"Сафири олами рӯъё". Аз зиндагиву эҷодкорӣ то сукути овозхони шинохта Муродбек Насриддинов
Нашр шуд
Имрӯз Муродбек Насриддинов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва овозхони шинохтаи тоҷик, зодрӯзи худро ҷашн мегирад. Ӯ дар санъати овозхонии тоҷик ситораи дурахшонест, ки бо садои гирову сабки хоси худ маъруфият пайдо кардааст. Муродбек на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар қаламрави форсизабонон чун ҳунарманди асил шинохта шудааст. Мо ба ин муносибат нигоҳе ба рӯзгор, корнома, маънисароӣ, пайвандӣ бо Мавлоно ва сукути кунунии Муродбек Насриддинов андохтем.
Пайроҳаи зиндагии Муродбек Насриддинов
Муродбек Насриддинов 6-уми октябри соли 1951 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Аз овони кӯдакӣ меҳри санъати овозхонӣ дар дилаш шуъла мезад. Падараш, ки санъатдӯст ва бобояш, ки дуторнавози моҳир буданд, ба пайроҳаи мерафтаи Муродбек таъсири амиқ гузоштанд.
Пас аз хатми мактаби миёна соли 1968, Муродбек се сол ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ кор кард ва сипас соли 1971 дар шуъбаи рӯзонаи факултаи табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо ихтисоси географ-биолог таҳсил намуд. Аммо ин ҳама ӯро аз роҳи санъат дур накард ва ҳамзамон дар чорабиниву маҳфилҳои гуногун иштирок карда, сурудҳо мехонд.
Соли 1976, пас аз хатми донишгоҳ, Муродбек Насриддинов ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор омад ва рӯи саҳнаи санъати касбии тоҷик қадам гузошт, нозукиҳои мусиқии касбиро омӯхт ва бо мурури замон худ соҳиби сабки хос ва мактаби хеш гардид.
Дар ҷустуҷӯи маънӣ ва маънисароӣ
Муродбек Насриддинов дар интихоби шеърҳо бо мазмуни баланд маҳорати хос дорад ва ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба беҳтарин матн оҳанг бандад. Сурудаҳояш бо ашъори Мавлонову Ҳофиз, Саъдиву Ҷомӣ, Низомиву Соиб, Бедилу Сайидо, Тӯғралу Иқбол, Лоиқу Гулрухсор, Фарзонаву Озарахш ва дигар шоирони маъруфи классику муосир эҷод шудаанд.
Дар интихоби шеър Муродбек Насриддинов чун ҷавоҳиршинос амал мекунад. Ҳар сухан, ҳар мисраъ бояд дар назари ӯ арзиши баланди маънавӣ дошта бошад. Ӯ мегӯяд, ки суруд танҳо садо нест – он паёмест аз дил ба дил. Аз ин рӯ, дар интихоби калом ва эҷоди оҳанг ҳамеша бо ҳампешагону дӯстон машварат мекунад, то ки ҳар таронааш ба дилу ҷони шунаванда роҳ ёбад.
Имрӯз садҳо сурудҳои ӯ, аз “Эй ошиқони гетӣ” то “Биё, то кокулонатро шуморам”, аз “Фиғони Маҷнун” то “Мезанад борон ба шиша” дар хазинаи тилоии санъати тоҷик маҳфузанд. Ҳар яке аз ин сурудҳо достоне дорад ва ҳар яке аз онҳо лаҳзае аз зиндагии ӯро бо тамоми рангорангиаш инъикос мекунад.
Муродбек Насриддинов ҳамчун маънисаро на танҳо ҳофизи суннатҳои деринаи мусиқии тоҷик аст, балки эҷодкорест, ки ин суннатҳоро бо нафаси тоза ва диди нав ғанӣ мегардонад. Ӯ мегӯяд, ки санъати асил бояд решаҳои амиқи миллӣ дошта бошад ва дар айни замон бо рӯҳи замон ҳамнафас бошад.
Ӯ месарояд:
Мо сафири олами рӯъёстем,
Мо нафири синаи дарёстем,
Нест дунё ҷуз ҳамин як обу хок,
Мо дар ин дунё ҳама дунёстем.
Олами сифли накаш домони мо,
Баски мо аз олами болостем.
Дар миёни андешамандон нуктае ҳам ҳаст, ки Одина Ҳошимов ва Муродбек Насриддинов аз дигар ҳофизони номвари тоҷик бештар матни ирфонӣ интихоб мекунанд ва ба он оҳанги мувофиқ ҳам эҷод менамоянд, ки ширу шакар мегардад ва аз забон ба забон паҳн мешавад.
Роҳи маънисароии Муродбек Насриддинов аз чашмасори зулоли мусиқии водии Зарафшон сарчашма мегирад. Дар ин минтақа, ки ҳар санги кӯҳаш достоне дорад ва ҳар чашмааш навое, ӯ аз овони наврасӣ ба сароидани рубоиву такбайтиҳои мардумӣ мепардохт ва ин ошноӣ баъдтар ба дӯстии ҷовидона бо шеъру мусиқӣ табдил ёфт.
“Дилбараки шӯхи қаламқошаме” - яке аз дурдонаҳои санъати тоҷик аст, ки оҳанги он моли Муродбек Насриддинов гуфта мешавад. Ин тарона на танҳо дар лабони мардум, балки дар хотираи устодони санъат низ нақш бастааст ва чунон табииву дилнишин эҷод шудааст, ки ҳатто Ҳунарпешаи халқии СССР Ҷӯрабек Муродов ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бозхонӣ кардааст. Ин дар олами санъат гувоҳи маҳорати баланди Муродбек Насриддинов дар эҷоди оҳанг мебошад.
Дарвоқеъ, Муродбек Насриддинов яке аз аввалин хунёгаронест, ки рубоисароии водии Зарафшонро ба саҳнаи касбӣ баровард. Ӯ рубоиёти зарафшонӣ ва мастчоҳиро бо маҳорати баланд месарояд ва ба гуфтаи худи хунёгар, ҳатто ба оҳангҳои рубоиёти зарафшониву мастчоҳӣ ӯ зарби нав ҳам илова карда, ки имрӯз ба номи зарби халқӣ маъруф гардидааст.
Муродбек Насриддинов ва ҳамкориҳои эҷодии ӯ
Дар ташаккули ҳунари Муродбек Насриддинов ду мактаби бузурги овозхонии тоҷик - мактаби Зафар Нозимов ва Ҷӯрабек Муродов нақши муҳим гузоштаанд.
Муродбек Насриддинов тӯли 38 соли фаъолияташ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон аз ин ду устоди бузурги санъат нозукиҳои мусиқии касбиро омӯхт, аммо муҳимтар он аст, ки аз тақлиди маҳз худро нигоҳ дошта, тавонист дар заминаи таҷрибаи ин ду мактаб роҳи хоси эҷодии худро пайдо кунад.
Ҳамкории Муродбек Насриддинов бо шоирони шаҳир Лоиқ ва Гулрухсор ҳам қобили зикр аст, зеро ӯ бо онон дӯстии наздик ва ҳамкории эҷодӣ дошт. Бисёре аз сурудҳои машҳури Муродбек Насриддинов бар асоси шеърҳои ин ду шоир эҷод шудаанд.
Яке аз аввалин корҳои эҷодии Муродбек Насриддинов аз ашъори Гулрухсор Сафиева буд. Соли 1975, ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ, ӯ ба шеъри “Дунё ғанимат аст” оҳанг эҷод кард, вале ба сабаби маҳдудиятҳои идеологии замони шӯравӣ, ин суруд пас аз 25 сол, дар даврони истиқлол сабт гардид.
Ҳамкории Муродбек Насриддинов бо шоири маъруф Лоиқ Шералӣ низ самараҳои нек ба бор овард. Маҳз Лоиқ буд, ки ҳангоми рад шудани сабти суруди “Дунё ғанимат аст” шеъри “Ҳар гаҳ, ки бо туям рӯҳам пур аз сафост”-ро ба ӯ пешниҳод кард.
Минбаъд низ Муродбек Насриддинов ва Лоиқ Шералӣ ҳамкории хуби эҷодӣ ба роҳ монданд ва таронаҳои мондагоре чун “Санаме”, “Ошноят меравад”, “Дар дили шабҳо дилам гум мезанад”, “Аввалин шеърам ту будӣ”, “Агар ёбам ҷавонии дубора”-ро дар хазинаи тилоии санъати тоҷик сабт карданд.
Воқеан, суруди машҳури “Мезанад борон ба шиша”, ки матни он ҳам аз устод Лоиқ аст, ҳамчун шиносномаи истеъдоди хунёгар эътироф гардидааст. Ҳоло ҳам дар авҷи 70-солагияш Муродбек Насриддинов боз рӯ ба ашъори Лоиқ Шералӣ овардааст ва месарояд:
Тирамоҳи ман, баҳорамро бидеҳ,
Мавсими авҷу барорамро бидеҳ.
Дар қарори ту дилам таркиданист,
Зиндагии беқарорамро бидеҳ!
Пайванди Муродбек бо Мавлоно
Дар эҷодиёти Муродбек Насриддинов ашъори Мавлоно ҷойгоҳи хосса дорад. Ӯ на танҳо ғазалҳои орифонаи ин шоири бузургро ба оҳанг медарорад, балки бо ҳар суруди худ рӯҳи тасаввуфии онро зинда мегардонад. Ҳар як чакомаи ӯ бар ашъори Мавлоно гӯё пайванде мешавад байни замони имрӯз ва асри сездаҳум – даврони зиндагии Мавлоно.
“Ин кист ин...” - яке аз дурахшонтарин намунаҳои ин пайванди рӯҳонист. Ин суруд чунон муассир сароида шудаст, ки аз сарҳадҳои Тоҷикистон фаротар рафта, дар ҷаҳони форсизабон низ маҳбубият пайдо кардааст. Ба қавли худи хунёгар, ин сурудро дар Эрон ҳатто тобиши сиёсӣ дода, ҳангоми аз Фаронса баргаштани пешвои инқилоби исломӣ Имом Хумайнӣ мунташир кардаанд.
Ин кист ин, ин кист ин, ширину зебо омада?
Сармасту наълайн дар бағал, дар хонаи мо омада?
Хона дар ӯ ҳайрон шуда, андеша саргардон шуда,
Сад ақлу ҷон андар паяш бе дасту бе по омада…
Интихоби ашъор барои Муродбек Насриддинов кори тасодуфӣ нест ва ӯ аз ганҷинаи бузурги ашъори Мавлоно он дурдонаҳоеро интихоб мекунад, ки дар онҳо ишқи илоҳӣ бо забони рамзу истиора баён шудааст.
Ӯ бо таронаҳои “Шамсу қамарам омад”, “Мурда будам, зинда шудам”, “Дило, назди касе биншин”, “Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ҷон, бе ман марав” ва “Ёр маро, ғор маро” тавонистааст рӯҳи орифонаи шеърро бо нафосати мусиқӣ омезиш диҳад.
Ғайр аз ин, вақте Муродбек “Аз мо салом бодат”, “Дар дилу ҷон хона кардӣ оқибат”, “Нигорею нигоре” ё “Эй Худо, ин васлро ҳиҷрон макун”-ро месарояд, шунавандаи огоҳ худро дар ҳамон ҳолате меёбад, ки Мавлоно дар ҷустуҷӯи Шамс буд – ҳолати ваҷд, ҳолати кашф, ҳолати расидан ба асрори ниҳонӣ.
Имрӯз метавон гуфт, ки Муродбек Насриддинов пули маънавӣ байни асрҳост – пуле, ки тавассути он рӯҳи орифонаи Мавлоно бо ҷаҳони муосир пайванд мехӯрад. Сурудҳои ӯ на танҳо василаи тарабу шодӣ ҳастанд, балки барои расидан ба маърифат ва дарки амиқи ҷаҳони ботинии инсон раҳнамо мебошанд.
Санъати мондагор ва сукути Муродбек
Барҳақ Муродбек Насриддинов яке аз чеҳраҳои барҷастаи санъати тоҷик аст ва бо садои нотакрор, интихоби ашъори баландмазмун ва эҷоди оҳангҳои дилнишин тавонистааст мактаби хоси худро дар санъати овозхонии тоҷик бунёд гузорад.
Маҳз ҳамин аст, ки имрӯз номи Муродбек Насриддинов дар радифи устодони мумтози санъат Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов, Боймуҳаммад Ниёзов ва Ҷӯрабек Муродов зикр мешавад.
Аммо ин хунёгари тавоно солҳост, ки шаби эҷодӣ баргузор намекунад ва албоми наве манзури ҳаводорони санъат намегардонад. Дар ин шабу рӯзе, ки фазои ҳунарии тоҷикро сурудҳои пастмазмун ё ҳатто тамоман бемазмун фаро гирифтааст, сарояндаи маънисаро хомӯширо интихоб кардааст.
Дар шароити кунунӣ, ки кишваре чун Туркия бо тамоми имконоташ Мавлоноро ҳамчун шоири турк муаррифӣ мекунад, ҳузури ҳунарманде мисли Муродбек Насриддинов барои мо ғанимат аст. Чаро мо аз ҳузури ӯ истифода накунем, дар ҳоле ки ин хунёгар беш аз пеш метавонад дар эҳёи мероси Мавлоно нақши калидӣ бозад ва ҳамчун сафири фарҳангии мо дар муаррифии мероси Мавлои Вахш нақш гузорад.
Ба андешаи мо, агар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо истифода аз ин имконият - ҳузури Муродбек Насриддинов ҳамчун устоди мусиқии суннатӣ ва донандаи хуби ашъори Мавлоно, барномаи вижаи консертӣ ташкил намояд, ин хунёгар метавонад бо ҳунари волояш муште обдор бар муддаиёни мероси Мавлоно бизанад.
Барпо кардани ин гуна чорабинӣ метавонад пайванди ногусастании Мавлоно бо фарҳанги тоҷикиро нишон диҳад ва тавассути забони ҳунар ба ҷаҳониён собит созад, ки Мавлоно ба кадом фарҳанг тааллуқ дорад. Ин иқдом на танҳо посухи мантиқӣ ба даъвоҳои беасос хоҳад буд, балки қадами устувор дар роҳи эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ маҳсуб шуда метавонад.
Ҳоло Муродбек Насриддинов дар баландиҳои кӯҳистони Мастчоҳ давлати пирӣ меронад ва мавлудашро дар ҳоли бунёди хонаи истиқоматие дар зодгоҳаш мегузаронад. Ӯ дигар дар зодгоҳаш мемонад? Намедонам...
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед