Инқилоби геополитикӣ: БРИКС ба ҷаҳони якқутбии ИМА соя гузошт?
Нашр шуд
Ҳамоиши XVI-уми сарони кишварҳои узви БРИКС дар шаҳри Қазон дар даҳаи охири моҳи октябри соли равон аз ҷониби бархе коршиносон як рӯйдоди калидӣ ва пирӯзии воқеӣ дар самти дипломатияи Русия унвон шудааст. Яъне, ин иҷлос ба Ғарб бозгӯ кардааст, ки Маскав аз бақияи ҷаҳон мунзавӣ нашудааст.
Ба назари иштирокдорони ҳамоиш - БРИКС ҳамчунон ба унвони як чорчӯби ҷомеъ ва муносиб барои ҳамкории амалӣ дар заминаҳои мухталиф буда, аз ин тариқ талошҳо ба унвони як нерӯи созанда зуҳур кардааст, ки рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, беҳбудии сатҳи ҳукумронӣ ва тарвиҷи мардумӣ сохтани равобити байналмилалиро тақвият мекунад.
Нашрияи испании “El Pais” нишасти БРИКС-ро як муваффақияти ошкори дипломатии раисҷумҳури Русия, Владимир Путин номида, навиштааст, ки саммит нишон дод, таҳримҳои Ғарб натавонистаанд Маскавро дар инзиво қарор диҳанд. Дар ин ҳамоиш теъдоди қобили мулоҳизаи раҳбарони кишварҳои узви ин гурӯҳ ва ҳамчунин давлатҳое, ки эҳтимолан шарикони ояндаи БРИКС ҳастанд, ширкат доштанд. Ва ҳамоиши баргузоршуда дар заминаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ ба таҳкими эътимоди мутақобила ва ваҳдати кишварҳои БРИКС мусоидат мекунад. Дар ин нишаст сарони БРИКС дидгоҳи умумӣ, ҳамаҷониба, ҳамкории устувори амниятӣ ва ҳамчунин созишномаҳои зиёд дар самти таъмини амнияти ҷаҳонӣ имзо карданд.
Аз диди бисёриҳо шояд ҷолиб ва ҷаззобтарин мавзӯи ин иҷлос (22-24 октябр) чашмандози густариши БРИКС буд, ки ҳудуди 30 кишвар тамоюли худро барои пайвастан ба ин иттиҳодия эълон кардаанд. Юрий Ушаков, ёрдамчии президенти Русия гуфтааст, ки “алҳол рӯйхати 13 давлат мувофиқа шудааст, аммо тасмим гирифтем, ки аз ин кишварҳо ном набарем, зеро зарур аст, то сатҳи омодагии онҳо барои шомил шудан ба узвияти комилҳуқуқи БРИКС пурра муайян шавад”.
Бояд гуфт, БРИКС - як созмони байнидавлатӣ аст, ки номи он аз ихтисори панҷ кишвари аслии узви он (Бразилия-Русия-Ҳинд-Чин ва Африқои Ҷанубӣ) гирифта шуда, соли 2006 эҷод шудааст. Русия якуми январи соли 2024 раёсати ин иттиҳодияро бар уҳда гирифт. Ва илова бар аъзои аслӣ ва бунёдгузорон дар соли равон Миср, Эфиопия, Эрон, Амороти Муттаҳида Арабӣ ва Арабистони Саудӣ низ ба узвият он даромаданд. Омори қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки ҳоло “як узви НАТО – давлати Туркия” талош барои узвият дар ин иттиҳодияро дорад. Ҳамоиш дар Қазон аввалин нишасте буд, ки дар он онҳо ҳамчун узви комилҳуқуқ ширкат доштанд.
Далели густариши сареи ин созмонро бисёриҳо дар ноумедии аксар кишварҳо аз сиёсати хориҷии ИМА ва назми ҷаҳонӣ медонанд. Аммо ба далели мавозеи мухолифи бархе кишварҳо дар ҳоли ҳозир аз густариши ин созмон худдорӣ шудааст. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфтааст, ки нодида гирифтани майлу алоқаи бесобиқаи кишварҳои ҷаҳони Ҷанубу Шарқ барои тақвияти иртиботот бо БРИКС иштибоҳ аст. Ӯ хотирнишон кардааст, ки “лозим аст, таодулро ҳифз кард ва аз коҳиши асарбахши ин иттиҳодия ҷилавгирӣ кард”. Ин дар ҳолест, шиори иҷлос “тақвияти чандҷонибагароӣ барои тавсеа ва амнияти одилона дар ҷаҳон” буда, намоёнгари талошҳои Маскав барои эҷоди як назми ҷаҳонии чандқутбии ҷадид аст.
“Моро арзишҳо ва ҷаҳонбинии умумӣ муттаҳид мекунанд. БРИКС афроди ҳамфикр - кишварҳоеро дар бар мегирад, ки қитъаҳои гуногун, моделҳои рушд, дину тамаддун ва фарҳангҳои хосро намояндагӣ мекунанд. Ва кишварҳои мо ҷонибдори эҳтироми мутақобила ҳастанд, на дар сухан, балки дар амал масъулияти ояндаи ҷаҳониро нишон медиҳанд”, - гуфт раисҷумҳури Русия дар иҷлоси Қазон.Огоҳони масоили байналмилалӣ мегӯянд, ки ИМА дар дунёи якқутбӣ одат кардааст ва мехоҳад тамоми кишварҳо мутеи ин қутб бошанд. Иқдомоти Вашингтон барои идомаи назми якқутбӣ ҳамроҳи шариконаш, пеш аз ҳама, барои эҷоди ихтилофҳои низомӣ ва амниятӣ дар минтақаи Осиё - Уқёнуси Ором ба манзури муқобила бо рушди нуфузи Чин дар Тайван ва дар Аврупо аст. Аз сӯи дигар ҳаводиси Украина нишон медиҳад, ки ҷаҳон дар ҳоли ҳаракат ба сӯйи назми ҷаҳони чандқутбӣ ва ба қавле таваққуфи султаи Амрико аст. Ин дар ҳолест, ҳоло аксари кишварҳои Ғарб бо ҳимоят аз сиёсати ҷаҳони якқутба, хоҳони боқӣ мондани Амрико бо яккатозӣ дар умури ҷаҳонӣ ҳастанд, ки дар танҳоӣ ба масоили печидаи олам таъсир мерасонад.
Аммо, узви БРИКС ба вежа Русия, Чин, Эрон орзуи як ҷаҳони бисёрқутбиро дошта, ба думболи тарвиҷи як мувозинаи ҷаҳони ҷадид мебошанд. Яъне ин паймон бо тавсеаи иртиботот миёни кишварҳои узв ва сатҳи болое, ки дорад ба думболи пайдо кардани мавқеияти ҷаҳонӣ дар муқобила бо якҷонибагароӣ аст. Муваффақияте, ки Кремл дар нишасти БРИКС дар Қазон касб кард, паёме барои кишварҳои ғарбӣ ва назми ҷаҳони кунунӣ буд.
Профессор Питер Кузник, директори Институти тадқиқоти ҳастаии Донишгоҳи Амрико дар Вашингтон дар суҳбат бо “ТАСС” гуфтааст, ки иҷлоси БРИКС нишон дод, ки даврони бартарият ва гегемонияи кишварҳои ғарбӣ барои таҳмил кардани иродаи худ болои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба поён расида истодааст. Ӯ гуфт, аз он ҷое, ки дар нишасти БРИКС намояндагони олирутбаи 35 кишвар аз ҷумла, сарони 22 кишвар ҳузур доштанд, Амрико, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ба вузӯҳ дарёфтанд, ки раванди бартариҷӯйӣ ва таҳмили иродаи онҳо бар ҷаҳон рӯ ба поён аст ва асри 21 ин таъмини тавозун байни Ғарб ва Шарқ аст.
“Ҳоло дар 9 кишвари узви БРИКС беш аз ними аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунад ва 37 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ дар сатҳи ҷаҳонро ташкил медиҳад. Дар ҳоле, ки ин рақам барои гурӯҳи ҳафтгона (G7- Амрико, Канада, Бритонияи Кабир, Фаронса, Олмон, Италия ва Ҷопон) ҳудуди 30 дарсад аст ва пешбинӣ мешавад, то поёни ин даҳа ба 28 дарсад коҳиш ёбад. Ва мақоми кишварҳои шарик, ки марҳилаи гузариш барои гирифтани мақоми узви комилҳуқуқ дар БРИКС аст, ин боз як миллиард нафарро зиёд мекунад ва шумораи умумии аҳолии сайёраро ба 57 фисад мерасонад ", -афзуд ӯ.
Ин коршиноси амрикоӣ иброз дошт, ки ҳамоиши Қазон ва инъикоси хабарҳои марбут ба он дар ҷаҳон боис шуд, то ҷаласоти марбут ба Сандуқи Байналамилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ, ки ҳафтаи гузашта дар Вашингтон баргузор шуд, рӯи он “комилан соя афканад”. Яъне, ин иҷлос дар ҳар замоне як рӯйдоди таърихӣ ва муҳим ба шумор меравад, аммо дар ҳоли ҳозир ва ҳам замони дарозмуддат бо таҳдидҳои бесобиқаи ҷаҳонӣ, маънои бештаре пайдо кардааст. Ҳарчанд дастовардҳои амалии ин паймон, то кунун маҳдуд буд, аммо вежагиҳои геополотикӣ ва намодини он бисёр зиёд ва бо аҳамият будааст.
Ҳоло аксари кишварҳои ҷаҳон дарк намуданд, ки ниёзи мубраме ба низомҳои нави ҷаҳонӣ дорад, ки ба ҳокимияти кишварҳо ва ҳуқуқи байналмилалӣ эҳтиром гузорад. Дар ҳоли рақобату кашмакашҳои блоки Ғарбу Шарқ кишварҳои узви БРИКС пайи ҷаҳони чандқутбӣ ва як низоми одилона ва демократӣ ҳастанд. Дар ин росто таҳлилгари масоили сиёсӣ, Абдуғанӣ Мамадазимов мегӯяд, ҷаҳони имрӯз мубориза байни қудратҳост ва имрӯз мо дучори тағйирот ва дигаргуниҳои бузург ҳастем. Башарият дар ҳоли вуруд ба асри нави рушд ва таҳаввулот дар миқёси бузург мебошад. Имрӯз тамоми давлатҳо ба минтақаҳои таъсири сиёсии ин ё он гурӯҳ ё паймон тақсим шуда, дар ин шароити хеле душвор муносибатҳои сиёсии зиддиятноки байналхалқӣ ташаккул ёфта истодаанд.
- Бартарияти ҷаҳони Ғарб пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ба миён омад. Беш аз 30 сол боз кишварҳои Аврупо бо роҳбарии Амрико бар он бовар буданд, ки давоми асри 21 низ арзишҳои кишварҳои ғарбӣ дар миқёси ҷаҳон устувор боқӣ мемонад, вале ҳама чиз якбора тағйир ёфт. Он ҳам пас аз таърихи 4 феврали соли 2022 замоне, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Пекин сафар кард ва онҷо ҳамроҳи ҳамтои чиноияш Сӣ Ҷин Пин созишнома дар мавриди муносибатҳои навини байналмилалиро имзо намуд. Баъди ин тавофуқнома Русия бевосита тавассути Украина ба Аврупо ва Амрико маълум намуд, ки дигар низоми муносибатҳои байналмилалие, ки аз солҳои 1943-1945 буд ва он дар арсаи ҷаҳонӣ чун низоми Ялта-Потсдам ба шумор мерафт, лағв шуд. Яъне, Ғарб ба Русия гӯш надод ва механизмҳои де-факто системаи Ялта-Потсдам муддати тӯлонӣ кор накард ва ҷониби Амрико ба таври худкорона механизмҳои танзими муносибатҳои байналхалқиро ба таври возеҳ таҷдиди назар кард. Бад-ин тартиб, ин ки ояндаи ҷаҳон ба чӣ шакл хоҳад буд: якқутбӣ, дуқутбӣ ё чандқутбӣ масъалае аст, ки пешбинӣ кардани он душвор ва марбут мешавад ба пирӯзӣ ё шикасти стратегияи инқилоби геополотикӣ. Аз сӯйи дигар, бо хуруҷи амрикоиҳо аз Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 бозиҳои бузург аз Осиёи Марказӣ ду тақсим шуд, як қисмаш ба нимҷазираи Қрим ва атрофи Украина, дуюмаш ба нимҷазираи Тайван ва атрофи Чин рафта расид”, - афзуд А.Мамадазимов.
Ба андешаи ҳамсуҳбатам, ин ҷо бархӯрди Ғарбу Шарқ аз нав оғоз ёфта истодаасту элементҳои дуқутбӣ ва ё ҳатто сеқутбӣ ҳам мушоҳида мешавад. Чун аз як тараф бартариро дар ҷаҳони имрӯз низ Амрико дар даст дошта бошад, лекин аз нуқтаи назари иқтисодӣ бартариро зиёдтар давлати Чин дар даст дорад. Ва аз лиҳози ҳарбӣ - техникӣ бошад, Русия пешсафияшро нишон дода истодааст, зеро Маскав бар зидди беш аз 50 кишваре, ки дар як гурӯҳе бо номи Рамштайн бо меҳварияти НАТО муттаҳид шудаанд, муқобилият нишон медиҳад. Яъне, дар ин ҷо мо давраи гузаришро аз ҷаҳони якқутбтӣ ба бисёрқутбӣ мушоҳида намуда истодаем, ки шояд се-чор солро дар бар гирад.
Ин коршиноси масоили сиёсӣ муътақид аст, ки ҳоло қудратҳои ҷадиде дар дунё ба вуҷуд омада истодаанд ва ҷаҳон ба бӯҳрони системавӣ афтодааст. Бо хориҷ шудани нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон ба таври худкор масъала ва мушкилоти Афғонистонро ба дӯши кишварҳои минтақа дар дараҷаи аввал ба Чин, Русия, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Туркия ва Арабистони Саудӣ вогузор шуд. Яъне, кишварҳои ғарбӣ ояндаи наздик бо кадом буҳрон рӯ ба рӯ мешавад, ба касе маълум нест.
Эҷоди “иттиҳоди молӣ” дар БРИКС
БРИКС бо талоши зиёди Маскаву Пекин ва пуштибонии аъзои он пайи ҳазфи доллар, хостори пардохтҳо бо арзи миллӣ он ҳама ба хотири ҷойгузинии низоми ҷаҳонии пулии СВИФТ ҳастанд.
Русия, кишвари раисикунандаи БРИКС дар соли 2024 дар нишасти Қазон ташаббусҳоро ба густариши ҳамкории кишварҳои блок дар бахши молӣ, масалан дар соҳаи пардохтҳо бо арзи миллӣ фаъолона пеш бурда, бар лузуми ислоҳи сохтори молии байналмилалии кунунӣ барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ таъкид кард. Ва ҳамчунин узви кишварҳо нақши таъйинкунандаи ин иттиҳодияро дар раванди беҳбуди системаи пулӣ ва молии байналамилалӣ ба расмият мешиносанд. Раисҷумҳури Русия дар нишасти БРИКС дар Қазон як лоиҳаи рамзӣ ва ё намодини воҳиди пулӣ барои кишварҳои узвро пешниҳод кард.
Ин намунаи рамзии арзи пулӣ дар доираи ин иттиҳодия ба эҳтимоли зиёд соли оянда дар саммити БРИКС дар Бразилия тасдиқи худро пайдо кунад. Путин вобаста ба эҷоди “иттиҳоди молӣ”дар қолаби густурда ва маҳдуд аз ҳар нуҳ кишвари узви созмон чандин дидор бо ҳамкорони худ дошт. Гуфтугуҳои калидӣ байни Путин ва Сӣ Ҷин Пин, раисҷумҳури Чин, Нарендар Модӣ, нахуствазири Ҳинд ва Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, раисҷумҳури Миср анҷом шуд. Зеро дар канори Русия давлатҳои Чину Ҳинд низ муҳарраки аслии БРИКС мебошанд. Ҳоло барои ин се кишвар иттиҳодияи мазкур яке аз муҳимтарин абзорҳо барои пешбурди нуфузи ҷаҳонӣ аст. Ва ба таври умум ҷонибдори амиқсозии ҳамгироӣ буда дар мавриди қабули аъзои нав эҳтиёткорона амал мекунанд.
Ба ин тартиб, Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд дар суханронии ифтитоҳии худ гуфт, кишварҳои БРИКС моиланд системаи пардохтҳои дуҷонибаи худро ба таври мустақилона аз Ғарб эҷод кунанд. Ӯ афзуд, ки дар сатҳи дуҷониба, ин мавзуъ бо истифода аз арзҳои миллӣ ҳал мешавад, аммо дар доираи созмон мо ба як ҳамгироии бештар барои пардохтҳо ниёз дорем. Ҳамзамон Луиз Инасиу Лула да Силва, раисҷумҳури Бразилия ба сароҳат гуфтааст: “Мо бояд системаи молии худро эҷод кунем - аз назари фаннӣ мо наметавонем беш аз ин сабр кунем”. Абдулфаттоҳ ас Сисӣ, раисҷумҳури Миср низ ҳамин дидгоҳро дорад ва хотирнишон кардааст, ки интиқол ба пардохтҳои мутақобил ба арзҳои маҳаллӣ барои тавсеаи бештари ҳамкорӣ байни кишварҳои БРИКС бисёр муҳим аст. Раиси механизми ҳамкории байнибонкии БРИКС, Игор Шувалов хотирнишон кард, ки рушди иқтисоди кишварҳои узв ба платформаи тавсеаи хосси худ ниёз дорад, “аз ҷумла як низоми молии қавӣ, ки таҳти таъсири хориҷӣ набошад”. Ва дар заминаи пардохтҳо бо арзи миллӣ ва рушди низоми пардохтӣ дар доираи ин созмон дигар кишварҳои узв ин равандаро пуштибонӣ карданд. Ҳоло Чин ба як шарики муҳими Русия табдил шуда, саҳми пули миллӣ – мутаносибан “рубл” ва “юан” дар муомилоти байни ин ду кишвар босуръат меафзояд. Бо дарназардошти дурнамои ҳамкорӣ бо Чин пешбинӣ мешавад, ки талабот ба “юан” аз ҷониби тоҷирони Русия афзоиш ёфтааст. Таҳдиди долларро дар дарозмуддат низ Бонки федеролии Амрико эътироф мекунад. Дар ҳоле, ки ҳеч кас намегӯяд, ки ба зудӣ аз “шарр”-и доллар ба унвони абзори аслии мубодила халос мешавад, вале мебинем, долларзудоӣ ба як гузинаи роҳбурдӣ барои дигар кишварҳои узви БРИКС табдил шудааст. Долларзудоӣ дар равобити Русия, Ҳинд, Чин, Эрон, кишварҳои арабӣ, африқоӣ ва Амрикои Ҷанубӣ тақрибан такмил шудааст. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин қаблан гуфт, ки 90 дарсади мубодилоти тиҷорӣ миёни Русия ва Чин бо арзҳои миллӣ анҷом мешавад. Ва тақрибан дар равобити иқтисодии дуҷониба нишондиҳандаи долларзудоӣ комил шудааст.
Кор рӯйи системаи пардохт ба номи “БРИКС - Bridge” ҳоли ҳозир анҷом шуда истодааст. Тавре Антон Силуанов, вазири молияи Русия гуфтааст, чунин низом бар асоси форматҳо ва рӯйкардҳои комилан ҷадид бо дар назар гирифтани истифода аз дороиҳои молии диҷитолӣ, тарроҳи комилан ҷадидеро нишон медиҳад: “ин як системаи пардохтӣ аст, ки аз як тараф имкони ҷойгузинии созмонҳои бонкиро фароҳам мекунад ва аз сӯи дигар имкони эҷоди механизми ирсоли паёмро фароҳам мекунад”.
Ба боварии нозирон, кӯшишҳо барои иваз кардани доллари амрикоӣ ба унвони пули захиравии ҷаҳон дар кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлат даст нахоҳад дод ва дар ин самт муваффақ нахоҳанд шуд. Эҳтимол дорад, ки ин як механизми истифодаи пули миллӣ барои тиҷорат бошад, на табдили онҳо ба доллари амрикоӣ, евро ё фунт стерлинг. Илова бар ин, таъсиси бонкҳои рушди вобаста ба БРИКС, махсусан барои кишварҳои рӯ ба рушд ҷолиб хоҳад буд. Ин дар ҳолест, Иёлоти Муттаҳида ба мавқеи бартари доллар дар арсаи ҷаҳонӣ итминон дорад. Ба гуфтаи таҳлилгари умури минтақа, Талабшоҳи Салом талошу амалкарди Русия ва Чин дар самти эҷоди як воҳиди пулӣ, то ҳол кишварҳои ғарбиро нигарон кардааст. Ва бо вуҷуди маъруфияти афзояндаи долларзудоӣ, Чин - “аждаҳои зард” ба танҳоӣ бидуни БРИКС ояндаи начандон дур метавонад дар ин самт пешгом бошад.
“Кишварҳое, ки шомили ин иттиҳодия ҳастанд, ба ҷуз Русия давлати Чин болои ҳамаи онҳо нуфуз дорад. Яъне бидуни БРИКС ҳам Чин бо ҷараёни рушди иқтисодие, ки дорад, метавонад ояндаи наздик дар самти низоми молии байналмилалӣ нуфуз пайдо кунад. Ва ҳоло чунин як тасмимеро дар якҷоягӣ бо Русия ва дигар кишварҳои узв дар самти ҷойгузини доллар намудани як воҳиди пулӣ доранд. Аммо бузургтарин бонкҳои Чин ба ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ, хоса бо асъори долар вобастагии зич дорад ва дар ҳоли рӯ гардонидан эҳтимоли фалаҷ гардидани низоми молии ин кишвар вуҷуд дорад ва дар ин самт муҳтотона амал мекунад. Ва фикр намекунам, ки дар самти эҷоди як арзи миллӣ Русия нақши асосӣ дошта бошад, зеро кори БРИКС ба кундӣ пеш меравад. Чун дар миёни кишварҳои узви БРИКС рақобатҳои пинҳонӣ вуҷуд дорад. Яъне ҳанӯз як иттиҳоди тамомаёр ба вуҷуд наомадааст. Ва ҳадс задан дар мавриди авлавиятҳои кори ин созмон хеле мушкил аст, зеро нобаробарии таносуби нерӯ байни кишварҳои узви ин блок идома дорад”, -иброз дошт Талабшоҳи Салом.
Гурӯҳе аз таҳлилгарони молӣ нақши долларро дар иқтисоди ҷаҳонӣ дар ояндаи наздик арзёбӣ карда мегӯянд, ки дар даҳсолаи наздик ҳеч гуна доларзудоии комил сурат нахоҳад гирифт. Ва кишварҳои бетараф, ки ба доираи нуфузи Чин афтодаанд, метавонанд дар иқтисоди худ ба “юанизатсия” дучор шаванд.
Бо ин ҳол, раисҷумҳури Русия дар як конфронси матбуотӣ, ки ба натоиҷи нишаст дар Қазон ихтисос дошт, мустақиман эълом кард, ки кишварҳои БРИКС аз системаи табодули иттилооти молии Русия, ки тавассути Бонки марказӣ эҷод шудааст, истифода мекунанд. “Яке аз мушкилоти калидӣ, мушкили муҳосиботӣ аст. Ва бинобар ин мо масири истифода аз арзҳои миллиро думбол мекунем, ин амр комилан мушаххас аст. Мо алоқаи байнибонкиро пурзӯр карда, механизмҳои ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ аз хатарҳои берунаро мустақилона фароҳам меорем”, - таъкид кард Путин.
Гуфта мешавад, барои ҳимоят аз иқтисоди миллии кишварҳои ширкаткунанда ва ҳамчунин таъмини манобеи молии кишварҳои ҷануб ва шарқи ҷаҳонӣ, эҷоди бистари сармоягузории БРИКС дар назар гирифта шудааст. Ва ин иҷлос фурсати бисёр хуберо эҷод кард, то раисҷумҳурони кишварҳои иштирокдор байни ҳам дидору гуфтугӯҳои дуҷониба ва созанда дошта бошанд.
Ҳарчанд БРИКС ҳанӯз муваффақ ба таҷдиди созмон дар бозори ҷаҳонӣ ва тиҷорати озод бо хориҷ кардани он аз вазни сангини ҷаҳони Ғарб нашудааст, аммо ҳузури раисҷмҳури Эрон бар сари мизи роҳбарони БРИКС, ба унвони навъе пирӯзии намодин барои идеологияи зидди ғарбиҳо таъбир мешавад. Ва Русия инро як тантанаи ҳақиқӣ меҳисобад. Маскав на танҳо тавонист ба ҷаҳониён тақозо ба модели алтернативии рушдро исбот кунад, балки дар якҷоягӣ бо шарикони худ пешниҳодҳои мушаххас, аз ҷумла дар бораи ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳонии ҷанубу шарқи Осиёро, ки тақрибан ба тамоми соҳаҳои муҳим марбутанд, пешниҳод кунад. Фаъолияти иқтисодӣ ва танзим - аз системаи муштараки пардохт бо асъори миллӣ то таъсиси биржаи ғалла, платформаи савдои алмос ва металлҳои қиматбаҳо ва ҳатто маҳдуд кардани истифодаи зеҳни сунъӣ. Русия пешниҳод кард, то биржаи ғаллаи БРИКС боз шавад, то нишондиҳандаҳои одилонаи нархи ин ашёи хомро ташкил диҳад. Ҳамзамон Русия дар доираи ин иттиҳодия пешниҳод кард, то як сохтори вежа дар самти ҳуши маснуъӣ (AI) таъсис ёбад. Ба гуфтаи Путин, ҳадафи он танзими технологияҳои AI, аз ҷумла пешгирии истифодаи ғайриқонунии онҳост. “Дар Русия ҷомеаи соҳибкорӣ дар ин самт кодекси ахлоқиро қабул кардааст, ки шарикони мо дар БРИКС ва кишварҳои дигар метавонанд ба он ҳамроҳ шаванд”, - гуфтааст Путин. Раисиҷумҳури Чин ҳам эълон кард, ки ахиран дар кишвараш маркази БРИКС барои рушди зеҳни сунъӣ боз шудааст: “Мо омодаем ҳамкориҳоро амиқтар ва иқтидори “AI”-ро дар чаҳорчӯби ассотсиатсия таҳким бахшем”.
Ба гуфтаи ҳолдонҳо, технологияи ҳуши маснӯӣ ду хатари асосӣ дорад - хатари нобудшавии инсоният, ки тибқи баъзе ҳисобҳо, то 20 дарсад ва хатари афзоиши беназоратии бекории технологӣ. Аз ин рӯ, танзими он ҳаётан муҳим аст, гарчанд аксари кишварҳои ғарбӣ муқобили он ҳастанд.
Дар ҳар сурат ҳоло, таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳон дар шароити дигаргуншавии низоми байналмилалии равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ ба фаъолияти минбаъдаи БРИКС равона аст, ки то куҷо метавонад, гегемонияи Иёлоти Муттаҳида ва Ғарбро ба чолиш кашида як назми одилонаро рӯи кор меорад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед