“Инсонам орзуст”. Қолабшикании фикрӣ, инсонсозӣ ва паёми Мавлоно
Нашр шуд
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони ҷаҳони ислом мебошад. Ӯ 30 сентябри соли 1207 дар шаҳри Балх (ё дар Вахш) таваллуд шуда, 17 декабри соли 1273 дар шаҳри Қуния (Туркияи имрӯза) вафот кардааст.
Зиндагии Мавлоно пур аз сафарҳо, омӯзиш ва таҷрибаҳои маънавӣ буда, ки дар ниҳоят ӯро ба яке аз таъсиргузортарин чеҳраҳои адабиёт ва фалсафаи ҷаҳонӣ табдил дод. Осори Мавлоно, аз ҷумла “Маснавии маънавӣ” ва “Девони Шамс” ганҷинаи беҳамтои ҳикмат ва маърифат дониста мешаванд.
Имрӯз, ки дар Тоҷикистон Рӯзи гиромидошти Мавлоно таҷлил мешавад, мо хостем ба қолабшикании фикрӣ, инсони комил ва паёмҳои Мавлоно баъд аз 800 сол нигоҳе биандозем.
Қолабшикании фикрии Мавлоно
Осори Мавлоно, махсусан “Маснавии маънавӣ” ва “Девони Шамс”, на танҳо дар замони худ, балки то имрӯз таъсири амиқе ба адабиёт, фалсафа ва ирфони исломӣ гузошта ва ҷаҳонро такон додааст. Мавлоно қолабшиканӣ ва исёну инқилобгариҳое барои кашфи ботинии инсон ва бозёфти инсони комил анҷом додааст, ки то ба имрӯз ангезадиҳандаи инсоният аст.
Мавлоно дар замоне ки тафаккури динӣ ва иҷтимоӣ бисёр сахт ва шахшуда буд, ҷуръат кард, ки андешаҳои нав ва инқилобиро матраҳ кунад. Ӯ тасаввуфи исломиро аз қолиби маъмулӣ берун кашид ва ба он нафаси тозае бахшид.
Мавлоношиносон таъкид доранд, ки ӯ бо мушкилоту печишҳои равонӣ, ақидатӣ, мазҳабӣ ва фикрӣ даргир шуда ва алайҳи истибдоди фикрӣ шӯридааст. Аз ҷумла, дар ин ғазал Мавлоно худро ҳамчун нерӯи озодибахш тасвир мекунад, ки омадааст то қуфли зиндонро бишканад ва чархи гардунро гардон кунад:
Боз омадам чун иди нав, то қуфли зиндон бишканам,
В-ин чархи мардумхорро чанголу дандон бишканам.
Чарх ар нагардад гирди дил, аз беху аслаш барканам,
Гардун агар дунӣ кунад, гардуни гардон бишканам.
Инсони комили Мавлоно
Дар ҳамин ҳол, мафҳуми “инсони комил” дар андешаи Мавлоно ҷойгоҳи махсус дорад ва барои ӯ инсони комил на танҳо як ормон, балки ҳадафи асосии ҳаёт ва таълимоташ буд. Ӯ мехост инсонеро бисозад, ки дар тӯли асрҳо инсон боқӣ бимонад - инсоне, ки аз ҳама гуна таассуб ва маҳдудиятҳои замонӣ озод бошад.
Дар ғазали машҳураш Мавлоно мегӯяд:
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу Инсонам орзуст.
Дар ин шеър Мавлоно орзуи худро барои ёфтани инсони ҳақиқӣ баён мекунад - инсоне, ки аз "дев" (нафси аммора) ва "дад" (сифатҳои ҳайвонӣ) озод бошад. Ӯ инсонеро меҷӯяд, ки ҳам қудрати маънавӣ ("Шери Худо") ва ҳам қудрати ҷисмонӣ ("Рустами Дастон") дошта бошад.
Ҳамин аст, ки баъзе аз мавлавишиносон “Маснавии маънавӣ”-ро “инсоннома” гуфтаанд. Аммо дар инсоншиносии Мавлоно маҳаки асосӣ андешаву афкор аст ва пасон қолбаде аз рагу пай.
Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,
Мобақӣ ту устухону решаӣ...
Ҳамзамон бар ин, мафҳуми адаб дар таълимоти Мавлоно ҷойгоҳи махсус дорад ва дар сохтани инсони комил заминагузор аст. Ӯ адабро ба маънои васеътар - ҳамчун асоси ҳастии олам ва рукни асосии дин медонад. Мавлоно мегӯяд:
Кардам аз ақл суоле, ки: “Бигу, имон чист?”,
Ақл дар гӯши дилам гуфт, ки: “Имон адаб аст”.
Паёми Мавлоно ва аҳамияти он дар ҷаҳони имрӯза
Мавлоно дар қарни XIII башариятро ба сӯи инсони комил ҳидоят мекард ва кунун бо гузашти беш аз 800 сол ин масъала ҳамоно мубрам боқӣ мемонад. Дар замоне ки ҷаҳон бо низоъҳои гуногун рӯ ба рӯ аст, андешаҳои Мавлоно ҳамоно метавонанд роҳнамои муҳим барои расидан ба ҳамзистии осоишта бошанд.
Мавлоно ваҳдатро на танҳо дар сатҳи инсонӣ, балки дар тамоми мавҷудот мебинад ва ба гуфтаи муҳаққиқон, андешаҳои сулҳҷӯёнаи Мавлоно аз Қуръон ва аҳодиси паёмбар (с) сарчашма мегирад.
Яке аз паёмҳои асосии Мавлоно ин аст, ки новобаста аз тафовутҳои зоҳирӣ, ҳамаи инсонҳо дар асл як ҳастанд. Барои Мавлоно инсони комил касест, ки аз ҳама гуна тангназарӣ ва таассуб озод аст. Ӯ мегӯяд:
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.
Ё дар дигар абёташ мегӯяд:
Аз баҳорон кай шавад сарсабз санг?
Хок шав, то гул намоӣ ранг-ранг.
Солҳо ту санг будӣ, дилхарош,
Озмунро як замоне хок бош.
Мавлоно ваҳдати инсониятро таъкид мекунад ва ин паём дар асри мо, ки бо мушкилоти ҷаҳонӣ, бо шумули ҷангҳои давлатҳову гурӯҳҳо ва ихтилофоти инсоният, бисёр муҳим аст. Кунун ҳам бо гузаште беш аз 8 сада Мавлоно бо “чароғ” гирди ҷаҳон давр мезанад ва нигарони сарнавишту саргузашти инсон мебошад.
Ҳоло дар Шарқу Ғарб ба афкори Мавлоно чанг задаанд ва ӯро муаллими башарият ҳам унвон мекунанд. Дар замони мо давлатҳое чун Туркия иддао доранд, ки осори Мавлоно моли фарҳангиву адабии туркҳост ва бар ин васила домани мавлои тамоми осораш бо замони тоҷикӣ нигоштаро сар намедиҳанд.
Аммо худи Мавлоно мегӯяд:
Рӯҳ бо илм асту бо ақл аст ёр,
Рӯҳро бо тозиву туркӣ чӣ кор?
Ин байт нишон медиҳад, ки Мавлоно худро фаротар аз ҳудудҳои миллӣ ва забонӣ медонист. Барои ӯ илм ва ақл муҳимтар аз миллият ва забон будааст.
Ба ҷои хулоса
Мавлоно на танҳо як шоир ва мутафаккир, балки як “холиқи инсонсоз” буда ва осори ӯ имрӯз ҳам барои миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон сарчашмаи илҳом ва маърифат гардидаанд. Андешаҳо ва ғояҳои ҷаҳонии Мавлоно дар бораи инсони комил имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд.
Мавлоно бо қолабшикании фикрии худ, бо ҷасорати баён кардани андешаҳои нав ва инқилоби ботинӣ, бо даъват ба сӯи инсонияти воло ва бо эҷоди осори безаволи адабӣ, ирфонӣ ва фалсафӣ дар таърихи фарҳанг ва адаби ҷаҳон ҷойгоҳи махсусеро ишғол кардааст. Паёми ӯ - паёми муҳаббат, ваҳдат ва камолоти инсонӣ - имрӯз ҳам барои ҷаҳони пур аз низоъ ва ихтилофи мо аҳамияти бузург дорад.
Рӯзи Мавлоно - муаллими башарият муборак бод!
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед