“Театр ҷои тасалло нест, ҷои дард аст”. Барзу Абдураззоқов 65-сола шуд
Нашр шуд
Барзу Абдураззоқов, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва коргардони номвари тоҷик ба соли 66-уми умр қадам ниҳод. Ӯ яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳунару фарҳанги на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ ва Русия аст. Мавсуф дар театри тоҷик намоишномаҳои пурсарусадое ба саҳна гузошт ва солҳо ба ин сӯ дар хориҷи кишвар фаъолият дорад.
Нигоҳи ин коргардон перомуни кори театр, рисолати дар дӯш дошта ва ҳувияти милливу ҳубби ватан ва ҳатто сиёсат фарқкунанда аст. Ба муносибати мавлудаш мо нигоҳе ба рӯзгор ва корномаи Барзу Абдураззоқов андохтем.
Фарзанди ду ҳанарманд
Барзу Абдураззоқов 19-уми сентябри соли 1959 дар оилаи ду ҳунарманди шинохта - Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова дар шаҳри Душанбе ба дунё омада ва дар муҳити фарҳангиву ҳунарӣ ба воя расидааст.
Бояд гуфт, ки муҳити оилавӣ ба ташаккули шахсияти эҷодии Барзу таъсири амиқ гузоштааст. Ба гуфтаи худаш, дунёи кӯдакиаш дар рӯи саҳна гузаштаву аз хурдӣ дар машқҳои волидайнаш иштирок мекард.
Барзу Абдураззоқов таҳсилоти олии касбиро дар ду донишгоҳи бонуфуз гирифтааст. Соли 1980 ӯ Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кард. Баъдан, соли 1987, ӯ шуъбаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати театрии Русия (ГИТИС)-ро ба итмом расонид. Ин таҳсилот ба ӯ имкон дод, ки ҳам анъанаҳои театри миллии тоҷик ва ҳам навгониҳои театри ҷаҳониро аз худ намояд.
Корномаи Абдураззоқов
Пас аз хатми таҳсил, Барзу Абдураззоқов дар Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба фаъолияти касбӣ шуруъ кард ва бо коргардонии намоишномае чун “Шапарак хоб дид” зуд номвар ҳам шуд.
Баъдан ба Душанбе баргашт ва намоишномаҳои маъруфе ба мисли “Отелло”, “Антигона”, “Шаҳраки мо”, “Зоғ”, “Стансияи О”, “Скапен”, “Муҳоҷирон” ва “Хизматгори ду хоҷа”-ро таҳия намуд. Ғайр аз инҳо, Барзу муаллифи намоишномаҳои “Роҳи дароз ба Макка” ва “Омурзиш” мебошад.
Дар тӯли фаъолияти касбиаш, Барзу Абдураззоқов зиёда аз 120 намоишномаи гуногунро дар саҳнаҳои театрҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия ба саҳна гузоштааст.
Ҳамчунин, ӯ барандаи ҷоизаи ба номи арбоби шинохтаи санъати театрии Русия - Кирилл Лавров мебошад. Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки эҷодиёти Абдураззоқов на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ эътироф шудааст.
Фаъолияти ӯ танҳо ба театр маҳдуд нашуда, балки дар соҳаи кино низ саҳм гузошт. Дар “Тоҷикфилм” дар филмҳои “Мусофир” ва “Вақти алафи зард” нақш офаридааст ва дар филмноманависии филмҳои ҳуҷҷатӣ ва дубляжи филмҳо низ саҳм гузоштааст.
Тибқи гузоришҳо, дар фаъолияти касбии Барзу ду маротиба намоишномаҳояш манъ шуданд ва ин сабабе барои ҳиҷрати коргардон ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта мешавад. Ӯ барои кор ба Бишкек рафт ва ду сол пайиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд.
Баъдан ба театрҳои Қазон, Омск, Магнитогорск, Тошканд, Алма-ато, Бишкек ҳам фаъолият намуда, бо намоишномаҳояш дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ин кишварҳоро муаррифӣ кард.
Услуби кории Барзу ва таъсираш ба театр
Услуби кории Барзу Абдураззоқов бо навоварӣ ва кӯшиши инъикоси воқеияти ҷомеа тавсиф мешавад. Худаш мегӯяд, “касби ман ҳамчун коргардон тақозо мекунад, ки бинам, шунавам ва он чиро, ки мебинам ва мешунавам, инъикос кунам”.
“Театр ҷои тасалло нест, ҷои дард аст... Пас театр барои чӣ лозим аст, агар он дардҳоро ошкор накунад ва “оинаро пеши воқеият нагузорад?”- суол мегузорад Барзу Абдураззоқов.Ӯ бо ин андешааш ҳамвора кӯшиш мекунад, ки дар асарҳояш масъалаҳои муҳими иҷтимоиро баррасӣ кунад. Мавсуф намоишҳоро дар асоси асарҳои классик ва муосир таҳия мекунад, вале бар онҳо набзи замонро ворид месозад.
Интиқоди Барзу аз вазъи театр дар Тоҷикистон
Барзу Абдураззоқов нисбат ба вазъи кунунии театри тоҷик назари интиқодӣ дорад ва ин боиси он шудааст, ки ӯ дар Тоҷикистон камтар имконияти кор пайдо кунад. Аммо ин “маҳдудият” ӯро аз баён кардани андешаҳояш боз намедорад.
Ба гуфтаи ӯ, сатҳи касбият дар театр хеле паст рафтааст. Ӯ мегӯяд: “Ҳар одами кӯчагӣ баъд аз як моҳ метавонад ҳунарпеша шавад”. Ҳамчунин, ӯ бар ин назар аст, ки нафурӯхтани чиптаву ройгон ворид шудани бинанда ба театр як сабаби коста гардидани мавқеи ҳунар дар Тоҷикистон гардидааст.
Абдураззоқов вазъи театри тоҷикро таҳлил карда, мегӯяд, ки мушкили асосӣ дар рӯҳияи шикастаи ҳунармандон аст. Ӯ ин ҳолатро “рӯҳафтодагӣ” меномад ва мегӯяд, ки ҳунармандон дигар барои сайқал додани ҳунари худ кӯшиш намекунанд, зеро боварӣ надоранд, ки театр ояндае дорад.
Ӯ бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон бояд як барномаи миллии рушди театр таҳия шавад. Ӯ ҳамчунин тавсия медиҳад, ки коргардонҳои хориҷӣ даъват шаванд, то ба эҳёи театри тоҷик кумак кунанд.
Барзу вазъи театри тоҷикро бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан Қазоқистон ва Ӯзбекистон муқоиса карда, мегӯяд, ки дар кишварҳои ҳамсоя вазъи театр хеле беҳтар аст.
Мутаассифона, ба гуфтаи Абдураззоқов, на ҳама ба интиқоди ӯ гӯш медиҳанд.
Афкор ва арзишҳои Барзу Абдураззоқов
Ҳарчанд Барзу Абдураззоқов мегӯяд, ки “ҳеҷ гоҳ ба сиёсат дахолат накардааст”, аммо ӯ аз баён кардани назари худ дар бораи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар худдорӣ намекунад ва изҳор медорад, ки “ҳуқуқи конститутсионӣ дорам, ки дар бораи ҳар чиз фикри худро дошта бошам”.
Барзу Абдураззоқов ахиран дар як мусоҳибааш гуфт, ки худро зиёии комил намеҳисобад, вале ӯ ҳамвора аз манқурт шудан бим доштааст.
Ин коргардони номвар мегӯяд, ки “унвонҳо барои ман дигар муҳим нестанд” ва ҳамвора талош мекунад, ки рисолаташро ба таври бояду шояд анҷом диҳаду бас.“Вақте одамони босавод, хатмкардагони донишгоҳҳои Маскав, Оксфорд, Йел, мисли манқуртҳо рафтор мекунанд - ин хатарнок аст... Охир манқуртизм - ин мисли радиатсия аст. Шумо пай намебаред, ки чӣ тавр тағйир меёбед”, - мегӯяд Абдураззоқов.
Ҳамин тавр, Барзу Абдураззоқов як шахсияти намоёни ҳунар дар Тоҷикистон ва берун аз он мебошад. Ӯ на танҳо коргардони муваффақ аст, балки як муаррифгари ҳунар ва фарҳанги миллии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳисобида мешавад. Метавон гуфт, ки ӯ бо таҳияи намоишномаҳояш дар рушди ҳама театрҳои Осиёи Марказӣ саҳм гирифтааст ва пайвандгари фарҳангҳо низ унвон мешавад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед