
Аввалин митинг барои забон. Омилҳои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ чӣ буд?
Нашр шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад, ҷашне, ки дар пайи заҳматҳои зиёд ва митингҳои зиёиёну оммаи кишвар заминагузорӣ шуд. Он дар даҳаи 1980 шакл гирифт, дар авохири он мақоми давлатӣ дода шуд ва дар замони истиқлол ба дигар рӯз “кӯчид”. Мо дар ин матлаб кӯшиш кардем, ки заминаҳои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикиро зикр кунем ва аҳамияти онро таъкид намоем.
Бояд гуфт, ки 22-юми июлро равшанфикрони тоҷик рӯзи эҳёи дигарбораи забони тоҷикӣ ном мебаранд, зеро маҳз дар ин рӯз забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Таърих гувоҳи рӯйдодҳоест, ки дар ҷаридааш ба таври комил сабт нагардидаст. Ба ин минвол таърихи ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан аст, ки дар пасорӯи пардаҳо қолаб рост кардааст.
Заминаҳои таърихӣ
Баъд аз солҳои 80-уми асри мозӣ ва ошкорбаёнии горбачёвӣ сухан аз хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, ҳифзи таъриху тамаддун, оини ниёгон ва худогоҳии миллӣ аз ҷониби зиёиву оммии тоҷик беш аз пеш шиддат гирифт. Яке аз масъалаҳои доғ ин ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ маҳсуб меёфт, ки боиси аввалин гирдаҳамоии осоишта дар Ҷумҳурии вақти Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.
Шоҳидон мегӯянд, дар пасманзари рӯйдодҳои баъдӣ (гирдиҳамоиҳои шабонарӯзӣ ва давомдор, раҳпаймоиҳои шибҳинизомӣ ва пархошҷӯёна, роҳбандиҳо, хаймазаниҳо, ишғоли муассисаҳои давлатӣ, гаравгонгирӣ, асорату шиканҷа, куштори сиёсӣ ва ҷанги хонагии солҳои 1992-97) митинги 24.02.1989 перомуни забон дар таърих ҳамчун як сафҳаи рӯшани додхоҳии одамон ва додрасии давлат боқӣ мемонад.
Нақши ВАО ва омодагӣ ба митинг
Мухтор Боқизода, рӯзноманигори тоҷик, нақши муҳимро дар ин ҷараён ба ВАО медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар саҳфаҳои рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон", "Омӯзгор" ва "Тоҷикистони Советӣ" мактубҳои зиёде чоп мешуданд, ки дар онҳо перомуни косташавии забони тоҷикӣ ва зарурати додани мақоми давлатӣ ба ин забон баён мегардид.

Барои гирифтани иҷозати митинг, фаъолон ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат карданд. Раиси вақти шаҳр Мақсуд Икромов онҳоро хуб пазироӣ намуда, ба муовини худ Поносов дастур дод, ки масъаларо баррасӣ кунад. Аммо раванд тӯл кашид ва фаъолон маҷбур шуданд 3 шабонарӯз дар назди дафтари муовин интизор шаванд.
Таҳдидҳо ва мушкилот
Ба қавли рӯзноманигор, пеш аз митинг, мақомот кӯшиш карданд, то баргузории онро пешгирӣ кунанд. Ду рӯз пеш аз воқеа, созмондиҳандагонро даъват намуда, расман баргузории митингро манъ карданд ва ҳушдор доданд. Муовини аввали шаҳрдор Юрий Поносов ба фаъолон гуфт, ки “шумо ҳанӯз маданияти митинггузаронӣ надоред!”.
Ҷараёни митинг
Наздикиҳои соати 10-и субҳи 24 феврали соли 1989 воқеа дар майдони марказии ба номи В. И. Ленин оғоз ёфт. Дар майдон тақрибан 3 ҳазору 500 нафар ҷамъ шуданд. Шиорҳои асосӣ инҳо буданд:
- "Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад!"
- "Забони миллат пояи миллат"
- "Зинда бод Горбачев, поянда бод бозсозӣ!"
- "Заҳр гардад шири модар бар касе, К-ӯ забони модарӣ гум кардааст!"
- "Сохтмони ГЭС-ҳои азиму корхонаҳои заҳрафкан бас карда шавад!"
- "Кӯдакистонҳои тоҷикӣ зиёд карда шаванд!"
- "Наврӯз иди миллӣ ва рӯзи истироҳат эълон гардад!"
Иштироки роҳбарияти давлат
Салими Аюбзод, журналист ва яке аз шоҳидони тазоҳурот барои додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ менависад, ки “он аввалин гирдиҳамоии тоҷикон дар соли 1989 буд ва онро ду устоди донишгоҳ Барот Мақсудов ва Ҷумъахон Исоев ва як корманди фабрикаи пойафзол Сафари Мастонзод ташкил карда буданд”.
Ӯ дар идома мегӯяд, “Президенти вақти кишвар ё раиси президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Ғойибназар Паллаев ба минбари ин тазоҳурот баромадаву бо мардум радду бадал карда буд. Вай ваъда дода буд, ки талаби тазоҳуркунандагонро ба ҷо хоҳад овард ва ба ваъдааш вафо ҳам кард”.
“Тоҷикон аввалин мардуме дар ҳамаи Осиёи Марказӣ буданд, ки дар замони Шӯравӣ барои забону фарҳанги худ ба майдон баромаданд”, - менависад Аюбзод.
Салим Аюбзод мегӯяд, бархӯрди раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев ба тазоҳуроти норозиён як падидаи ғайричашмдошт буд. Дар давоми мавҷудияташ Ҳукумати Шӯравӣ ҳама гуна намоишҳои эътирозиро бераҳмона саркӯб мекард. Паллаев нахустин раҳбари Тоҷикистон буд, ки ин анъанаро шикаст.
Паллаев ба минбар баромада гуфт, ки комиссияи муштарак масъалаи додани мақоми давлатиро ба забони тоҷикӣ баррасӣ мекунад ва ягон ҷойи ташвиш нест. Пас аз ӯ, академик Муҳаммад Осимӣ, шоир Мӯъмин Қаноат ва мудири Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми Тоҷикистон Акбари Турсонзод суханронӣ карданд.
Суханрониҳои иштирокчиён
Ба қавли ин ду рӯзноманигор, аз тарафи митингчиён нахустин шуда Сафар Мастонзод сухан гирифт. Ӯ сабаб ва ангезаҳои гирдиҳамоиро шарҳ дод ва аз фосилаи байни халқу ҳукумат, ношаффофии кори комиссияи таҳияи қонуни забон сухан кард.
Яке паси дигар намояндагони минтақаҳои гуногун суханронӣ карданд: Барот Шукуров (аз ноҳияи Кофарниҳон), Марям Эшонҷонова (аз Фарғона), Лутфуллоҳ (аз Масчо), Абдуллоҳ Давлатов (пизишки дармонгоҳи 5-и шаҳри Душанбе), Пулод Абдулазизов (омӯзгори донишгоҳи омӯзгории Душанбе), Раҳим Қосимов (кишоварз аз Хатлон), Толиб Акрамов ва Мухтор Боқиев (рӯзноманигорон)
Чеҳраҳои барҷастаи иштирокчӣ
Дар гирдиҳамоӣ олимону шоирону адибони машҳур, чеҳраҳои барҷастаи илму санъат иштирок доштанд: Муҳаммадҷон Шакурӣ, Акбари Турсон, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Нур Табаров, Халифабобо Ҳомидов, Сотим Улуғзода, Сафар Мастонзод, Уктами Холиқназар, Муҳиддин Олимпур, Олими Заробек, Сафар Абдулло, Қодири Рустам, Насибҷон Амонӣ, Ҳокими Абдул, Ортиқи Қодир, Ойишаи Ҳомид, Мирзо Боқӣ, Шарофиддин Рустамов, Раззоқ Ғаффоров, Тоҳири Абдуҷаббор, Давлати Худойназар, Мирбобо Мираҳимов ва дигарон.
Натиҷаҳо ва оқибатҳо
Гирдиҳамоӣ бо суханрониҳои шоирон Гулрухсор ва Аскар Ҳаким ва паёмҳои умедбахши раҳбари Созмони ҷавонони коммунисти Тоҷикистон, Одилҷон Ёқубов ба анҷом расид. Ин нахустин гирдиҳамоии сиёсии Осиёи Марказӣ дар авҷи бозсозии горбачёвӣ буд, ки тоҷиконро дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси мардуме нишон дод, ки аз фарҳанги нобазӯрӣ огоҳанд ва ҳаққи худро мехоҳанд.
Пас аз митинг, созмондиҳандагон бо таъқибу фишор рӯ ба рӯ шуданд. Аммо раиси КГБ-и вақт Петкел пас аз мулоқот бо рӯзноманигорони фаъол дарк кард, ки "бо оташи халқ бозӣ кардан оқибати хуб надорад" ва фишорҳо тадриҷан қатъ гардиданд.
Ҳамин тариқ, пас аз ин зери “фишор”-и оммавӣ, 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)” қабул гардид. Тибқи қонуни мазкур, забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт.
Баъд аз гузашти 20 сол рӯзи 5-уми октябри соли 2009 Қонуни нави забони давлатӣ дар Тоҷикистон қабул гардид ва ҳамин тариқ Рӯзи забон ҳам аз 22-юми июл ба 5-уми октябр иваз шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед