии ҳамкорҳо дар минтақа давоми шаш соли мавҷудияти чунин формати нишаст, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамаи онро самараи азму иродаи қавии сиёсии роҳбарони кишварҳо унвон намуд. Ӯ иброз дошт, ки дар шароити кунунии тағйироти босуръати ҷаҳон зарурати ташаккули дидгоҳи ягонаи ояндаи Осиёи Марказӣ ба миён омадааст. Дар вохӯриҳои машваратии гузашта зиёда аз сад пешниҳод ва ташаббус ба миён гузошта шуд, ки мавриди баррасӣ қарор дошта, хусусияти дарозмуддат доранд ва татбиқи ҳар яки он иқтидори рушди муштаракро зиёд мекунад.
Дар ин ҳамоиш пешниҳод шуд, ки нахустин вохӯрии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор шавад ва дар доираи вохӯриҳои машваратӣ ҳамасола, намоишгоҳҳои “Экспо - Осиёи Марказӣ” баргузор шавад.
Рафъи хатару чолишҳо дар минтақа бо мусоидати Русия?
Сиёсатшиноси масоили минтақа, Станислав Притчин ба “РБК” гуфтааст, Осиёи Марказӣ пайваста дар ҷустуҷӯи роҳҳои навгонӣ ва ягонагиву манотиқи умумӣ аст ва гоҳ-гоҳ дар он ҷо ғояҳои мухталиф пайдо мешаванд, ки на ҳамеша рушд мекунанд.
“Пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар нишасти соли 2023 дар Душанбе садо дод, дар бораи таъсиси як минтақаи озоди тиҷоратӣ дар минтақа мисол шуда метавонад. Аз як тараф, минтақа хатару чолишҳои тахминан умумӣ дорад, аммо чун қоида, ҳамаи онҳо танҳо бо ҷалби Русия ҳал мешаванд, зеро Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ва созишномаҳои дуҷонибаи амиқ бо Маскав вуҷуд дорад. Ва ҳеҷ як созмони минтақавӣ наметавонад ба ин хатару чолишҳо вокуниши сареъ намояд”, - қайд кард Притчин.Бо ин вуҷуд, агарчи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки баъд аз се даҳаи истиқлол аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ имрӯз ҳам аз лиҳози иқтисодӣ, фарҳангӣ ва отифи вобастагии зиёде ба Маскав доранд, вале аз тарафи дигар барои нишон додани аҳду паймон ба қудратҳои дигари ҷаҳонӣ ва пойбандии худ ба сиёсати хориҷаи чандҷониба талош низ мекунанд.
Гуфта мешавад, масоҳати умумии кишварҳои минтақа, 3 миллиону 882 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, аҳолӣ - беш аз 80 миллион нафар, маҳсулоти умумии дохилӣ ба 450 миллиард доллар мерасад. Дар ин минтақа тақрибан 20 фисади захираҳои урани ҷаҳонӣ, 17,2 дарсад нафт ва 7 дарсад гази табиӣ мавҷуд аст. Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати истеҳсоли ангишт ва қувваи барқ дар ҷаҳон мутаносибан мақоми намоёнро ишғол мекунад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, Осиёи Марказӣ марҳалаи дигаргуниҳои бузургро пушти сар мегузорад. Кишварҳои минтақа дар сиёсати хориҷии худ ба дипломатияи чандҷониба такя карда, мехоҳанд бо сиёсати мустақилона, фаъолона ва муштаракан пайи тавсеаи тарҳҳои муҳими иқтисодӣ бошанд.
Дар шароити кунунӣ кишварҳои минтақа, ғояҳои ояндадор оид ба сиёсати муштараки обӣ ва ташаккули долонҳои нави нақлиётиро барномарезӣ доранд. Ҳоло барои табдил додани Осиёи Марказӣ ба яке аз муҳимтарин марказҳои нақлиётӣ, логистикӣ ва транзитӣ дар ҷаҳон ва қолабҳои мухталифи нишастҳои муштарак талошҳо сурат мегирад. Яъне минтақа, бо суръат ба як ҳалқаи калидии пайвандагари нақлиётӣ табдил меёбад.
Тавре таҳлилгари масоили сиёсӣ, Амриддин Шарипов вобаста ба ҳамоиши панҷгона ва афзалияти муносибатҳои минтақавӣ, ки ба қуллаҳои нави шарикӣ ноил гардидаанд, мегӯяд, имрӯз ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ таҷрибаи беназири худро дар рушди давлатдорӣ, иқтисоди бозаргонӣ, барқарорсозии мероси фарҳангӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ дорад. Ва миёни кишварҳо дар ҳама сатҳҳо муколамаҳои созандаи дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монда шуда, ҳамкориҳои судманд инкишоф меёбанд.
“Тадриҷан кишварҳои минтақа дар заминаи ҳал гаштани ихтилофоти дохилӣ ба хулосае омаданд, ки тақдири таърихии рушди минтақа пеш аз ҳама дар дасти худи кишварҳои минтақа буда, ҳамоҳанг сохтани амал ва талошҳои умумӣ метавонанд, ки заминаи рушди устувор, омили муҳими муқовимат бо хатарҳои муосир ва таъмини амнияти дастаҷамъона бошад. Маҳз ба ин хотир ва баъди тағйир ёфтани як ҳолати сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ба хотири умқи ҳамгироӣ як қолаби нишасти Машварати сарони давлатҳо таъсис ёфт, ки ҳадафаш пиёда сохтани манфиатҳои мазкур ба ҳисоб мерафт. Ва дар заминаи ҷаласаи шашуми сарони кишварҳои минтақа дар Остона мебинем, ки алакай ихтилофоти мавҷуда, аз қабили муайян кардани хатти марз, масоили об, мубодилаи мол амалан бартараф шуда истодааст. Ва ҳоло сатҳи ҳампаймонӣ миёни кишварҳо дар алоҳидагӣ ба тасвиб мерасад, ки бо фарогирии тамоми кишварҳои минтақа ва эҷоди дидгоҳҳои яксон санадҳои ҳампаймонӣ, таъсираш ба формати панҷгона расида, тамосҳои минтақаӣ боз ҳам рушду равнақ меёбад”,- гуфт Шарипов.
Қобили тазаккур аст, ки соли гузашта дар панҷумин солгарди ништасти машвартии сарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе қадами аввал ҷиҳати ниҳодина кардани (институтсионализатсия) формати вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ гузошта шуд. Таҷрибаи чандинсола нишон медиҳад, ки ҳамгироии минтақавӣ ба нафъи ин панҷ ҷумҳурии минтақа аст, зеро дидгоҳ ва мавқеи давлатҳои минтақа аз назари манфиатҳои дарозмуддат бознигарӣ мешавад.
Қарор аст, соли оянда дар Ӯзбекистон бо имзои муоҳидаи бисёрҷанбаи шарикии стратегӣ ва густариши равобити ҳампаймонӣ дар Осиёи Марказӣ дастёбӣ ба як ҳамгироии муассиру муваффақ байни кишварҳои минтақа, сарфи назар аз чолишҳои рӯзафзун имконпазир гардад. Бешак, ҳамбастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки фазои гуфтушунид ва муносибати дӯстона байнашон рӯ ба густариш аст, ба марҳилаи комилан нав баромада, беҳбудии равобит байни панҷгона аз бисёр ҷиҳат ба саъю кӯшиш, қабули чораҳои қатъӣ ва якҷо пеш бурдани манфиатҳои минтақаӣ вобаста мебошад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед