Ru  | Tj
АВҶИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ИНТЕРНЕТ: КӢ, ЧӢ ГУНА ВА ЧАРО ҶАВОНОНРО МАҒЗШӮӢ МЕКУНАД?
АВҶИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ИНТЕРНЕТ: КӢ, ЧӢ ГУНА ВА ЧАРО ҶАВОНОНРО МАҒЗШӮӢ МЕКУНАД?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

АВҶИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ИНТЕРНЕТ: КӢ, ЧӢ ГУНА ВА ЧАРО ҶАВОНОНРО МАҒЗШӮӢ МЕКУНАД?

Нашр шуд

Дар қарни ХХI терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта бо шиддат авҷ гирифта, ҳамвора ба унвони як нигаронӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта, бо оқибатҳои даҳшатафкану бераҳмонаи худ ба яке аз мушкилоти аввалиндараҷаи инсоният табдил ёфтааст.

Баррасии вақеоти мухталиф нишон медиҳад, ки ифротгароҳо осебҳои ҷуброннопазир ба миллатҳо ворид карда, буҳронсозии онҳо бузургтарин таҳдид барои кишварҳо аст.

Муборизаи таъсиргузор ва муваффақ алайҳи ин ду падидаи саратонӣ  - терроризм (даҳшатафканӣ) ва экстремизм (ифротгароӣ) ниёзи мубрам ва бахше аз як талоши бузурги башарият аст.

Саволи асосӣ ин аст, ки чӣ авомил ва ангезаҳое боиси рушди ин зуҳурот ва тафаккури ифротгароӣ дар сатҳи ҷаҳон мешавад ва ангезаҳои аслиаш чист?

Бе шубҳа ҳангоми ба хотир овардани мафҳуми ин падида дар майнаи сари одам танҳо ҷаҳолат, бераҳмӣ, беадолатӣ, қатлу куштор давр мезанад. Ва мебояд моҳияту хатари ифротгароӣ ба мардум ба таври боз ҳам мушаххасу содда фаҳмонида шавад.

Ба андешаи муҳаққиқон ифротгароӣ ба унвони падидае, ки рафторҳои хушунатомез ва густариши терроризм маҳсулаш буда, сохторҳо, ҳинҷорҳо ва арзишҳои як ҷомеаро ҳадаф қарор медиҳад.

Ифротгароён аз идеалогияҳои динӣ ва бардоштҳои хос аз матн ва арзишҳои исломӣ ба унвони бузургтарин абзор истифода мекунанд, то бо пайванд задани қироатҳои дилхоҳи динӣ бо тағйирҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳанги мутаносиб бо авзоъ ва аҳволи ҷомеа, тафаккури ифротиро халқ, тарвиҷ ва ниҳодина созанд.

Бояд гуфт, заминаҳои бурузи афкор ва рафтори онҳо бо назардошти моҳият, бофтаҳо ва сохтори як ҷомеа ё кишваре мутафовит аст. Масалан, ангезаҳои умдаи ифротгароӣ дар Афғонистон фақр, беадолатӣ, уқдаҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мешавад. Ва дар сурате, ки ба ин авомил роҳи ҳалли бунёдӣ дар назар гирифта шавад, шумори ифротгароён ва шуури онҳо ба поинтарин сатҳ хоҳад расид. Афроди бекору тангдаст ва маҳрум аз шуғл, ки гирифториҳои зиёде дар зиндагӣ доранд, аз ногузирӣ ба сафи ифротгароён мепайванданд. Ва фароҳамсозии шуғл, ҷойҳои корӣ ва дигар фурсатҳои ҳаётӣ метавонад аз пайвастани ин қабил афрод ба ифротгароӣ ҷилавгирӣ кунад.



Дар Душанбе зимни як ҳамоиши байналмилалӣ бо ширкати масъулин ва коршиносон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни экстремизми хушунатомез ва офиятбахшии баргаштагон аз Сурия ва Ироқ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, инчунин дигар масъалаву барномаҳои дар “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” пешбинигардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳамоиш таъкид шуд, қурбонии дасисаҳои гуруҳҳои ифротӣ пеш аз ҳама насли ҷавон буда, сабаби шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ гуногун мебошад ва яке аз омилҳояш бесаводӣ, надоштани маърифати динӣ ва маълумоти кофӣ аст.

Аз таҳлили коршиносон бармеояд, ки баробари паҳншавии идеалогияи тундгароӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеаи муосир, муҳити динӣ бештар осебпазир гаштааст. Дар ин ҳамоиш Холиқзода Абдураҳим Ғафор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки имрӯз дин ва арзишҳои динӣ дар қатори дигар омилҳои такондиҳандаи вусъат гирифтани ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ истифода мешавад. Ҳолон, ки асоси тамоми адён раҳму шафқат ва инсондӯстист. Ва дунё дар шароити ноором ва ҷанги шадиди манфиат ва мафкураҳо қарор дорад. Донишу маърифат ва дастоварду музаффариятҳо арзишу пойгоҳҳои қавии ҳазорсолаҳо коркардшуда ва дину оини башарро, дунболи манфиат ва ғаразҳо бераҳмона ба нобудӣ кашидаанд.

“Нафаре, ки донишу савод дорад, худ ва гузаштаашро мешиносад, ҳеҷ гоҳ фирефтаи ифрот ва ё ба террор дода намешавад, зеро фарқи сиёҳу сафед ва неку бадро намуда дар муносибат бо дигарон мавқеи устувори худро пайдо мекунад. Таърихан аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ сар карда, то “Симбоднома” ва дигар насиҳатномаҳо ба халқи тоҷик таҳаммулу мадоро омӯзонида мешавад. Яъне халқи тоҷик аз қадим мардуми озодихоҳ буданд, на тундраву мутаассибу хурофотӣ. Зеро мазҳаби аҷдодии ҳанафӣ решааш таҳаммулу ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому ҳурмати падару модару калонсолон аст. Дар фарҳанги миллии мо таърихан, падидаҳои номатлуб, таассубу хурофот ва тақлиду ҷаҳолат ҳукм шудааст. Вақте ин мафкурраи солими миллиро дар ниҳоди насли наврас дода тавонем, насли наврас худаш ба муқобили ифрот муқовимат мекунад. Ифротӣ ва ё террорист дар ин муноқишаи когнитивие, ки ҳоло оғоз шудааст, мисли як одаме аст, ки сараш задагӣ мебошад. Ва узвҳои қабулу эҳсосотиаш аз кор баромадааст. Вазифаи мову шумо он узҳвҳои эҳсосотӣ, яъне ақлу идрокро аз нав ба кор даровардан аст. Ҳамон механизмҳои ҳимояи маънавии инсонро кор фармудан лозим, ки он дар дин, қонуни давлат ва ҳам дар ақли солим аст. Бинобар он дар шароити муосир мушкили асосии мубориза бо ифроту террор дар тарбияи солим, ақлу дониш ва савод аст. Бояд ба решаҳои мафкуравии тарбияи насли солим диққат дод, зеро ин таҳдиду хатарҳо реша дар тафаккур ва мафкура доранд”,-афзуд ҷаноби Холиқзода.

Ба гуфтаи Абдураҳим Холиқзода, имрӯз инқилобҳои техногенӣ ва сотсиобиоравонӣ дар баробари ҳама хизматҳояшон бо донишҳои нави киберравоншиносӣ “раванди тавлиди фикри инсони муосирро” бозомӯзӣ карда, роҳҳои корношоям кардани ақлро пайдо намуда, “вируси камақлии рақамӣ”-ро кашф кардаанд, ки таҳти таъсири истифодаи аз ҳад зиёди технологияи муосир, истеъмоли маводи сунъӣ ва нофаъолии ақли инсонӣ одамони муосирро бо мушкилиҳо гирифтор кардааст. Ҳоло тамоюли майнаи сари инсони муосир на ба самти тавсеаи эҷодкорӣ, фикрнамоӣ ва созандагӣ, балки ба самти танбалию коҳилӣ бо таҷрибаи «лайкмонӣ» ва «ишорагузорӣ» ба хоби роҳат майл дорад.

Гуфта мешавад, ки эҷоди эҳсоси ноумедӣ ва афсурдагӣ дар ҷавонон ба сурати моҳирона тавассути авомфиребони ифротӣ ва ҳомиёни молии онҳо ба шакли ваҳшиёна, алайҳи мардуми бегуноҳ сурат мегирад. Ҳадафи асосии фаъолияти онҳо дар фазои маҷозӣ, таблиғи идеалогияи тундгароӣ, тарсонидани ҷомеа, паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ҷиҳати барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва нажодӣ, инчунин ҷалби аъзои нав мебошад.

Ҷавонон ба шакли афзоянда дар маърази хатари тундгаро шудан ба самти идеалогияҳои ифротӣ қарор доранд. Зуҳури расонаҳои иҷтимоӣ иҷоза додаааст, то паёмҳои ифротӣ ва иттилооти ғалат дар мавриди нобаробарии иқтисодӣ ба сутуҳи бесобиқа расида, зеҳни ҷавононро ба чолиш бикашад. Ин падида ҳамвора омили аслии мушкилоти бисёре аз кишварҳо аст. Зеро ифротиён бо эҷоди буҳрону чолиш ва даргириҳо зиндаанд ва бояд ба шиддат аз онҳо дурӣ ҷуст.

ТАХРИБИ ТАФАККУРИ ҶАВОНОН ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ

Рушд ва тавсеаи фановариҳои навин ба вежа дар арсаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, боиси таҳаввул дар бисёре аз ҷанбаҳои зиндагии башарӣ шуда, ин дигаргунӣ боис гардидааст, то иртиботи инсонӣ дар ҷомеа аз шакли воқеии он ба ҳолати маҷозӣ тағйир кунад.


Яъне интернет ва фазои маҷозӣ дар канори бисёре аз коркардҳои муфиде, ки дорад, заминаро барои истифодаи афрод ва гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ бо ақоиди гуногун падид оварда, аксари ҷавононро ба абзоре барои ҷазб ва интиқоли паёмҳои хушунатбор табдил карда, дар тамоси мустақим бо мухотабон аҳдофи хешро пиёда месозанд. Аз ин манзар ҷунбишҳои ифротгароён дар миёни мардум реша давонида ба роҳатӣ метавонанд, ба шакли муассир ба гуфтугӯ пардозанд. Ва мардум бояд аз таъсироти манфии расонаҳои иҷтимоӣ бар зиндагии шахсии худ огоҳ шаванд ва дарёбанд, ки ин абзорҳо чигуна инсонро мунҳариф ва саргардон мекунанд. Дар ин самт, танҳо эҳсоси худогоҳӣ ва маърифати истифодабарӣ дар шабакаҳои интернетиро фаъол карду дарки беҳтари абзорҳои иртиботиро эҷод намуд.

Имрӯзҳо бештари парвандаҳои хусусияти  террористиву экстремистӣ дошта, тавассути Додситонии кул ба Додгоҳи олӣ пешниҳод ва ба тариқи мурофиа баррасӣ мешавад. Мақомоти судӣ дар давлати демократӣ зинаи ниҳоии доди ҳақ ва доди адл аст. Вақте ҷавоне бо як “лайк” ё “пост” гузоштан дар фазои маҷозӣ ё як амали дигар бовариашро нисбат ба аксу навор ё нигошта нишон медиҳад, ноогоҳона тавассути ҳамин эътиқодаш зери таъсири қонунгузорӣ қарор мегирад.

Ба гуфтаи директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин, солҳои охир 29 адад ҳизбу ҳаракатҳо ва равияву иттиҳодияҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди кишвар расман манъ, воридоти адабиётҳо ва сомонаҳои ин ташкилотҳо баста шудаанд. Вале байни ҷавонон боз ба назар мерасада, ки дар телефони ҳамроҳашон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти онҳо паҳн ё таблиғ мешавад, ки ин амалаи шаҳрванд тибқи қонун ҷавобгарии ҷиноятиро дорад. Ба гуфтаи ин намояндаи Додгоҳи олӣ, гарчанде сиёсати собит ва бебозгашти ҳукумати Тоҷикистон барои тамоми давлатҳои дунё дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм муайян аст, вале боз як чанд ҳаводис ва воқеоти даҳашатафкании солҳои охир мақоми кишварро, то андозае коҳиш дод.


“Аксари ҷавонон вақте бо иштирок дар ҳаракатҳои экстремистӣ муттаҳам мешаванд, бар он ақидаанд, ки гуё ҷиноят содир накардаанд. Аммо, вақте телефони ҳамон хоҳар ва ё бародарро мебинед, ақидаҳои моҳияти террористиву экстремистӣ дошта дар саҳифааш (профил) аксу навори ташкилотҳои ифротӣ (тибқи қарори дахлдори Суди олӣ фаъолияташ дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шудааст) паҳн шудааст. Гап сари он аст, ки вақте дар “профил” ҳамон мазмун ҷой ё нашр (пост) карда мешавад, чӣ қадар нафарон, дӯстон ва хешу ақрабои ӯ баъзан мешавад, ки аз 300 то 500 нафар наворро дар “профил”-и ҳамон корбар, ки мегӯяд ҷиноят содир накардааст, тамошо мекунад ва ин мувофиқи қонунгузорӣ ҷавобгарии ҷиноятиро тақозо дорад. Дар он ҷо ҳамон ақидаҳои террористӣ, фикрҳое, ки ба сарнагун кардани ҳокимияти давлатӣ ва ба барангехтани кинаву адовати миллӣ нигаронида шудаанд ва дигарон тамошо мекунанд, албатта ҷавонони камогоҳ, ҷавононе, ки фаҳми моҳияти ҷиноятӣ будани ҳамин ҳаракатҳо ва даъватҳоро надоранд, тамошо мекунанд ва метавонанд ба ҳамин роҳ раванд. Бинобар ин, Додгоҳи олӣ, мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо терроризм ва экстремизм ҳамчун субекти бавосита дар фаъолияти муқовиматии ифротгароӣ иштироккунанда маҳсуб шуда, мурофиаи судии вобаста ба терроризмро ба тариқи мурофиавии ҷиноятӣ мегузаронад",-гуфт Завқизода.
Ба гуфтаи ин намояндаи суд, ҳоло истифодаи густурда аз шабакаҳои интернетӣ, барои таблиғ, густариш ва узвгирии гурӯҳҳои ифротӣ миёни насли ҷавон ба як раванди муҳим ва барҷаста табдил шудааст.

Таҳлилҳое, ки солҳои охир аз ҷониби кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардад, беш аз 500 шабакаву саҳифаҳои интернетӣ дар “телеграм”, “фейсбук”, “инстаграм”, “твиттер”, “ютуб” ва ғайра ошкор шудаанд, ки аз ҷониби ташкилотҳои ифротгаро дар фазои Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор дорад. Ва ба ин шабакаву саҳифаҳо худро бештар аз 200 ҳазор нафар номнавис карда бошанд ҳам, вале миқёси воридшавии аслии корбаронро натиҷаҳои таҳқиқот бештар аз миллионҳо тахмин мезананд.

Ба гуфтаи Усмонзода Хайриддин, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури кишвар давоми 6-7 соли охир дар фазои интернет шабакаҳои тоҷикии муҳтавои ифротидошта ба як суръати том яке паси дигаре ба вуҷуд омада, фазои иттилоотии Тоҷикистонро бо иттилооти ҳаҷман бузург пур карда, дар як давраи кӯтоҳ онҳо ҳамчун пойгоҳи қавии иттилоотӣ шакл гирифта, айни замон ба висилаи паҳннамоии иттилоти зидди низоми давлатдории дунявӣ, тавлиди фазои нобоварӣ нисбат ба институтҳои ҳокимияти давлатӣ ва коҳиш додани нуфузи эътибори онҳо миёни шаҳрвандон мубаддал шудаанд.


Ҷаноби Усмонзода нигаронӣ менамояд, ки агар дар фазои маҷозӣ, фаъолияти шабакаҳои иҷтимоиву иттилоотии ифротиҳо ба ҳамин шакл ба суръати имрӯза пеш рафтан гирад, тадриҷан назорати идеологиву иттилоотии як бахши бузурги шаҳрвандон ба вежа ҷавонон ба дасти чандин расонаҳои зидди низоми дунявӣ гузашта, суботу амнияти кишварро дучори осеби ҷиддӣ менамоянд.

“Сол ба сол синни ба осебпазирии ифротгароӣ гирифтор шудани навҷавонон поёнтар шуда, ин падида ба як навъ таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти ҷомеа табдил ёфтааст. Ба ин хотир барномарезиҳо дар хусуси коҳиши осебҳои иҷтимоии марбут ба ифротгароӣ миёни ҷавонон боз ҳам ҷиддитару самараноктар аз қабл ба роҳ монда шавад. Баъзе аз ташкилотҳои ифротгаро барои ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ фаъолона аз саҳнаҳои пешниҳоднамудаи фазои иттилоотии интернетӣ истифода мебаранд. Дар ин фазоҳо ба як навъи ҳадафмандонаи тахриби фикрии навҷавонҳо рӯбарӯ ҳастем. Яъне ифротгароёни онлайнӣ пайваста малакаи корбарии иттилоотии худро дар баробари монеаҳои эҷодшаванда такмил медиҳанд ва ҷомеаи мо низ бояд дар баробари истеҳкомбахшии ҳудудҳои физикиаш, инчунин барои ҳифзи ҳудудҳои рақамии худ пайваста тадбирҳои муассир андешанд. Зеро имрӯзҳо бисёре аз мудохилаву таъсиррасониҳо ба ҳаёти ҷамъиятии кишварҳо дар заминаи рахнасозии ҳудудҳои рақамии онҳо сурат мегирад ва хисороти чунин амалҳоро дақиқ пешбинӣ намудан, аксар маврид мушкил аст. Дар дурнамои миёнамуддат яке аз роҳҳои муассир ва камхарҷ ин баланд бардоштани маърифатнокии динии ҷомеа, шинохти комили онҳо аз арзишҳои волои фарҳангӣ ва ҳақиқати динӣ мебошад, то аз майлу рағбат ба равияҳои ифротгароӣ ҷилавгирӣ шавад”,-иброз дошт ҷаноби Усмонзода .


Ба боварии роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ, истифодаи нерӯи ҷавонон дар амалӣ намудани ғояҳои хатарноки ифротӣ нишонаи костагӣ дар устувории мафкуравӣ ва ғоявии онҳо буда, рафъи ин ҳолат ҳамбастагии фаъолияти тамоми ниҳодҳои марбутаро тақозо менамояд. Ӯ бо изҳори таассуф мегӯяд, ки алҳол дар шохис (индекс)-и  байналмилалӣ, шохисҳои ба ҷони ифротгароии доғи суди доштаи шаҳрвандони Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои ҳамсоя каме болотар аст.  Вобаста ба ин, дар самти муқовимат бо ифротгароӣ ва хушунат дар ҷомеа, ба хусус байни наврасону ҷавонон, бо назардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла пешгирӣ кардани таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки ифротгароӣ аз тариқи низоми маориф барои расидан ба мақсадҳои худ, миқёси хатарро даҳчанд намуда, тамоми аъмоли манфурро кори савоб шуморида, худро дар роҳи ҳақ мубориз мешиносанд. Ва пеши роҳи чунин афроди хушунатпешаву ҷоҳили дорои мафкураи ифротиро танҳо бо роҳи илму маърифат метавон аз байн бурд. Зеро таҷриба нишон додааст, аксари онҳое, ки дар сафи гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ҳастанд, саводи дурусти мактабӣ надошта, аз тарбия дур монда, ба золиму ғаддор табдил ёфта, қасди ҷони бечорагону бегуноҳҳонро мекунанд. Ва ҳамин турфа афроди мунҳарифшуда, муҳитро ба харобот табдил додаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед